​Мохият ва максади навоварихо

Яке аз масъалахои мухимтарини иктисодиёти чумхурй дар даврони муосир — ин баланд бардоштани ракобатпазирии корхонаву ташкилотхои ватанй дар асоси дар истехсолот чорй намудани технологияхои навтарин мебошад. Аз ин сабаб, дастрас будани технологияхои пешкадам ба корхонахои шакли моликияташон гуногун зарурати вокей аст.

Бо ибораи дигар, дар шароити кунунй бояд рохбарону менечерон дар чараёни фаъолияти хочагидорй ба дастовардхои пешрафти илмй-техникй такя намоянд.

Пешрафти илмй-техникиро, ки дар тамоми ч, ахон ба сифати омили мухимтарини таракиёти иктисодиёт мешиносанд, аксари муаллифони адабиёти иктисодй бо мафхуми чараёни навоварихо пайваст медонаид., Тавре ки иктисодшиноси амрикой Чеймс Брайт изхор доштааст, чараёни навоварихо ягона чараёнест, ки дар худ илм, техника, иктисодиёт, сохибкорй ва идоракуниро муттахид месозад. Максади ин чараён ба даст овардани навоварй аст ва он аз тавлиди фикру андеша то татбики тичоратии онро дар бар мегирад. Бо ибораи дигар, ин чараён хамаи муносибатхо — истехсол, мубодила ва истеъмолро фарогир аст.

Дар мамолики Гарб навоварихоро бо мафхуми «инноватсия» ифода мекунанд, ки маънои фикр, акида ва ё гояи нав ва дар истехсолот татбик намудани онро дорад.

Дар низоми менечмент одатан навоварихо хамчун омили самарабахши истехсолй ба хисоб мераванд.

Навоварихо бояд аломат ва ё нишонаи нави фарккунанда дошта, ба талаботи истеъмолгарон чавобгу бошанд ва ба корхонахо барои ба даст овардани фоида мусоидат намоянд.

Ба акидаи олими амрикой Никсон, навоварй — ин мачмуи чорабинихои техники, истехсолй ва тичоратй аст, ки барои дар бозор пайдо гаштани чараёнхои наву бехтарини саноатй ва тачхизот мусоидат мекунад.

Олими австриягй Йозеф Шумпетер бошад, онро хамчун тагйирот бо максади татбик ва истифодаи намудхои нави молхои истеъмолй, воситахон нави истехсолй ва наклиётй, бозорхо ва _шаклхои нави ташкили саноат маънидод кардааст. У панч намуди дигаргунихоро дар корхона зикр кардааст, ки инхоянд:

•истифодаи техника ва чараёнхои нави технологи;

•тавлиди махсулот бо сифати нав;

•тагйирот дар ташкили истехсолот ва таъминоти моддй-техникии он;

•пайдоиши бозорхои нав дар хариду фуруши махсулот.

Вокеан навоварй ин як мехнати зехнии инсон буда, он дар шакли фикру акидахои нав дойр ба истехсоли махсулот, чорй намудани дастовардхои бехтари илму

техника ва татбики амалии онхо дар истехсолоти муосир мебошад.

Барой идоракунии самараноки навоварихо ба менечерон омузиши амики онхо зарур аст. Менечерон бояд тафовути байни навоварихоро аз тагйироти ночизи техники ё намуди зохирии махсулот дуруст муайян намояд, зеро баъзан дигаргун шудани шакл ва ё ранги махсулот хамчун навоварй кабул мешвад, ки ин иштибох аст. Ба навоварихо танхо аз руи аломатхои технологи ва конеъ намудани талаботи нави истеъмолгарони молу хадамот дар бозор бахо додан мумкин аст.

Бо назардошти фаъолияти хочагй навоварихо ба намудхои зерин чудо мешаванд:

•навоварихои технологй;

•навоварихои истехсолй;

•навоварихои иктисодй;

•навоварихои тичоратй;

•навоварихои ичтимой;

•навоварихо дар идоракунй.

681
Нет комментариев. Ваш будет первым!