Тавонгарӣ ба ҳунар аст на ба мол…
Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.
Низомии Ганҷавӣ
Ҳунар, қобилият, кордонӣ, касб, пеша фазилати инсонист, ки ҳамеша инсонро сарфарозу бахтиёр мегардонад. Қадри ӯро сад ба ҳазор мегардонад. Дар ин бобат ривояте ҳаст. Рӯзе подшоҳе сайри мамлакати худ мекунад. Ҳангоми сайру гашт чашми ӯ ба хонадоне меафтад, ки дар он зебосанаме машғули кор буд. Баробари дидани ҳусну ҷамоли ӯ подшоҳ сад ба ҳазор ошиқи шайдои он духтар мегардад. Подшоҳ бо умеди дидори висоли он зебосанам хостгорҳои худро мефиристад. Духтар дар назди хостгорҳои подшоҳ шарт мегузорад, ки агар подшоҳ илова бар маснадаш ҳунаре дошта бошад, хоҳишаш болои дида, дар акси ҳол талабаш рад мешавад. Аз ин ҳолат подшоҳ воқиф гашта, аз шиддати дарди ишқ ноилоҷ ба касби қолинбофӣ майлу рағбат пайдо мекунад ва нозукии ин пешаро аз бар менамояд. Ниҳоят онҳо ба мурод расида, дар соҳили рӯде фароғат мекунанд. Ногоҳ борони сел борида, дасти мавҷи саркаш онҳоро низ мебаранд, яъне ғарқ мешаванд. Навкарон духтарро зуд пайдо карда, дар ҷустуҷӯи подшоҳ меафтанд, вале ин ҳолат тӯл мекашад. Духтар ба худ омада, амр медиҳад, ки тамоми бозорҳои қолинбофиро ҷӯянд. Навкарони мутаҳайир бо тарҳи қолинҳо, ки шоҳ мебофт, ба ҷустуҷӯ мебароянд. Подшоҳро дар кишвари дигар марде аз об раҳо карда, муддате табобат мекунад. Баъди ошноӣ аз ҳунараш огоҳ гашта, коргоҳи қолиндӯзӣ таъсис медиҳад ва маҳсулоти тайёрро ба бозор бурда, фоидаи хуб ба даст меорад. Хулоса, аз тарҳи қолинҳо манзили подшоҳро ёфта, ӯро ба мамлакаташ меоранд. Подшоҳ ба хирадмандии зан қоил гашта, моҳияти ҳунармандиро дарк мекунад.
Оре, шахси ҳунарманд дар ҳама ҳолат ниёзи иҷтимоӣ, осудагии худро қонеъ мегардонад. Вобаста ба ин ҳатто дар ҳикмати мардум низ ҳунар мавқеи хосаеро ишғол намудааст. Ҳунармандро ҳама азизу гиромӣ медоранд. Хушбахтиву комронӣ ва зебоиву шодмонӣ ҳама аз маҳсули дасти ҳунармандон сарчашма мегирад. Агар содда карда арз бикунем, ҳунар зиннати инсон аст.
Хушбахтона, дар ҷомеаи мо мардум ба ҳунару ҳунармандӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Бахусус, падару модарон талош меварзанд то аз хурдӣ ба фарзандон ин ё он ҳунарро омӯзанд. Роҳи ояндаи давлати соҳибистиқлоли мо низ ба нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонии ҷавонон мунаввар мегардад.
Ҳунар сарчашмаи физояндаи давлату сармоя буда, дар ҳама вақт бо худи шахси ҳунарманд боқӣ хоҳанд монд. Зеро молу сарват хислати муваққатиро доро буда, ҳар лаҳза метавонад тӯъмаи яғмогарон гардад. Лекин ҳунар аз ин офатҳо эмин буда, ҳаргиз тӯъмаи яғмогарон буда наметавонад. Аз ин хотир соҳибҳунар ҳама вақт шахси комгор буда, андешаи хатари ҳунари худ надорад. Зеро ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ фармудааст:
Куҷо беҳунар шуд асири ниёз,
Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз.
Марди соҳибҳунар ҳама вақт дар байни аҳли ҷомеа соҳиби мавқеи худ буда, ҷойгузини ҳар маъракаҳост. Шахси беҳунар баръакс рондаи ҷамъият буда, ҳама шахсон кӯшиш мекунанд аз шахси беҳунар дар канор бошанд. Аз ин ҷо шахси соҳибҳунар, ба андешаи шоири машҳур Бадридини Ҳилолӣ, азизи мардум аст:
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,
Дар дидаи мардумон азиз аст.
