НИЗОМ ВА ШАКЛҲОИ ҚАРЗ ДАР ШАРОИТИ ҲОЗИРА

Нақша:

Моҳият, зарурат ва таснифи қарзҳои бонкӣ Ташкили додани қарзҳои бонкӣ

Тартиби додани қарз ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолӣ Захираҳои қарзӣ ва ба нақша гирифтани онҳо Қарзҳои мушкилистон ва чораҷӯӣ оид ба ситондани онҳо Моҳият ва зарурати қарз

Олоти истеҳсолот ва воситаҳои истеҳсолотро ба забони иқтисодӣ воситаҳои гардон ва асосӣ мегӯянд.

Воситаҳои гардой дар ҷараёни истеҳсолот якчанд дав- раро аз cap мегузаронанд, яъне:

а) дар аввал ба шакли захираҳои истеҳсолӣ (ашёи хом, сӯзишворӣ ва дигар ашёи предмета меҳнат), ки ҷараёни мунтазами истеҳсолотро таъмин менамоянд;

б) хароҷоти истеҳсолот (истеҳсоли нотамом);

в) маҳсулоти тайёр.

Воситаҳои гардони корхона ба ду қисми асосӣ ҷудо мешаванд:

а) воситаҳои гардони хусусӣ

б) воситаҳои гардони қарзӣ.

Воситаҳои гардони хусусӣ маблағҳои пулие ҳастанд, ки барои ташкили фонди захираҳои истеҳсолӣ ва фонди муомилот заруранд. Дар ҷараёни истеҳсолот воситаҳои гардони хусусии корхона аз як шакл ба шакли дигар гузашта, баъди сипарӣ шудан як мудцати муайян ба пул табдил мегарданд.

Молистеҳсолкунандагон дар ҳолатҳои зарурӣ аз қарзҳои кӯтоҳмудцат ва дарозмуддата бонкӣ истифода намуда, талаботи худро ба маблағҳои иловагӣ қонеъ карда, ҷараёни мунтазами истеҳсолотро таъмин менамоянд.

Бонкҳо ба муштариёни худ дар шаклхои гуногун қарз медиҳанд ва қарзҳоро ба таври зерин нишон додан мумкин аст.

Аз рӯи таъинот қарзҳо ба навъҳои зерин ҷудо мешаванд: исгеъмолй; саноатӣ; савдо; кишоварзӣ; маблағгузорӣ.

Вобаста ба ҷои истифодаашон қарзҳои бонкӣ, ки ба ҳа- маи субъектҳои хоҷагидорӣ дода мешаванд, аз ду шакл ибо- ратанд:

а) қарзҳое, ки барои такрорисгеҳсоли воситаҳои асосӣ дода мешаванд;

б) қарзҳое, ки барои ташкили воситаҳои гардон дода мешаванд.

Аз рӯи мӯҳлати истифодаашон қарзҳо тақсим мешаванд ба:

кӯтоҳмудцат (то 1 сол); миёнамудцат (аз 1 то 3 сол); дарозмуддат (зиёда аз 3 сол).

Аз рӯи ҳаҷм, қарзҳо ба қарзҳои калон, миёна ва хурд ҷудо мешаванд.

Аз рӯи таъминот қарзҳо ба бетаъмин, яъне ба корхонаи боваринок (аз рӯи мактуби дархостии корхона) ва таъми- нотдошта тақсим мешаванд (қарзҳои гаравдор, кафолатдор ва бимашуда).

Аз рӯи тартиби доданашон қарзҳо ба қарзҳои ҷуброни хароҷот ва пардохтӣ ҷудо мешаванд. Дар ҳолати якум, маблағи қарзи додашуда ба ҳисоби корхона равона шуда хароҷоти ӯро ҷуброн мекунад, дар ҳолати дуюм бошад, барои пардохти пули моли гирифташуда истифода мегардад.

Аз рӯи мӯҳлати баргардонидан қарзҳо ба қарзҳое, ки қисм-қисм баргардонида мешаванд ва қарзхое, ки якбора баргардонида мешаванд тақсим мегарданд.

