Консепсияи нави менеҷмент ва инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ

1.Равандҳои асосии консепсияи нави менеҷмент;
2.Хусусияти хоси консепсияи нави менеҷмент;
3.Мактаби муносибатҳои башарӣ ва таъсири рафтори одамон;
4.Асосҳои иҷтимоию иқтисодии менеҷмент дар шароити глобализатсияи иқтисодӣ;
5.Алоқамандии инкишофи идоракунии давлатӣ ва менеҷмент.

1. Равандҳои асосии консепсияи нави менеҷмент
Дар аввали асри XXI дар истеҳсолоти ҷаҳони пешравиҳои калоне ба вуҷуд омадаанд. Дар навбати аввал корхонаҳои калони саноатие пайдо гаштаанд, дap якчанд давлатҳо, корхонаҳо ва филиалҳои худро дошта, дар онҳо даҳҳо ҳазop коргарон ва муҳандисон кор карда, техника ва технологияи мураккаберо истифода мекунанд. Дар баробари ин таркиби коргарон низ дигар мешавад, яъне фаҳмиши коргари оддии бе маълумот қариб аз байн рафта истодааст, акнун аксари коргарон маълумотдор ва касбӣ буда, ҳамчун шахсият худро мешиносанд. Дар чунин як шароит хох, нохоҳ, менеҷмент консепсияи нави таърихиро ба худ мегирад, ки аз менеҷменти пешина дида куллан фарқ мекунад. Ин пеш аз ҳама тағйир додани сохтори ташкилии идоракунӣ, шарту шароит ва технологияи менеҷмент, инчунин конкретикунонии иҷроиши амалиётҳо, дигар кардани қоидау шакли ҳавасмандии меҳнат мебошад. Дар таърихи менеҷмент чор консепсияи асосии идоракунӣ, ки дар инкишофи илм ва таҷрибаи менеҷмент мақоми калон доранд, муайян карда шудааст:
– консепсияи илмии менеҷмент;
– консепсияи маъмурии менеҷмент;
– консепсияи психологӣ ва рафтори инсонӣ;
– консепсияи илмии рафтори одамон.
I.Консепсияи илмии менеҷмент – асосан аз аввалҳои асри XX дар ИМА cap мешавад. Асосгузорони ин консепсия муҳандиси амрикоӣ Фредрик Тейлор (1856-1915) соли 1911 китоби бо номи «Қоидаҳои идоракунии илмӣ»-ро менависад, ки сарчашмаи пайдоиши менеҷмент ҳамчун илм қабул шудааст. Тейлор менеҷментро ҳамчун илми ҳақиқие, ки асосашро қонунҳои аниқ, қоидa ва қоидахои банақшагирӣ ташкил медиҳад, ҳисоб мекард. ба хулосае омад, ки идоракунӣ ин ихтисоси алоҳида мебошад.
Ташкилот ва корхона бурд мекунад, ки агар ҳар як гуруҳи коргарон барои коре ҷамъ шаванд, ки онҳо бомувафаққият аз уҳдааш бароянд. Тейлор системаи ташкили илмии меҳнатро кор карда баромад, ки дар асоси панҷ қоида ҷори карда мешавад:
1.Интихоби илмии коргарон – Самаранокии истеҳсолот талаб мекунад, ки оид ба ҳар як намуди кор коргари мувофиқро бояд интихоб кард, то кк барои иҷрои кор қобилият дошта бошад. Барои муайян кардани қобилияти кордонӣ имтиҳони тести месупоранд.
2.Омузиши илмии меҳнат ва хонондани коргарон. Омӯзиши илмии вақти корӣ, ҳаракатҳо ва қувва бояд инкишоф дода шавад, ки имкони омузондан ва машқ додани коргаронро барои ба даст даровардани самараи
максималӣ пайдо намоем.
3.Махсусгардонии корҳо. Истеҳсолот бояд ба қисмхо ҷудо карда шавад ва ҳар як коргар мутахассиси намуди хоси касбӣ худ бояд гардад.
4.Баланд бардоштани дараҷаи ҳавасмандии мотиватсияи кор бо роҳи додани музди меҳнат.
5.Тақсимоти одилонаи ҷавобгарӣ байни коргарон ва роҳбарон.
Консепсияи илмии идоракунии Ф. Тейлорро олимони дигари амрикои Френк Гилберт (1868-1925) ва Лилиан Гилберт (1878-1932) давом доданд. Корҳои ин олимон имрӯз «Мақоми захираҳои башарӣ дар идоракунӣ» ном гирифтааст. Маҳз бо шарофати ин консепсияи менеҷмент ҳамчун соҳаи алоҳидаи илм шинохта шуда, функсияву вазифа ва услубу қоидаҳои худро ҳамчун илми иқтисодӣ доро мебошад.
II.Консепсияи идоракунии маъмурӣ – ин равия барои кор карда баромадани қоидаҳо ва проблемаҳои умумии идоракунии ташкилоту идораҳо равона карда шудааст. Мувофиқи ин консепсия дар солҳои 20-уми асри XX сохтори ташкилӣ-идоракунии корхонаҳо ҳамчун як системаи алоқаманду пайваста ташкил карда шуданд. Дар ин давра фаҳмиши идора кардани корхонаҳо аз рӯи системаи ташкилию идоравӣ пайдо шуд. Ин консепсия ҳамчун назарияи классикии идоракунӣ шинохта шудааст.
Асосгузори ин консепсияи менеҷмент олими франсуз Анри Файол (1841- 1925) мебошад, ки дар илм ҳамчун «Падари менеҷменти илмӣ» шинохта шудааст. Файол қайд мекунад, ки мавҷудияти кадом ташкилоте, ки набошад бояд шаклҳои зерини фаъолиятро дошта бошанд:
– техникӣ – иҷрои равандҳои истеҳсолӣ;
– тиҷоратӣ – харидани ҳамаи он воситаҳое, ки барои истеҳсоли мол ва хизматҳо зарур мебошад;
– молиявӣ – пайдо кардан, нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки воситаҳои пулӣ;
– бухгалтерӣ – гузаронидани назорати статистикӣ, сабти амвол, сохтани баланс ва ғaйpa;
– маъмурӣ – таъсир расонидан ба коргарон;
– муҳофизатӣ – ҳимояи одамон ва моликияти онҳо.
