ПАРДОХТПАЗИРИИ БОНК ВА ИДОРА КАРДАНИ АМАЛИЁТҲОИ БОНКИ

Нақша:

Маҳуми пардохтпазирии бонк Идора карданы амалиёти активӣ Идора кардани амалиёти пасси

Мафҳуми пардохтпазирии бонк

Пардохтпазирии бонк — аз рӯи ӯҳцадориҳои молиявй дар ҳолатҳои зарурӣ ҷавоб додани он аст, яъне, қонеъ намудани талаботи муштариёне, ки амонат ва пасандозҳои худро талаб менамоянд ва бонк бояд дарҳол ин талаботро қонеъ карда тавонад. Бонк ин амалро дар ҳолате иҷро карда метавонад, ки сармояи хусусуиаш кифоя ва ҷобаҷогузории активҳоро мувофиқи мӯҳлати амонат ва пасандозхо ба роҳ монда бошад. Аз ин рӯ, барои таъмини пардохтпазирӣ бонк бояд таносуби се омили асосӣ — сармояи хусусӣ, воситаҳои пулии ҷалбшуда ва ҷобаҷогузории онҳоро риоя намояд.

Барои ташкили сармояи оинномавӣ фондҳои махсуси дигар ташкил намуда, сиёсати иқтисодии худро хуб ба роҳ монад то ин ки дар рақобати бозор тоб оварда тавонад.

Меъёрҳои иқтисодиро Бонки миллӣ муайян менамояд ва дар онҳо хусусиятҳои зерин ба назар гирифта мешаванд:

якум, ҳамаи меъёрҳо ба меъёрҳои ҳатмӣ ва арзёби- кунанда ҷудо мешаванд. Меъёрҳои арзёбикунанда меъёрҳои ҳатмиро ба ҷузъҳо ҷудо мекунанд ва барои таҳлили молиявӣ ва фаъолияти босуботи бонк истифода мебаранд;

дуюм, барои муайян намудани меъёрҳои ҷудогона, вобаста ба навъ ва шакли ташкилёбии бонкҳо. Дар ин чо Бонки миллӣ таърихи ташкили бонкҳоро ба назар мегирад, чунки баъзе аз бонкҳои тиҷоратӣ дар асоси бонкҳои амалкунандаи махсусгардонидаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ

ба вуҷуд омадаанд ва нисбат ба бонкҳои навтаъсис пардохт- пазиртаранд.

сеюм, ҳангоми муайян намудани меъёрҳои иқтисодй шарту шароити ҷобаҷогузории активҳои бонкҳои тиҷоратӣ мадци назар гирифта мешавад.

Ҳадци ақалли сармоя барои бонкҳои навташкил — 50 млн. сомонӣ ва барои бонкҳои амалкунанда — 30 млн. сомонӣ муққаррар шудааст.

Меъёри якуми иқтисодие, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ муайян менамояд ин кифоя будани сармояи онҳо мебошад.

Меъёри дуюме, ки барои бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ муқаррар карда мешавад ин меъёри пардохтпазирӣ аст.

Меъёри сеюм ин муқаррар намудани хатар (риск) ба як қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони алоқаманд

Меъёри чорӯм муқаррар намудани ҳадди аксари хатар- ҳои колони қарзӣ аст.

Меъёри панҷӯме, ки муқаррар карда мешавад, ин ҳадди аксари қарзҳо ва кафолату замонатҳое, ки аз тарафи бонк ба иштирокдорони (саҳмиядорони) худ дода шудаанд мебошад.

Меъёри шашӯме, ки барои бонкҳои тиҷоратӣ муқаррар карда мешавад, ин истифодаи маблагҳои хусусии бонк ё дигар ташкилоти қарзӣ барои харидории ҳиссаҳои (саҳмия- ҳои) шахсони ҳуқуқии дигар аст.

