Ошкорсозии муамохо ва тасвият додани мақсадхои маркетинги
Муайян намудани муамо – ин маънидоди предмети тадқиқоти маркетингӣ ба шумор меравад. Бе ин ахбороти нолозиму гаронро дастрас намудан мумкин аст, лекин барои тасвири муамо зуд роҳгум задан мумкин.
Иҷроиши хуби ин амалиётба ҷамъоварӣ ва таҳлили ахбороти конретӣ оиди қабули қарор нигаронида шудааст.
Агар тадқиқотчи аниқ намедонад, ки чиро омухтан даркор, лозим аст коркарди пешакӣ гузаронад. Мақсади вай – аниқ муайян намудани муамо бо истифодаи таҳлили ахборот мебошад.
Баъд аз ин бояд тадқиқоти ҷамъбастӣ – ҷамъоварӣ ва таҳлили сохтории ахборот барои ҳалли вазифаҳои мушаххас ё расидан ба мақсади гузошташуда гузаронида шавад.
Новобаста аз он, ки тадқиқотҳоро худи фирма мегузаронад ё хизмати дигаронро истифода мебарад, барои ошкорсозии муамоҳо ва тавсият додани мақсадхои тадқиқот мутахасисони фирма бояд ҷалб карда шаванд ва натиҷаҳои ҷамъбасти аз тарафи роҳбарият бояд мақбул дониста шавад. Вобаста ба ин дар амалия аз руи қоида ду ҷиҳати ин масъала мавҷуд аст:
Роҳбарияти фирма мустақилона муамои мушахасро муайян намуда дар назди гурӯҳ тадқиқоти мақсад ва вазифа мегузорад. Дар ин ҳолат вазифаи фаъолиятии гурӯҳ аз тадқиқотӣ дар навбати худ аз дақиқкунии тавсияти мақсад ва вазифаҳо, инчунин муайян намудани мундариҷа ва пешниҳоди натиҷаҳо дар намудҳои гуногун иборат мебошад;
2. роҳбарияти фирма оиди мақсад ва вазифаҳои тадқиқот тасавурот надорад ва вай ба масъалагузории номуайян оиди муамоҳо маҳдуд мегардад. Дар ин холат дар назди гурӯҳи тадқиқоти вазифаи гузаронидани тадқиқоти пешаки меистад, ки он иборат аст аз мушаххаснамоии муамо ва формулировка дар асоси мақсадҳо ва вазифаҳои тадқиқот. қайд кардан ба маврид аст, ки дар хама ҳолат бурди фаъолияти гурӯҳи тадқиқоти дар ин давра аз бисёр ҷиҳат аз ҷалби роҳбарият ва мутахасисони фирма вобастагӣ дорад.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ барои пешбурди фаъолияти мақсаднок ва тоб овардан ба рақобати шадид фирмаро зарур аст дорои маълумоти зиёд бошад ва ин мақсадро дар натиҷаи гузаронидани тадқиқоти бозор амалӣ намудан имкон дорад.
Таҳти тадқиқоти маркетингӣ чи дар назар дошта мешавад? Дар амалия маънидодҳои гуногунро, ки ба ин ё он дараҷаи тадқиқоти маркетингӣ алоқамандастанд истифода мебаранд: тадқиқи бозор, тадқиқи фурӯш, тадқиқи омилҳо, тадқиқи сохтор, иқтишофоти маркетингӣ, тадқиқоти иҷтимоӣ тадқиқ усулҳои хуби ташкили истеҳсолоти шарикон ва рақибон ва ғайраҳо. ҳамин тавр таҳти тадқиқоти маркетингӣ мебояд раванди гузориши вазифаҳо, дастрас намудани ахбороти маркетингӣ, ташкил ва ҷамъоварии он, таҳлил ва пешниҳоди натиҷаҳои барои ҳалли масъалаҳои дар назди фирма пайдошударо тасавур намуд.