Ҳар як намуди фаъолият ба идоракунӣ зарурият дорад, ки дар асоси гардонидани функсияҳои идоракунии банақшагирӣ, ташкилӣ, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва мотиватсия иҷро мегарданд. Консепсияи илмии идоракунии маъмурии Файол аз 14 қоида иборат мебошад, ки то имруз моҳияти худро гум накардаанд:
1.Тақсимоти меҳнат – баландбардории ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби аниқ кардани вазифаҳои ҳар як коргар. Ҷараёни истеҳсолот бояд ба равандҳои алоҳидаи идоракунӣ ҷудо карда шаванд, ки истеҳсоли максимуми маҳсулотро таъмин карда тавонад.
2.Ҳукмронӣ ва ҷавобгарӣ. Ҳукмронӣ мазмуни ҳуқуқ ва қувваи фармон доданро дорад. Бинобар ин дар куҷое, ки ҳукмронӣ вуҷуд дорад, ҷавобгарӣ, додани мукофот, ё ҷазо низ бояд бошад.
3.Интизомнокӣ. Моҳияти интизомнокӣ дар он аст, ки иҷрои бечунучарои тамоми қоидаҳои ташкилӣ ва дастурамалҳои идоравӣ. Самаранокии идоравӣ дар ҳама зинаҳо. Адолати идоракунӣ ва ҷазо барои вайронкунандагони тартибот. Тартибот дар кадом дараҷаи идоракуние, ки набошад, аз роҳбар вобастагии калон дорад.
4.Яккасардорию итоатгариро дар иҷрои ин, ё он фаъолият фақат як нафар бояд супориш диҳад.
5.Ягонагии роҳбарият – ин қоида, чунин мазмун дорад, ки як роҳбар, як барнома дорад, ки дар иҷрои ҳамаи фаъолиятҳо ба мақсади ягона оварда мерасонад. 6.Манфиати ҷамъиятӣ аз манфиати шахсӣ бояд боло бошад – яъне манфиати роҳбари алоҳида бояд аз манфиатҳои корхона боло набошад.
7.Ҳаққи музд гирифтан – ин музди меҳнат барои кори иҷрокарда, музди меҳнат бояд боадолатона буда, аз руи имконият талаботи коргаронро таъмин карда тавонад.
8.Дараҷаи марказонидашуда. Ин қоида вобаста аз ҳолат ва вазъияти идоракунӣ қабул карда мешавад.
9.Пайдарпайии роҳбарӣ – (иерархия) – пайдарпаии вазифаро аз поён то болоро меноманд.
10.Тартибот – тартиботи мавод барои ҳар як корхона бояд маълум бошад. Формулаи тартиботи адолати иҷтимоӣ чунин мебошад: «ҷои муайян барои ҳар як шахс ва ҳар як шахс дар ҷои худаш».
11.Адолатпарастӣ – ин сарчашмаи ҳавасмандии коргар барои иҷрои кор ҳуқуқ ва вазифаҳо мебошад.
12.Ҳайати доимии коргарон – тез-тез иваз шудани кормандон нишонаи ташкили нодурусти кор дар корхона мебошад. Ташкилот ва корхона бояд ҳаракат намояд, ки бо коргарон ва менеҷерон вақти зиёд кор кунад.
13.Ташаббускорӣ – додани имконот ва шароити озоди амалӣ гардонидани фикру ақоиди нав.
14.Ягонагии коллектив – коллектив набояд ба гуруҳҳо ва зергуруҳҳо ҷудо шавад. Агар қувваи ягонаи корхонаро ба қисмхо ҷудо намоем, он гоҳ қувваи шумо суст мегардад. Давомдиҳандаи идеяи Анри Файол муҳандис механик Г. Эмерсон мебошад ва баъдан шоҳи автомобили аввали асри XX Генри Форд мебошад.
Ш.Консепсияи идоракунии психология ва муносибатҳои инсонӣ. Тарафдорони ин консепсияи менеҷмент солҳои 30-50-уми асри XX якумин шуда муайян намуданд, ки менеҷмент ин «таъмини иҷрои кор ба воситаи ёрдами шахсӣ дигар мебошад». Чунин тадқиқотро психологӣ амрикоӣ Абраҳам Маслоу (1908-1970) гузаронида исбот намудааст, ки мотиви асосии фаъолияти одамон на фақат қувваи иқтисодӣ, балки як қатор дигар талаботе низ мебошанд, ки бо воситаи пул таъмин карда наметавонем. Сухан дар бораи он меравад, ки ҳосилнокии меҳнат дар корхона аз муносибати байни коргарон ва менеҷерон ва муҳити кори нисбат ба зиёд кардани музди кор бисёртар вобастагӣ дорад. Чунин як равияи консепсияи менеҷмент дар аввали солҳои асри ХХ-ум авҷ гирифта, то имрӯз дар менеҷменти корхонаҳои Ҷопон ва давлатҳои Аврупои Fapбӣ истифода карда мешавад.
IV.Консепсияи илмии инкишофи рафтори одамон – аз солҳои 60-ум ибтидо мегирад. Ин консепсия бо худ тадқиқоти зерини иҷтимоиро дар бар мегирад: мотиватсия, характери ҳукмронӣ, обру, сохтори ташкилӣ, коммуникатсия, пешво, тағйирёбии мазмун ва сифати кор. Мақсади асосии консепсия – кумак расонидани ба коргарон дар фаҳмонда додани имконоти шахсии онҳо бо роҳи истифодаи илм дар бораи рафтори одамон, ташкил ва идоракунӣ мебошад. Ҳамин тариқ чор консепсияи инкишофи менеҷмент барои беҳтар – шудани стратегияи инкишофи корхонаҳо бо мақсади гирифтани фоида равона каpда шудаанд. Дар шароити имруза моҳияти асосии назарияи идоракуниро дар масоили алоқамандӣ бо муҳити беруна, ба ҳисоб гирифтани тағйирёбии фаъолияти корхонаҳои рақиб ва ориентатсияи корхона ба муҳити нав равона карда шудааст.
Асосан се консепсияи менеҷменти корхонаҳоро ҷудо мекунанд.
1.Консепсияи мутобиқгардонӣ (адаптатсия).
2.Консепсияи глобализатсияи стратегӣ.
3.Консепсияи нишонагирии мақсаднок.