Тибқи Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бонкҳои саҳомию тиҷоратӣ аз маблағи пасандоз, амонат ва дигар маблағҳои пулиашон як қисмашро дар Бонки миллии Тоҷикистон ба шакли захира нигоҳ медоранд. Ин захираи пулӣ дар ҳолатҳои суст шудани фаъолияти молиявии бонк истифода мегардад. Илова бар ин, захираҳои пулие, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, дар вақти муфлисшавии бонк барои таъмини талаботи соҳибони пасандоз ва амонатҳо истифода мегарданд.

Ташкили додани қарзҳои бонкӣ

Дар шароити иқтисоди бозорӣ шакли асосии қарз, қарзи бонкист, яъне қарзест, ки бонкҳои саҳомию, тиҷоратӣ ба субъектҳои хоҷагидорӣ медиҳанд.

Субъекта муносибатҳои қарзӣ хоҷагиҳо, сохибкорон, аҳолӣ, давлат ва худи бонкҳо мебошанд. Одатан дар муо- милаи қарзӣ байни субъекта муносибатҳои қарзӣ истилоҳи қарздиҳанда ва

қарзгиранда истифода мегардад.

Қарздиҳанда шахсе (шахси ҳуқуқй ва воқей) номида мешавад, ки вай маблағи пулии муваққатан озодмондаи худро дар як давраи муайян ба дигар субъекта хоҷагидорй ё шахе қарз медихад.

Қарзгиранда субъекта хоҷагидорй ё шахсеро меноманд, ки маблағи пулиро ба сифати қарз ба даст меорад ва ӯҳдадор мешавад, ки қарзи гирифтаашро дар мӯҳлати муайяншуда ба соҳибаш бармегардонад.

Қарзи бонкй барои қонеъ гардонидани талаботи субъекта хоҷагидорй барои харидани олот ва воситаҳои истеҳсолот ва ё ҳалли масъалаҳои иҷтамой аз рӯи усулҳои муайян дода мешавад. Усулҳои додани қарз ҷузъи асосии системаи қарздиҳй буда, моҳияти қарзро ифода мекунад.

Ба усулҳои асосии қарз мӯҳлатнок будан ва бозгардо- нидани он, таъминот доштан ва музднокй дохил мешаванд.

У сули бозгардонидан хусусияти хоси қарз аст. Мӯҳлат- нокии қарз шакли асосии бозгардонидани он аст.

Дар ҳолати барнагаштани қарз дар мӯҳлати муайяншуда, бонк фоизи қарзро зиёд мекунад. Дар мӯҳлати муайяншуда барнагаштани қарз оқибати манфй дорад, зеро аз як тараф як андоза ҳолати муомилоти пул тағйир меёбад ва аз тарафи дигар ба таркиби сармояи бонк таъсир мерасонад.

Дар мамалакат, агар қарзҳои мӯҳлати баргардонида- нашон батаъхирафтода зиёд шаванд, дараҷаи таваррум (ин- флятсия) боло меравад.

Усули музднокии қарз ин аст, ки қарзгиранда барои истифодаи муваққатии маблағи қарзи гирифтааш ба бонк музд медиҳад. Музднокии қарз дар таҷриба ба шакли фоизи қарз амалй мегардад. Фоизи қарз ба ибораи дигар ин нархи қарз аст, ки захираҳои қарзии бонк бо ин нарх фурӯхта мешаванд. Омилҳои асосие, ки бонкҳои тиҷоратй нархи қарзро муайян мекунанд гуногунанд:

Омили асосии системаи қарздиҳй ин усули қарздиҳй аст, зеро он омилҳои дигари ин системаро монанди: шакли ҳисоби қарзй, тарзи танзими қарзҳои додашуда, шакл ва усули назорат аз рӯи ба мақсади муайян истифода кардан ва баргардонидани онро муайян мекунад.

Усули қарздиҳй гуфта аз рӯи усулҳои мавҷуда тарзҳои додан ва ситонидани қарзро меноманд.

Хусусияти усули додани қарз аз рӯи гардиши воситаҳои гардони корхонаҳо дар он зоҳир мегардид, ки ҳаракати қарз бо ворид ва содиршавии ашёи қиматноки корхона вобастагй дорад.

Дар мамлакатҳои мутараққӣ, ки низоми бонкии пеш- рафта доранд, ду усули қарздиҳиро истифода мекунанд.

