Аз таърихи Ҳисори шодмон
Ҳисори шодмон таърихи қадима дорад. Ёдгориҳои таърихии он нишонае аз куҳанбунёдии ӯст. Қаъаи Ҳисор ва маҷмӯаи ёдгориҳои таърихии он нишонае аз маданияти зиёда аз панҷҳазорсолаи Тоҷикистон буда, яке аз ганҷинаҳои бебаҳои мардуми ориёинажоди ин сарзамин ба шумор меравад. Ҳисор маънои луғавиаш қалъа, мавзеи атрофаш деворбаста, диж мебошад. Ин сарзамин зиёда аз 40-ҳазор сол инҷониб ҷои сукунати одамон аст. Ҳисор ҳанӯз дар давраи Пешодиён ва замони Зардушт бо номи Шумон давлати алоҳидаеро ташкил медодааст. Вожаи Шумон дар қисмати “Занд-Позанд”-и “Авасто” ҳамчун мулк зикр шудааст. Маънои калимаи Шумон дунгии пешонӣ яъне баландӣ аст. Бозёфтҳои археологии Теппаи Ғозиён ба охири давраи биринҷӣ ва аввали давраи оҳан тааллуқ доранд, ки дар таърих бо номи “Маданияти Ҳисор” номгузорӣ, эътироф ва маъруф гаштааст. Маданияти Ҳисор бозёфтҳои бисёр мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ дар бар гирифта, мансуби ҳазораҳои Vl-lll пеш аз мелод мебошад.
Ҳисор ё Шумон ба ҳайати давлатҳои қадимаи афсонавии Пешдодиён ва дар давраи таърихӣ ба ҳайати давлатҳои муқтадири Ҳахоманишиҳо, Селивкидҳо, Ашкониён, Кӯшониён, Сосониён дохил мешуд.
Мутобиқи ривоятҳои таърихӣ Қалъаи Ҳисор дар давраи Таҳмураси девбанди афсонавии даврони Пешдодиён дар як вақт бо ихтиори хат бунёд карда шудааст. Аз ин мавзеъ ҷомҳои булӯрини суфтаи даврони Кӯшониён ёфт шудаанд, ки дар нозукию ҳунари суфтагарии худ нодиртарин бозёфтҳои таърихи қадимаи тоҷикон ба шумор мераванд. Дар асрҳои Vll Ҳисор ҳамчун давлати мустақил ва дижи мустаҳкам дар шафати давлатҳои Чағониён ва Аҳорун арзи вуҷуд доштааст. Дар солҳои 709-710 мардуми ин сарзамин дини мубини исломро қабул мекунанд ва вожаи Шумон ба араби тарҷума шуда, то асрҳои XVl ба шакли ибораи Ҳисори Шодмон, баъдтар ҳамчун Ҳисор арзи вуҷуд кардааст. Ҳисори Шодмон як мудат дар ҳайати давлатҳои Тахориёну Саффориён дохил мешуд ва баъди бунёди аввалин давлати мутамаркази Сомониён ҳамчун такягоҳи қисмати шарқӣ – ҷанубии он хизмат кардааст. Чорроҳаи роҳи таърихии Абрешим ба воситаи Шумон мегузаштааст. Сайёҳи Чин Сюан Тсзян дар асри Vll нигошта, ки хонигарии Шумон аз Ғарб то Шарқ чоррӯза, аз ҷануб ба шимол якруза роҳи сафар ва маркази мулки Шумон дар Қалъаи Ҳисор воқеъ будааст. Ҷуғрофиянигори араб Ал-Муқаддасӣ дар асрИ Х Шумонро модари шаҳрҳо донистааст. Дар асрҳои мимбаъда Ҳисор ҳамчун давлати ниммустақили андозсупоранда ба ҳайати давлати Сомониён дохил мешуд. Баъди бастани сулҳ соли 948-949 дар Ҳисор давлати Сомониён мавқеи худро дар Шарқ васеъ ва мустаҳкам менамояд.
