Таткикотбарии маркетинг ва зарурияти он дар шароити муосир

Дар тадкикотбарии маркетинг мафхуми маълумот ва ахборот чой дорад.

Маълумот – ин факту ракамхои омории корхонаю ташкилотхо мебошад. Мисол: ракамхои омории корхона оиди фуруш дар соли 2004 2,600 хазор сомони, соли 2005 – 2,750 хазор сомони; соли 2006 — 3,240 хаз. сомони ташкил намудааст. Ин факат раками холи бе ягон тахлил ва омузиш, ки мо онхоро маълумот меномем.

Ахборот бошад, омузиш, тахлил, санчиш ва хулосабардории маълумотхоро меноманд. Мисол: хачми фуруши махсулот дар фабрикаи каннодии ш. Душанбе дар солхои 2004 – 2006 дар хачми 3,800 хаз. сомони афзуд ва сабаби афзоиши хачми фуруши махсулоти канноди, истифодаи ашёи хоми баландсифат борчомаи назаррабо, ки дар натичаи истифодаи техникаи муосир тайёр карда шуда, барои конеъ кардани талаботхои гуногуни истеъмолгарони бозори дохили равона карда шудааст, мебошад. Ва мо ин гуна тахлилу омузиш ва хулосабардории маълумотхоро ахборот меномем.

Пеш аз он, ки тадқиқотбарии маркетингро гурӯҳбанди намоем, бояд ахборотҳоро ба ду қисм чудо намоем:

1). Ахборотҳои аввалин ё ин ки рӯи мизи.

2). Ахборотҳои дувумин ё мавчуда.

Ба ахборотҳои аввалин – ахборҳои беруни, маълумотҳои омори, ба монанди ахборотхои Кумитаи давлатии омори назди Ҳукумати Чумҳурии Точикистон, ҳисоботхои Палатаи Савдо, ҳисоботхои ширкатҳои истеҳсоли, миёнрави, рекламанигари, ташкилотҳои соҳави, бонкҳо, ахборотҳои нашрияви ва ғайрахо дохил мешаванд, ки ҳар як тадқиқотбарии маркетинг вобаста аз соҳаи тадиқоқтбариаш онҳоро чамъовари намуда, дар дафтари ахборотҳо нигоҳ медорад ва дар мавриди зарури аз онҳо истифода мебарад. Бинобар ин, чунин ахборотҳоро ахборотҳои рӯи мизи меноманд.

Ба ахборотҳои дувумин ё мавчуда – хисоботҳои солона, семоҳаю, шашмоҳа, моҳона ва ҳаррузаи корхонаю ташкилотҳо, оиди фаъолияти иқтисодию ичтимоиашон дохил мешаванд.

Гуруҳбандии тадқиқотбарии маркетинг аз ду қисмат иборат аст, ки ҳар яки онҳо аз зертадқиқотҳо иборат мебошад.

1). Тадқиқотбари барои муайянкунии масъалаҳо.

2). Тадқиқотбари барои ҳалли масъалаҳо.

Тадқиқотбари барои муайянкуниии масъалаҳо ҳалли чунин масъалаҳоро дар бар мегирад:

___ тадқиқотбарии вазъу иктидори бозор;

___ тадқиқотбарии кисматҳои бозор;

___ тадқиқотбарии тавсифи бозор;

___ тадқиқотбарии фуруши молҳо;

___ тадқиқотбарии пешгуиҳо;

___ тадқиқотбарии самти кори;

Тадқиқотбари барои ҳалли масъалаҳо бошад аз чунин зерқисматҳо иборат аст:

___ тадқиқотбарии таксими бозорҳо ба гуруҳҳои харидорон ё истеъмолгарон (сегментҳо).

___ тадқиқотбарии молҳо;

___ тадқиқотбарии нархҳо;

___ тақиқотбарии ҳаракати молҳо;

___ тадқиқотбарии таксимотҳои молҳо;

___ тадкикотбарии хизматрасони пайваста ба мол;

372
Нет комментариев. Ваш будет первым!