1.Стратегияи консепсияи мутобиқгардонӣ ба ҳаёти воқеии корхонаҳо равона карда шудааст, яъне таъсири мутаносиби қувваҳо бо назардошти муҳити беруна. Яъне тақсимоти истеҳсолот ва молҳо байни корхонаҳо, ки дар давлатҳои гуногун ташкил карда шудаанд, вобаста аз хароҷотҳои истеҳсолӣ арзиши қувваи коргарӣ, суръати афзоиши иқтисодӣ ва вазъи низоми сиёсӣ.
2.Равияи асосии консепсияи глобализатсияи стратегӣ – ба оптималӣ гардидани фаъолияти корхона нигаронида шудааст. Дар ин равия асосан ба кор карда баромадани консепсияи ягонаи стратегияи корхона, ки барои фаъолияти оптималии корпоратсия равона карда шудааст шомил мешавад. Ин консепсия равандҳои зеринро дорад:
♦ назарияи мақсадҳои бисёртарафа буда, стратегияи глобалии инкишофи фоида мақсади асоси нест;
♦ назарияи оптималикунонии фоида;
♦ оптималикунонии фоида дар асоси мувофиқгардонии сохтори ташкилии корхона;
♦ оптималикунонии функсияҳои асосии менеҷмент.
3.Консепсияи нишонагирии мақсаднок – мақоми аввалиндараҷа доштани функсияи мақсадноки идоракунӣ дар нисбати банақшагирӣ, ташкилӣ, назорат ва мотиватсия.
Асоси консепсияи замонавии менеҷментро дар шароити иқтисоди бозорӣ равона кардани фаъолияти корхона барои омузиши талаботи бозор оиди ҳар як намуди моли алоҳида, тартиб додани барномаҳо ва пешгуӣ ба моли алоҳида, кор карда баромадан ва ҷорӣ намудани намуди нави мол, тезонидани суръати талабот ва гирифтани фоидаи баланд мебошад. Натиҷагирӣ чун услуби системавии омузиши идоракунӣ ҳамчун як “дониши кулл” барои менеҷерон ва роҳбарон шарт ва зарур мебошад. Дуруст истифода карда тавонистани қонуниятҳои диалектикии боҳамзидҳо, гузариши миқдори ба сифат, қонунияти биологӣ, техникию технологӣ ва ташкилию иқтисодӣ имкон медиҳад, ки қарори идоракунии пурра қабул карда, чорабиниҳо барои иҷрои он пешниҳод карда шаванд. Яке аз раванди консепсияи нави менеҷмент идоракунии хоҷагидорӣ мебошад. Мувофиқи методологияи имрӯзаи менеҷмент омузиши муҳити дохила ва берунаи корхона раванди асосӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин барои бо мақсад расидан, солҳои охир равияӣ нави илми идоракунӣ – менеҷменти стратеги инкишоф ёфтааст, ки асосашро пешгӯиҳои илмӣ ташкил медиҳад. Бо ақидаи файласуфи франсави Огюст Конт, “донистан барои пешгуи кардан аст, пешгуи барои идора кардан аст”.
2.Хусусияти хоси консепсияи нави менеҷмент
Хусусияти хоси менеҷмент дар замони ҳозира аз он иборат аст, ки мафҳумҳои асосӣ, категорияҳои иқтисодӣ, назарияи идоракунӣ бо назари нав, ё ин ки аз нигоҳи омузиши амиқ ё пурра баҳо дода мешаванд. Пеш аз ҳама услуби системавӣ ва вазъиятии идоракунӣ, ки асоси риёзиёти татбиқӣ дорад, истифода карда мешавад. Ҳар як системаи хоҷагидории ташкилот, ё корхона маҷмуи системаи мураккабе мебошад, ки дар як модели идоракунӣ ҷойгир намудан мушкил аст.
Бинобар ин онҳоро ба се зерсистема гуруҳбандӣ мекунанд.
♦ илмию техникӣ;
♦ истеҳсолию иқтисодӣ;
♦ иҷтимоӣ.
Усули системавии омузиши идоракунӣ талаб менамояд, ки ҳамаи равандҳои идоракунӣ дар алоқамандии якдигар омухта шавад. Инчунин омилҳои табиию географӣ, миллию маданӣ, дину оин фаро гирифта мешаванд.
Пешбинӣ – ин омузиши ҳолати ояндан объектҳоӣ алоҳида ва тағйирёбии онҳо баъд аз як давраи муайян мебошад.
Пешгуӣ – ин тасдиқ намудани ҳолати ояндаи ин, ё он объект, ё пешгуӣ кардани ягон ҳодиса.
Ояндабинӣ – дар асоси омузиши илмӣ амалӣ гашта, доир ба тағйирот, пешравӣ, ё ин ки таъсири омилҳои дохилӣ ва беруна барномаҳо тайёр мекунанд. Нишондиҳандаҳои ин барномаҳо барои қабули қарори идоракунӣ истифода карда мешавад. Яке аз хусусияти фарқкунандаи консепсияи нави менеҷмент ин услуби вазъияти менеҷмент мебошад.
Инчунин услубе мебошад, ки унсурҳои зеринро дар бар мегирад:
♦ идоракунӣ ҳамчун ҷараёни банақшагирӣ, ташкили ҳамоҳангсозӣ, баҳисобгирӣ ва назорат;
♦ усули миқдории идоракунӣ (модели қабули қарордод ва тадқиқоти фаъолият);
♦ усули бихевиористӣ (назарияи рафтор, мотиватсия, афзоиши гуруҳӣ);
♦ усули системавӣ (назарияи умумии система, таҳлили системавӣ ва ахборӣ).
