Фоиданокии бизнеси бонкӣ

Нақша:

  1. Фоиз ва меъёри фоида.
  2. Динамикаи мизони фоиз.

Бонкҳо дар асоси ҳисоби тиҷоратӣ фаъолият мебаранд, яъне онҳо ба даст овардани фоидаро дар назар доранд. Фоида дар бонк барои он ба вуҷуд меояд, ки мизони фоизи қарзӣ ҳама вақт аз мизони фоизи депозитҳо баланд мебошад.

Асоси фоидаи умумии бонкҳоро фарқияти байни суммаи умумии фоизҳои қарзӣ ва суммаи умумии фоизиҳои депозитӣ ташкил менамояд.

Ба фоидаи умумии бонкҳо инчунин даромадҳо аз амалиётҳои тиҷоратӣ дхил мешаванд (масалан, даромад аз хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок, асъор ва ғайра).

Қисми фоидаи умумии бонк хароҷотҳои онро рӯйпӯш менамояд (музди меҳнат ба коркунони бонк, хароҷотҳои контселярӣ ва ғайра). Қисми боқимондаи фоида, фоидаи софро ташкил менамояд. Фоидаи соф барои ҳисоб карадани меъёри фоидаи бонкӣ истифода бурда мешавад.

Меъёри фоидаи бонк (Фб)-ин фоидаи софи бонк (Фс) ба капитали аз они худи бонк (Кх) мебошад, ки бо фоиз ифода карда мешавад.

Фс
Фб = ______________*100 %
Кх

Фаҳмидани динамикаи мизоёни фоиз дар ҳолате имконпазир аст, ки агар таъсири таносуби талабот ва таклифот ба он ба эътибор гирифта шавад.

Агар талабот ба капитали қарзӣ аз таклифоти он зиёд бошад, дар ин ҳолат маштабҳои ё дирои истифодабарии он васеъ мешавад. Агар воситаҳои пулии озод нисбат ба талабот зиёд бошад, дар ин ҳолат мизони фоиз паст мешавад.

Дар нимаи дуюми асри 20 дар бисёр мамлакатҳои тараққикарда норасогии капитали қарзӣ мушоҳида карда шуд, хусусан дар шаклҳои инвеститсияҳои миёнамӯҳлат ва дароз мӯҳлат. Чунин азъият бо он асос меёбад, ки дар шароити прогрессии илмӣ-техники корхонаҳои калон воситаҳои зиёдеро барои техникаи нав тахассусмандии коргарон савдо менамоянд. Инчунин давлат низ ба капитали қарзӣ, ниёзи талаботи зиёде пайдо менамояд.

Бо зиёд шудани талабот ба капитали қарзӣ тамоюли баладшавии мизони фоиз мушоҳида карда мешавад.

ҳаҷми мизони фоиз инчунин аз ҳолати иҷтимоии мизоҷон (клиент) вобастагӣ дорад.

Қарзҳо ба корхонаҳои калон бо шароитҳои беҳтарин дода мешавад. Барои корхонаҳои майда, аҳолӣ мизонҳои баланди қарзӣ ҷорӣ карда мешаванд.

Дар шароити таваррум (инфлятсия) мизони фоизи номиналӣ ва реалиро фарқ мекунанд.
Мизони номиналӣ- ин мизоне, ки бо воҳиди пулӣ ифода ёфтааст.
Мизоёни реалӣ- ин мизони фоиз бо ҳисоби таваррум.

543
Нет комментариев. Ваш будет первым!