Низоми пардохт

Моддаи 30. Низоми пардохт

Бонки миллии Тоҷикистон масъули ташкили низоми пардохт буда, роҳбарии ташкил ва таъмини рушди низоми самараноку боэътимоди пардохт, клиринг ва ҳисоббаробаркуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда дорад. Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон:
— ба ҳамкории низомҳои ҳисоббаробаркунӣ ва клиринг бо низомҳои дахлдори дигар, ки ба биржаҳо, бозорҳои коғазҳои қиматнок алоқаманданд, мусоидат менамояд;
— таҳияи усулу технологияҳои нави ҳисоббаробаркуниҳо ва интиқоли коғазҳои қиматнокро ба роҳ мемонад;
— барои ҳамкории байни иштирокчиён дар рушди низоми пардохт ва хизматрасониҳои пулӣ шароит фароҳам меоварад.

Моддаи 31. Ташкили ҳисоббаробаркунӣ дар байни бонкҳо

1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати анҷом додани пардохтҳои байнибонкӣ хизмат расонида, барои ташкили низоми клиринги байнибонкӣ ва дигар шаклҳои ҳисоббаробаркунӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардааш мусоидат намояд.

2. Бонки миллии Тоҷикистон барои риояи мӯҳлати пардохтҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст.

Моддаи 32. Танзим ва назорати низоми пардохт

1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақсади таъмини эътимоднокии низоми пардохт:

1) хизматрасониҳоеро, ки ташкилотҳои қарзӣ ё таъминкунандагони хизматрасониҳои пулӣ оид ба ирсол, коркард ва қабули супоришномаҳои пардохтӣ, чекҳо, интиқоли маблағ ва коғазҳои қиматнок ба суратҳисобҳои онҳо ё мизоҷонашон иҷро мекунанд, танзим ва назорат намояд;

2) низомҳои зеринро ташкил ва фаъолияташонро таъмин намояд, барои ташкилу танзими фаъолияти онҳо иҷозатнома диҳад, бақайдгирӣ ва назорати онҳоро ба роҳ монад:

а) клиринг, ҳисоббаробаркуниҳо ва амалиёти дигар бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ;

б) клиринг, ҳисоббаробаркуниҳо ва амалиёти дигар бо коғазҳои қиматнок;

в) клиринг, ҳисоббаробаркуниҳо ва амалиёти дигар аз рӯи пардохтҳо (ё мубодилаи коғазҳои қиматнок) бо ҳар гуна асъор дар муқоиса бо пардохтҳои дигар (ё мубодилаи коғазҳои қиматнок) бо асъори дигар;

3) шаклҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро муайян кунад ва намунаҳои ҳуҷҷатҳои пардохтиро, ки барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, тасдиқ намояд;

4) талаботи ҳадди ақалро оид ба боэътимодӣ ва таъмини амнияти ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ, интиқоли маблағ, низоми клиринг, интернет-бонкинг, инчунин таъмини амнияти иттилооти бонкӣ муқаррар намояд.

2. Тартиби ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

3. Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад ва мониторинги амалӣ гардидани онро анҷом медиҳад.

Моддаи 33. Стандартҳои байналмилалӣ

Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ оид ба ташкилу танзими низоми пардохт стандартҳои байналмилалиро истифода намуда, бо мақсади таъмини амният ва самаранокии он бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои марказии (миллии) кишварҳои дигар ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд.

Моддаи 34. Хизматрасонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, суратҳисобҳо кушода, барои бақияи онҳо фоиз диҳад ё барои хизматрасониаш ҳаққи муайян гирад.

БОБИ 6. РОБИТАҲОИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ ВА АМАЛИЁТИ АСЪОРӢ

Моддаи 35. Ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти

иқтисодии хориҷӣ

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ ва созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дар муносибат бо бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои хориҷӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ намояндаи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз номи он муомила ва додугирифт мекунад.

Моддаи 36. Бонки миллии Тоҷикистон — мақоми танзими асъор ва

назорати асъор

1. Бонки миллии Тоҷикистон мақоми давлатии танзими асъор ва назорати асъор буда, вазифаи худро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ва дигар қонунҳо амалӣ менамояд.

2. Ба салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи танзими асъор инҳо дохил мешаванд:
— нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими амалиёти асъор аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ва мақомоти давлатӣ;
— додани иҷозатномаҳо, назорат ва танзими фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо мубодилаи асъор машғуланд, аз ҷумла ташкилотҳои қарзӣ;
— муайян кардани тартиб ва қоидаҳои анҷом додани амалиёти асъорӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
— муайянкунии тарзи муқаррар намудани қурби пули миллӣ нисбати асъори дигар.

3. Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи назорати асъор ҳамчун яке аз намояндаҳои давлат амал мекунад. Ҳисобот ва маълумотдиҳӣ оид ба ҳисобҳо ва маълумоти дигарро, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд, Бонки миллии Тоҷикистон аз назар мегузаронад.