М. Мескон, М. Алберт, Ф. Хедоури дар китоби “Асосхои менеҷмент” усули ҳолатиро ҳамчун консепсияи идоракунии ҳолатҳои аниқӣ ҳамчун роҳи самаранокӣ ба мақсад расидан номидааст. Зарурияти чунин як услуби нави идоракунӣ дар он аст, ки дар байни назария ва амалияи идоракунӣ масофаи калон ба миён омадааст. Назарияи идоракуние, ки дар асоси қоидаҳои универсалӣ ташкил карда шудааст, вазъиятҳои аниқро дар таҷрибаи хоҷагидорӣ ба инобат нагирифтааст, бинобар ин усули нави идоракунӣ бо мақсади баланд бардоштани роли идоракунӣ дар ҳалли амалии проблемами объектҳои идоракунӣ баланд бардоранд. Солҳои охир корҳои зиёди илмӣ ва китобҳои методӣ оид ба инкишофи консепсияи мақсаднокии идоракунӣ аз чоп баромадаанд, ки бартарияти асосии онҳо – амалишавандагии назария дар идоракунии ҳарруза мебошад. Аз нигоҳи дигар ин фалсафаи нави идоракунӣ мебошад, ки равандҳои гуногуни идоракуниро якҷоя карда, маслиҳатҳо ва пешниҳодҳои аниқро оид ба ташкилӣ ва навоварӣ дар бар мегирад. Системаи “идоракунӣ аз руи натиҷаи фаъолият” дар аксари корхонаҳои Финляндия ҷорӣ карда шудааст ва нишондиҳандаҳои мусбат низ ба даст овардаанд. Таҷрибаи хориҷа нишон медиҳад, ки консепсияи нави менеҷмент дар асоси “Назардошти назария ва амалияи идоракунӣ” сурат мегирад. Яке аз раванди ислоҳоти идоракунӣ ин беҳтар намудани шаклҳои суннатии идоракунӣ ва дохил намудани унсурҳои “назорати электронӣ”-ро меноманд. Ҷараёни ғайримарказонии идоракунӣ, кам кардани миқдори роҳбарон қариб дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон мушоҳида мегардад. Дар баробари он мақоми идоракунии стратегӣ ва истеҳсолӣ меафзояд. Корхонаҳо мустақилона худашонро ба шароити нав мувофиқ мегардонанд ва ин консепсияи “худомузиши ташкилот” ном гирифтааст.
Ҳамин тариқ дар инкишофи назария ва амалияи менеҷменти истеҳсолот як қатор равандҳо мушоҳида шудааст:
1.Консепсияи ташкилоти омузанда.
2.Консепсияи сохтори уфуқии идоракунӣ.
3.Консепсияи ғайримарказонидани идоракунӣ.
Профессори америкоӣ Адлер Нэнси дар асарҳои худ (солҳои 1997; 1991) нуқтаи назари наверо пешниҳод мекунад, ки мувофиқи он замоне омадааст, ки мо бояд ҳудуди миллии консептуалӣ, назария ва амалияи менеҷментро аз байн бардорем. Омузиши Адлер аз се қисмат иборат мебошад.
1.Таъсири маданият ва урфу одати миллӣ ба рафтори менеҷерон ва сохтори ташкилии корхонаҳо.
2.Роҳҳои гузаштани маҳдудиятҳои миллӣ ва ташкили командаҳои мултимаданӣ. Асоси инқисматро тарбияи пешвоён, мотиватсия ва қабули қарордоди идоракунӣ ташкил медиҳад.
3.Имконоти истифодаи усули интернатсионалӣ дар гуфтушунидҳо, ҳалли масъалаҳои моҷаро.
Н. Адлер қайд мекунад, ки барои пешвои байналхалқӣ шудан шахс бояд ҳамаи хислатҳои мотиватсионӣ дар ҳолати тағйир ёфтани ҳолатҳоро дошта бошад. Мисол чунин унсурҳо: Оё русҳо монанди арабҳо тоқати интизоршавиро даp вохурӣ доранд? “Оё арабҳо гуфтушунидро мисли америкоиҳо мегузаронанд? Не албатта”. Доимо бояд як чизро дар хотир дошта бошем, ки хориҷиён рафтор ё гуфтори моро дигар хел қабул карда баҳо медиданд.
Ё ин, ки мардуми Бразилия аксари маврид калимаи “не” истифода мекунанд. Америкоиро бошанд, ваъдаи зиёдеро. Агар шумо дар Рим бошед, бояд монанди румиҳо рафтор намоед.
Faйp аз ин як гуруҳи олимон дар он ақида мебошанд, ки дар тамоми ҷаҳон, ҷараёни конвергенсияи менеҷерон ба миён омадааст, ки рафтори онҳо дар ҳама давлатҳо якхела мебошанд.
Гуруҳи дигари олимон ҷараёни баръаксро қайд мекунанд. Рақобати глобалии иқтисоӣй, пайдоиши ҷараёни мигратсионии давлатҳои хориҷӣ имруз талаб мекунад, ки корхонаҳо ва менеҷерони онҳо бо коргарони
миллатҳои гуногун кор карданро омузанд.
Аз тарафи дигар идоракунии давлатӣ низ характери иҷтимоӣ – байалмиллалиро мегирад. Ҳамчун доираи фаъолияти касбии мураккаб идоракунӣ объекти омузиши фанҳои сотсиология, политология, психология, ташкили маъмурӣ, информатикаи иқтисодй дар асри XXI гардидааст.
3.Мактаби муносибатҳои башарӣ ва таъсири рафтори одамон
Пайдоиши фикру ақоиди нав дар соҳаи идоракунӣ, асосан бо болоравии чораҳои иқтисодиёт, хусусан саноат вобастагии калон дорад. Баъди ба анҷом расидани ҷанги якуми ҷаҳон давраи калони кризиси иқтисодии солҳои 1929-1933 қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифт. Таҷриба ва назарияи классикии илми идоракунӣ натавонист, ки баландбардории ҳосилнокии меҳнатро таъмин намояд. Таҷрибаи роҳбарӣ нишон дод, ки акнун тарзу усули идоракуниеро истифода бояд бурд, ки ғайр аз шакли хуби ташкили истеҳсолот, истифодаи
техника ва технологияи нав, инчунин ёфтани роҳҳои ҳавасмандии коргарон, пайдо намудани ташаббус ва ғайратро пайдо карда тавонад. Дар нимаи дуюми солҳои 20-уми асри XX дар ШМА корҳои тадқиқотию илмиро доир ба идоракунӣ, на ин ки фақат муҳандисон ва иқтисодшиносон, балки сотсиологҳо ва психологҳо низ cap карданд. Равияи нави илмию тадқиқоти сотсиологияи муҳандисӣ пайдо шуд. Асосгузорони ин равияи илми олимони америкоӣ Ф.Ҷ. Ретлисбергер, У.Мур, франсуз Ж. Фридман ва дигарон буданд. Роҳбарии ин равияро, ки номи “мактаби муносибатҳои башарӣ ”-ро гирифтааст, профессори донишгоҳи Гарвард Элтон Мэйо (1880-1949) чунин менависад, ки ин мактаб, ҳамчун мактаби мухолифин ба мактаби тейлоризм ба вуҷуд омадааст. Э. Мэйо, мутахассиси шинохта дар соҳаи менеҷмент буда, якчанд экспериментӣ илмиро дар ташкилоти “Вестерн электрик”-и амрикоӣ мегузаронад, ки баъдтар номи ’’Озмоишҳои Хоуторин ” ном гирифтааст. Натиҷаи корҳои тадқиқотии Э. Мэйо имкон доданд, ки фикру ақидаи идоракуниро ба тарафи одамон ва тарафи иҷтимоии равандҳои истеҳсолӣ гардонанд. Инчунин ба мақоми коллектив дар кори хуби корхона баҳри баланд дода шудааст. Хулосаҳои Э. Мэйо чунин мебошад:
♦ таксимоти пурраи давраҳо ва қисматҳои ҷараёни корӣ ва музди меҳнати баланд на ҳама вақт ба баланд шудани ҳосилнокии меҳнат оварда мерасонад;
♦ қувваи дохилаи алоқаи коллектив, ё худ гуруҳ аз қувваи роҳбар дида, тавонотар аст;
♦ рафтори одамон дар вақти кор ва натиҷаи он бисёртар аз шароити иҷтимоӣ ва муносибати байни коргарон ва менеҷер вобаста аст;
♦ нисбат ба Ф. Тейлор, Э. Мэйо қайд мекунад, ки коргар табиатан танбал нест ва агар барои ӯ шароити заруриро муҳайё созем, он гоҳ вай ҳам қобилияти кордустӣ ва ташаббускории худро нишон медиҳад.