Усули якум иборат аз он аст, ки масъалаи додани қарз ҳар дафъа ба таври ҷудогона баррасӣ шуда, ҳалли худро меёбад. Қарз ба ягон мақсади муайяни муштарй барои қонеъ гардонидани талаботи он дода мешавад. Бо ин усул қарз ба як мӯҳлати муайян дода мешавад.

Бо усули дуюм, қарз дар асоси гуфтугӯи пешакӣ бо муштарӣ дода мешавад. Ин усулро кушодани хатти (линияи) қарзӣ меноманд.

Ду шакли хатти қарзӣ вуҷуд дорад, яъне хатти қарзии барқарорнашаванда ва хатти қарзии баркароршаванда.

Дар ҳолати истифода намудани хатти қарзии барқарорнашаванда баъди додану ситонидани як маблағи қарзӣ муносибати қарзии байни бонк ва муштарй хотима меёбад.

Дар холати истифода намудани хатти қарзии барқарор- шаванда доду гирифти қарз дар худуди қарзи муайяншуда ба таври худкор (автоматй) сурат мегирад.

Дар муносибатхои қарзӣ ҳисоби асъорӣ низ мекушоянд.

Ҳисоби махсуси қарзӣ одатан ба муштариёне кушода мешавад, ки онҳо аз қарзи бонкӣ ба таври доимӣ истифода мекунанд.

Ҳисоби қарзии оддй ба муштариёне кушода мешавад, ки онҳо аз қарзи бонкӣ ба таври доимӣ истифода намекунанд.

Пеш аз додани қарз қобилияти қарз адо кардани муштариро ҳаматарафа месанҷанд.

Мақсад аз муайян кардани қобилияти қарз адо кардани муштарии қарзгиранда аз он иборат аст, ки қобилияти дар вақташ баргардонидани қарз, сатҳи хатаре, ки бонк ба худаш мегирад ва ҳаҷми қарз ҳаматарафа санҷида мешавад.

Усулҳое, ки бонкҳо бо ёрии онҳо пардохтпазирии муш- тариёнро меомӯзанд гуногунанд ва дар мамлакатҳое, ки иқтисоди бозории пешрафта доранд, чунин зарибҳоро (коэф- фитсиентҳоро) истифода мекунанд:

Зарибҳои пардохтпазирй нишон медиҳанд, ки корхона қобилияти ба ӯҳцадориҳои кутоҳмудцаташ ҷавоб доданро дорад ё не.

Зариби самараноки (идорасозии активхо).

Зариби фоиданокИ.

Зарибҳои бозаргонИ.

Бонк дар вакти муайян кардани шароити додани қарз метавонад дигар зарибҳоро низ истифода кунад.

Қонуниятҳои бонкӣ дар ҳар мамлакат талаб менамоянд, ки қарзҳои ба муштариён додашавандаи бонкҳои тиҷоратӣ бояд таъминот дошта бошанд.

Шаклҳои асосии таъминнокии қарзи бонкӣ аз гарав, кафолат, замонат ва дигар навъҳои таъминнокии қарз ибо- ратанд.

Гаравнома ҳуҷҷатест, ки дар вакти ба гарав мондани молу мулк истифода мегардад ва дорандаи гарав ҳукуқ пайдо мекунад, дар ҳолати аз тарафи гаравдиҳанда риоя накардани шартҳои гаравнома ва барнагардонидани қарзи гирифтааш дар вақти муайяншуда, чизи ба гарав монда- шударо фурӯшад.

Ду шакли гарав вуҷуд дорад: Дар ҳолати якум, гарав ба ихтиёри худи корхона мемонад; Дар ҳолати дуюм, чизи ба гарав мондашуда ба ихтиёри қарздиҳанда дода мешавад.

Шакли якуми гаравмонй дар таҷриба бештар истифода мегардад.

Замонатнома шакли махсуси кафолатнома буда, фақат дар байни шахсони ҳуқуқӣ истифода мегардад. Замонат- номаро идораи болоии корхонаи қарзгиранда, иҷорагиранда ва дигар корхонаҳо, аз ҷумла бонкҳо низ дода метавонанд.

Дар муносибатҳои қарзӣ байни бонк ва гирандаи қарз шартнома тартиб дода, имзо карда мешавад. Дар шарт- номаи қарзӣ ӯхдадориҳо ва ҷавобгарии ҳар ду тараф дарч гардида, онҳо бо мӯҳр тасдиқ карда мешаванд.