Асрҳои минбаъда Ҳисор ба ҳайати давлатҳои Ғазнавиён, Салчуқиён, Қарохитоиҳо, Хоразмшоҳиён, дохил гашта, дар замони ҷангҳои байни Қарохитоҳою Қарллуқҳо ба замин яксон карда мешавад. Дар ҳамин давра, яъне солҳои 1100-1200 вожаи Шумон тамоман нест шуда, ҷои онро номи Ҳисори Шодмон ё Ҳмсор мегирад. Ҳисор дар аҳди Темуриён дар асрҳои XV-XVl дар зери тасарруфи ин сулола буда, ҳатто дар аҳди Хусравшоҳӣ Темурӣ ҳудуди ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Афғонистони имрӯза ба тобеияти ӯ дохил шуда, шаҳрҳои мустақили Термиз, Чағониён, Хуталон, Қундуз ва Бадахшон ба итоати Ҳисори Шодмон будаанд. Махсусан баъди аз тарафи муғулҳо хоку туроб карда шудант модари шаҳрҳои машриқзамин -Балх маркази илму маърифат ба Ҳисори Шодмон кӯчида то асри XVl давом мекунад.
Дар гузашта дар мулки Ҳисор ва мавзеъҳои атрофи он шахсони бузург Ҳоҷӣ Яқубӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишери Навои, Зайниддини Восифӣ, Мирзо Бобур зиндагӣ ба сар бурдаанд. Дар асрҳои XVl-XVll Ҳисор дар ҳайати давлати Шайбониён, Аштархониён дохил гашта буд. Аммо мустақилияти нисбии худро нигоҳ медошт. Бисёр задухӯрдҳо барои тахту тоҷ ва соҳиби ин сарзамин шудан байни ҳукуматдорон шуда мегузашт. Дар ин давра шӯриши калони аҳли Ҳисор ба муқобили ҳокимони Бухоро ба вуқуъ мепайвандад. Дар асри XVll дар Ҳисор қабилаҳои гуногун мустақилона ҳукумронӣ мекардаанд. Танҳо забти манғитиёни Бухоро соли 1868 Ҳисорро ба зери тасарруфи аморати Бухоро даровард.
Дар даврони манғитиҳо низ ҳокими Ҳисор ҳуқуқи калон дошт ва ягона сарваре буд, ки ҳиқи ҳукми қатл бароварданро дошт ва дигар васалҳои Бухоро итоаткор буданд.
Дар Ҳисори Шодмон аз қадим ҳунарманди, косиби, тиҷорат, санъати меъмори тараққи карда, аҳли адабу илм ва ашхоси маъруфи дин умр ба сар бурдаанд. Аз ин ҷо тангаҳо ва зарфҳои даврони Кӯшониён ёфт шудаанд. Дар ин мулк сикказании танга роич будааст.
Дар Ҳисор адибону фузало аз қабили Мавлоно Солеҳ, Мавлоно Холиди, Мавлоно Баёзӣ, Ҳошим Султон, Муштоқи Ҳисорӣ, олимони маъруф Мавлоно Дарвешмуҳаммади Ҳисорӣ, Хоҷа Чоркари Ҳисорӣ, ва дигар шоирон умр ба сар бурдаанд.
Ҳисори Шодмон дар аҳди қадим ва асрҳои миёна панҷ дарвоза доштааст:
-Дарвозоҳои Обдузд.
-Чашмаи Моҳиён.
-Хоки Сафед ё Оҳанин.
-Шакари ё Хоҷа Маҳмуди Азам.
-Чангоб.
Ҳар яке аз ин дарвозаҳо бо худ маънои хос дорад. Масалан дарвозви Шакариро Башакарин ҳам меноманд чунки дар назди маҳалаи қанодон буд. Ё ба хотире Чангоб номгузори шудааст ки дар назди резишгоҳи дарёи Чангоб буд.