Чунин як ақидаҳои нав ба он водор мекунад, ки дар илми идоракунӣ боз проблемаҳои муносибати байни коргарон, муносибати одамонро ба кор ҳамчун шахс бо сифатҳои иҷтимоию психологӣ, маданию миллӣ омузем. Бо чунин хулосаи илмӣ доктори сотсиология Мэри Паркер Фоллет (1868-1933), меояд, ки яке аз аввалинҳо шуда, моҳияти менеҷментро ҳамчун “таъмин намудани иҷрои кор бо ёрдами шахсӣ дигар” номидааст. П. Фоллет қайд мекунад, ки барои самаранок кор кардани менеҷер вай бояд аз рафтори руякии муносибати коргарон даст кашида, бояд пешвои онҳо бошад. Доимо вобаста аз ҳолат қарори мустақилона қабул карда тавонад, на ин, вобаста аз функсияи идоракунӣ, ки мувофиқи стандарт навишта шудаааст. Менеҷер бояд доимо фикри ташаккули коллективеро кунад, ки дар гирди ӯ бошанд. Муҳити дустию бародарӣ, якдигарфаҳмӣ ва якдигарро кумак расониданро пайдо созад. Чунин як омил имконот медиҳад, ки натиҷаи меҳнат якчанд карат зиёд гардад. Ҳамин тариқ нуқтаи асосиро дар омузиши илми идоракунӣ на ин, ки раванди истеҳсолот, балки одамон ва рафтори онҳо мегирад. Давраи «бихевиористӣ» дар менеҷмент cap мешавад. – Бихевиоризм – калимаи англисӣ (behaviour – рафтор) ҳамчун равия дар психологияи америкоиҳо аввали солҳои асри XX пайдо шуда, предмети омузиши менеҷероне шуданд, ки масъалаҳои рафтори коргаронро оиди ҳавасмандкунии гуногуни корӣ меомухтанд. Аз нимаи дуввуми солҳои 30-юми асри XX ба ин мактаби муносибатҳои башарӣ «консепсияи рафтори» илова шуд. Дар инкишофи ин консепсия олимони Америкоӣ Абрамам Маслоу ва Дуглас Мак Грегор (1906-1964) гузоштаанд. А. Маслоу «Назарияи талабот»-ро кор карда баромадааст, ки баъдтар ҳамчун «пирамидаи талабот» ном гирифтааст. Дар ин назария талаботи одамро ҳамчун пирамида, ки асосаш талаботи вазифаи менеҷер мебошад.Дуглас Мак-Грегор назарияи ду шакли рафтори одамонро дар кор муайян карда, вобаста ба ин ду шакли идоракуниро кор карда баромадааст. Ин назарияи «X» ва «У». Аз руи назарияи «X» – одамон дар ин ташкилот аз аввал танбал буда, аз кори иловагӣ мегурезанд ва ҳамон вақт кор мекунанд, ки онҳоро маҷбур месозанд ва идора мекунанд. Аз руи назарияи «У» – кор барои одами солим ҳамчун талабот буда, менеҷер бояд, ки шароити меҳнатӣ ташкил намояд, то коргар талаботи физиологии худро ва баъдан талаботи руҳонии худро таъмин карда тавонад. Ҳамин тариқ усули «рафтории башарӣ» дар идоракунии ИМА чунон инкишоф ёфт, ки на фақат соҳаи саноат, балки тамоми соҳаҳои идоракуниро фаро гирифтааст. Вазифаи асосии менеҷер дар ин ҳолат аз он иборат аст, ки шаклу усули таъсир расонӣ ба коргар дар асоси илми «рафтори башарӣ» пайдо карда, кор ва фаъолият намояд. Дар давлатӣ Россия бошад, яке тарафдорони услуби иҷтимоӣ дар идоракунӣ Н.А. Витке мебошад, ки консепсияи «иҷтимоию меҳнатиро» пешниҳод карда, асоснок менамояд. Бо ақидаи Н.А. Витке идоракунӣ як раванди сарбастае мебошад, ки бо воситаи функсияҳои маъмурӣ идора карда мешавад. Вобаста аз пирамидаи идоракунӣ, ҳар қадар аз руи иерархия боло равад, ҳамон қадар ҳиссаи фаъолияти маъмурӣ зиёд гардида, ҳиссаи идоракунии техникӣ кам мешавад. Маъмурият бояд, ки асосгузорони муносибатҳои инсонӣ дар коллектив бошанд. Барои ин муҳити хуби иҷтимоию психологиро пайдо созанд.
Мувофиқи ақидаи Н.А. Витке ҳайати идоравӣ бояд ба як қатор талаботи зайл ҷавобгӯ бошад:
♦ интихоб карда тавонистани ҳайати табақаи поёнии идоракунӣ;
♦ тақсимоти аниқи ҳуқуқи вазифа ва хизматии онҳо;
♦ муайян кардани мақсади аниқ ва ҳамоҳангсозии кори итоаткунандагон;
♦ назорат карда тавонистан.
