Космогонияи ситораҳо ва сайёраҳо
Агар ба таърихи астрономия назар андозем, маълум мешаванд, ки ҳанӯз дар ҳазораҳои сеюм ва дуюми то милод дар Шарқи Қадим, хусусан дар Мисру Бобулистон донишҳои нахустини астрономӣ бо мақсади тартиб додани тақвиму солшуморӣ пайдо шудаанд. Дар айни замон донишҳои астрономии зикршуда асосан дар доираи ақидаҳои астрологӣ ташаккул ёфта буданд. Астрология (нуҷум) – таълимотест, ки гӯё аз рӯи ҷойгиршавии ҷирмҳои осмонӣ тақдиру сарнавишти одамон ва ҳодисаҳои ояндаро пешгӯӣ мекарда бошад. Фолномаи нахустини астрологии то ба мо расида ҳанӯз асри 5 – и то милод иншо шудааст. Дар гузаштаи дуру наздик дороён дар дарбори худ мунаҷҷимони муқимӣ доштанд ва пеш аз ба коре даст задан бо онҳо машварат мекарданд; то асри 17 дар донишгоҳҳои аврупоӣ дар баробари астрономия курси астрология низ хонда мешуд. Имрӯзҳо ҳам зиёд касоне ёфт мешаванд, ки ба фолбинон бовар доранд ва ба онҳо муроҷиат мекунанд; дар рӯзномаю маҷаллаҳо фолномаҳо мунтазам дарҷ мегарданд…
Аввалин кӯшишҳои ба астрономия додани асосҳои илмӣ дар Юнони қадим сурат гирифтааст. Нишонаи барҷастаи ин кӯшишҳо асари «Алмаҷест»-и олими Юнони қадим Клавдий Плотомей (асри 2 милодӣ) мебошад, ки дар он Системаи геосентрии Олам пешниҳод шудааст.
Қадами қатъии инқилобӣ дар астрономия дар давраи Эҳё (асри 16) гузошта шуд. Астрономи лаҳистонӣ (Полша) Николай Коперник Системаи гелиосенитрии Оламро пешниҳод кард, ки он дар таърихи илм барҳақ «инқилоби коперникӣ» унвон гирифтааст.
Пайрави Н. Коперник рӯҳонии неаполитанӣ (Италия) Ҷордано Бруно гелиосентризмро бо ақидаи Олами якҷинса, изотропӣ ва беҳудуд, ки пеш аз Коперник маълум буд, пайваст намуда, консепсияи системаҳои сайёравии бешумор ва Олами беохирро пешниҳод кард. Барои ин ақидаҳои илмиаш ин марди шуҷоъ ва фидоии илму маърифат ба шаккокӣ айбдор шуда, ба қатл маҳкум ва дар оташ сӯзонда мешавад. Танҳо пас аз 300 сол ба хотири ӯ ҳайкали ёдгорӣ мегузоранд.
Инкишофи минбаъдаи астрономия бо номи олимони барҷастаи асрҳои 16 – 17 Тихо Браге, Иоганн Кеплер, Рене Декарт ва Исаак Нютон вобаста аст. Астрономи даниягӣ Т. Браге дар давоми зиёда аз 40 сол ҳаракати сайёраҳоро мушоҳида карда, пеш аз вафоташ дастхатҳои хешро ба олими немис И. Кеплер медиҳад. Кеплер дар асоси ин маълумотҳо се қонуни ҳаракати сайёраҳоро кашф мекунад ва қатъиян исбот менамояд, ки ин ҳаракат таҳти таъсири Офтоб идора мешавад. Дар инкишофи афкори назариявӣ дар физика ва астрономия нақши мутафаккури барҷастаи фаронсавӣ Р. Декарт низ бузург аст. ӯро асосгузори космогонияи илмӣ номидан мумкин аст.