Тартиби додани қарз ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва

аҳолӣ

Қарзгиранда барои гирифтани қарз ба бонке, ки дар он суратҳисоб дорад ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

Мактуби дархостй (ариза) барои гирифтани қарз (дар он маблағ, мақсади гирифтани қарз ва мӯҳлати баргардо- нидани қарз нишон дода мешавад).

Ҳуҷҷат дар бораи аз ҷиҳати иқтисодй ва техникӣ асоснок кардани зарурият ба қарз ё нақшаи соҳибкорй. Ин ҳуҷҷат имкон медиҳад, ки бонк самаранокии қарз, мӯҳлати бозхариди объекти

қарз, инчунин мӯҳлати баргардонидани онро бисанҷад.

Тавозуни солона ва тавозун дар моҳи ҷорй (аз рӯи он бонк пардохтпазирй ва ҳолати қарз адо кардани муштариро меомӯзад).

Шартномаи гарав ё кафолат (замонат). Вобаста ба шакли таъминоти қарз, дар вақти гирифтани қарз кафолат ва ё замонат ҳамроҳи шартномаи қарзй пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи шартномаи қарзй.

Уҳдадории мӯҳлатнокии баргардонидани қарз.

Маълумот дар бораи қарзҳои аз дигар бонкҳо гириф- ташуда (дар ин маълумот қарзгиранда бонк ва маблағи карзй гирифтаашро нишон медиҳад).

Ҳар бонк дар вақти додани қарз бояд ҳудуди хатари ба як муштарӣ додани қарзро риоя намояд ва дар хотир дошта бошад, қарзе ки ба як муштарӣ медиҳад бояд аз 5%-и сармояи хусусии бонк зиёд набошад. Қарзе, ки аз ин ҳудуд зиёд дода мешавад, қарзи «калон» ҳисобида шуда ва ин хел қарз танҳо бо иҷозати Кумитаи қарзии бонки болоӣ ва ё бо иҷозати Шӯрои он дода мешавад.

Дар баъзе ҳолатҳо бо супориши Ҳукумат ва ё идораи дигар қарзҳои имтиёзнок низ дода мешаванд.

Дар таҷриба бонкҳои саҳомию тиҷоратӣ ба муштариён қарзҳои кафолатдор низ медиҳанд.

Қарзи кафолатдор ба муштарӣ дар ҳамон ҳолат дода мешавад, ки корхонаи кафолатдиҳанда шахси ҳуқуқии пар- дохтпазир бошад. Пардохтпазирии корхонаи кафолатдиҳанда бояд аз тарафи бонке, ки ба вай хизмат мерасонад тасдиқ карда шавад. Худи бонк низ чун шахси ҳуқуқй, метавонад ба дигар корхонаҳо барои аз дигар бонк гирифтани қарз кафолатнома диҳад

Қарз барои додани музди кор ва моҳона шакли махсуси қарз буда, ба субъектҳои хоҷагидорӣ ҳангоми дар ҳисоби корхона барои додани музди кор ва моҳона мавҷуд набу- дани маблағи пулии кофй дода мешавад. Ин қарз ба мӯҳлати то як мох дода шуда, аз муштарӣ ӯхдадории мӯҳлатнок гирифта мешавад. Ин ӯҳдадории мӯҳлатнок ба бонк ҳуқуқ медиҳад, ки дар вакти расидани мӯҳлати баргардонидани қарз, бе огоҳии муштарй, маблағи қарзро аз ҳисоби вай ситонад.

Қарз аз рӯи коғазҳои қиматнок низ дода мешавад. Дар ин ҳолат коғазҳои қиматнок чун гарави қарз истифода мешаванд.

Қарз барои харидани амволи давлатӣ. Барои гирифтани қарз ба

ин мақсад муштарй ба бонк дар баробари ҳуҷҷатҳои муқаррарй ба таври илова ин ҳуҷҷатҳоро низ пешниҳод менамояд: иҷозатномаи Кумитаи амволи давлатй дар бораи ғайридавлатй кардани амвол, санади нархгузории амволи фурӯхташуда, шартномаи хариду фурӯши ин амвол, ҳуҷҷат дар бораи ба моликияти шахсӣ ё хусусӣ гузаштани амвол, ҳисоби бозхариди он, ҳисоби мӯҳлати баргардонидани қарз ва ғайра.

