Принсипхои маркетинг

Принсипҳои асосии маркетинг инҳоянд:

1.Принсипи ваҳдоният ва ё волоияти пояи модию маънавии бизнес;

2.Принсипи пажӯҳиши (омӯзиши доимӣ) фаъолият маркетнгӣ;

3.Принсипи иттилоотӣ (ахборӣ);

4.Принсипи сегментатсиякунӣ;

5.Принсипи мутобиқшавӣ (созгори бо бозор);

6.Принсипи банқшагирӣ;

7.Принсипи навъоварӣ.

Яке аз принсипҳои маркетинг сегментатсиякунӣ (ба қисмҳо ҷудо кардан) ба ҳисоб меравад. Сегментатсия-ин дар бозорҳои фурӯш аз тарафи истеҳсолкунанда ошкор сохтани гурӯҳи истеъмолкунандагони аз бисёр ҷиҳат мувофиқ мебошад. Он имкон медиҳад самаранокӣ ва мақсаднокии амалиётҳо зиёд гардида, инчунин шиддатнокии рақобат паст гардонида шавад. Сегментатсиякунӣ дар тақсими бозор ба мақсади зиёд намудани ҳаҷми фурӯш асос меёбад. Сегметатсиякунӣ метавонад ҳаҷми бозорро зиёд кунад ва ба ғанӣ гардонидани он мусоидат намояд.

Сегментатсиякунӣ бо мавқеъдории мол (позитсионирование) робитаи зич дошта, ҳамчун старатегияи муҳимтарини маркетинг ба ҳисоб меравад. Мавқеъгардони метавонад барои интихоби истеъмолкунандагони сегменти нав гузаронида шавад ва барои тафриқа дар чорчӯбаи ин сегмент мусоидат намояд. Мавқеъгардонӣ чун стратегия имкониятҳои васеъро барои истеҳсоли молҳои нав мекушояд.

Сегментатсиякунии бозор яке аз воситаҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти бозоргонии корхона ба ҳисоб меравад. Одатан, новобаста аз мол ё хизматрасониҳои пешниҳодгардонида, хизматрасонии бозор истеъмолӣ ё касбӣ сегментатсиякуниро дар чунин сатҳ ба монанди сегмент, бозор, ҷой дар бозор, сатҳи маҳдуд ё сатҳи мизоҷи алоҳида истифода бурдан мумкин аст.

Вақте ки дар бораи сегментатсиякунӣ дар сатҳи сегменти бозор сухан меронем, гурӯҳи калони харидорони ба ҳам монанди дохилӣ бозорро бо аломатҳои фарқкунанда пеши назар меорем (одатҳо, мавқеъи ҷуғрофӣ, қобилияти харидорӣ ва ғайра). ҷои бозор нисбат ба дигар сатҳҳои сегментатсиякунӣ начандон калон мебошад. ҷой бо роҳи тақсим намудани сегмент ба зерсегментҳо муайян мегардад. Маркетинги маҳдуд ба қонеъгардонии талаботи гурӯҳи маҳдуди истеъмолкунандагон равона мешавад.

Сегментатсиякунӣ дар сатҳи мизоҷи алоҳида, маркетинги инфиродӣ низ ном бурда мешавад. Ба сегментатсиякунии бозор талаботи муайян хос мебошад, ки аз пурсиш, таҳлил, муайян намудани соҳаҳои сегмент ва ғайра иборат аст. қоидаҳои асосии сегментатсиякунии бозорҳои истеъмолкунандагонро қайд кардан зарур мебошад. Ба инҳо-минтақа, шаҳр, зичӣ, иқлим (аломатҳои ҷуғрофӣ), сину сол, шумораи оила, давраи ҳаётии оила, ҷинс, сатҳи даромаднокӣ, касбу кор, маълумот, ақидаҳои динӣ, нажод, миллат (аломатҳои психографӣ) ва инчунин сабаби харид, ҷустани манфиат, шиддатнокии истеъмолкунӣ, мавқеъи истеъмолкунанда, муносибат ба мол (аломатҳои рафторӣ) ба ҳисоб мераванд.

Аз рӯи хусусият ва қоидаи муайян ба гурӯҳҳо ҷудо намудани бозорро сегментатсиякунонии бозор меноманд. Мақсади сегментатсиякунонии бозор аз он иборат аст, ки дохил шудан ба муҳит ва ҳудуди рушди нерӯи кори гурӯҳи бозор ё таснифкунони ва азхудкунии бозор, имконияти ошкор кардани тарафҳои мусбии худ ва ба даст овардани нишонаҳо аз он, ки бо кадом роҳҳо ва бо кадом тарз ба дастовардани самараноки ва ноил гаштан ба мақсад имконпазир аст.

