Проблемаи ҳаёт ва шуур дар Олам ва тамаддунҳои ғайризаминӣ

Масъалаи ҳаёт, шуур ва тамаддунҳои ғайризаминӣ аз ҷумлаи проблемаҳоест, ки садсолаҳо диққати на танҳо мутахассисон, балки мардуми омро низ ба худ ҷалб мекунад. Оид ба тамаддунҳои ғайризаминӣ хусусан дар осори бадеӣ, дар риштаи фантастикаи он, асарҳои зиёде иншо шудаанд. Аз нимаҳои асри 20 сар карда, ба тавассути маълумотҳои нав ба нави астрономӣ, сохта ба истифода дода шудани асбобҳои пуриқтидор ва фавқулдақиқи мушоҳидаи кайҳон ва оғози кайҳоннавардии амалӣ гузориши мавзӯи тамаддунҳои ғайризаминӣ аз сари нав авҷ гирифт. Имрӯзҳо ҷустуҷӯи объектҳои номаълуми паррон (мухаффафи русиаш НЛО) ва вохӯрӣ бо муҳоҷирони тамаддунҳои ғайризаминӣ ба яке аз мавзӯъҳои машҳури воситаҳои ахбори омма ва ҳатто маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ саволе пайдо мешавад, ки оид ба ин масъала илми муосир чӣ ақида дорад ва оё дар ин самт корҳое иҷро шуда истодаанд? Барои ба ин савол ҷавоб додан пеш аз ҳама бояд дар назар дошт, ки гузориши масъалаи тамаддунҳои ғайризаминӣ асоси илмӣ дорад. Илми муосир тамаддунҳои ғайризаминиро ҳамчун ҷамъияти махлуқҳои бошуури дар объектҳои дигари кайҳонӣ (ғайри Замин) маскунбуда тасвир менамояд. Аз нуқтаи назари илми муосир тасаввурот оид ба имконияти мавҷуд будани тамаддунҳои ғайризаминӣ далелҳои объективӣ дорад. Воқеан, мувофиқи маълумотҳои тасдиқшудаи имрӯза сайёраи Замин яке аз сайёраҳои қатории системаи офтобӣ мебошад, ки танҳо бо мавқеи нисбат ба Офтоб ва як қатор махсусиятҳои сохту таркиб аз ҳамтоҳои дигараш фарқ мекунад. Офтоб дар навбати худ ситораи қатории Галактикаи мо (Роҳи каҳкашон) мебошад, ки он аз 150 – 200 млрд ситора иборат аст. Галактикаи мо бошад яке аз садҳо миллиард галактикаҳо буда, мувофиқи маълумотҳои имрӯза шумораи умумии ситораҳо дар Олам ба 1022 баробар аст. Пас, шумораи сайёраҳое, ки дар онҳо пайдоиши ҳаёт моҳиятан имконпазир аст то 1022 адад тахмин кардан аз эҳтимол дур нест. Албатта на дар ҳар як сайёрае, ки нисбат ба ситораи худ дар мавқем муносиб ҷойгир шудааст, нишонаҳои ҳаёт ба вуҷуд меояд. Пайдоиши ҳаёт дар ҳамон сайёра имконпазир аст, ки агар:

— дар он ҳарорати мӯътадил мавҷуд бошад, зеро дар ҳароратҳои аз ҳад баланд ва ё аз ҳад паст ҳаёт ғайриимкон аст;
— дар он бояд қабати обӣ (гидросфера) мавҷуд бошад, зеро тахмин карда мешавад, ки намудҳои аввалини организми зинда дар дохили об пайдо шудаанд;
— массаи сайёра набояд аз ҳад хурд бошад, зеро он гоҳ вай атмосфераи худро ба зудӣ гум мекунад; массаи сайёра бояд аз ҳад калон ҳам набошад, дар акси ҳол таркиби аввалаи атмосфера, ки аз ҳидрогену ҳелий иборат аст, тағйир намеёбад ва оксиген пайдо намешавад;
— дар сайёра барои ба вуҷуд омадани пайвастаҳои малекулавии мураккаб, ки асоси организми зиндаро ташкил медиҳанд, бояд шароити мусоид мавҷуд бошад.

