Ҳаёти илмӣ, адабӣ ва мадании адабиёти асрҳои ХV-ХVI

Нақша:

  1. Ҳаёти илмӣ, мадании асрҳои ХV- ХVI
  2. Ҳаёти адабии асрҳои ХV-ХVI

Хулоса

Қайд кардан зарур аст, ки ҳаёти илмӣ ва маданӣ дар асрҳои ХV-ХVI дар сарзамини Осиёи Миёнаву Хуросон то як андоза рушду нумӯъ карда, пеш рафт. Зеро ки пойтахти империяи бузурги Темур шаҳри Самарқанд дар он давру замон хеле сераҳолӣ буд ва дар байни марказҳои илмиву фарҳангии ҳамонвақта шӯҳрату мақоми хосае дошт. Темур аз тамоми мамлакатҳо ва кишварҳои истилокардааш ҳамаи олимону шоирон, фозилону донишмандон, наққошон, меъморон ва умуман ҳунармандони чирадастро ба шаҳри бостонии Самарқанд меовард.

Дар замони ҳукмронии фарзандони Темур, махсусан дар замони ҳукмронии Шоҳрухмирзо шаҳри Ҳирот хеле ободу зебо шуда, гуфтан мумкин аст, ки яке аз марказҳои илмиву адабӣ маҳсуб мешуд.

Дар шаҳри Самарқанди бостонӣ бо саъю талошҳои писари Шоҳрухмирзо Улуғбек аз ҳама бештар илмҳои дақиқ, аз ҷумла ситорашиносӣ, риёзӣ, ҳандаса, фалсафа инкишоф ёфтааст. Мирзо Улуғбек аз рӯи гуфтаи сарчашмаҳои илмиву адабӣ худ як шахси фозилу донишманди машҳури замонаш будааст. Аз ин рӯ, дар Самарқанд расадхонае бунёд намуда, тамоми олимонро ба он ҷо даъват мекунад. Дар ин расадхона олимони зиёде кору фаъолият намудаанд. Ҳамчунин мадрасаҳо месозад. Дар пештоқи яке аз мадрасаҳои худ чунин суханро кандакорӣ кардааст: «Талаби илм ба мардону занони мусулмон фарз аст». Пас аз марги Улуғбек дар Мовароуннаҳр, каме ҳам бошад, вазъият тағйир ёфт. Табиист, ки бо иваз шудани сулолаи Темуриён ва ба ҷои онҳо омадани сулолаи Шайбониён дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-адабӣ дигаргуниҳои куллие ба миён наомад.

Дере нагузашта Исмоили Сафавӣ бар зидди сулолаи шайбониён сар бардошта, шаҳри Ҳиротро ишғол кард. Ӯ худро вориси мазҳаби шиа эълон намуда, барои ҷорӣ намудани он дар Мовароуннаҳру Хуросон ба қатлу ғорати мардум машғул гардид.

Дар ин давраҳо дастовардҳои илмиву маданӣ нисбат ба давраҳои гузашта хеле пеш рафт. Олимону адибоне пайдо шудаанд, ки асарҳои пурарзиш меофариданд. Махсусан, асарҳои дар бораи илми арӯз, қофия ва санъатҳои бадеӣ эҷодкардаи Амир Бурҳониддин Атоуллоҳ ва Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар ин давру замон мақому мартабаи махсус дошт. Муаллифони мазкур дар омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ намудани санъатҳои шеърӣ назар ба гузаштагони худ қадами чашмрасе ба пеш гузоштаанд. Ғайр аз ин асарҳое ба миён омаданд, ки дар онҳо омӯхтани санъати мусиқӣ, наққошиву рассомӣ, кандакорӣ, хаттотӣ ва дигар анвои меъморӣ мавриди таҳлил қарор гирифта буданд. Аз маълумоти асарҳои мазкур чунин ба назар мерасад, ки дар ҳақиқат дар асри ХV ва ХVI санъати рассомӣ на танҳо дар Мовароуннаҳр, балки дар Хуросон низ ривоҷу равнақ ёфтааст. Лозим ва ёдоварист, ки дар ин асрҳо ҳаёти адабӣ бештар дар шаҳрҳои Ҳироту Самарқанд ва Табрезу Бухоро рушду нумӯъ кардааст. Дар шаҳрҳое, ки зикр намудем, марказҳои адабӣ вуҷуд доштаанд, ки онҳо бо якдигар додугирифт, рафтуомад ва мубодилаи афкор доштаанд. Дар ин замон нависанда, шоир ва мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ маркази адабие созмон дода буданд, ки дар таърихи адабиёти форсу тоҷик таъсири бузурге гузоштааст. Ҷомӣ ҳамаи шоиронро ба ин марказ даъват намуда буданд. Абдураҳмони Ҷомӣ асарҳо ва таълифоти онҳоро қироат намуда, дар охир ба онҳо маслиҳатҳо медод.

Хулоса, дар асрҳои ХV-ХVI натиҷаи саъю кӯшишҳои роҳбарони адабии шаҳри Ҳирот самараи хубе дод. Дар ин асрҳо дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Табрез низ марказҳои адабӣ кору фаъолият мекарданд, вале ин доираҳои адабӣ назар ба мактаби адабии Ҳирот хеле заиф буданд. Дар аввалҳои асри ХVI шеъру шоирӣ дар Мовароуннаҳр ҳам инкишоф меёбад, вале мувофиқи нишондоди сарчашмаҳои адабӣ ҳаёти адабии Мовароуннаҳр нисбат ба ҳаёти адабии Хуросон маҳдудтар будааст.

Ҳаёти илмӣ-маданӣ ва адабӣ дар ин асрҳо пеш рафтааст. Вале ҳамаи он асарҳои офаридашуда, аз ҳама бештар ба табақаи болоии ҷамъият дастрас буданд.

343
Нет комментариев. Ваш будет первым!