Шарму ҳаё зиннати инсон аст

Шарму ҳаё ҳусну зиннати инсон аст. Ҳар шахсе, ки бошарму ҳаёст ҳамеша аз хислати ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархӯрдор аст. Аслан ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Фурӯтаниву боҳимматӣ тоҷи сари шахси бошарму ҳаё буда, ба ҳусни ӯ ҳусни дигаре зам мекунад. Хусусан шарму ҳаё ба зебогии духтарон ҳусни дучанд ато намуда, онҳоро боз ҳам зеботару дилкаш месозанд. Аз ин рӯ, аз чеҳари шахсоне, ки ба худ фурӯтаниву боҳимматиро пеша карданд, мудом нур меборанд. Нуре, ки онро ҳамчун нури адаб эътирофаш карданд. Нурест, ки шахсро аз ҳаргуна нокомиҳо нигоҳ медорад. Вобаста ба ин ингуна шахсон ба хубӣ медонанд, ки бузурге гуфта:

Манманиҳо пешаи шайтон бувад,

Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.

Бешубҳа, ҳар ҷо ки шарму ҳаё аст, манманиҳо нишонае набуда, пешрафту нумӯъ ба назар мерасад. Аз ин хотир адаб, шарму ҳаё роҳнамоӣ зиндагӣ буда, онро ҳамчун чароғаки раҳнамо ба низоми муайян медарорад. Бинобар ин дар оилае, ки одоб бошад, шарму ҳаё бошад шодиву нишот низ ҳукм меронад. Дар ингуна хонадон мудом файзу барака ҳукм меронад. Нисбати ин хонадон шахсони дигар бо ҳавас менигаранд.

Аз ин андешаҳо чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб, ки худ ифодагари шарму ҳаёст, худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Зиндагӣ ҷоме моро водор месозад андеша ва нигоҳи худро нисбати мароми зиндагӣ дигар кунем. Онро аз нуқтаи назари адаб, илму маърифат баҳодод намоем. Ҳар як ҳодисотро бо тарозуи ақл, адаб, шарму ҳаё баркашем. Дар ин маврид як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирӯз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рӯз маҳв мекунад. Мисли оне ки равшании офтоб пардаи торикии шабро медарад.

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,

Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

Бузургони илму адаб ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, адабро ганҷи қиммат ва шарафу иқбол ба қалам додаанд, ки ин бешубҳа сарчашмаи шарму ҳаёи инсонӣ ба шумор меравад. Ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ далели андешаи болост:

Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,

Фузунтар аз мулки Фаридун бувад.

Мутассифона дар шароити кунунӣ на ҳама наврасону ҷавонон бошарму ҳаёанд. Хусусан ҷавондухтарон аз доираи одобу ахлоқ кайҳо берун шуда шарму ҳаёи шарқиёнаи худро фаромӯш кардаанд. Аз даҳони онҳо шахс суханҳои қабеҳро шунида нисбати онҳо нафрат пайдо мекунад. Нафрат ба оне ки сарчашмаи ҳусну ҷамол, зебоиву латофат ба сарчашмаи бадбахтиҳо, фисқу фуҷур табдил ёфтааст. Шумораи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, кӯдакону наврасон, ҷавондухтарон рӯз ба рӯз афзуда истодааст, ки ин ба ҳастии миллат хатари ҷиддиро эҷод мекунад. Ғайр аз ин вақтҳои охир теъдоди ҷавононе, ки дорои сатҳи пасти одоби ҳамида ҳастанд ба маротиб афзуда истодааст. Дар кӯчаю хиёбонҳо бо овози баланд ҳарф мезананд, ҳамдигарро ҳақорат мекунанд, гӯё ин суханон суханони муқаррарии онҳо бошад. Ин амали бемавқеъ ба манфиати ҷомеаи навину демократӣ нест. Аз ин хотир, ҳамагони мо вазифадорем, ки наврасонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барои ин сараввал бояд худи мо муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебоӣ, ки моломоли адаб, шарму ҳаёст ҳидоят намоем. Ҳикмати Абдураҳмони Ҷомӣ матлаби моро равшан мекунад:

Боядат аввал адаб андӯхтан,

Пас дигар касро адаб омӯхтан.

632
Нет комментариев. Ваш будет первым!