Аз руи хусусиятинатиҷаи тадқиқот мақсадҳои тадқиқоти маркетингӣ чунин буда метавонанд:
- ҷустуҷуӣ –ҷустуҷу ва ҷамоварии маълумотҳо оиди паст кардани номуаяниҳо дар қабули қарорҳо;
- тасвирӣ – тасвир намудани зуҳурот ва ё раванди муайян;
- таҷрибавӣ – тафтиши баъзе аз гипотезаҳо ё муайян намудани мавҷудияти алоқаҳои сабабнок – ҷустуҷуи;
Дар амалия намудҳои гуногуни тадқиқоти маркетингиро истифода мебаранд, ки гурӯҳбандии онҳои аз руи чунин меёърҳо ба роҳ монда мешаванд:
1. Аз руи объекти тадқиқот – масалан ҳангоми тадқиқоти бозор – ин тадқиқи бозори фурӯш, бозори қувваи коргарӣ, бозори сармоя ва ғайраҳо;
Тадқиқи муҳити дохилии фирма, тадқиқи муҳити иҳотакарда;
2. Вобаста ба ба аломатҳои минтақавӣ – масалан ҳангоми тадқиқи бозор –бозорҳои минтақавӣ, миллӣ байналхалқӣ;
3. Аз руи аломатҳои вақти тадқиқ – масалан хангоми тадқиқи бозор — фаврӣ, ташхисӣ, тақиқи оянда;
4. Аз руи аломати маснуотӣ – масалан барои таҳқиқи воситаҳои истеҳсолот, воситаҳои истеъмолӣ, хизматҳо;
5. Аз руи нишондиҳандаҳо, ки объекти тадқиқотро баён менамоянд ва ба тадқиқи объективӣ ва тадқиқи фуруш ҷудо мешаванд – ин нарх, ҳаҷми фуруш, сохтори тақозо, масалан барои тадқиқоти фурӯш – ин сину сол, ҷинс ва касб;
6. вобаста ба тарзи гирифтани маълумотҳо ва ахборот – онҳоро ба аввалиндараҷа ва дуюминдараҷа ҷудо менамоянд.
Тадқиқоти маркетингиро бояд ҳамчун қисми раванди ахбороти тасавур намуд.
Фирмаҳо тадқиқоти маркетингиро бо мақсадҳои гуногун мегузаронанд:
- барои талаботи шахсӣ;
- барои талаботи шахсӣ ва мизоҷон;
- барои талаботи мизоҷон;
Тадқиқоти намуди якум аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолӣ, ширкатҳои фурӯши яклухт, ташкилотҳои хизматрасонӣ ва асотсиатсияҳои савдо ба роҳ монда мешавад. Онҳо натиҷаҳои тадқиқоти маркетингиро барои қабули қарорҳои идоракунӣ, ки тамоми давраҳои фаъолияти маркетингӣ- интихоби сегмети бозор, коркарди мол, интихоби роҳҳои тақсимоти мол, низоми гардиши молро дар бар мегирад истифода мебаранд.
Ширкатҳои ба натиҷаҳои тадқиқоти маркетинги эътимоддошта метавонанд онро худашон амали намоянд ё аз хизмати дигар ширкатҳо истифода намоянд. Варианти аз тарафи мутахасисони худи фирмаҳо гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ васеъ истифода карда мешавад, вале дар баъзе ҳолатҳо масалан ҳангоми муайян намудани истеъмолкунандагон аз хизмати дигар ширкатҳо истифода менамоянд.
Ба гурӯҳи дуюм ташкилотҳое дохил мешаванд, ки тадқиқотҳоро ба мақсади талаботи худ ва дар як навбат ба сифати экспертҳо барои мизоҷон мегузаронанд.
Мисоли равшани ин гунна ширкатҳо агентии рекломӣ буда метавонад.
Фирмаҳои косалтингӣ (гурӯҳи сеюм) ба ҷамъоварии ахборот барои фармоишгарон машғуланд, ки ин тахасуси онҳо ба ҳисоб меравад. Ин гунна фирма метавонанд сикли пурраи тадқиқоти марктингиро сар карда аз муайян намудани муамо, коркарди пурсишҳои анкетавӣ, гузаронидани тадқиқоти интихобӣ, коркарди ахборот то тавсия додани он пешниҳод намоянд.