- Обьектҳои астрономии воқеӣ (олами воқеӣ, ҷирмҳои кайҳонӣ ва системаи онҳо) новобаста аз инсон ва шуури ӯ мавҷуданд ва омӯхташавандаанд;
- Олами воқеӣ дорои таьрихи хеш аст, яьне ҳолати ҳозираи вай натиҷаи просесҳои эволютсионӣ мебошад;
- Пояи таҷрибавии астрономия мушоҳида аст;
- Олами воқеӣ ягона, дар вақт ҷовидон ва дар фазо беохиру беҳудуд аст;
- Олами воқеӣ якҷинса (ҳамаи нуқтаҳои фазо баробарқувва), изотропоӣ (ҳамаи самтҳои фазо баробарқувва) ва статсионарӣ (аз вақт новобаста) мебошад;
- Асоси назариявии астрономия механикаи классикӣ мебошад;
- Таркибу сохти фаъолияти маърифатӣ дар астрономия тағйирнопазир ва абадист (яъне дар нишондодҳои методологии астрономия тағйиротҳои қатъӣ ғайриимкон аст).
Инқилоб дар физикаи асри 20, ки дар фаҳмишу омӯзиши олами воқеӣ табаддулот ба вуҷуд овард, ба пояҳои маърифатию методологии астрономия низ таъсири беандоза калон расонд. Чун натиҷа дар нимаи дуюми асри 20 нишондодҳои методологии астрономия зери таҷдиди назари қатъӣ қарор гирифт.
Дар натиҷа нишондодҳои методологии зикршудаи астрономияи классикӣ, ғайр аз бандҳои 1, 2 ва 3 комилан иваз шуданд.
Аз ҷумла, масъалаи ягонагии Олам ва дар вақт ҷовидон будани он ҳамчун объекти астрономӣ (нигар ба банди 4) зери шубҳа қарор дода шуд. Акнун Олами воқеӣ аз се савияи аз назари сифатӣ фарқкунандаи микроолам, макроолам ва мегаолам иборат ҳисобида мешавад.
Дар астрономияи муосир ақидаи ғайристатсионарии олами воқеӣ қабул шудааст, яьне олами обьектҳои астрономӣ доимо дар тағйирёбию инкишофанд (бар хилофи банди 5-и нишондодҳои классикӣ).
Асоси назариявии астрономияи муосирро дар баробари механикаи классикӣ (банди 6), механикаи квантӣ ва физикаи релятивӣ низ ташкил медиҳанд.
Ниҳоят, таркибу сохти фаъолияти маърифатӣ (банди 7) дар астрономияи муосир абадӣ набуда, балки тағйирпазир мебошад. Инқилобҳои илмӣ, аз ҷумла дар астрономия низ, ба таввассути чунин тағйирпазириҳо бавуҷуд меояд.
Ҳамин тавр, дар асри 20 дар астрономия тағйиротҳои куллие ба вуҷуд омаданд, ки дар натиҷа асосҳои назариявии он, тасаввуротҳо оид ба олами воқеӣ, принсипҳои умумитарини методологӣ, ё худ нишондодҳои методологии ин соҳаи табиатшиносӣ маънои комилан дигар гирифтанд. Ин буд, ки нимаи дуюми асри 20 давраи инқилобии инкишофи астрономия шинохта мешавад.
Тавре дида мешавад, нишондодҳои методологии астрономияи муосир бо вуҷуди мавҷуд будани як қатор умумиятҳо аз нишондодҳои методологии астрономияи классикӣ бо мафҳумҳо, принсипҳо ва категорияҳои комилан нав фарқи ҷиддӣ доранд.