Мохият ва мақсади маркетинг

Дар адабиёт мафҳумҳои гуногуни маркетинг оварда мешаванд. Худи ибораи «маркетинг» аз калимаи англисии «market» (бозор) гирифта шуда, фаъолият дар соҳаи бозор ва фурӯшро мефаҳмонад. Зери мафҳуми маркетинг дар аввал фурӯш ва ҳавасмандкунӣ, сипас- омӯзиши талаботи бозор фаҳмида мешуд, зеро пештар шиори асосӣ «фурӯхтани тамоми чизи истеҳсолшуда» ба ҳисоб мерафт. Баъдтар бо сабаби омӯзиши дархостҳои истеҳсолкунандагон сатҳи нарх, рақобатнокӣ дар бозори фурӯш ба соҳибкорон имконият медиҳад, ки давраи маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолшударо тағйир дода, молҳои рақобатпазирро истеҳсол намоянд, технологияҳои навро истифода баранд, каналҳои муосири фурӯшро ба воситаи рекламаи самаранок ташкил намоянд ва ғайра. Тадриҷан шиорҳои асосӣ «истеҳсоли чизҳои харидоришаванда», «на маҳсулоти худ, балки харидори худро дӯст дор» ва ғайраҳо ба сафи пеш мебароянд.

Мақсади маркетингро чӣ тавре, ки яке аз назариётчии соҳаи идоракунӣ Петер Друккер қайд мекунад, бекор кардани кӯшишҳо оид ба фурӯш мебошад. Мақсади он инчунин хуб дарк намудан ва фаҳмидани мизоҷ мебошад, ки маҳсулот ё хизматрасонӣ мувофиқи табъи ӯ гардида, худаш худро фурӯхта тавонад. Маркетинг аз омӯзиши эҳтиёҷоти истеъмолкунандагон оғоз мегардад. Аммо аксар вақт дар шароити ҳозира бисёр аз истеҳсолкунадагон диққати худро на ба талабот, балки ба фурӯши маҳсулоти худ ҷалб менамоянд.

ҳамин тавр Филипп Котлер чунин меҳисобад, ки маркетинг – ин намуди фаъолияти инсонӣ буда, ба қонеъгардонии эҳтиёҷот ва талабот ба воситаи мубодила равона карда шудааст. Маркетинг консепсияи махсуси идоракунӣ ҳисоб ёфта, зери итоати фурӯши самараноки маҳсулот чӣ дар бозорҳои дохилӣ ва чӣ дар бозорҳои беруна мебошад?

Маркетинг инчунин системаи ташкил ва идоракунии тамоми паҳлуҳои фаъолияти амалии корхона мебошад. Аз ишоратҳои аввалин лоиҳа ва технологияҳои истеҳсоли маҳсулоти нав то расонидани он ба харидор ва хизматрасонӣ баъди фурӯши он. Бо шарофати маркетинг корхона талаботҳои харидоронро ошкор намуда, қобилияти харидории онҳоро ба талаботи мушаххас ба мол ё хизматрасонӣ ташаккул медиҳад ва бо ин восита робитаи устувори харидор ва фурӯшанда ба вуҷуд меояд.

Аз рӯи мундарниҷаи иқтисодии худ маркетингро ҳамчун ташкили комплексии фаъолияти истеҳсоли фурӯши корхона маънидод кардан мумкин мебошад, ки ба таъмини фурӯши самараноки маҳсулот равона карда шудааст. Дар ҳар сурат моҳияти маркетинг бо чунин мафҳумҳо, чун эҳтиёҷот, талабот, мубодила, харидуфурӯш, нарх ва бозор алоқамандии зич дорад.Чӣ хеле, ки маълум аст эҳтиёҷот-ин аз тарафи инсон ҳис кардани нарасидани ягон чиз мебошад. Талабот-эҳтиёҷотест, ки шакли махсусро мутобиқи дараҷаи маданӣ ва шахсияти инсон мегирад. Дархост-ин талаботест, ки бо қобилияти харидорӣ қувват гирифтааст. Мол-ин чизест, ки метавонад талабот ё эҳтиёҷотро қонеъ гардонад ва ба бозор бо мақсади ҷалбнамоии диққати харидор пешниҳод мегардад. Мол эҳтиёҷотро қонеъ мегардонад. Мубодила-ин ба даст овардани объект ба ивази ягон объекти дигар (мол ё хизматрасонӣ) мебошад. Харидуфурӯш-ин мубодилаи тиҷоратии арзишдори байни ду нафар мебошад. Бозор-маҷмӯи харидории мавҷуда ва имконпазири мол мебошад. ҳамин тавр маркетинг ин фаъолияти гурӯҳест, ки асосан ба бозор муносибат дорад.

Азбаски маркетинг бо харидорон сару кор дорад, аз вай талабот ба вуҷуд меояд. Азбаски талабот мафҳуми марказии маркетинг ба ҳисоб меравад, аз ин нуқтаи назар гуфтан мумкин аст, ки фаъолияти маркетингӣ дар пешбини намудани талабот, қонеъ намудан ва идоракунии он асос меёбад. Идоракунии талабот-ин ташаккули хоҳиши истеъмолкунандагон барои харидори мол ва танзими талабот мебошад.

1.21K
Нет комментариев. Ваш будет первым!