Ин дарвозаҳои номбаршуда шаҳрро бо минтақаҳои гуногун мепайвастанд. Ҳисор аввали асри ХХ чаҳор мадраса, 24-масҷид, ва дигар биноҳои зебою боҳашамат доштааст. Ҳисори Шодмон ва водии зархези онро барои серҳосилии заминаш серобию зебоиҳои табиаташ, тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёт “Нонхонаи аморати Бухоро” мегуфтаанд. Ҳисор дар асри ХХ низ воқеъаҳои бузурги таърихиро аз сар гузарондааст. Соли 1920 инқилоби Бухоро охири амири манғитӣ- Амир Олимхонро аз тахт барканор месозад ва амир дар Ҳисору Душанбе муддате зиста ба Афғонистон фирор мекунад. Моҳи феврали соли 1921 аввал дар Қаратоқ баъд дар Ҳисор ҳокимияти Шуроҳо барқарор мешавад. Нахуст Ҳисор ба ҳайати минтақаи Қаратоқи вилояти Ҳисор сипас аз соли 1929 ба ҳайати ноҳияи Шаҳринави ҳамин вилоят дохил мешавад. Ташкил карда шудани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон моҳи январи соли 1932 ноҳияи Ҳисор ташкил карда шуд.
Дар давроини истиқлол ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Ҳисор номгузори карда шуд. Сайёҳон бештар ба қалъаи Ҳисор меоянд. Зеро боҳашамат будани он диққати бинандаро (сайёҳонро) ҷалб менамояд. Дар баландии 100 метр аз резишгоҳи Қалъаи Ҳисор ҷои ҳокимнишин аст. Қалъаи Ҳисор аз 3- қисм иборат аст.
-Қисми аввал, ҷои ҳокимнишин. Аз ҳама ҷои баланд.
-Қисми дуюм, уштурхона.
-Қисми сеюм, барои аскарон ва хизматгорон.
Аз ҷои шоҳнишин тамоми Қалъаи Ҳисор намоён аст. Дар асри Vll сарлашкари араб Қутайба ибни Муслим ба Ҳисор меояд ва 6-моҳ ба ҳокими ҳисориҳо меҷангад. Қалъаи Ҳисорро деворе иҳота карда будааст, ки паҳноияш зиёда аз 4-метр будааст. Ин қалъа ягона қалъае будааст, ки дар боҳашамати ва зебоги ҳамто надоштааст. Масоҳати умумии ин қалъа 7-гектарро ташкил медиҳад. Ин макони таърихи зиёда аз 30-ҳазор сол дорад. Дар тули таърих ин ҷо ҳокимони зиёд салтанат кардаанд. Бостоншиносон муайян кардаанд, ки дар дохили қалъа мадраса ва устохона мавҷуд будааст, ки ба асри XVll рост меояд. Аз тарафи бостоншиносон боз асбобу олоте ёфт шудаанд, ки аз мардуми он ҷо боқи мондаанд. Ҳуҷраҳои домоду арусро бо тарзи либоспӯшониашон муайян намудаанд, ки ба асри XVlll рост меоянд. Дар паҳлуи мадрасаи қалъа мадрасае мавҷуд будааст бо номи “Мадрасаи нав” фарқияти мадрасаи нав дар он аст ки аз ду ошёна иборат будааст ва ҳангоме, ки муридон ба он ҷо дохил мешудаанд сарашонро хам мекардаанд. Сабаб дар он аст, ки дар он ҷо китобҳои дини мавҷуд будаанд.
Ёдгории дигари таърихи дар водии Ҳисор ин “Мақсуми Азам” мебошад, ки он як давра мадраса будааст. Дар манзараи хело зебою назарабо сохта шудааст.
Яке аз дигар ёдгориҳо “Масҷиди сангин” аст, ки ба гуруҳи нодирнарин ёдгориҳо дохил мешавад. То ҳуҷуми Қутайба ибни Муслим дар он ҷо дини Зардушт буд. Аввалин масҷиде ки мусулмонӣ карда мешавад ин Масҷиди Сангин буд.
Дар замони истиқлол мардумаш орому осуда зиндагӣ доранд. Аз рӯи касби пешакардаи худ ҷустуҷӯи рисқу рузианд. Дар ноҳияи Ҳисор ки ҳоло шаҳри Ҳисор мебошад 87-дарсад тоҷикон ва дигар халқу миллатҳо ба сар мебаранд. Шуғли асосии ин мардум кишоварзӣ, чорводорӣ ва тиҷорат мебошад. Ҳамагон вақте ки ба он ҷо ташриф мебаранд дар аввал мехоҳанд аз мамнунгоҳи таърихии Қалъаи Ҳисор назар кунанд. Яке аз манбаи даромади шаҳри Ҳисор соҳаи туризм ба шумор меравад.