Идора кардани амалиёти активӣ

Пеш аз ҳама фаъолияти бонк бояд барои зиёд намудани фоидаи саҳмдорон равона гардад. Афзоиши фоида аз самаранок истифода кардани активҳои бонк вобастагии зиёд дорад. Бинобарин, сиёсати бонк бояд ба масоили зерин равона карда шавад:14

Устувор нигоҳ доштан ё зиёд намудани даромади соф ба шакли фоиз.

Ба даст даровардани даромади ғайрифоизӣ.

Назорат аз рӯи хароҷот, ба ғайр аз фоиз.

Нигоҳ доштани хусусияти қарз.

Таъмини пардохтпазирй ва ғайра.

Дар марҳилаи аввал хатари бонкӣ аз фоизҳое, ки дар натиҷаи додани қарз ба даст меоянд, таҳлил карда мешавад, зеро даромади бонк асосан аз гирифтани онҳо дар давраи муқарраршуда вобастагии зиёд дорад.

Барои зиёд намудани даромад, бонк бояд хизматҳои ғайриқарзиро истифода намояд (масалан: машваратдиҳй, дар

борвомаҳо ҷойгир намудани ашёи қиматбаҳо), ки муштариён ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Бо ин роҳ бонк миқдори муиггариёни худро афзун мегардонад. Бонк ба ғайр аз додани қарз метавонад хизматҳои зеринро ба анҷом расонад:

а) нигоҳ доштани дороиҳо;

б) додани ҳар навъ маслиҳатҳои муфид;

в) хизмати аудиторй;

г) хизмати муҳандисй (инженерӣ) ва дигар хизматҳо.

Илова бар ин, дар ҳолатҳои аз тарфи корхонаҳо инти-

шор намудани коғазҳои қиматнок, бонк байни фурӯшанда ва харидор миёнарав шуда, аз ин амал низ метавонад даромад ба даст орад.

Ҳар бонк хароҷотеро, ки ба ғайр аз додани фоизҳои амонат ва пасандозҳо сурат мегирад, бояд таҳти назорат гирад, зеро кам кардани хароҷот боиси нигоҳ доштани пардохтпазирй ва даромад мегардад.

Дар ҷараёни идора кардани активҳо, нигоҳ доштани хусусияти қарзҳои додашуда кори аз ҳама муҳимтар аст. Кормандони шӯъбаи қарз аз болои дар давраи муқарраршуда баргаштани қарзҳо назорати доимӣ мебаранд, зеро дар мӯҳлати муайяншуда барнагаштани қарзҳо боиси бад шудани пардохтпазирии бонк мегардад.

Яке аз вазифаи асосии роҳбарияти бонк дар ҷараёни идора кардани амалиёти активӣ доштани захираҳои пулиест, ки пардохтпазирии бонкро таъмин менамоянд. Бинобар ин, роҳбарияти бонк нишондодҳои молиявии бонкро то 1 моҳ таҳлил мекунанд. Агар дар ҷараёни таҳлил суст шудани

фаъолияти молияви мушоҳида гардад, барои беҳбудии он чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

  1. Идора кардани амалиёти пассивӣ

Дар бонкҳои тичоратӣ беҳтар идора кардани амалиёти пассивӣ барои кам кардани хатари бонкй ва даромаднокй нақши муҳим дорад. Муҳим аст, ки ҳар корманди бонк мавқеи тағйирёбии фоизро аз амалиёти пассивӣ хуб дарк карда, чораҳои зарурӣ андешад ва ба камшавии амонат ва пасандозҳо роҳ надиҳад.

Ҳалли дурусти идора кардани амалиёти пассивй ба даромаднокии бонк таъсир мерасонад ва ин ба воситаи чанд усули кор ба даст меояд, яъне дар натиҷаи кам кардани хароҷоти пардохти фоизи захираҳои харидашуда, хароҷоти воситаҳои асосӣ,

музди меҳнат ва ғайра.

Бонк бояд барои ҷалб намудани амонат ва пасандозҳои арзон роҳҳои дурустро ҷустуҷӯ намояд. Ҳалли ин масъалаҳо гуногунанд. Роҳбарияти бонк бояд роҳеро интихоб намояд, ки барои бонк муфид аст.

775
Нет комментариев. Ваш будет первым!