Дар мамлакати собиқ Шуравӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он шомил буд, давраи мактаби рафтори башарӣ дар нақшаи панҷсолаҳои якум, ки мардум бо як ғайрат ва боварӣ ба ҷамъияти нави Шуравӣ кор мекарданд дуруст меояд. Чунин як ҳаракат қариб то солҳои охири Шуравӣ солҳои 80-ум бо худ шиори ‘зарбдори меҳнати сотсиалистӣ», «зарбдори мусобиқаи сотсиалистӣ» -ро гирифта буданд. Солҳои охири Шуравӣ дар Тоҷикистон идоракуниии коллективҳо, бисёртар дар асоси мусобиқаҳо ва иҷроиши нақшаҳои давлатӣ сурат мегирифт, ки аксаран қоидаи ҳавасманкунии маънавиро дошт, нисбат ба иқтисодӣ. Натиҷагирӣ бо роҳи додани ҳар гуна дипломҳо, нишонаҳо, байрақҳо ва медалҳо анҷом меёфт, ки оҳиста-оҳиста ҳаваси мардум оиди ин гуна мусобиқаҳо ва мативатсияи кор суст шудан гирифт. Дар ин давра психология ва сотсиология дар Тоҷикистон аз идоракунӣ дур монданд. Дар бораи сотсиология тамоман фаромуш карда буданд, ба ҷои он материализми таърихӣ пайдо гашта буд.
Ба сотсиология ва психология муҳандисӣ баъдан охири солҳои 80-ум диққат доданд ва проблемаи «инсон ва ташкилот» аз тарафҳои гуногун ба таври зайл омӯхта мешуд:
♦ модели алоқамандии байни одамон ба муҳити дохила ва берунаи корхона;
♦ омузиши равандҳои иҷтимоию психологии воридшавии одамон ба коллективи корхона ва малому рафтори он дар ҷараёни истеҳсолот;
♦ омузиши хусусиятҳои психологии алоқаи шахсони алоҳида дар гуруҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ;
♦ тадқиқоти алоқамандии баландбардории ҳосилнокии меҳнат вобаста аз услубу тарзи идоракунии одамон ва ғайpa.
Ҳамин тариқ даҳсолаи 80-ум дар таърих ва барои ҳамаи халқҳои ҷаҳон мавқеи «маданияти ташкилӣ» ҳамчун воситаи асосии идоракунӣ шинохта шуд. Махсусан, мардуми Ҷопон ин усулро хеле самаранок дар корхонаҳо ва идоракунии давлатӣ истифода мебаранд. Имрӯзҳо аксари америкоиҳо, олимони назариявӣ дар чунин ақидаанд, ки маданияти ташкилии идоракунӣ баробари ташкили идоракунии корхона вазн доштa. ба рафтори одамон дар корхона таъсири калон мерасонанд.
Ҳамин тариқ, аз сарчашмаҳои илмӣ ва амалия маълум мегардад, ки то имрӯз се васоити асосии идоракунӣ ҳамчун воситаи таъсир расонидан ба одамон истифода шудааст.
1.Усули табақабандӣ – ташкилоте, ки воситаи асосии идоракунӣ дар асоси қоидаи «ҳукмрон ва тобеъ» сурат гирифта, таъсиррасонӣ ба одамон аз боло бо роҳи маҷбуран ташкил карда шуда, тақсимот ва назорати
воситаҳои моддӣ аз боло муайян мегардад.
2.Усули маданӣ – ки дар асоси хоҳишу талаботи ҷамъият сурат гирифта, дар он меъёрҳои иҷтимоӣ, арзишҳои гуруҳӣ, меъёрҳои рафторӣ, ритуалҳо, ки одамонро маҷбур месозад, ки аз доираи ин меъёрҳо берун набароянд.
3.Усули бозорӣ баробарҳуқуқи уфуқӣ дар асоси хариду фуруши мол ва хизматҳо сурат гирифта, муносибатҳои моликиятдорӣ, талабот ва таклифоти бозорро дар бар мегиранд.
Ин се усуле, ки дар боло овардем, қариб дар ҳама давру замон вуҷуд доранд. Валекин муҳимаш он аст, ки ин усулҳо то чӣ андоза дар идоракуни истифода карда мешаванд, кадом усул бисёртар дида мешавад, вобаста аз ин хусусияти ташкили ҷамъиятии иқтисодиёти ин ё он мамлакат, соҳа, корхона муайян мегардад. Асоси системаи маъмурӣ ва фармондиҳи ҷамоаи сотсиалистӣ ин усули табақабандии идоракунӣ буд, ки хислати умумӣ дошт. Дар баробари ин усул, боз усули маданӣ низ бо роҳи иҷрои вазифаи идеологии партияи коммунистӣ аъзогии партия ва воситаҳои ахбори умум, маориф ва маданият бо ном «маданияти коммунистӣ» истифода мешуд, ки аксари маврид иерархияи идоракунӣ худ ин коидаҳоро вайрон мекард. Солҳои 80-уми асри XX системаи маъмурӣ – фармондиҳи сотсиалистӣ ва идеологияи он ба зиддияти инкишофи рушди илмию техникӣ ва ҳуқуқу имконотҳои башарӣ дучор гардид. Дар чунин як давра прогресси илмию техникӣ давлатҳои ҷаҳон ба суръати баланд пеш рафта, шахсиятҳои бузурги таърихӣ инчунин шахсони соҳибмоликиятро ба миён меоранд, ки дар натиҷа чунин як пешравии сифатӣ нагузошт, ки ҷамъияти сотсиалистӣ дар чунин шакл вуҷуд дошта бошад. Акнун шароити техникӣ ва озоди истифодаи қобилияти шахсон ва додани имконот ба ҳамаи одамон барои зиндагии моддии хуб фароҳам омадааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Сарқонуни соли 1994, ҳамчун давлатӣ озоди ҳуқуқбунёди дунявӣ шинохта шудааст. Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият, ташкил медиҳанд. Дар моддаи 12-и Сарқонун омадааст: давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи хуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз он ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.
Иқтисоди бозорӣ – асоси хоҷагидории Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар он моҳият ва арзишҳои маданияти миллӣ, урфу одат ва хусусиятҳои хоси табиию географӣ ва демографӣ қадр карда мешаванд.
