Намудхои маркетинг

Аз соҳаи истифодабарии тадқиқотбарии маркетингӣ намудҳои зерини маркетингро ҷудо менамоем:

Маркетинги дохилӣ, ки ҳангоми фурӯши мол ва хизматрасониҳои як мамлакат истифода мешавад;

Маркетинги содиротӣ дар омӯзиши бозорҳои фурӯши хориҷӣ асос меёбад. Мақсади маркетинги содиротӣ фурӯхтани мол дар бозорҳои беруна мебошад;

Маркетинги воридотӣ-ин тадқиқотбарии бозори дохилӣ барои таъминоти самараноки хариди мол аз бозори беруна ва фурӯши он дар бозори дохилӣ мебошад;

Маркетинги илмӣ-техникӣ ин харидани патентҳо, литсензияҳо ва ғайраҳо мебошад, ки омӯзиши самтҳои инкишофи пешрафти илмӣ-техникиро талаб менамояд;

Маркетинги молӣ – дар тадқиқотбарии муфассал ва хусусияти ташкили фурӯшҳои пурсамар вобаста аз намудҳои маҳсулотҳои истеҳсолшуда, корҳои иҷрошуда ё хизматрасониҳо асос меёбад;

Маркетинги байналхалқӣ аз тарафи ширкатҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад ва бозорҳои мамлакатҳоро дар бар мегирад.

Вобаста аз намуди мол 3 модели маркетингро ҷудо менамоянд:

Ø Маркетинги молҳои истеъмолӣ;

Ø Маркетинги воситаҳои истеҳсолӣ;

Ø Маркетинги хизматрасонӣ.

Сараввал маркетинги молҳои истеъмолӣ бавуҷуд омад, ки хусусияти нигаронии тамоми системаи истеҳсолӣ-фурӯшии корхонаро дошта, дар истифодабарии комёбиҳои навини технологӣ барои офариниши моделҳои нави маҳсулот, ки метавонанд талаботҳои гуногунро қонеъ гардонанд дар бар мегиранд.

Тағийрёбии талаботи фармоишгар назар ба бозорҳои молҳои истеъмолӣ бо суръати пасттар ба амал меояд. Аз ин рӯ, системаи маркетинг бо модели 2-юм инкишоф меёбад. қайд намудан зарур аст, ки хусусияти маркетинги воситаҳои истеҳсолӣ дар он асос меёбад, ки он ба ҷустуҷӯи қарорҳои нави истеҳсолӣ равона мебошад.

Маркетинги хизматрасонӣ ягон моделро ташаккул надода, ба маркетинги хизматрасониҳои истеъмолӣ ва истеҳсолӣ тақсим мешавад.

Инчунин маркетинги «латериальный» ва вертикалӣ муҳим мебошад. ҷараёни маркетинги вертикалӣ ин муайян намудани бозор барои муҳаё сохтани бартариятҳои рақобат пазир ба ҳисоб меравад.

Маркетинги «латериальный» – ин идомасозии маркетинги вертикалӣ мебошад. Он ҷустуҷӯи имкониятҳои навин бо роҳи азнавгардонии ахбороти мавҷудбуда мебошад. Аз тарафи фирмаҳо ва корхонаҳо истифодабарии ҷараёнҳои ҷустуҷӯ ва коркарди ақидаҳои навро усули маркетинги «латериальный» меноманд. Бартарияти ин усул дар он асос меёбад, ки ба ҷои забт намудани ягон қисми бозор, он худаш бозори навро ташкил медиҳад. ҷараёни маркетинги «латериалӣ» бозори ин ё он мол ва хизматрасониҳоро васеъ намуда, имкониятҳои нави истеъмоли онро инкишоф медиҳад. Масалан, шоколади «Kinder Surprise», ки имконияти бо он бозӣ карданро дорад (дар дохили он бозичаҳо мавҷуданд), аз кофеҳои дохили қутичаҳо гузариш ба пакетҳо ё баъдтар ба пакетҳои 3-таркиба, (яъне дар 1пакет шакар, кафе, шир ва ғайра).

Дар шароити муосир барои ғанӣ гардонидани бозор ва пайдо гардидани молҳои навбаромад, аҳамияти муҳим ва саривақтаи ҷараёни муосири офариниши молҳои навбаромад, ҷустуҷӯи онҳо вазифаи аввалиндараҷаи маркетинги «латериальный» мебошад. Чи хеле, ки маълум аст ба фирма ва корхонаҳо барои инкишофи минбаъда, истеҳсоли молҳои навбаромад зарур мебошад. қисми зиёди ин молҳо намуди такмилёфтаи маҳсулот буда, метавонад бо ҳаҷм, борпеч, ранг, бӯй ва ғайра фарқ кунад. Сарчашмаи ин стратегия — сегментатсиякунӣ ё тафаккури вертикалӣ мебошад.

