Стратегия барои точикистон

Точикистон соли 1992 сахмдори БААР гардид. То соли 1996 амалиёти БААР бо ХТ махдуд буд. Аз он вакт БААР хафт лоихаи инвеститсиониро маъкул донист (ниг. ба замимаи 5), ки онхо чи карздихи ва чи сахмгузориро дар сармояи сахми дарбар мегирифтанд.1. Сандуки БААР
1.1 Нигориши фаъолияти БААР то имруз
Точикистон соли 1992 сахмдори БААР гардид. То соли 1996 амалиёти БААР бо ХТ махдуд буд. Аз он вакт БААР хафт лоихаи инвеститсиониро маъкул донист (ниг. ба замимаи 5), ки онхо чи карздихи ва чи сахмгузориро дар сармояи сахми дарбар мегирифтанд. Маблаггузории имзошуда алхол 25,5 млн. евроро ташкил медихад, ки аз ин ба карзгирандагон 10,4 млн. евро дода шудааст. Дар давоми амали стратегияи пештара БААР ду лоихаро дар сохаи наклиёт ва телекоммуникатсия ба имзо расонид. Сандуки хозираи лоихахо дарачаи санчидашудаи хатарро дар нишондоди 7,41-ро нисбат ба дарачаи миёнаи БААР баробар ба 5,58 дорост.
1.2 Арзёбии мухлати амали стратегияи пештара
Дар стратегияи барои Точикистон (BDS/TA/01-1(Final), 7 августи соли 2001) максади асосии амалиёт бо хадафи стратегияи мазкур мувофикат менамуд. Он чунин афзалиятхоро дарбар мегирифт:
а) инкишофи сектори хусуси бо диккати махсус ба корхонахои хеле хурд, хурд ва миёна; б) дастгирии системаи молияви бо максади бартараф
2 Марти соли 2003 БААР ва КБМ аз сармояи бонки ТСБ баромаданд.
3 Нисбати механизмхои накшавии маблаггузории лоихахо БААР адади лоихахоро бо
рохи таксим кардани хачми маблаггузори ба хачми тасдикшудаи маблаггузории
накшави муайн менамояд. сохтани садди асосии рушди сектори хусуси, бахусус КХМ, ва в) дастгирии интихобии инвеститсияхои мухимтарин ба инфраструктура.
Дар давоми амали стратегияи пештара БААР ду лоихаи зеринро ба имзо расонид:
а) лоихаи чихозонии Точиктелеком ва
б) лоихаи чихозонидани системаи таъминоти аэронавигатсионии ШДХ. Онхо ба
амалигардонии максади сеюми стратегияи дар боло зикршуда, ки ба дастгирии инвеститсияхо ба инфраструктураи мухимтарин бахшида шуда буд, равона гашта буданд. Таъсири онхо ба чараён мухокима мешавад ва дар хар ду маврид хам он мусби буд.
Дар ин лоихахо БААР сиёсати якчоякунии воситахои худ ва грантхои донорхоро (Япония ва Швейтсария) барои ба даст омадани шароити имтиёзноки кардздихи пеш бурд. БААР то хануз лоихахоро бо кафолати давлати дар сектори давлати анчом надодааст, вале сиёсати дар боло зикршуда имкон дод, ки БААР сандуки лоихахои худро дар Точикистон зиёд намояд ва азми худро барои хамкори бо ин кишвар нишон дихад.
Молиякунонии КХМ ва инчунин дастгирии сектори молияви вазифаи душвортар гардид. Сабаби асосии ин душворихо дар ба таври лозима таракки наёфтани системаи бонкии Точикистон буда, он ба БААР имкон надод, ки иштироки худро дар ин сектор зиёд намояд. Аз чумла, пастшавии курби асъори миллии Точикистон доимо базаи асосии аксари банкхоро касод мегардонд, гарчи вактхои охир ин чараён хеле суст гашт.