Қарз барои харидани молу мулки давлатӣ одатан бо маблағи дар ҳуҷҷати пешниҳодкардаи муштарӣ муайяншуда дода мешавад. Маблағи қарз аз ҳисоби қарзи оддӣ ба ҳисоби Кумитаи амволи давлатӣ гузаронида мешавад ва баъдан аз ҳисоби вай ба буҷети давлатӣ интиқол дода мешавад.

Фоизи ин шакли қарз бо маслиҳати тарафайн, яъне бонк ва муштарй бо назардошти вазъияти бозори қарзй ва сатҳи таваррум (инфлятсия) муайян карда мешавад.

Дар давраи истифода кардани қарзи бонк, муштарӣ ҳуқуқ надорад амволи аз ҳисоби қарз харидаашро бифу- рӯшад ё ба касе ҳадя кунад.

Қарзҳои боваринок умуман бе таъминоти моддӣ дода мешаванд, бинобар он ин шакли қарз он қадар инкишоф наёфтааст ва фақат ба муштарие дода мешавад, ки бонк вайро муштарии дараҷаи аввал мешуморад ва пардохтпазирии хуб дорад. Ин қарзҳо одатан ба мӯҳлати нисбатан кам дода мешаванд, бинобар он фоизи ин қарзҳо нисбат ба фоизи дигар шаклҳои қарз зиёдтар муайян карда мешавад.

Қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)

Дар шароити имрӯза қариб ҳамаи бонкҳои саҳомию тиҷоратӣ ба хоҷагии қмшлоқ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ хизмати бонкӣ мерасонанд. Ба хоҷагиҳои деҳқоние, ки барои харидани тухмӣ, сӯзишворӣ, техника ва дигар хароҷот пулашон намерасад, бонкҳои саҳомию тиҷоратӣ қарзҳои кӯтоҳмудцат ва дарозмуддат медиҳанд.

Қарзҳои кӯтоҳмудцат ба мӯҳлати то як сол барои хароҷоти ҷории хоҷагии деҳконӣ (фермерӣ) дода мешаванд. Қарзхои дарозмудцат бошад, барои харидани техникаи коркарди замин, ҳосилғундорӣ ва ғайра ба мӯҳлати зиёда аз як сол дода мешаванд.

Тартиби додани қарзи дарозмуддат.

Ин қарзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар шароити ҳозира танҳо барои иншооти калони манфиати умумидавлатй дошта дода мешавад. Дигар субъектҳои хоҷагидорй барои сохтмон, васеъ кардани истеҳсолот, азнавсозии таҷҳизоти техникй аз қарзи дарозмудцати бонк истифода мебаранд.

Тартиби додани карзи лизингй.

Амалиёти лизингй амалиётест, ки ба корхонаи истеҳсол- кунандаи мол воситаҳои истеҳсолот ё дигар амвол ба иҷора дода мешаванд. Аммо лизинг аз иҷора ба он фарқ мекунад, ки дар шартномаи лизинг шароити харида гирифтани таҷҳизоти ба иҷора додашуда пешбинй мешавад. Дар амалиёти лизинг одатан се тараф иштирок мекунанд: корхонаи исгеҳсолкунандаи таҷҳизот; корхона ё ширкати иҷорадиҳанда, ки пули таҷҳизотро медиҳад ва корхонаи иҷорагир.

Шаклҳои зиёди лизинг вуҷуд дорад, аммо ҳамаи онҳоро ба ду гурӯҳи асосй ҷудо кардан мумкин аст: Лизинги зудамал.

Лизинги молиявй.

Ба лизинги зудамал шартномаҳое дохил мешаванд, ки мӯҳлати онҳо аз мӯҳлати хизмати таҷҳизот кам аст ва баъд аз тамом шудани мӯҳлати шартаома таҷҳизот ба иҷора- диҳанда баргардонида мешавад ва ӯ ин таҷҳизотро боз ба каси дигар ба иҷора медиҳад ё мефурӯшад.

Дар лизинга молиявй бошад, баъди ба итмом расидани мӯҳлати иҷора, иҷорагир метавонад таҷҳизотро бо нархи арзонтар, яъне бо арзиши боқимоқдаи он аз иҷорадиҳанда харида гирад.