Маркетологҳо дар назарияҳои нав барои офариниши молҳои нав ва хизматрасониҳо эҳтиёҷот доранд, ки сипас ба бозорҳои нав оварда мерасонад. Молҳои бо чунин тарз коркард шуда, метавонад имконияти фоидаи зиёдро орад, вале таваккал низ дар ин сурат меафзояд. қайд намудан зарур аст, ки сарчашмаи ин намуди стратегия – тафаккури маркетинги «латериальный» буда, сохтори аниқ ва ҷараёнҳоеро истифода мебарад, ки метавонад маданияти навъоварии корхона гардад. ҳамин тавр, тафаккури моддӣ (латериалы) ба тамоми корхонаҳо баён гардида, чун назарияи ақидаҳо ва мушкилотҳоро ҳал мекунад ва он ба афзудани шумораи навъоварон-офарандагони бозор оварда мерасонад, ки ин ҳаёти ҳақиқӣ ин дорои дурнамои аниқ мебошад.

Маркетинги «латериальный» — маркетинги вертикалиро пайхас намуда, онро идома медиҳад. Он имконият медиҳад, ки истеъмолкунандагони интихобшуда, истеъмолкунандагони мақсаднок, воситаҳои истифодабарии вазъият ва нишонҳо барои ақидаҳои нав истифода гарданд.

Маркетинги «латериальный» ба маркетологгҳо имкон медиҳад функсияҳои эҷодкориро иҷро намояд. ҷараёни маркетинги латералӣ самти навро кушода, маркетинги вертикалӣ дар як самт ҳаракат кунад, дар ҳолате, ки маркетинги вертикалӣ метавонад фавран ба дигар категорияҳои мол ва хизматрасониҳо гузашта, имконияти забт намудни ақидаҳои навро ва ҳавасмандгардонии тағиротҳоро орад. Маркетинги латериалӣ дар ҷустуҷӯи имкониятҳои нав бо роҳи мубодилаи якка бар талабот ва ба дигар воситаҳои истифодабарии истеъмолкунандагони мақсаднок ва ғайра асос меёбад. Ин намуди маркетинг ягон ақидаи имконпазирро сарфи назар намекунад ва онро мо метавонем дар истеҳсоли маҳсулоти нав истифода барем.

Даршароити муосир маркетинг мавқеъи худро доро буда, аз моҳияти талаботҳои маҷмӯи харидорони дар сегменти бозори интихоб шуда оғоз меёбад.

Ширкатҳои ба бозор нигаронидашуда доимо роҳи ҳали масъалаҳои зеринро меҷӯянд ба монанди: чигуна он (мол) арзон буда метавонад ва ё имконияти (бо бартарият нисбати рақиб) қонеъ намудани эҳтиёҷотивуҷуддоштаи истеъмолгарон ва ё ҳал намудани муаммоҳои талабгории дар он нуҳуфта мавҷуд аст ё не.

Тафаккури маркетингӣ на танҳо таалуқ ба як ё якчанд шахс дар ташкилот дорад, балки он гузориш ва намоиш эҷод мекунад, ки минталитет ва кордонӣ ҳамаи хизматчиёнро муайян созад. Сухан дар хусуси на танҳо оиди фурӯш ва истеҳсоли маҳсулот меравад, балки ҳаммаи ташкилотҳо ва фирмаҳо дар якҷоягӣ бо дархости бозори муосир бояд фаъолияти онҳо бо харидорон, рақибону омӯзиши онҳо нигаронид шуда бошад.

Аз як тараф маркетинг вазифаи муайяннамоии аниқ – фурӯши маҳсулоти истеҳсолшударо таъмин намояд аз тарафи дигар он функсияи ниҳоятан муҳимро ба монанди дарёфт кардани ҳали масъалаҳои рақобатпазирӣ, проплемаи харидорӣ дар соҳаи интихобшудаи фаъолияти хоҷагтдорӣ ва дар ҳолатҳои зарури ноил шудан ба натиҷаи дилхоҳ дар ин соҳаҳо, ҳамчунин таъмини интихоби бозорӣ (яъне ба харидорон ва рақибон), ва мутобиқсозии ҳаммаи қисмҳои алоҳидаи ташкилот ё фирмаро дар бар иегирад.

Консепсияи маркетинг бояд дар як нақшаи стратегӣ ҳаммаи самтҳои харидорон ва рақибонро мутаҳид созад. Дар барномаи маркетингӣ чорабиниҳои махсусе бояд ташкил карда шавад, ки иструментҳои (элементҳои) маркетингии якдигариашонро такмилдода тавонанд ва бояд ба мақсади гузошташуда равона равона карда шаванд, инчунин мувофиқнамоии онҳо бо дигар зерсохторҳо зарур мебошад.

Омӯзиши доимии проблемаи талаботӣ дар якҷояги бо имкониятҳои нави технологӣ, овардани моли намудаш тамоман нав, ва дорои бартариятҳои рақобатнокӣ дошта самараи хуб медиҳад.

Мисол, бо пайвастшавии Интернет талабот оиди хизматрасонии веб — шабакаҳо (веб — сайтов) пайдо мешавад. Дар ҳолати кушодани хизматрасонии лазерӣ, талабот ба технологияи нави истифодабарии он ба вуҷуд меяод ва ғайра. Рақобати маркетингӣ бояд дар секунҷаи стратегӣ, яъне дар сатҳи талабгорон – корхона – рақибон, сурат мегирад.

2.31K
Нет комментариев. Ваш будет первым!