​Тадқиқи мархилавии бозори байналмиллали

1. Тадқиқоти дастрасии бозор (ин тадкиқот бо усули идорӣ гузаронида мешавад).

2. Тадкиқоти фоиданокии бозорҳо (тадқиқоти идории ҳолати нархҳо гузаронида мешавад).

3. Тадқиқоти ҳаҷми бозор (тадқиқоти идории шумораи кормандон ва даромадҳои онҳо, муайянкунии ҳиссаи хароҷотҳо аз руи моли худ).

Марҳилаи 1-3 дар дохили кишвар анҷом дода мешавад

4. Тадқиқотҳои идорӣ дар хориҷ бо мақсади аниқ намудани фарзияҳои дар марҳилаҳои пешина гузаронидашуда.

5. Омӯзиши бевоситаи бозорҳо дар хориҷ (тадқиқотҳои саҳроӣ).

6. Тадқиқотҳои аввалияи саҳроӣ (бо интихоби истеъмолкунандагон).

7. Тадқиқотҳои муҳими саҳроӣ.

Марҳилаи 4-7 дар хориҷ гузаронида мешавад

8. Таҳияи нақшаи маркетинг.

9. Воридшавӣ ба бозор.

Дар мавриди барпо намудани алоқаи тулонӣ бо шарикони хориҷӣ таҳлилӣ конюктураи бозор ҳатмист.

Пешгуии конъюнктураи бозор – ин функсияи як қатор омилҳо мебошад:

>пешгуии конюктураи умумихоҷагӣ

>пешгӯии ҳолатӣ асъории кишвар

>пешгуии мутаносибии тақозо ва арза

ҳангоми пешгӯии маҷмӯи тақозо чунин ҷиҳатҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд:

>пешгӯии ҳаҷми истеъмоли молҳо

>пешгӯии харидҳои давлатӣ барои захира

>пешгӯии динамика захираҳои истеъмолкунандагон

Пешгӯии арза дар бар мегира:

>пешгӯии истеҳсолот

>пешгӯии динамика захираҳои истеҳсолкунандагон

>пешгӯии пешниҳоди молҳо аз ҳисоби захираҳои давлатӣ

ҳангоми пешгӯии тақозо чунин ҷиҳатҳо ҳатман ба ҳисоб гирифта мешаванд:

>пешгӯи аз руи соҳаҳои нави истеъмолӣ

>пешгӯии рақобати молҳои якдигарро ивазкунанда

Новобаста аз гуногуншаклии гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ аз ҷониби фирмаҳо, дастури умумии муайян намудани гузаронидани он мавҷуд аст.

Раванди гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ дар ҳама ҳолатҳоаз 5 давраи асосӣ иборат мебошад:

  1. Ошкор намудани муамо ва муайян намудани мақсади тадқиқот.
  2. Интихоби сарчашмаҳо, ҷамъоварӣ ва таҳлили ахбороти дуюминдараҷаи маркетингӣ.
  3. Банақшагирӣ ва ташкили ҷамъоварии ахбороти аввалиндараҷа
  4. Банизомдарорӣ ва таҳлили ахбороти ҷамъовардашуда.
  5. Пешниҳоди натиҷаҳои бадастомадаи тадқиқотӣ.

Дар давраи якум ошкорсозии муамо ва масъалагузории дақиқи мақсади гузаронидани тадқиқот ба амал меояд.

Давраи дуюм – коркарди нақшаи ҷамъоварии ахборот бо истифода аз малумотҳои аввалиндарача ва дуюмдараҷа. ҷамъоварии маълумотҳои аввалиндараҷа интихоби усулҳои тадқиқот (мушоҳида, фокус – гурӯҳ, таҷриба, пурсиш), тайёр намудани воситаҳои тадқиқот (анкетаҳо, аудио ва видеотехника), ташкили нақшаи интихоб (воҳиди интихоб, ҳаҷми интихоб, тартиби интихоб) ва интихоби шакли алоқа бо аудитория (телефон, почта, мусоҳибаи шахсӣ) – ро талаб менамояд.

Давраи сеюм – ҷамъоварии ахборот бо ёрии тадқиқотҳои беруниидоравӣ ё тадқиқотҳои атрофӣ.

Давраи чорум – тахлили маълумотҳои ҷамъовардашуда барои хулосабарори аз маълумотҳои бадастомадаи сатҳи миёнаи нишондиҳандаҳо, таркибдиҳандаҳои тағйирёбанда ва ошкор намудани намудҳои гонуни алоқаҳои дутарафа.

Давраи панҷум – пешниҳоди натиҷаҳои асосӣ, ки ба роҳбар имкон медихад қарорҳои пурсамари маркетингӣ қабул намояд.

361
Нет комментариев. Ваш будет первым!