Баробари ин хатари курби арз омили мухим мебошад. Масалан, БААР натавонист, ки хати дуввуми маблагро ба воситаи хати карзии дар Ориёнбонк кушодашуда барои КХМ чудо намояд, зеро ки базаи асосии бонк ба хадди аккали барои додани маблагхо мукарраршуда нарасид. Гайр аз ин, ба кариби БААР мачбур шуд, ки сахми худро аз сармояи Точиксодиротбонк (ТСБ) бо сабабхои дар поён овардашуда (ниг. ба сархати охирини иловаи 1 банди 1.4) бигирад. Новобаста аз бехдошти муайяни вазъи сиёси ва макроиктисоди, фазои инвеститсиони чун пештара хеле номусоид боки мемонад ва кишвар барои инвесторхои стратегии Гарб хеле дур буда, таваччухи онхоро чалб намекунад. Махз аз хамин лихоз, БААР натавонист, ки карзи бевосита ва сахмгузориро дар сармояи сахмии сектори хусуси анчом дихад. БААР минбаъд хам барои дарёфти чунин имконият ва татбики он дар давоми амали стратегияи мазкур кушиш ба харч медихад.
1.3 Таъсири барномахои БААР ба чараёни гузариш
Таъсири барономахо ба чараёни ислохот дар сохахои телекоммуникатсия ва наклиёти хавои хусусияти мусби ва калонхачм дошт. Дар сектори молияви таъсири БААР асосан дар расонидани ёрии техники ба бонки иштирокчии барномаи КХМ тачассум ёфт. Дар сектори хусусии саноати коркардабарои таъсири БААР ба чараёни ислохот бинобар шароити мушкили иктисоди ва набудани сарпарастони эътимоднок дар ду лоихаи аз тарафи БААР молияшаванда ночиз буд. Дар сохаи телекоммуникатсия кумаки техники ба лоихаи чихозонидани Точиктелеком барои инкишофи базаи конунгузорию меъёри, аз чумла ислохоти тарифи ва созмон додани макомоти мустакили назорати мусоидат намуд. Он хамчунин барои омодагии Точиктелеком дар мархилаи ибтидои барои хусусигардонии эхтимоли бо рохи такмилдихии идоракунии корпоративи ва молияви, инчунин чихозонидани базаи моддию-техники мусоидат намуд.
Дар сохаи хавопаймои БААР бо истифода аз маблагхои ХТ масъалахои азнавсозии сохтории наклиёти хавоиро аз руи лоихахои азнавсозии фурудгохи Хучанд ва системаи таъминоти аэронавигатсиони барои ширкати давлатии хавопаймоии Точикистон (ШДХ) тахкик кард. Дар натичаи он мохи октябри соли 2000 конун дар бораи наклиёт пешниход гардид, ки дар асоси он салохияти батанзимдарории ШДХ ба Департаменти нави хавопаймоии мулки (ДХМ) супорида шуданд. Гайр аз ин, бо мусоидати БААР дар ШДХ алхол сохторхои хочаги таъсис дода шуда истодаанд, ки дар онхо СБХМ татбик гашта истодаанд. Самаранокии хати кредити ба Орёнбонк бо сабаби шароитхои душвори иктисоди ва зуд-зуд ивазшавии рохбарияти он якранг набуд. Баробари ин, мушовир оид ба масъалаи карзхо ба КХМ, ки аз тарафи БААР ба Ориёнбонк аз руи ХТ ва ХТ дар сохаи сохтмони ташкили дода шуда буд, барои бехдошти системаи идоракуни, таквияти имконоти бахисобгирии хатархои карзи ва баланд бардоштани шаффофияти ин бонк кумак намуд, ки ин дар сурати мустахкам кардани натичахои ба дастомада барои тамоми системаи бонки намуна шуда метавонад.
1.4 Хулосахо
Фаъолияти инвеститсионии бобарори БААР дар сектори давлати имкон медихад ба хулосае омад, ки самараи калони таъсир ба чараёни истехсолотро метавон бо рохи якчоя кардани воситахои БААР бо грантхо ва хамохангсозии ухдадорихои карздихандагон дар сохаи гузаронидани ислохот бо дигар ММБ бо максади ичрои якхелаи онхо ба даст овард. Дар оянда, вазифаи асоси аз такрори ин дастовардхо дар асоси хамохангсозии зичи миёни донорхо бо назардошти махдудияти имкноноти хукумат дар сохаи амалигардонии лоихахо иборат мебошад. Супурдани салохиятхо ба ДХМ ба душвории дигари вобаста ба идоракунии идорави дар наклиёти хавои оварда расонид. ДХМ тафовути вазифахои назорати ва истехсолию хочагиро ба эътибор нагирифт. Ин боиси он гашт, ки ДХМ аксар вакт ба фаъолияти оперативии ШДХ дахолат намуд. Алхол БААР чорахои ислохи ин холатро андешида истодааст. Мушкилоти молиявие, ки хангоми ичрои ду лоихаи инвеститсиони дар сектори хусуси дучор гаштанд, ахамияти ба ин лоихахо чалб кардани идоракунандагони сохибтахассус ва сарпарастони хуберо, ки барои амалигардонии онхо азм доранд, ачассум намуд Хангоми ворид кардани сахмия ба сармояи саххомии ТСБ БААР бо проблемаи химояи бади хукуки инвесторон дар кишвар ру ба ру омад. Хамчунин мухим будани масоили идоракунии корпоративи зикр гардид. Нобаста аз баромадани БААР аз сармояи ТСБ он минбаъд низ муколамаи сиёсиро бо хукумат дар ин масъалахои барои амалигардонии инвеститсияхои иловаги ба секторхои хусуси ва молияви мухим идома хохад дод.