Шакли асосии амалиёти лизингие, ки бонкхои тичоратй мегузаронанд, лизинги молиявисг.

Дар ҳолатҳое, ки мошин, таҷҳизот ё дигар воситаро ба иҷора медиҳанд, иҷорагир ба иҷорадиҳанда мувофики шарт- нома ичорапулй медиҳад.

Додани қарзи истеъмолй ба аҳолй

Қарзи истеъмолй яке аз воситаҳои қонеъ гардонидани талаботи аҳолй ба маблағҳои пулии иловагй ба шумор меравад. Дар доду ситади қарзи истеъмолй, қарзгиранда шахсони воқей буда, қарздиҳанда муассисаҳои бонкй, корхона ва ё ташкилотҳо мебошанд. Қарзи истеъмолй ҳам ба шакли пулй ва ҳам ба шакли

молй дода мешавад.

Дар ҳолати вафот кардани қарздор, боқимондаи маблағи қарзро меросхӯр, ки хона ба он (онҳо) чун мерос мондааст бояд ба бонк пардозад. Барои ин бонк бо он меросхӯре. ки хона ба вай ба мерос мондааст, шартномаи иловагӣ тартиб медиҳад ва ба расмият медарорад.

Тартиби додани қарз бо асъори хориҷӣ

Ин қарз дар ҳамон ҳолат дода мешавад, ки муштарӣ дар ҳамин бонк ҳисоби асъорӣ дошта бошад. Қарзи асъорӣ низ чун қарз ба пули миллӣ бо риояи усулҳои асосии қарз, яъне истифодаи мақсаднок, ба мӯҳлати муайян, дар вақти муқарраршуда баргардонидан ва таъминнокӣ дода мешавад.

Таъминнокии қарз бо ду усул сурат мегирад.

Якум бо усули ба гарав мондани молу мулк байни бонк ва муштарӣ шартномаи гарав ба имзо расонида ба расмият дароварда мешавад.

Дуюм бо усули пешниҳод кардани кафолати бонки дигар ва ё ягон корхонаи пардохтпазир, яъне вақти додани қарз аз суратҳисоб ё ҳисоби ҷории корхонаи кафолатдиҳанда на камтар аз 30%-и маблағи қарз ба шакли захираи эҳтиётӣ нигоҳ дошта мешавад.

Ба муштарӣ дар ҳолатхои зерин бо асъори хориҷӣ қарз дода намешавад, агар:

а) қарзи пеш гирифтаашро баргардонида набошад;

б) фоизи қарзи ҳисобшуда ва нопардохта дошта бошад;

в) вазъи ҳисоби муҳосибавӣ ва ҳисоботҳояш бонкро қонеъ нагардонад ва ғайра.

Фоизи қарзӣ бо асъори хоричӣ додашуда аз рӯи сатҳи фоизи амонат ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ муайя карда мешавад.

Захираҳои қарзӣ ва ба нақша гирифтани онҳо

Захираҳои қарзӣ ва таснифи онҳо

Сарчашмаи асосии қарзи бонкӣ пеш аз ҳама маблағҳои пулии худи бонк аст.

Яке аз сарчашмаҳои зиёд кардани сармояи бонк ин- тишор ва фурӯши коғазҳои қиматнок аст. Бонкҳои саҳомию тиҷоратӣ ду шакли коғазҳои қиматнокро (саҳмияҳоро) нашр карда мефурӯшанд: саҳмияи одцӣ ва саҳмияи имтиёзнок.

Сарчашмаи дигар ва доимии қарзи бонкӣ ин амонат ва пасандозҳои муштариёни бонк ба шумор меравад. Аҳолй пули худро дар бонк ба ду шакл пасандоз менамояд:

а) ба мӯҳлати муайян;

б) бе муайян кардани мӯҳлат.

Бозори қарзии байнибонкй низ сарчашмаи захираҳои қарзй ба шумор меравад, зеро бонкҳое, ки захираҳои қар- зиашон зиёд аст дар ин бозор онҳоро мефурӯшанд ва дигар бонкҳо ин захираҳоро харида, талаботи муштариёнашонро қонеъ мекунанд.

Сарчашмаи дигар ва муҳими захираҳои қарзии бонкҳои саҳомию тиҷоратӣ қарзи мутамаркизи Бонки миллӣ аст.