Маҳз ана ҳамин ҳунару ҳунармандист, ки Турсун Ӯлҷабоеву Энаҷон Бойматова барин шахсиятҳои маъруфро рӯи кор оварда, номи онҳоро дар саҳифаи таърих нақш намудааст. Ана ҳамин ҳунару ҳунармандист, ки дар шароити ҳозира яке аз нерӯгоҳҳои бузурги Тоҷикистон – Норак номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик Саидхӯҷа Алихоҷаевро ба худ гирифтааст.
Ҳунар чун мушк бувад, мушк кай ниҳон гардад?!
Шуғли инсон ганҷи бепоён аст. Ободӣ ва осудагии рӯзгори мардумон аз касбу кори онҳо вобаста мебошад. Дар баробари ин қадри инсон на аз симу зари ӯ, балки аз касбу ҳунаре, ки ӯ дорад, вобаста аст. Зеро симу зари ӯ хатари нобудшавӣ дорад, лекин касбу ҳунараш мудом бо ҳамроҳии ӯ буда, касе онро аз худ карда наметавонад. Вақте ки шахс симу зари худро аз даст медиҳад, хоҳу нохоҳ қурбу манзалати хешро низ аз даст медиҳад ва мавқеи худро дар ҷомеа гум мекунад. Шахсе, ки соҳибҳунар асту касби пурифтихор дорад дар ҳама давру замон новобаста аз оне ки ӯ дорои симу зар аст ва ё не соҳибэҳтиром асту соҳибэҳтиром хоҳад боқӣ монд. Бинобар ин ҳар як фард бояд пешае дошта бошад, то дар зиндагӣ хору зор нагардад. Волотар аз ҳама чиз будани касбу ҳунарро Фирдавсии Тӯсӣ дуруст тавсияф намуда, арзиши онро аз ҳама чиз боло медонад:
Ҳунар беҳтар аз гаҳвари номдор,
Ҳунармандонро гавҳар ояд ба кор.
Туро бо ҳунар гавҳар асту хирад,
Равонат ҳаме аз ту ромиш барад.
Ҳунар зодаи дониш аст. Илму хирад ҷаҳонро рӯшаниандоз мебошанд. Аз шахси донишманд ҳунарманди хуб мебарояд. Аз ин рӯ, касбу ҳунар ҳамчун зодаи илму дониш нурест дар торикии зулмот, ситораест дар осмон, ки ҳар касро ба сӯи худ талқин менамояд. Даъват ба он мекунад, ки шахс умри худро беҳуда нагузаронад. Онро сарфи аз худ намудани касбу ҳунаре кунад, то дар оянда баҳри мардуми худ фоида, нафъе орад. Ба қавли Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ:
Ҳунар ҷӯю бо пирӣ доно нишин,
Чу хоҳӣ, ки ёбӣ зи бахтофарин.
Касберо соҳиб шудан басо кори мушкил ва заҳматталаб мебошад. Ин раҳи умед пастиву баландиҳо, мушкилиҳои зиёде дорад, ки ҳар касро тоқати тай кардани он набошад. Шахси хирадманд дар ин ҷода устуворона қадам мезанад ва оқибат ба мақсади худ мерасад. Зеро чи хеле ки Сайидои Насафӣ қайд мекунад:
Ҷӯйи шир ояд бурун аз кӯҳ баҳри кӯҳкан,
Рӯзии худ мекунад соҳибҳунар ҳосил зи санг.
Нафароне кам нестанд, ки бехабар аз гардиши фалак аз моли падар мефахранд ва дар омӯзиши касбу ҳунар танбалӣ мекунанд. Чашмони онҳоро пардаи торик гирифтааст, ки роҳи раҳоӣ намеёбанд. Албатта оқибати он ҳеҷ аст. Дар ин хусус ҳаким Абдураҳмоин Ҷомӣ мефармояд:
Ҳар писар, к-ӯ аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар,
Филмасал, гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар арчи бошад аз дарахти мевадор
Чун наорад мева бор, андар шумори ҳезум аст.
Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ҳунарро чашмаи поянда ва давлати зоянда номидааст. Соҳибкасбони ҳунарманд дар дилу дидаи мардумон ҷой доранд ва ҳамеша онҳоро бо некӣ ёд мекунанд. Аз ин рӯ моро лозим аст, ки дар пайи омӯзиши ҳунар шабонарӯз заҳмат кашем:
Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,
Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ.
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,
Дар дидаи мардумон азиз аст.