Таъминоти ахбории менеҷмент

Мақоми асосиро дар амали гардонидани функсияи идоракунӣ ва қабули қарор барои менеҷер ахбори идоракунӣ мебозадМафҳум ва моҳияти ахбори идоракунӣ
Накша:
1.Ахбор ва намудҳои он
2.Истифодаи стратегияи технологияи ахборӣ.

Мақоми асосиро дар амали гардонидани функсияи идоракунӣ ва қабули қарор барои менеҷер ахбори идоракунӣ мебозад.
Ахбор – ин маълумоти амик оиди объект ё ҳодисае, ки ба вуқӯъ пайвастааст ва бо нишондиҳандаҳои ченакӣ ва сифатӣ инъикос мегардад
Таҷриба нишон медиҳад, ки аксари маврид роҳбароне пайдо мешаванд, ки ба ахбори дуруғ дода мешаванд, дар натиҷа қарорҳои идоракунии нодуруст, ё худ беасос қабул менамоянд, ки дар оянда ба фаъолияти роҳбар таъсир расонида рушди корҳонаро коста мегардонад.
Системаи ахбори идоракунӣ имрӯз ягона системае мебошад, ки ҷараёни ташкил идоракунӣ ва баномасозию пешгӯии фаъолияти корҳонаро пурра дар бар гирифта, дар он роҳҳои ба низом тайёр кардан, коркард, расонидан ва истифодабарии тамоми намуди ахбор, ки дар корҳона ва берун аз он вуҷуд дорад дида мешавад.
Самаранокии кори идоракуни дар ҳамон вақт таъмин мегардад, ки агар ахбори сари вақтӣ ба дуруст истифода гардад.
Ахбори идоракунӣ метавонад ба таври зерин гурӯҳбандӣ карда шавад:

Вобаста аз инъикосёбӣ:

Муоинавӣ(визуалӣ);
Шунавоӣ(аудивидуалӣ);
Дигиталӣ (дар шакли нақша ва схема)
Омехта;
Вобаста аз сифат:

дуруст;
Эҳтимолан дуруст;
Нодуруст;
Дурӯғ;
Вобаста аз муҳити фаъолияти ташкилот:

Иқтисодӣ;
Идоракуни;
Иҷтимоӣ
Технологӣ;
Вобаста намуди паҳнкунӣ:

Микронавор;
Навори видеоӣ;
Хаттӣ;
Вобаста намуди инъикосёбӣ:

Рақамӣ;
Хаттӣ;
Рамзӣ;
Вобаста сарчашмаи бавуҷудоӣ:

Дохилиташкилотӣ;
Берунӣ;
Номураттаб;
Ногаҳонӣ;
Вобаста аз моқом дар раванди идоракунӣ:

Таҳлилӣ;
Пешгӯӣ;
Илмӣ;
Меъёрӣ;
Қоидаҳои асосӣ ва мақсади ташкили низоми дохилии ахбори корҳона ва истифодаи он чуни наст;.

Кор кардан, истифода ба нигоҳдории ахбор шароити марказонидашуда ва ғайри марказонидашуда идоракуни;
Муайян кардани воситаҳои техники ахбор барои ташкилот ва ҳар як сохтори таркибии истеҳсолот.
Кор карда баромадани барномасозии ахборот ва истифодаи бонки ахбор.
Гузаронидани вариантҳои гуногуни ҳисоб ва ҳисоббаробаркуниҳо дар ҷараёни кор кардани барномаи маркетинг ба нақшгирӣ, назорат ҷамовари ва коркарди ахбор;
Коркарди системави ахбор ва додани ахбори хатти:
Таъмини асбобҳои техники, телефон, телефакс, ва нусхабардори, ва дигар асбобҳои комуникатсиони;
автоматикунонии ҷараёни идоракунии маъмурии меҳнат дар асоси истифодаи технологияи пешқадам.
Андозаи талабот ва истифодаи ахбор кори мушкили ҳар як роҳбар мебошад, ки аз таҷрибаи кори ва лаёқатмандии роҳбар, инчунин функсияи он вобастагии калон дорад.
Дар даҳсолаи охири асри ХХ қариб дар тамоми ҷаҳон системаи автоматикунонии идоракуни (С.А.И.) ба дараҷаи аъло авҷ гирифт асосан, баъди пайдоиши мошинаҳои Э.В.М. – и ҷодаи 3 – ум ташкили системаи алоқаи моҳворавӣ, марказҳои ахборию ҳисобарори ва марказҳои идоракуниҳои автоматӣ пайдо шуданд.
Системаи ахборӣ гуфта комплекси алоқаманди воситаҳои техники алоқа, ки дар як занҷири сарбаста, дониста мешавад.
Системаи техникии ахборӣ имкон медиҳад, ки миқдори зиёди ҳисобдорон, ки муҳосибон, иқтисодчиён инчунин дигар коргарони хизматрасон кам карда шавад.
Аксари фаъолияти ба ҳисоббарории бухгалтерии, омори ва ҳисоботи алоқаи кори муқаррари компутерҳо мебошанд, ки дар асоси барномаи пешаки сохташудаи компутер ҳисоб карда мешавад.
Дар натиҷаи инкишофи техникаи электронӣ самаранокӣ ва суръати ҳаракати ахборро тезонида, қисми зиёди коргарони техникиро кам мекунад, кори муҳосибот беҳтар шуда, сифати корҳои ҳисоботию банақшагирӣ хело ҳам хуб мегардонад.
Тарзи навишти ахбор – дар асоси барномаҳои махсуси компютерӣ сурат гирифта, кори идоракуниро осон мегардонад. Ба навиштаҷотҳои муҳим дохил мешаванд.