4.Асосҳои иҷтимоию иқтисодии менеҷмент дар шароити глобализатсияи иқтисодӣ
Нимаи дуюми солҳои 90-уми асри ХХ~ум давраи глобализатсияи иқтисодӣ буда, кариб тамоми заҳонро, аз он ҷумла Тоҷикистонро низ фаро гирифтааст. Иқтисодиёти аксари мамлакатҳо дарҳои кушода, барои молҳо ва хизматҳо доранд, новобаста ба он, ки дар кадом мамлакат истеҳсол карда мешаванд ва кӣ истеҳсол менамояд. Чунин як вазъият ташкили корхонаҳои байналхалқӣ ташкили филиалҳои корхонаҳоро дар якчанд давлатҳо ба вуҷуд овардааст.
Ин тағйиротҳо дар назди илми идоракунӣ як қатор вазифаҳо ва проблемаҳои навро ба миён овардааст. Муҳимтарини ин проблемаҳо:
♦ интихоби қонуниятҳо, шаклу усул ва хусусиятҳои хоси идоракунии умумибашарӣ;
♦ интихоби тарзи усули фаъолияти корхона вобаста аз шароитҳои ҳар як давлат;
♦ интихоби шакли хуби фаъолияти содиротии корхонаҳо;
♦ хусусияти хос, тарзу усул ва маданияти миллӣ;
♦ рафтори башарии ҳар як халқу миллат;
♦ мувофиқ шудан ба шароитҳои табиию географии маҳал.
Хусусияти дигари хоси менеҷмент дар шароити глобализатсияи иқтисодӣ, ин ба инкишоф ва истифодаи компютер ва воситаҳои электронӣ мебошад. Истифодаи пурраи навигариҳои техникаи электронӣ дар аксари корхонаҳои калони давлатҳои пешқадам боиси фоидаҳои калони чандинкарата гашта, технологияи компютерӣ ва истифодаи компютер дар идоракунӣ ягона роҳи баланд бардоштани ҳсилнокии меҳнат гардидааст. Аз дигар тараф дар мавриди истифода аз компютер қариб аксари коргарон дар ҷараёни идоракунӣ иштирок мекунанд ва ин хоҳ нохоҳ ба пурра ҷорӣ гаштани қоидаи демократикунонии идоракунӣ оварда мерасонад. Имрӯз демократикунонии идоракунӣ ва иштироки омма дар идоракунӣ қариб дар тамоми ҷаҳон воқеӣ мебошад. Аллакай дар Аврупо, Амрико ва Ҷопон қариб аксарият қабул доранд, ки демократикунони ягона шакли самараноки идоракунӣ дар оянда ба ҳисоб меравад. Дар хақиқат тағйирот дар доираи соҳибкорӣ ва шарту шароити нави ташкили хоҷагидорӣ дар аввали асри XXI вазифаҳои муҳимеро дар назди илм ва омузиши илми менеҷмент мегузорад.
Дар чунин як ҳолат функсияи менеҷер ҳамчун субъекти менеҷмент таъғйир меёбад. Акнун вазифаи асосии менеҷер ин фаҳмидан ва дарк карда тавонистани равандҳои нави фаъолияти корхона ва аз ҳама масъалаи муҳим чӣ тавр ӯ ҳунари худро дар шароити суръати баланди ивазшавии муҳит ҷорӣ ва истифода карда тавонад.
Бояд менеҷер ба талаботи зерин ҷавоб гуфта тавонад:
♦ аз назорати маъмурӣ даст кашидан ва истифодаи шаклҳои нави назорати идоравӣ;
♦ кам кардани аппарати идоравӣ ва аз байн бардоштани сохторҳои таркибии зиёдатӣ;
♦ инкишоф ва баланд бардоштани руҳияи коргарон ба кор ва корхона;
♦ қабул кардани мақом ва мавқеи саҳҳомон дар корхона;
♦ фаъолият кардан дар доира ва зинаи ҷавобгарии иҷтимоӣ;
♦ тоқат овардан ба таъсири қувваҳо ва проблемаҳои иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва экологӣ.
Иҷрои ин талаботро менеҷменте иҷро карда метавонад, ки агар дар ҳайати он менеҷерони касбии стратегияи инкишофи маданӣ илмӣ, рафтору кордонии маданӣ ва муносибати хуби одамӣ дошта бошад. Дар ҳақиқат, дар як-ду дақиқае, ки шумо ин мисраъҳоро мехонед, фикру нақшаи сохтани корхона, молиягузорӣ, бизнес-стратегия, ва костюми «Reebok», хизматҳои он ба воситаи интернет, телефон, почта, роҳҳои ҳавоию баҳрӣ, оҳану автомобили дар тамоми кураи замин паҳн мешавад. Мисол, асосгузори фирмаи амрикои «Federal Express» стратегияи глобалии худро тартиб дода, шиори «Ҷаҳони саривақт»-ро пеш, ки бояд дар як шаб ба тамоми Амрико почта расад. Чунин як стратегия тарафдорони худро пайдо карда дар тамоми ИМА тез паҳн шуда, компания хело калон ва эътибору нуфуз ба даст овард. Лекин чунин як амалро хост дар хориҷ дар Аврупо иҷро кунад, ки кораш омад накард. Системаи марказонидашудаи почтаи ШМА барои Аврупо қабул нагардид. Ҳаракатҳои зиёди ин компания, ки дар давоми 5-сол, 1,5 млрд. долларo ташкил дод, соли 1992-юм маҷбур шуд, ки Аврупоро тарк гуяд, чунки одат ва маданияти мардуми Аврупо ба монанди хоҳиши шабона кор накардан, ба хона ҳама чизро наовардан нагузоштаанд, ки фирмаи амрикоии «Federal Express» амал кунад. Бинобар ин дар вақти интихоби стратегияи корхона, дизайн ва шаклу сифати иҷрои кор омилҳои муҳими маданӣ ва рафтори одамон дар навбати аввал бояд ба назар гирифта шавад. Масалан: компанияи Монтанти Кембриҷ шакли нави велосипедҳои куҳгарди қатшавандаро дар ШМА фикр карда мебароянд. Истеҳсолашро дар Тайван ба роҳ мемонад, фурушаш асосан дар Аврупо сурат мегирад. Ахбор ва гуфтушунид оиди тағйир додани дизайн, конструксия ва дигар проблемаҳо якчанд маротиба дар як руз дар байни се корхонае, ки дар се минтақаи ҷаҳон ҷойгир аст, гузаронида мешавад. Имруз касе худро аз олами беруна ҷудо ҳисоб карда наметавонад. Ҳатто корхонаи шумо дар дохили як шаҳр мол барорад, ҳам пагох, моли шуморо корхонаҳои калонтарини Англия, Ҷопон, Олмон омада мехаранд. Мисол: фақат ҷопонҳо ҳар сол то 200 компаниями хурди амрикоиро мехаранд. Аз гуфтаҳои боло шумо мумкин хулоса баровардед, ки дар оянда кор кардани стратегияи глобалӣ барои ширкати «Federal Express» хато намебошад? Чунки маълум шуд, ки ширкат маблағӣ зиёдро аз даст дод. Пас хулоса баровардан мумкин аст, ки ташкилоте, ки дар масштаби калон кор мекунад, бояд аз руи қоидаҳои глобалӣ амал кунад. Яъне менеҷерони ин ташкилот бояд қобилияти глобалии фикр карданро дошта бошанд. Агар натавонанд, ба ҷои онҳо дигарон фикр мекунанд ва ин ташкилот бозорро аз даст медиҳад ва ба коми ширкати калони пешравон фуру меравад.
