Ҳокимият, пешсафй ва усулҳои роҳбари

Ҳокимият ва роҳбарию пешсафи муҳимтарин омилҳое мебошанд, ки ба сатҳи самаранокии идоракуни таъсири зиёд мерасонанд.Моҳият ва таснифи шаклҳои ҳокимият
Накша:
1.Мохият ва таснифи шаклҳои ҳокимият
2.Пешво, пешсафи ва эътибори рохбар

Ҳокимият ва роҳбарию пешсафи муҳимтарин омилҳое мебошанд, ки ба сатҳи самаранокии идоракуни таъсири зиёд мерасонанд.
Роҳбари ҳар як корҳона бояд фаъолияти мақсадноки тобеонашро идора намуда, онҳоро барои самарабахш ҳал намудани вазифаҳои дар назди коллективӣ меҳнати гузошташуда сафарбар намояд. Аммо амали шудани ин майлу ҳоҳиши роҳбар пеш аз ҳама аз он вобаста аст, ки роҳбар то чи андоза ҳокимияти ҳакики дорад ва ҳуқуқу ваколатҳояшро барои таъсир расонидан ба рафтори тобеон чи тавр ва дар кадом ҳолат истифода мебарад. Аз ин рў, имконият ва кобилияти таъсир расонидан ба рафтори одамон ҳокимият номида мешавад. Вай ҳамчун ҷараёни ташкили ба шахсони алоҳида, гурӯҳҳо ва корҳона мансубият дорад.
ҳокимият – ин функсияи вобастагии дучониба аст. Аз як тараф, онҳое, ки онро бо чашми кордонӣ ва дар ҳолати зарурӣ бо мачсади таъсиррасони ба рафтори кормандон моҳирона истифода мебаранд ва аз тарафи дигар ин функсия барои онҳоест, ки ҳокимият ба онҳо таъсир мерасонад. Маҳз вуҷуд доштани ҳокимияти ҳақиқи ва истифодаи ҳуқуқу ваколати идора кардани одамон дар раванди истеҳсолот, имконияти бо ҳар гуна тарзу услубҳои муносиб таъсир расонидан ба рафтору амали кормандон яке аз шартҳои муҳими менеҷмент ба шумор мераванд.
Ин ҳуқуқу ваколати таъсир расонидан ба рафтори тобеонро на танҳо роҳбар, балки тобеон низ доранд. Роҳбар ҳуқуқ надорад, ки манфиатҳои шахсии худро аз манфиатҳои корҳона ва умумидавлати болотар гузорад. ҳамчунин онҳо ҳаққуҳуқуқи сўиистеъмол кардан аз мансаб ва дигар амалиёти номатлубу ғараздор нисбати тобеонро надоранд. Дар навбати худ, тобеон низ тибки талаботу мазмуни қонунҳои амалкунанда дар иҷрои корҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда, фориғболию бепарвои зоҳир накарда, набояд роҳбари корҳонаро дар ҳолати ногувор гузоранд.
Бо назардошти ин ва як катор далелҳои дигар, роҳбарон ва ҳамзамон тобеони онҳо танҳо дар доираи ҳокимияту ваколатҳои амалкунанда саъю кўшиш мекунанд, ки фаъолияти меҳнатиашонро барои ҳаллу фасли мақсади асоси ва ягонаи корҳона равона созанд.
ҳокимият метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад. Одатан панч шакли асосии ҳокимиятро аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ки ҳар яки он нишонаҳои ба худ ҳос доранд:

ҳокимияти маҷбуркунӣ.
ҳокимияти ҳавасмандгардонӣ.
ҳокимияти ибрату намунавӣ.
ҳокимияти экспертӣ.
ҳокимияти қонунӣ ё маъмурӣ.
ҳокимияти маҷбуркунӣмаънои онро дорад, ки роҳбар бо мақсади бештар таъсир расонидан ва тағйир додани рафтори тобеон нисбати фаъолияташон бояд аз роҳҳои гуногуни маъмурию иқтисоди, ба монанди чазо додан, танбеҳ, ба мансаби сатҳаш паст фаровардан, аз кор сабукдўш намудан, то як давраи муайян маҳрум кардан аз ҳуқуқи гирифтани мукофотпулӣ ё бариловаи музди меҳнат, ҷарима бастан ва г. истифода барад.
Тавре таҷрибаи ҳоҷагидори нишон медиҳад, механизми маҷбуркунӣи ҳокимият зуҳуроти ҳар гуна ташаббускорию эчодкориро ҳомўш мекунад ва ё аз байн мебарад. Ба ин тарич, механизми маҷбуркунӣро танҳо дар ҳолатҳои зарури ва нисбати кормандони алоҳида, ба таври интиҳоби мавриди истифода қарор додан ба мақсад мувофиқ аст.
ҳокимияти ҳавасмандгардонӣба натиҷаҳои ҳакикии меҳнат мувофиқи илму таҷриба ва ба таври эътимодбахш исбот шуда, ба таъмини фаъолияти самарабахши корҳона бештар мусоидат мекунад ва таъсири мусби мерасонад. Корманде, ки мунтазам поквичдонона ва пурмаҳсул кор мекунад, мантикан бояд муносиб ба миқдор ва сифати кораш аз нигоҳи ҳам модди ва ҳам маънави хубтар дар киёс бо онҳое, ки дар пешрафти иқтисодиёти корҳона саҳми камтар доранд, ҳавасманд гардонда шаванд. ҳавасмандгардони низ тарзу роҳҳои гуногун дорад. Дар катори онҳо, мукаррар кардани моҳонаи нисбатан сатҳаш баланд, додани мукофот, кадр кардан бо роҳхатҳои имтиёздори истироҳати, бо манзил, ифтиҳорнома ва дигар мукофотҳои пулию моли дар сатҳи корҳона, идораҳои болои ва макомоти давлати дохил мешаванд.
Моҳияти ҳокимияти экспертӣбештар дар истифодаи қобилияти роҳбарон барои таъсир расондан ба тобеон ифода меёбад. Ин дар ҳамон маврид амалӣ мегардад, ки агар роҳбар донишу маҳорати баланди касбӣ, таҷрибаю малакаҳои зиёди корӣ дошта бошад. Роҳбар бояд дар идора кардани тобеон санъати кордониашро ҳамчун эксперт (коршинос)-маслиҳатгар дар амал нишон диҳад.
Камбудии ин шакли ҳокимият истифодаи маҳдуди он аст, зеро барои роҳбарони чавон вакти тўлони ва таҷрибаи кофи лозим аст. Бинобар ин, кормандон ба лаёкату ҳунар, сатҳи дониши касби ва таҷрибаи кории роҳбар бештар такя мекунанд.
ҳокимияти ибрат ё намунавӣ, ки дар менеҷмент бо номи «харизм» шинохта шудааст, кувваи сифатҳои шахси ва услуби кории роҳбарро дар мадди аввал мегузорад. Тибки ин шакли ҳокимият кормандон худашонро дар симои роҳбари поквичдон, кордон, маслиҳатгар, ғамҳору меҳрубон, қадрдону кадршинос дидан меҳоҳанд. Дар аксар маврид саъю кўшиш мекунанд, ки дар кору зиндаги ба ў наздик шаванд ва ҳатто рафтор, кирдор ва гуфторҳояшро таклид кунанд.
Агар дар ҳакикат роҳбар барои дигарон ибрат бошад, боз обрўю эътибораш афзуда, симояш дурахшонтар мегардад. Дар натиҷа, таъсири ин гуна роҳбарон ба рафтор ва натиҷаҳои меҳнати тобеон торафт зиёд мегардад.
ҳокимияти ҳуқуқӣбошад, маҳз ба қонуният ва волоияту истифодаи амалии он дар кору зиндагии рўзмарраю оянда такя мекунад. Дар асоси нуктаҳои қонунҳои мавҷуда дар мамлакат, ҳар як корманд бовари дорад, ки роҳбар танҳо дар асоси ҳуқуқи баробар, ки қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқи ба ў додааст амал кунад, фаъолияти озод ва ҳимояи манфиатҳои онҳоро кафолат диҳад. Вале чизи муҳимтар дар ин ҳолат он аст, ки тобеон ҳуқуқ ба ҳокимиятро пурра ва комилан эътироф ва ҳурмат кунанд.
13.2. Пешво, пешсафи ва эътибори менеҷер
ҳар як роҳбаркўшиш менамояд, ки ҳамчун пешвои ҳақиқи аз ҷониби дигарон эътироф гардад ва мавкеи пешсафиро ба даст оварад.
Пешво шахсест, ки роҳбарии самарабахши коллективро барои ичрои вазифаи муайян ба ӯҳда дошта онҳоро рӯҳбаланд месозад.
Пешсафӣ санъатест барои таъсир расонидан ба рафтори одамоне, ки онҳо ба таври ихтиёри ва бо ҳоҳиши худашон ба як самти муайян ҳаракат мекунанд.
Дар амали ҳоҷагидори кормандон бо роҳи пешвои худ мераванд. Ба ин маъни, пешво танҳо ҳамон роҳбар пешво шуда метавонад, ки бо нишонаҳои зер аз дигарон фарқ мекунад:

ҳоксор ва меҳнатдўст бошад;
ақлу фаросати расо ва дониши ҳаматарафа, аз ҷумла дониши касбӣ дошта бошад;
қобилияти ташкилотчигӣ дошта, кормандонро бо рафтору кирдори ибратбахш ва сатҳи кордониаш аз дунболи худ барои расиданба мақсадҳои дар пеш гузошташуда барад;
қавиирода ва дар ҳалли масъалаҳоиҳоҷагӣ устувору нотарс бошад;
дорои истеъдоди роҳбари ба тобеон буда, вазъи иҷрои корҳоро дуруст таҳлилнамуда, хулосаи мантиқӣ бароварда тавонад;
маҳорати дар назди коллективӣ меҳнати гузориши масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии дарозмуддат ва кўтоҳмуддатро дошта бошад;
хусусиятҳои псиҳологии тобеон ва шарикони ҳоҷагиро донад ва дар робитаҳои расмию ва ғайрирасмӣ онҳоро моҳирона истифода барад;
ҳоҳиши ишғол кардани вазифаи роҳбари ва омодагии ба зиммаи худ гирифтани ҷавобгарӣ ва хавфу хатари фаъолияти ҳоҷагиро дошта бошад.
Дар баробари ин нишонаҳо, пешво дар такя ба кормандон ва алоқамандии фаъолият бо мақсади асосии корҳона, бояд нисбати дурнамои инкишофи он назари наву тоза, эҷодкорӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ нишон диҳад.

Саволҳо барои худсанҷишӣ:

ҳокимият чист?
ҳокимият чи гуна функсия мебошад?
Шаклҳои асосии ҳокимиятро номбар кунед.
ҳокимияти маҷбуркунӣ чи гуна маънро дорад?
Пешво кист?
Пешсафӣ чи гуна санъат мебошад?

891
Нет комментариев. Ваш будет первым!