Моддаи 37. Пешниҳоди ҳисобот оид ба амалиёти асъорӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба иҷрои амалиёти асъорӣ иҷозат доранд, вазифадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи амалиётҳои асъории худ, инчунин оид ба риояи ҳудудҳои мавқеи озоди асъориашон бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Моддаи 38. Захираҳои асъории байналмилалии давлат

1. Бонки миллии Тоҷикистон дар тавозуни худ ҳамаи захираҳои асъории байналмилалии давлатро нигоҳ медорад.

2. Дар сурати камшавии захираи асъории байналмилалии давлат ё аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мушоҳида гардидани тамоюли камшавии он то дараҷае, ки барои гузаронидани сиёсати пулию қарзӣ ё сари вақт иҷро намудани амалиётҳои байналмилалии давлат зиён расонида метавонад, Бонки миллии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъияти ин захираҳо ва сабабҳое, ки боиси камшавии онҳо шудаанд ё шуда метавонанд, ҳисобот, инчунин оид ба ислоҳи ҳолат тавсияҳо пешниҳод мекунад.

Моддаи 39. Захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон

1. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои хориҷии худ ва ҳимояи сармояи оинномавиаш аз тағйирёбии қурби асъор, як қисми маблағи худро бо асъор ва дигар дороиҳои асъорӣ, ки арзиши онҳо дар бозорҳои байналмилалӣ устувор аст, нигоҳ медорад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи шарт ва ба мӯҳлатҳое, ки Раёсат муқаррар мекунад, захираи байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистонро таъсис медиҳад.

3. Захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
— тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон ё аз номи вай дар дигар ташкилотҳои қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, аз ҷумла ӯҳдадориҳои шахсони дигар, ки аз тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо иборат мебошад;
— асъори мубодилаи озод, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон ё аз номи вай дар дигар ташкилотҳои қарзӣ нигоҳ дошта мешавад;
— ӯҳдадории шахсони дигар ва пасандозҳои байнибонкии аз рӯи дархост ё дар мӯҳлати кӯтоҳ пардохтшаванда, ки аз асъори мубодилаи озод иборат буда, дар суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон ё дар тавозуни бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ ё ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ қарор доранд;
— коғазҳои қиматноки қарзии бозоргири иборат аз асъори мубодилаи озод, ки ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ ё ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ баровардаанд ё коғазҳои қиматноки қарзие, ки пурра бо даромад ва қарзҳои эмитент таъмин шудаанд;
— талабот ба ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, ки дар асоси амалиёти фурӯшу бозхарид ва созишнома оид ба қарз додани коғазҳои қиматноки дар сархати чоруми қисми 3 моддаи мазкур зикршуда ба миён меояд;
— ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ, ки дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор мавҷуданд;
— маблағҳои асъории Бонки миллии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор.

4. Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои асъории байналмилалии худро бо дарназардошти ҳифз, таъмини пардохтпазирй ва даромаднокии онҳо бо тартиби зикршудаи афзалиятнокӣ идора мекунад.

Моддаи 40. Амалиёт бо асъори хориҷӣ

Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбии асъорро муайян ва амалӣ намуда, ҳуқуқ дорад:
— ҳар гуна амалиётро бо асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ки онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар таҷрибаи бонкии байналмилалӣ қабулшуда мувофиқ мебошанд, иҷро намояд;
— векселҳои хазинавӣ ва дигар коғазҳои қиматноки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ ё ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ баровардашуда ва кафолат додашударо харад ва фурӯшад, инчунин аҳдҳои дигарро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва дар таҷрибаи бонкии байналмилалӣ қабул карда шудаанд, имзо намояд;
— дар бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва ташкилотҳои молиявии давлатҳои дигар ҳисобҳо кушояд;
— барои бонкҳои хориҷӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ суратҳисобҳо кушода, инчунин манфиати онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя кунад.

Моддаи 41. Фоида ва зиёни асъорӣ (воқеан гирифтанашуда)

1. Фоида ва зиёни асъории (воқеан гирифтанашуда) дар тавозуни солонаи Бонки миллии Тоҷикистон инъикосгардида, ки ба тағйирёбии баҳои дороиҳо ва ӯҳдадориҳо дар шакли асъор, металлҳои қиматбаҳо ва ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ алоқаманд аст ва вобаста ба тағйирёбии нарх ё қурби мубодилавии ин дороиҳо ва ӯҳдадориҳо нисбат ба пули миллӣ ба вуҷуд омадаанд, тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар суратҳисоби махсус (азнавбаҳогузорӣ кардани асъор) ба ҳисоб гирифта мешаванд.

2. Дар сурати манфӣ будани бақияи суратҳисоби махсус (азнав баҳогузорӣ кардани асъор) он аз ҳисоби фоидаи соли ҷорӣ, фонди захиравӣ ва сармояи оинномавӣ ҷуброн карда мешавад.

475
Нет комментариев. Ваш будет первым!