Соли 1929 астрономи дигари амрикоӣ Эдвин Хаббл масофа то галактикаҳоро ҳисоб намуд ва онро бо ҷойивазкунии сурхи спектри ин галактикаҳо муқоиса карда нишон дод, ки бузургии ҷойивазкунӣ бо зиёдшавии масофа меафзояд. Ин натиҷаро, ки қонуни Хабблномида мешавад, ба намуди зерин навиштан мумкин аст:
v= Hr
Ин ҷо v – суръати дуршавии галактикаҳо (васеъшавии Олам), r – масофа то галактикаҳо ва Н – коэффисиенти мутаносибӣ мебошад, ки доимии Хаббл ном дорад. Аз қонуни Хаббл бармеояд, ки дар замони ҳозира бузургии суръати дуршавии галактикаҳо функсияи масофа то ба онҳо буда, вобастагии мутаносиби роста дорад, яъне чӣ қадаре, ки галактика дуртар бошад, суръати дуршавии он ҳамон қадар калонтар аст. Аз рӯи ченкуниҳои ҳозира ин суръат ба 50 – 100 км/сон ба ҳар як мегапарсек масофа баробар аст (1 мегапарсек = 1 миллион парсек ва 1 парсек = 3,08 * 1016 м – воҳиди масофа дар астрономия буда, масофаест, ки онро рӯшноӣ дар зарфи 3,26 сол тай мекунад). Дар замони ҳозира ҷойивазкунии сурхи ҳазорҳо галактикаҳо чен карда шудаанд.