Бо дарназардошти шароитҳои зикршуда танҳо дар 1-2 фоизи ситораҳо сайёрае мавҷуд буда метавонад, ки дар онҳо пайдоиши ҳаёт имконпазир аст. Ҳамин тавр шумораи сайёраҳое, ки дар онҳо пайдо шудани ҳаёт аз эҳтимол дур нест, ниҳоят зиёд ~1020 мебошад. Мувофиқи ин ҳисобкуниҳо танҳо дар Галактикаи мо шумораи ин гуна сайёраҳо тахминан ба 109 (як миллиард) баробар аст.

Мувофиқи маълумотҳои дақиқи астрономӣ дар системаи офтобӣ танҳо дар сайёраи Миррих (Марс) ва эҳтимол дар радифи сайёраи Муштарӣ – Ио мавҷуд будани нишонаҳои соддатарини ҳаёт имкон дорад.

Аз солҳои 60-ум сар карда то ибтидои асри 21 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (сонӣ дар Россия) як қатор корҳои илмию тадқиқотӣ гузаронида шуданд, ки натиҷаи онҳо хулосаи зайл аст:
— проблемаи тамаддунҳои ғайризаминӣ ва тадқиқи он асоси илмӣ дорад;
— ин проблема масъалаи бисёрҷабҳа ва байнисоҳавӣ буда, ҳалли он ҳамкории байналхалқӣ ва саъю кӯшиши мутахассисони соҳаҳои гуногуни табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва фалсафиро талаб менамояд.

Бинобар он тадқиқот дар самтҳои зерин суръат гирифт:
— таҳлилу инкишофи асосҳои назариявӣ ва мафкуравии ҷаҳонбинонаи проблемаҳои пайдоиш ва инкишофи тамаддунҳои ғайризаминӣ;
— коркарди роҳҳои гуногуни ҷустуҷӯи тамаддунҳои ғайризаминӣ ва барқарор намудани робита бо онҳо;
— коркарди усулҳои ошкор намудани тамаддунҳои ғайризаминӣ аз рӯи нишонаҳои фаъолияти онҳо;
— ҷустуҷӯи сигналҳои имконпазир аз тамаддунҳои ғайризаминӣ ва мушоҳидаҳо дар доираи радиомавҷҳо ва мавҷҳои оптикӣ;
— равон кардани маълумотҳо ба тамаддунҳои ғайризаминӣ оид ба мавҷудияти тамаддуни заминӣ.

Ҳамин тавр, дар нимаи дуюми асри 20 инкишофи табиатшиносӣ, аз ҷумла астрономия, имконият дод, ки проблемаи тамаддунҳои ғайризаминӣ аз сатҳи сирф назарӣ то ба сатҳи илмию амалӣ бардошта шавад.

Дар замони ҳозира се роҳи робита бо тамаддунҳои ғайризаминӣ пешниҳод шудааст:

  1. Робитаи бевосита, яъне ташкили сафари кайҳонӣ ва бозгаши кайҳоннавардон ба замин;
  2. Сафари кайҳонии бебозгашт, яъне сокиншавии инсон дар объектҳои дигари кайҳонӣ;
  3. Робитаи ахборӣ дар доираи радиомавҷҳо.

Таҳлили назариявии робитаҳои зикршуда бо тамаддунҳои ғайризаминӣ мавзӯи муҳокимаи олимон аст, вале роҳҳои ҳалли амалии онҳо то ҳанӯз маълум нестанд. Сабаби асосии чунин ҳолат беандоза калон будани масофаҳои байни объектҳои кайҳонӣ мебошад. Масалан, масофа то ситораи ба мо наздиктарин, ки ά — сентавра ном дорад, тақрибан 40 триллион км аст (барои ба ин масофа баҳо додан фарз мекунем, ки байни Замину ин ситора роҳи мошингард мавҷуд аст, онгоҳ агар автомобил бо суръати 100 км/соат беист ҳаракат кунад, вай ин масофаро дар 45 миллион сол тай хоҳад кард). Масофаҳо то ситораҳои дигари Галактикаи мо ва, хусусан, то Галактикаҳои дигар боз ҳам калонтаранд. Аз ин рӯ, дар астрономия аз воҳидҳои махсуси масофа истифода мебаранд, ки маъмултарини он соли рӯшноӣ (с.р.) мебошад. Як соли рӯшноӣ масофаест, ки онро рӯшноӣ дар як сол тай мекунад. Азбаски 1 сол ≈ 31,5 х 106 сония ва суръати рӯшноӣ с ≈ 300 000 км/cон аст, 1 с.р. ≈ 9,45 х 1012 км аст, яъне тақрибан 10 триллион км мебошад.