Қарзҳои мушкилистон ва чораҷӯи оид ба ситондани

онҳо

Ҳангоми қарз додан бонк дар шартномаи қарзӣ ҳама шарту шароити додани қарз, фоизи он ва мӯҳлати баргардонидани қарзро дарҷ менамояд. Муштарӣ — гирандаи қарз онро бо фоизаш бояд дар вақти муқарраршуда баргардонад. Дар ҳолати додани қарз, бонк бояд эхтимолияти барнагаштани ҳамаи қарз ё қисми онро дар назар бигирад

Қарзҳоеро, ки бо сабабҳои объективӣ ва ё субъективӣ дар мӯҳлати муқарраршуда барнамегарданд аз ҳисоби қарз ба ҳисоби дигар, яъне ҳисобе, ки дар он қарзҳои муддати пардохташон ба таъхир афтодаанд ба ҳисоб гирифта мешаванд ва бонк фоизи қарзро зиёд мекунад. Ин гуна қарзҳоро ба қарзҳои мушкилситон дохил мекунанд.

Қарзҳое, ки бонкҳо ба муштариён медиҳанд ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

Ба гурӯҳи 1-ум қарзҳои «гайриқолабӣ» қарзҳои таъмин- будае, ки то 30 рӯз мӯҳлаташон гузаштааст дохил мешаванд, аз ҷумла қарзҳое, ки мӯҳлаташон бо тартиби муайян на зиёда аз як маротиба тамдид карда шудааст.

Ба гурӯҳи 2-юм қарзҳои «шубҳанок» — қарзҳои таъмин- будаи то 30 рӯз ба таъхирафтода дохил мешаванд, инчунин қарзҳои таъминбудаи аз 30 то 60 руз ба таъхирафтодаумла қарзҳое, ки мӯҳлаташон бо тартиби муайян тамдид карда шудааст, низ ба ин гурӯҳ дохил мешаванд. Фонди пӯшидани талафоти имконпазир аз рӯи ин қарзҳо ба андозаи 30% аз бақияи ӯҳдадории қарзӣ бо тарҳ намудани арзиши таъминнокии имконпазир ташкил карда мешавад,

Ба гурӯҳи 3-юм қарзҳои «хатарнок» — қарзҳои таъминбудаи аз 30 то 60 руз ба тахирафтода, инчунин қарзҳои таъминбудаи аз 60 то 180 руз ба таъхирафтода дохил мешаванд. Фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи ин қарзҳо ба андозаи 75% аз бақияи ӯҳдадории қарзй ба тарҳ

намудани арзиши таъминнокии имконпазир ташкил карда мешавад.

Ба гурӯҳи 4-ум қарзҳои «беэътимод» — қарзҳои таъмин- набудаи аз 60 то 180 рӯз ба таъхирафтода, инчунин тамоми қарзҳое, ки ба муддати зиёда аз 180 рӯз қарзӣ бо тарҳ намудани арзиши таъминнокии имконпазир ташкил карда мешавад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ новобаста ба он, ки қарзҳо ба кадом гурӯҳ дохил мешаванд, бонк бояд барои аз тавозун (баланс) хориҷ сохтани зарарҳои аз ҳисоби додани қарз мегирифтааш захираи пулии эҳтиётӣ ташкил диҳад.

Баҳисобгирии қарзҳои мушкилситон

Баъди додани қарз корманди шӯъбаи қарзии бонк бояд аз болои гардиши маблағҳо назорати доимӣ барад. Ин назорат бо ду роҳ сурат мегирад. Кормандони шӯъбаи қарзии бонк бояд доимо рӯйхати қарзҳои додашударо дошта бошанд ва аз рӯи баргаштани онҳо назорат баранд.

Қарзҳои додашударо бонк дар ҳисоби ҷудогона ба ҳисоб мегирад. Дар ҳолати ба таъхир афтодани мӯҳлати баргардонидани қарзи ба пули миллӣ додашуда онро дар ҳисоби махсуси № 11117 «Қарзҳое, ки мӯҳлати пардохташон ба таъхир афтодааст», агар қарз ба асъори хориҷӣ дода шуда бошад дар ҳисоби № 11119 ба ҳисоб гирифта, аз онҳо фоизи зиёд, яъне фоизи ҷаримавӣ ситонида мешавад.