Вобаста аз рӯи усули сегмнитатсиякунонӣ хусусияти тавсифии бозор мушоҳида карда мешавад. Бинобар ин фарқияти як бозор аз дигараш на онқадар маълум мегардад. Муаян карда мешавад, ки дар асоси кадом меъёрҳои васеъкунӣ бояд кор бурд. Агар ба иҷроиши сегментатсиякунонии бозор кӯшиш намоем аз рӯи намуди маҳсулот ё минтақа бо вазъияти шахсии ташкилот – истеҳсолкунандагон (фурӯшандагони маҳсулот) ё мумкин аз рӯи ноаёнии бозор метавон мақсади сегментатсиякунониро бо мақсади таркибии он: «дар кадом бозор бояд равона карда шавад» ва «барои ба мақсад ноил гаштан чӣ бояд кард», пайваст, ки худ ҷавобгаи он аст. Дар кадом ҳолат шурӯъ кардан ба сегментатсиякунонии бозор аз назари мизоҷон ба муҳити истифодабарӣ ва шаклҳои талабот, метавон нишонаҳои тавсиякунонии фарқияти бозорро муайян кард.

Принсипи банақшагирӣ. Мувофиқи ин принсип ташаккули барномаҳои истеъмолӣ-фурӯшӣ дар назар дошта мешавад, ки дар пешбинии вазъи бозор асос меёбад. Бизнес-нақшаҳо коркард коркард карда шудаанд, ки тамоми самтҳои асосии фаъолияти фирмаро тасвир мекунад ва дар ин асос тамоми мушкилотҳои имконпазирро таҳлил намуда воситаҳои ҳалли ин мушкилотро муайян мекунанд. Бизнес-нақша ин ҳуҷҷатест, ки мақсади фаъолият ва стратегияи расидан ба онҳоро муайян менамояд. Мақсади коркарди бизнес-нақша беруна буда, аз ҷалб намудани сармоягузор бо мақсади истифодаи воситаҳои пулӣ аз сарчашмаҳои беруна иборат мебошад. Муҳаё сохтани заминаи ҳақиқӣ барои татбиқи лоиҳа аз мақсадҳои дохилӣ ҳисоб меёбад. Бизнес-нақша имконият медиҳад чунин вазифаҳо ҳал карда шаванд: ошкорсозии мақсадҳо дар бозорҳои мақсаднок, коркарди стратегияи тиҷорат, пешниҳод намудани воситаҳои баҳодиҳии тарафҳои пурқуввати тиҷорат. Бизнес-нақша ба мӯҳлати 3-5 соли оянда тартиб дода мешавад. Сохтори бизнес-нақша аксар аз он вобастагӣ дорад, ки ба кадом мақсад он пешбинӣ мегардад.

Бизнес-нақша бояд аз варақаи унвонӣ, тасвири мухтасари лоиҳа ва аз чунин бобҳо иборат бошад:

—корхона, ширкат, соҳа;

—маҳсулот, хизматрасонӣ;

—бозор ва рақибон;

—маркетинг;

—истеҳсолот;

—идоракунӣ;

—молия;

—баҳодиҳӣ ба таваккал.

Ба принсипи дигар, инчунин мутобиқшавиро номбар намудан мумкин мебошад, ки зудҳаракатии фаъолияти корхонаро дар вазъи тағирёфтаи бозор дар назар дорад.

Принсипи муҳими дигари маркетинг навъоварӣ ба ҳисоб меравад. Навъоварӣ – ин такмили мунтазам, азнавгардонӣ ва офариниши моли нав, коркарди технологияҳои нави истеҳсол ва техналогияҳои нави маркетингӣ мебошад.

ҳамин тавр, принсипҳои маркетинг пояи асосии истеҳсолоти хоҷагидорӣ ба ҳисоб рафта, фаъолиятҳои тиҷоративу молявиро дар бар мегиранд. Принсипҳои асосии идоракунӣ инҳо мебошанд:

1. Мақсадгузории аниқи натиҷаи тиҷорати ва мавқеи муаяни бозорро бо ҳисоби мӯҳлатнок, таъминоти захираҳо ва ба ӯҳда гирифтани ҷавобгариро дар бар мегирад;

2. Муомилаи комплексӣ барои ба даст овардани мақсадҳои гузошташуда аз рӯи таҳлили талабот пешгӯӣ кардани бозор, омӯзиши мол, таблиғот ва ҳавасманкунии таъминкунандагонро дар бар мегирад.

3. Шароити максималии баҳисобгирӣ ва талаботи интихобии бозор бо мурури таъсиррасонии яквақтаи мақсадноки онро дар бар мегирад.

4. Мақсадҳои дарозмуддате, ки ба мол равона карда шудаанд, дорои хусусияти принсипалии нави талабот ва таъмин намудани мувофиқияти тиҷоратии дарозмуддатро дар бар мегиранд;

5. Зуд бадастории мутобиқшавӣ, сари вақт таъмин намудани самаранокии зиёд ба тағйир додани муҳити беруна ва нишон додани инстиятиви (мақсади) он, ҳамчун намуди идоракунии истеҳсоли ва ба таъмини маҳсулот таъсир мерасонад.

1.74K
Нет комментариев. Ваш будет первым!