​Хусусиятхои натичаи навоварихо

Дар чараёни фаъолияти навоварй фикру андещахои нав тавлид мешаванд, махсулот ва чараёнхои технологии наву такмилёфта пайдо мегарданд, шаклхои нави ташкил ва идораи сохахои мухталифи иктисодиёт ва сохторхои он зухур меёбанд.

Натичаи навоварихо дар намуди махсулоти нав ифода меёбанд, ки метавонанд шакли моли ва гайримолй дошта бошанд.

Созандагони навоварихо барои махсулоти хеш дорой хукуки муаллиф мегарданд. Мафхуми хукукй, ба монанди моликияти зехнй пайдо мегардад. Мафхуми мазкур дар Конвенсияе, ки соли 1967 Созмони чахонии моликияти зехниро таъсис додааст, нишон дода шудааст. Вазифаи асосии ин Созмон мусоидат барои химояи моликияти зехнй мебошад. Дар Чумхурии Точикистон химояи моликияти зехниро Конститутсияи чумхурй кафолат медихад.

Махсулоти навовариро бояд нишонаи хос дошта бошанд. Дар Кодекси Гражданин Чумхурии Точикистон чунин воситаи фарккунандаи махсулот — аломати молй нишон дода шудааст.

Аломати молй — ин нишонахое мебошанд, ки тавассути онх, о молу хадамоти як шахси хукукй ва ё вокеиро аз молу хадамоти шахси хукукй ва ё вокеии дигар фарк, карда мешаванд.

ХУКУКИ истифодаи аломати молиро тавассути бакайдгирии он сохиб шудан мумкин аст. Дар тамоми чахон аломатхои молй барои истехсолгарон, фурушандагон ва истеъмолгарон накши мухим мебозанд. Онхо нишон медиханд, ки барои моли муайян кй масъулиятро ба душ дорад.

Махсулоти якхеларо метавонанд истехсолгарони гуногун тавлид созанд ва онхоро фурушандагони мухталиф пахн намоянд. Айни замон, хам истехсолгарон ва хам истеъмолгарон метавонанд, ки аломати молии худро дошта бошанд. Махз аломати молй ба чараёни интихоби ин ё он мол аз чониби харидорон таъсир мерасонад. Агар харидорон аз моли харидаашон каноатманд гарданд, пас дар оянда ба ин аломати молй боварй зохир мекунанд.

Аломати молй вазифахои зеринро ичро мекунад: ба интихоби мол таъсири назаррас дорад; мавчудияти сифати зарурии молро нишон медихад; як молро аз молхои дигар истехсолгарон чудо менамояд; ба истехсолгарон имкон медихад, ки ки дар бозори истеъмолй мавкеи муайянро сохиб бошанд.

Аломати молй ба таркиби активхои гайримоддии корхона шомил буда, предмети шартномаи чавозномагй ва объекти хифзи моликияти зехнй мебошад.

Натичаи дигари фаъолияти навоварихо «ноу-хау» (медонам-чй тавр), ки дониш, малака, тачриба, маълумоти техникй, иктисодй, маъмурй, молиявй

мебошанд, ки дорандааш онхоро кисман ва ё пурра хамчун сир нигох, медорад. Истифодаи «ноу-хау» ба шахсе, ки онро дастрас намудаааст, афзалият ва фоидаи тичоратиро таъмин месозад.

Дониш ва чараёнхои технологии патентдор, тачрибаи амалй, усул, тарз ва малакаи тархрезй, сохтмон ва истехсоли махсулот, гузаронидани тадкик, отхои илмй ва кашфиёт, таркиб ва усули тайёркунии мавод ва тачриба дар сохахои маркетинг, идоракунй, иктисодиёт, молия ва г. мисолхои «ноу-хау» буда метавонанд.

Хукук ба кашфиёт, аломатхои молй ва дигар натичахои фаъолияти навоварихо бо воситаи чавознома ба расмият дароварда мешавад ва ба сохиби онхо патент дода мешавад.

Натичахои моддии фаъолияти навоварй дар шакли мошин, тачхизот, дастгоххои нав ифода меёбанд.

Ба самаранокии фаъолияти навоварихо тавассути ракобатпазирии махсулоти нав дар бозори дохилй ва берунии мамлакат бахо додан мумкин аст.

Тахвили технологияхо метавонанд хам дар худуди як мамлакат ва хам дар сатхи байналхалкй сурат гирад.

Савдои чавозномахо яке аз шаклхои асосии савдои байналхалкй мебошад. Вай шартномахои «ноу-хау» ва патентхо оиди кашфиётро дар бар мегирад.

Яке аз омилхои рушди босуръати савдои чавозномахо сатхи баланди даромаднокии ин амалиёт мебошад. Сабаб дар он аст, ки дар ин намуди савдо дарачаи таваккали тичоратй нисбатан паст аст.

Асоси савдои байналхалкии чавозномахо ва «ноу- хау»-ро фаъолияти патентии мамолики содиркунандаи технология ташкил медихад. Мавкеи асосиро дар патентгирии ихтироот мамолики мутараккии саноатй сохибанд. Чойи аввалро аз руи микдори гирифтани патентхо Ч, опон, дуюмро — ИМА ишгол мекунанд.

458
Нет комментариев. Ваш будет первым!