Иловаи 1. Хулосахои мушаххаси фаъолияти инвеститсиони дар сектори хусуси
Лоихаи фабрикаи маводи зарфсозии Хучанд дар мархилаи ибтидои аз сабаби бухрони Русия зарар дид, зеро ки ширкат дар аввал накша дошт, ки 85% махсулоти худро ба бозори Русия барорад. Рохбарияти ширкат вобаста ба бухрон чорахои лозимаро наандешид ва то ба имруз барои бехдошти куллии вазъият кушиши лозима ба харч надод. Бинобар бад шудани вазъи молиявии ширкат инвесторони хоричи кайхо таваччухи худро ба он гум карданд. Мушовирони ТАМ ва СДК кушиш карданд, ки ба ширкат ёри расонанд, вале ин натича надод. Мушкилоти асосии ин лоиха, чи хеле ки мушохида мешавад, набудани рохбарияти босалохияте мебошад, ки маслихатхои коршиносони мустакилро кабул карда тавонад. Корхонаи Оби Зулол ба иктидори пуррааш мохи феврали соли 2001 ба кор даромад. Пешбини мешуд, ки лоиха барои зиёд кардани даромади кишвар аз содирот кумак хохад кард. Бинобар суст ба кор андохтани тачхизот ва паст шудани хачми фуруш дар бозорхои беруни Оби Зулол даромади барои пардохти карз ва фоизи он нокифоя ба даст меорад. БААР ба рохбарияти ширкат барои расидан ба хачми безарари истехсолот ва бозорхои беруни кумак мерасонад. Яке аз проблемахое, ки ин вазъро ба амал овардааст, бо мушкилоти тахлили талаботи бозор, ки дар натичаи он хачми амалиёти инвеститсиони аз талаботи чории бозор зиёд гашт, вобаста аст. Набудани имконоти содирот ба бозори Узбекистони хамсоя низ ба паст шудани хачми фуруши ширкат оварда расонд.
Мохи ноябри соли 20005 БААР ба сармояи саххомии ТСБ маблаггузори (200 000 долл. ИМА) кард. Соли 2002 БААР бо мушкилоти чидди дучор гашт, зеро апрели соли 2002 ТСБ сахмхои навро бароварда беподош ба баъзе сахмдорон таксим кард ва дар ин бора ба сахмдорони дигар иттилоъ надод. Ин ба он оварда расонид, ки сахми БААР аз 19,4% аввала то ба 8,3% паст шуд. БААР бо рохбарияти ТСБ ва Бонки милли якчанд музокирот доир намуд, вале онхо бенатича монданд. Мохи марти соли 2003 БААР аз чумлаи сахмдорони ТСБ баромад. Ошкоро суст будани химояи инвесторон дар Точикистон аз хама чихат ахамияти интихоби дакики шарикон ва идомаи музокиротро бо Бонки милли бо максади баланд бардоштани имконоти он дар сохаи амалияи татбики хукуки нишон медихад.
1.5 Таносуби сандук
Ба сектори хусуси 33% тамоми маблаггузории БААР рост меояд. Бинобар паст будани хачми амалиёти БААР дар Точикистон ба таносуби сандук ду амалиёти ба кариби дар сектори давлати амалишуда таъсир расониданд. Пешбини мешавад, ки фаъолияти чонноки БААР дар сектори хусуси дар муддати амали стратегияи мазкур ба тадричан то ба хадди талабшавандаи 60% расонидани таносуби сандук оварда мерасонад.

445
Нет комментариев. Ваш будет первым!