​Технологияи назариявй

Технологияи назариявй диалектикаи технология ва истифодаи конунхои тараккиёти чамъиятро барои дигаргун намудани хаёти моддй ва маънавии инсон меомузад. Предмети омузиши он — чараёнхои инкишофи фаъолияти маърифатии инсон аст.

Вазифахои асосии ин намуди технология чунинанд: дарк намудани конунхои хамкории инсон ва табиат; омузиши имконот ва шароити истифодаи амалии конуну конуниятхои даркшуда; коркард, асоснок намудан ва озмоиши чараёнхои нави технологй.

Вобаста бо таракиёти илму техника технологияхо низ нав мешаванд. Тамоили асосии инкишофи технологияхои истехсолиро дар замони муосирро се самти мухим ташкил медиханд:

•гузариш аз технологияхои сиклй ба технологияхои бефосилаи чараёни истехсолй хамчун нисбатан самаранок ва сарфанок;

•чорй намудани чараёнхои технологии бепартов дар таркиби истехсолот;

•баланд шудани сатхи технологияхои нисбатан илмталаб.

Дар нимаи дуюми асри XX як катор технологияхои нав пайдо гаштанд: биотехнология, технологияи махсулоти сунъй, технологияи лазерй, ядрой, кайхонй ва окибат технологияи иттилоотй.

Умуман, дар корхонахо чорй намудани технологияи нав чараёни хеле душвор ва мураккаб мебошад. Вале, новобаста аз ин гуфтахо, ракобатпазирии корхонахо дар бозори молу хадамот пеш аз хама бо чорй намудани тарзу воситахои навтарини истехсоли махсулоти баландсифат вобастагй дорад.

864
Нет комментариев. Ваш будет первым!