Сохти молекула. Бандҳои химиявӣ ва намудҳои он

Назарияи сохти молекулии моддаҳо яке аз қисмҳои асосии химияи квантӣ ба шумор меравад. Тавре қайд намуда будем, атомҳо тавассути алоқаҳои химиявӣ пайваст шуда, молекулаҳоро ба вуҷуд меоранд. Молекулаҳо ба монанди атомҳо объектҳои квантианд. Онҳо бо таркиб, массаи молекулавӣ ва формулаи сохторӣ ифода карда шуда, аз якдигар бо ин аломатҳо фарқ мекунанд.

Масалан, таркиби об бо формулаи Н2О ифода карда шуда, массаи молекулавиаш ба 18 баробар ва формулаи сохториаш Н – О – Н мебошад. Андозаи молекулаҳо аз масса ва сохтори он вобаста буда, тақрибан ба 10-7 м (аз 10 миллион як ҳиссаи 1 метр) баробар аст. Як қатор молекулаҳо таркиби якхела дошта, бо ҷойгиршавии атомҳо ва пайдарпаии бандҳои химиявӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин молекулаҳо изомерҳо номида шуда, формулаҳои сохтории гуногун доранд ва хосиятҳои химиявиашон якхела намебошанд.

Бандҳои химиявӣ яке аз мафҳумҳои асосии назарияи квантии молекулаҳо ба шумор меравад. Банди химиявӣ – василаест, ки ба тавассути он аз атомҳо молекулаҳо ҳосил мешаванд. Бандҳои химиявӣ танҳо аз ҳисоби таъсири мутақобилаи электромагнитии электронҳо ва ядрои атомҳои молекуларо ташкилдиҳанда ба вуҷуд меоянд. Ду намуди асосии бандҳои химиявӣ – ионӣ ва ковалентӣ мавҷуд аст. Банди ионӣ дар натиҷаи аз як

Атом ба атоми дигар гузаштани электронҳо ва ҳосил шудани ионҳои мусбату манфӣ, ки бо якдигар алоқаи электростатикӣ дорад, ҳосил мешавад (масалан, NaСl). Банди ковалентӣ дар натиҷаи умумигардии электронҳои атомҳои молекуларо ташкилдиҳанда ҳосил мешавад. Дар ин ҳол электронҳои қабати берунаи атомҳои ба молекула дохилшаванда барои ин атомҳо умумӣ мегарданд (масалан, Н2, О2, СО2 ва ҳ.).

2.39K
Нет комментариев. Ваш будет первым!