Қарзҳое, ки бонк ба муштариён медиҳад бояд таъминоти моддӣ дошта бошанд. Аксаран қарз ба гарави ягон чиз дода мешавад. Агар моли корхона ба гарав монда шавад, арзиши мол бояд баробари маблағи қарз ё аз он зиёд бошад.

Қарзи таъминоти моддӣ надошта ҳамон қарзе ҳисоб мешавад, ки умуман таъминоти моддӣ надорад ё таъминоти моддиаш аз 60 фоизи маблағи қарз камтар аст.

Чораҷӯӣ оид ба ситонидаии қарзҳои мушкилситон

Қарзҳое, ки дар мӯҳлати муқарраршуда бар намегарданд аз он шаҳодат медиҳанд, ки фаъолияти иқтисодию молиявии

корхона суст шудааст ва қарзро дар мӯҳлати муқарраршуда баргардонида наметавонад. Дар ин ҳолат корманди шӯъбаи қарзии бонк тавозун ва дигар ҳисоботи корхонаро ҳамата- рафа таҳлил намуда, сабабҳои норасой дар фаъолияти корхонаро муайян менамояд. Агар зарур бошад ба корхона рафта фаъолияти онро дар ҷояш месанҷад.

Барой баргардонидани қарзҳои мушкилситон бонк бояд чораҳои заруриро биандешад:

дигар кардани таркиби қарз, яъне агар илоҷаш бошад мӯҳлати баргардонидани қарзро тамдид намудан;

талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва гарави иловагй; ҳангоми мавҷудияти гарав онро фурӯхта қарзро бар- гардонидан;

бо роҳбарияти корхона кор бурдан;

дар ҳолати зарурй иваз кардани роҳбарияти корхона;

интишор ва фурӯши саҳмияҳои нав ва ғайра.

Агар дар натиҷаи ин чораҷӯихо фаъолияти корхона беҳтар нагардад ва эхтимолияти баргаштани қарз номуайян монад, пас бонк корхонаро муфлис эълон намуда, барои ситонидани қарз ҳуҷҷатҳои заруриро тартиб дода, ба суди иқтисодӣ муроҷиат менамояд.

Ташкили захираҳои пулӣ барои аз ҳисоб хориҷ намудани қарзҳои

мушкилситон

Эҳтимолияти хатари барнагаштани қарзҳои додашуда доимо вуҷуд дорад. Бинобар ин, бонк новобаста аз он ки қарзҳои додааш бармегарданд ё не, бояд барои пӯшонидани зарари эҳтимолй аз додани қарз захираи пулӣ ташкил диҳад.

Бонк бояд ҳар рӯз аз ҳаҷми қарзҳои додааш камаш 2% захираи пулӣ ташкил дода, дар ҳисоби алохида № 13999 «Захира барои талафоти имконпазир аз қарз» ба ҳисоб гирад. Агар қарз гурӯҳи дуюм, яъне «ғайристандартӣ» бошад бояд 5% аз ҳаҷми ин қарз захира намояд.

Дар ҳолати мавҷуд набудани қарзҳои «шубҳанок» баробари 30% ҳаҷми ин қарзҳо захираи пулӣ ташкил диҳад. Агар қарзҳои хатарнок мавчуд бошанду мӯҳлати бар гардонидани онҳо аз 60 то 180 рӯз ба таъхир афтода бошад, бонк бояд баробари 75%-и маблағи онҳо захираи пулӣ ташкил намояд.

Ҳангоми муайян намудани қарзҳои «беэътимод», ки мӯҳлати пардохташон аз 180 рӯз ва зиёдтар ба таъхир афтодааст ва таъмини моддӣ надошта бошанд, бонк бояд баробари 100%-и маблағи онҳо пул захира намояд.

Аз ҳисоб хориҷ кардани қарзҳои мушкилситон То аз тавозун хориҷ сохтани қарзҳои мушкилситон корманди бонк бо роҳбари корхона сӯҳбат намуда, ҷиҳати баргардонидани қарзи гирифтааш кор мебарад ва бо ҳам роҳҳои ҳалли мусбати масъаларо меҷӯянд. Агар мӯҳлати баргардонидани қарзро бештар аз ду маротиба дароз карда бошанду қарз барнагашта бошад, онро аз тавозуни бонк хориҷ месозанд.

531
Нет комментариев. Ваш будет первым!