ҳуҷҷатҳои техникӣ, нақшаҳо ва ҳисобҳои конструкторӣ.
ҳуҷҷатҳои илмӣ – ҳар гуна ихтироот ва тадқиқотҳои илмиву дигар моликиятҳои зеҳнӣ.
ҳуҷҷатҳои хаттӣ – ҳаргуна шартномаҳо мактубҳои корӣ ҳуҷҷатҳои бухгалтерӣ ва ғайраҳо
маълумотҳо – маълумотҳои оморӣ, бухгалтерӣ ва дигар нишондиҳандаҳои фаъолияти корҳона, нишондиҳандаҳои оморӣ ва таҳлили фаъолияти корҳона.
Ташкили барномасозии махсус – вобаста аз хусусиятҳои фаъолияташон корҳонаҳо барномаҳои махсуси худро дар компютерҳо месозанд, ки барои иҷрои кор хеле самаранок мебошад. Мисол, аллакай дар системаи бонкҳо, аэрокассаҳо, идораи киштиҳои кайҳонӣ, роҳҳои ҳавои ва ғайраҳо барномаҳои махсус амал мекунанд.
9.2. Истифодаи стратегияи технологияи ахборӣ.
Ҷараёни инкишофи технологияи ахборӣ имконоти пайдоиши шаклҳои нави соҳибкориро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт муҳайё намуда, барои васеъ шудани шаклу усулҳои ҳамкории менеҷмент дар шароити глобализатсияи иқтисоди имконотҳои навро ба вуҷуд меорад. Истифодаи системаи глобалии Интернет ва сетҳои корпаративӣ ва инчунин системаи мунтазами озодӣ алоқа рақобатнокии корҳонаро дар шароити бозор мустаҳкам гардонида, ҳосилнокии меҳнатро чанд карат зиёд мекунағ. Инчунин имкон медиҳад, ки корҳона ё ширкат худро ба шароити нави иқтисодӣ мутобиқ гардонида ва тағйиротҳо ва ҳолатҳои беруна зуд хабардор гардад.
Имрӯзҳо Интернет ҳамчун як сети глобалии компютери қисмати асосии соҳибкори «раги хунгарди асосӣ» ба ҳисоб рафта, шакли соҳибкории нав гашта миллиардҳо одамонро бо худ пайваст мекунад.
Технологияи ахборӣ ба корҳона имкон медиҳад, ки раванди кории худро тезонад, хароҷотҳои истеҳсолиро кам кунад ва ҳамоҳангҳои сохторҳои таркиби истеҳсолии худро таъмин созад ва дар ҷамъ ҳосилнокӣ ва боздеҳии захираҳоро хеле баланд бардорад.
Маълум аст, ки баландшавии ҳосилнокии меҳнат суръати гардиши воситаҳои гардони корҳонаро тезонида, якбора хароҷотҳоро хеле кам мекунад ва ин дар навбати худ, нархи молро паст карда мавқеи молистеҳсолкунанда дар бозор мустаҳкам мегардад.
Чи хеле, ки дар боло қайд намудем яке аз бартарияти инкишофи системаи ахборӣ дар он аст, ки имрӯз монеаҳои ҷуғрофӣ ва бюрократӣ (қоғазбозӣ) дар ин система дида намешавад.
Пайдоиши компютерҳои боқуввати фарди имконият пайдо намуд, ки мутахассисон дар кадом гушаи дунё, ки набошад бо ҳам алоқа пайдо карда дар як муддати кӯтоҳ ахборро ба корҳонаи худ ба роҳбарони худ мерасонанд.
Аз ин рӯ қоида, функсия ва усули роҳбарии менеҷмент низ гирифтори навоварии ахборӣ мегардад. Менеҷееро лозим меояд, ки аз як қатор услубу қоидаҳои кӯҳнаи роҳбари даст кашад. Доимо дар ҷустуҷӯи шаклҳои прогресивии идоракунӣ буда, худашро низ ҳамчун шахси пешқадами ҷамъиятӣ нишон диҳад.

Саволҳо барои худсанҷишӣ:

Ахбор чист?
Роҳҳои ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ахборро нишон диҳед.
Ахбор дар чанд шакл инъикос ва пахш мегардад.
Мақоми ахбор дар идоракунӣ.
Технологияи ахборӣ чист?

752
Нет комментариев. Ваш будет первым!