Хулосаҳои умуми илмӣ аз назарияи нисбияти Эйнштейн

Назарияи нисбияти Эйнштейн аввалин назарияи физикӣ буд, ки нуқтаи назари олимонро оид ба фазо, вақт ва ҳаракат куллан тағйир дод. Агар дар механикаи классикӣ фазо ва вақтро новобаста аз ҳамдигар ва аз ҳаракати ҷисмҳои материалӣ, яъне мафҳумҳои мутлақ меҳисобиданд, пас бо бунёди назарияи махсуси нисбият қатъиян муқаррар гардид, ки:

  1. Ҳама гуна ҳаракати ҷисмҳо танҳо нисбат ба ҷисмҳои дигар, ки чун системаҳои сарҳисоб ҳисобидан мумкин аст, тасвир карда мешавад;
  2. Фазо ва вақт байни худ вобастагии зич доранд, зеро танҳо дар якҷоягӣ онҳо ҳолати ҷисми мутаҳаррикро муайян карда метавонанд. Маҳз бо ҳамин сабаб дар назарияи нисбият системаи координатаҳои чорченака дохил мекунанд, ки дар он координатаи чорӯм вақт аст;
  3. Назарияи махсуси нисбият нишон дод, ки принсипи нисбият дар системаҳои сарҳисоби инерсиалӣ барои қонунҳои электродинамика низ ҷой дорад, танҳо дар ин ҳол бар ивази табдилёбиҳои Галилей табдилёбиҳои Лоренс истифода мешаванд;
  4. Дар асоси ба просесҳои электромагнитӣ татбиқ намудани принсипи нисбият, доимии суръати рӯшноӣ ҳамчун постулат қабул карда мешавад.
  5. Назарияи умумии нисбият аз чунин маҳдудиятҳо ба монанди бартарияти системаҳои сарҳисоби инерсиалӣ, ва принсипи доимии суръати рӯшноӣ даст мекашад ва ба хулоса меоварад, ки ҳама гуна системаҳои сарҳисоб барои тасвири қонунҳои табиат баробарқувваанд.

Аз назари умумиилмӣ натиҷаи муҳимтарини назарияи умумии нисбият аз он иборат аст, ки вай вобастагии хусусиятҳои фазову вақтии Оламро аз мавқеъ ва ҳаракати массаҳои ҷозибавӣ муқаррар намуд. Фазо ва вақт бидуни материя ҳеҷ аст ва маъно надорад. Фазову вақт шакли мавҷудияти материя мебошад ва ҳамчун ифодакунандаи муносибатҳои умумитарини объектҳои материалӣ берун аз материя мавҷуд буда наметавонад.

565
Нет комментариев. Ваш будет первым!