Космогония – яке аз бахшҳои астрофизика буда, таълимот дар бораи пайдоиш, эволютсия ва сохти объектҳои кайҳонӣ мебошад. Асосгузори механикаи классикӣ, физик ва математики барҷастаи англис И. Нютон натиҷаҳои табиатшиносии асри 17-ро ҷамъбаст намуда, қонунҳоеро кашф намуд, ки асоси тадқиқотҳои илмии зиёда аз 200 соли минбаъда дар физика ва астрономия шуданд. Аз қонуни ҷозибаи умумиолам Нютон қонунҳои Кеплерро бо осонӣ ҳосил намуда, бо ҳамин исбот намуд, ки ҳодисаҳои рӯизаминӣ ва осмонӣ табиати физикии якхела доранд ва бо ҳамон як қонунҳо итоат мекунанд. Бояд қайд намуд, ки Нютон ба чунин хулосаҳои воқеан инқилобӣ ҳанӯз дар солҳои ҷавонӣ (дар 22 – 24 солагӣ) омада буд.
Дар тӯли садсолаҳо астрономия ҳамчун илм оид ба Системаи офтобӣ шинохта мешуд. Танҳо дар асри 18 омӯзиши олами ситораҳо ва галактикаҳо оғоз меёбад. Маҳз дар ин солҳо кӯшишҳои аввалини чен кардани масофаи байни ситораҳо карда мешаванд; бо ёрии телескопҳо объектҳои нав – туманпораҳо кашф карда шудаанд, ки анбӯҳи Ситораҳо – галактикаҳо буда, дар масофаҳои бениҳоят дур ҷойгир шудаанд. Дар ин самти тадқиқот саҳми астрономи англис Гершел беназир аст. Вай бо телескопҳои пуриқтидори худсохтааш зиёда аз 2500 чунин туманпораҳоро (галактикаҳоро) кашф кард.
Аввалин назарияи умдаи инкишофи Оламро мутафаккир ва файласуфи шинохтаи немис Иммануил Кант дар асоси назарияи ҷозибаи И. Нютон пешниҳод кард (соли 1755). Сонитар (соли 1796) ақидаҳои ба Кант наздикро (новобаста аз вай) физик, математик ва астрономи фаронсавӣ Пйер Симон Лаплас низ баён намуд, ки онро гипотезаи Кант – Лаплас меноманд. Маҳз ҳамин гипотеза асоси космогонияи муосирро ташкил медиҳад. Мувофиқи ин ақида ҳамаи объектҳои кайҳонӣ аз гарду чангҳои кайҳонӣ ба тавассути ҳаракати даврзананда пайдо шудаанд.
Тавре маълум аст (нигар мавзӯи 5), дар як давраи муайяни эволютсияи Олам дар натиҷаи васеъшавӣ ва хунукшавии он аз зарраҳои элементарии мавҷуда атомҳои ҳидроген (Н) ва гелий (Не) ҳосил мешаванд ва Оламро омехтаи ин газҳо пур мекунад. Мувофиқи космогонияи муосир ситораҳо аз абрпораҳои ин омехтаи газҳо ба тавассути ҳаракати даврзанӣ пайдо шудаанд. Дар натиҷаи даврзанӣ зичии маркази абрпора то рафт зиёд мешавад, ҳарорат меафзояд ва он ба кураи шӯълавар (оташин) табдил меёбад, ки онро мо ситора меномем. Ҳарорат дар маркази ситораҳо ба даҳҳо миллион градус мерасад. Дар чунин ҳароратҳо атомҳои ҳидроген ва ҳелий электронҳои худро гум карда ба ядроҳои луч табдил меёбанд (ионизатсия мешаванд). Чунин ҳолати системаро плазма мегӯянд, яъне ситора аз назари физикӣ кураи плазмагӣ аст. Мувофиқи принсипҳои физикаи ядроӣ дар қаъри ситораҳо реаксияи синтези элементҳои сабук, ё худ реаксияи термоядроӣ сурат мегирад. Дар натиҷа ядрои элементҳои вазнинтари химиявӣ ҳосил ва миқдори зиёди энергия хориҷ мешавад. Ба дигар маънӣ ситора – бомбаи термоядроиест, ки пайваста таркида меистад. Дар просесси таркиш ядроҳои вазнинтари ҳосилшуда аз марказ хориҷ мегарданд ва сари роҳи худ электронҳои даркориро гирифта ба элементҳои химиявӣ табдил меёбанд. Бинобар он ситораро «фабрика» — и моддаҳои химиявӣ меноманд. Аз ин моддаҳои химиявии ба атрофи ситораҳо партофташуда, минбаъд сайёраҳо, кометаҳо, астероидҳо ва метеорҳо ба вуҷуд омадаанд.