Мувофиқи маълумотҳои дақиқи астрономӣ диаметри Галакатикаи мо 100 000 с.р. буда, масофа то галактикаи ба мо наздиктарини Андромеда тақрибан ба 2 млн. соли рӯшноӣ баробар аст. Аз ин рӯ, саёҳат ба ин масофаҳо солҳои зиёдро талаб мекунад ва бинобар он роҳи робита бо тамаддунҳои ғайризаминӣ, яъне робитаи бевоситаи дутарафа амалан ғайри имкон аст. Масалан, то ситораи ба мо наздиктарини ά – сентавра, ки дар масофаи ҳамагӣ 4,2 соли рӯшноӣ ҷойгир шудааст, бо мушаки кайҳонии имрӯзаи суръаташ 15 км/сон бояд 800 000 сол (ҳаштсад ҳазор сол) парвоз кардан лозим аст. Охирҳои соли 2012 воситаҳои ахбори омма хабар доданд, ки дар Галактикаи мо, дар масофаи 42 с.р. сайёраи барои мавҷудияти ҳаёти биологӣ мувофиқ кашф карда шуд. Ба осонӣ ҳисоб кардан мумкин аст, ки барои то он сайёра расидан бо киштии кайҳонии ҳозиразамон бояд 8 000 000 сол (8 млн сол) парвоз кард. Аз ин нуқтаи назар, натанҳо робитаи тарафайн, балки парвозҳои бебозгашт низ бо вуҷуди надоштани мушкилоти присипионалӣ имрӯзҳо амалан ғайриимконанд. Ба ҳар ҳол ба мақсад мувофиқ будани ин гуна парвозҳоро бояд наслҳои ояндаи дури инсон ҳал намоянд.

Ҳамин тавр, дар замони ҳозира робитаи амалан имконпазир бо тамаддунҳои ғайризаминӣ танҳо радиоалоқа мебошад. Бинобар он аз солҳои 60 – ӯми асри гузашта сар карда дар ИМА ва собиқ иттиҳоди шӯравӣ ҷустуҷӯи ахбороти мавҷӣ аз тамаддунҳои ғайризаминӣ бо ёрии радиоантеннаҳои пуриқтидор бо роҳ монда шуд. Ғайр аз ин дар давоми ин солҳо ба самтҳои гуногуни кайҳон оид ба ҳаёт ва тамаддуни заминӣ ахбори рамзӣ фиристода шуд. Мутаассифона, ин ҷустуҷӯҳои 50 – сола то ба ҳол натиҷае надоданд. Вале ин натиҷаи манфӣ маънои онро надорад, ки тамаддунҳои ғайризаминӣ умуман вуҷуд надоранд ва мо – зодагони Замин дар ин олами беканор ягонаем. Масалан, агар тамаддунҳои ғайризаминӣ ҳатто дар Галактикаи мо ва дар масофаҳои ҳамагӣ 50 – 60 соли рӯшноӣ ҷойгир шуда бошанд, барои мубодилаи тарафайни ахбор камаш 100 – 120 сол зарур аст. Дар ин фосилаи вақт якчанд насли инсон иваз мешавад, имкониятҳои илмию техникӣ тағйир меёбанд, мақсаду мароми инсон дигар мешавад ва он чизе ки барои насли имрӯза муҳим аст, аҷаб нест, ки барои наслҳои оянда аҳамияти худро гум кунад. Ва, ниҳоят, мо бояд ақидаеро низ аз эътибор соқит накунем, ки Замин дар тамоми Олам, ё худ аққалан дар Галакатикаи мо, ягона сайёраест, ки дар он, дар ҷараёни эволютсияи космологӣ, ҳаёт ва тамаддуни инсонӣ ба вуҷуд омадааст.

Хулоса, имрӯз ба саволи «Оё дар Олам ҳаёт ва тамаддунҳои ғайризаминӣ мавҷуданд? посух бояд чунин садо диҳад: «Мумкин мавҷуд бошанд, мумкин мавҷуд набошанд, вассалом».

480
Нет комментариев. Ваш будет первым!