Чароғи хона мегӯянд занро…
Зан агар оташ намешуд хом мемондем мо,
Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.
Модар! Калимаест зебо ва шуниданаш гуворо. Калимаест, ки ҳатто аз зебоии гул нозанинтар аст. Вақте, ки мо ин калимаро ба забон мегирем, ба ҷаҳоне ворид мешавем – ҷаҳони меҳру шавқат, самимият, ҷаҳоне, ки дар он суруди «Алла» танинандоз аст. Дар дунё гармтар аз меҳр, ширинтар аз шаҳду шакар, болотар аз тавоноиву қудрат, нармтар аз дили модар чизе нест.
Модар! Бароям хуршеди анвару моҳу ахтарӣ, бароям бахту иқболӣ ва ёвару раҳбар низ ва ниҳоят, бароям чашмаи ҳаётӣ. Оре, ҳамаи ин зебоиву меҳрубониҳоят бароям сарчашмаи зиндагӣ, сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт аст. Модар номи ту чунон бузургу муқаддас аст, ки ҳама бо ин ном мефахранду меболанд. Дар оғӯшат тамоми оламро фаромӯш мекунанд. Худро мисли кӯдаки навзод ҳис мекунанд. Мехоҳанд дар оғӯши модар тамоми тахливу ширинии оламро фаромӯш кунанд. Ҳар кас симои дилчаспу меҳрубонона модарро мебинаду рӯҳаш тоза мешавад ва мехоҳад равшании шоми модар, сарбаландии модар бошад.
Дар ҳаққи бузургии зан шахсиятҳои номдор суханҳои зиёде гуфтанд. Пайғомбари ислом ҳазрати Муҳаммад © низ ба зан – модар баҳои баланд додааст: «Биҳишт зери қудуми модарон аст». Яъне аз ин суханҳо бармеояд, ки зан – модар барои гузаштаю имрӯзу фардои ҳаёти инсонӣ хизматҳои арзандаю созанда кардаасту мекунад. Ӯ офаридаи ҳаёт аст. Нисбати ин ҷинси латиф ҳамеша ғамхору самимӣ будан, иззату эҳтироми занону модаронро ба ҷо овардан камоли хирадмандист.
Бале, зан модар чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт, олиҳаи бемисли ҳусну зебоӣ, шахси ғамхору мушфиқ ва меҳрубон аст. Модар дар ҳаёти кас ҳама чиз аст: тасалло дар маълумию имдодгарӣ, дар бадбахтӣ, қувва дар заифӣ, нур дар дили сиёҳӣ шаб. Хулоса, вай чашмаи шафқат, саховат, муқаддимаи ҳаловату осоиш аст.
Занон ба нозукию латиф буданашон нигоҳ накарда, ниҳоят баномусу серғайратанд. Онҳо аз ӯҳдаи бисёр корҳои вазнин мебароянд. Баробари мардон дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, баробари мардон қадам мениҳанд ва аз ҳама асосияш, насли инсонро ба дунё оварда, тарбия мекунанд. Бисёр занонро медонем, ки ба корнамоии худ ном баровардаанд. Ба мисли Валентина Терешкова, аввалин зани кайҳонавард, Индира Гандӣ, сардори давлати Ҳиндустон, Беназир Буҳутто, собиқ сарвазири Покистон, аз ҷумҳурии мо Зебуниссо Рустамова, чемпиони ҷаҳон оид ба камонкашӣ, Зебуниссо, шоира, Гулчеҳра Сулаймонова, Озод Аминзода, Гулрухсор Сафиева ва садҳо шоираҳои дигарро медонем, ки бо эҷодиёти баланди худ ба дилҳо роҳ ёфтаанд, чароғи хонадонро равшан нигоҳ медоранд, ба хонадон гармӣ ато мекунанд. Аз ин рӯ, зан нигаҳдорандаи чароғи равшани хонадон буда, бо ҳастии худ ҷаҳонеро мекушояд. Бинобар ин Ҳукумати Тоҷикистон нақшу мартабаи занонро ҳамеша баланд мебардорад. Онҳо дар ҳамаи сохторҳои идоракунии давлат фаъолона иштирок намуда, баробари мардон қадам мезананд. Онҳо дар ҳамаи корҳо фаъоланд. Ин гуфтаҳо шаҳодати онанд, ки занҳо бо ҳастии худ на танҳо чароғи хонадон ҳастанд, инчунин тақидрҷунбони дуньё низ ҳастанд. Онҳо бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дуньёро меҷунбонанд.
Аз бузургии зан он чиз шаҳодат медиҳад, ки ҳар сол дар иди Занон сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бонувони ҷумҳурӣ вохӯрӣ менамояд. Дар рӯзи 8-уми март, яъне рӯзи иди Занон онҳоро табрик менамояд. Бо Фармони махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад соли 2009 рӯзи 8-уми март ҳамчун рӯзи модарон эълон карда шуд.
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд.
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Ҳатто дар вақти Ҷанги Бузурги Ватанӣ занон – модарҳо ҷонашонро дар кафи даст гирифта ватанашонро ҳимоя намуданд. Аксарият занон дар ҷанг нақши ҳамшираи шавқатро иҷро менамуданд ва қаҳрамонҳои зиёде нишон доданд. Маҷрӯҳонро аз дами марг наҷот доданд, бо лафзи ширини худ дили онҳоро ба зиндагӣ гарм намуда, умеди онҳоро ба фардои нек дубора зинда намуданд. Аз ин рӯ, гуфтанд:
Зан – модари ман, модари ту, модари вай аст,
Зан шарбати ҳар косаву шароби ҷон аст.