Аз ин нуқтаи назар фикронии глобалии менеҷмент корхона – ширкатро ба зинаи баланди рақобат мебарад. Мисол, аввали солҳои 2000-ум раиси шурои директорони ширкати Ford Motors, Флекс Тротман пайдоиши Ford-2000-умро эълон кард, ки системаи глобалии тағйироти менеҷмент бояд компанияро ба як организми калони глобалӣ мубаддал гардонад, ки Ford имруз автомобили класси миёнаи «модели глобалӣ » дар Европа, маркаи «Mondeo» ва дар Амрико бошад «Ford Contour» ва «Mercury Mystigue» мебарорад. Ё ин ки мисоли дигари стратегияи глобалии ташкилоти «Colgate», ки муваффақияти калонро соҳиб гаштааст, ташкилот дар 194 бозорӣ ҷаҳонӣ иштирок карда, мақоми бақувват дорад, махсусан дар Амрикои Лотинӣ, Осиё, Африка, Аврупои Ғарбӣ ва Шарқӣ. Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки инкишофи менеҷмент баробари инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ пеш рафта, вазифа ва функсияҳои худро дигаргун месозад. Мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон дараҷаи гуногуни инкишофи иқтисодӣ доранд. Асосан онҳоро вобаста аз даромад ба ҳap сари аҳолӣ ба ду гуруҳ ҷудо мекунанд:
1.Давлатҳои тараққикарда.
2.Давлатҳои ру ба тараққӣ ниҳода.
Дар ҳар ду ҳолат низ муҳити соҳибкорӣ ва бизнеси байналхалқӣ ба омилҳои зерини иҷтимоию иқтисодӣ гирифтор мешаванд, ки ба бурду бохти ширкат ё худ ташкилот дар ин, ё он давлат таъсир мерасонад. Ҳамин тариқ, менеҷмент дар хориҷа як шакли нави фаъолияти идоракуние мебошад, ки дар худ хусусияти хоси идоравӣ, таваккал ва зирракиро талаб мекунад. Вақте ки менеҷер ба кор қабул карда мешавад, бояд вай донад, ки пеш аз хама ба як қатор проблемаҳои шахсӣ гирифтор мешавад. Махсусан, барои мардуми Шарқ, бахусус тоҷикон дур аз Ватан будан, аз падару модар дур шудан, забондонӣ, сину сол, ҷинсият, урфу одати миллӣ, ки хело мураккаб мебошад. Омилҳои асоси муҳити байналхалқии менеҷмент:
1.Сиёсӣ – қонунӣ
Оромии сиёсӣ, қонунҳо, маҳдудиятҳо, имконоти милликунонӣ, тарифҳо, квота, андоз, терроризм ва вазъият
2.Иқтисодӣ
Инкишофи иқтисодӣ, бозори захираҳо ва мол, даромади аҳолӣ, инфраструктураи қурби пул, шароити иқтисодӣ.
3. Иҷтимоӣ – маданӣ
Арзишҳои иҷтимоӣ, забон, дину оин, алоқаҳои авлодӣ, маълумотнокӣ, вазъи психологии мардум. Лекин новобаста ба ҳамаи ин мушкилиҳо агар менеҷер қобилияти баланди кордонӣ, зиракӣ, зеҳни буррои қабул кардан ва ҳурмату эҳтироми урфу одат ва маданияти дигар халҳоро дошта бошад, он гоҳ имкони менеҷери байналхалқӣ шуданро дорад. Кори самараноки менеҷер дар хориҷ нишонаи он аст, ки дар дараҷа, ё зинаи байналхалқӣ рафтори ин шахсият қабул карда шудааст ва у метавонад, ки фаъолияти худро дар якчанд давлатҳои дигар давом диҳанд ва таҷрибаи пешқадами инкишофи менеҷментро ба худ дошта бошад.
5.Алоқамандии инкишофи идоракунии давлатӣ ва менеҷмент
Таърихи пайдоиш ва инкишофи давлатдорӣ ва шаклу усули идоракунии давлатҳл қариб 7-ҳазор сол пеш oғoз гардида, зиёда аз 5-инқилоби идоракунӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ гузаштааст. Ибтидои ташаккулёбии идоракунии давлатӣ, ки дар таърихи башар сабт шудааст ба ҳазорсолаи 5-уми то солшумории мо рост меояд, ки дар Шумери Қадим ба миён омадааст. Дар ин давра гуруҳи алоҳидаи одамон “дастурон” – соҳибкорон, тоҷирон, ки асосан ба корҳои тиҷорату навиштаҷоти он сару кор доштанд меноманд. Дар асарҳои таърихӣ, ин давраи таърихии давлат дориро ҳамчун давлатдории динию-тиҷорати меноманд. Давраи дуюми идоракунии давлатӣ ба давраи подшоҳии Бобул, Хаммурапӣ (1792-1750 то давраи мо) рост меояд. Маҳз дар ҳамин давра қонунхои идоракунии давлатӣ пайдо мешаванд, ки аллакай муносибатҳои байни гуруҳи иҷтимоии одамон аз тарафи давлат ба танзим дароварда мешуданд. Дар асоси қонун услуби навтарини идоракуни назорати қатъӣ барои иҷрои корҳо ҷорӣ карда шуд, ки мавқеи худро то замони мо гум накар

969
Нет комментариев. Ваш будет первым!