КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад, артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам китобе ҳаст, ки мо онро «Қонуни бахт», «Бахтнома» мегӯем, зеро дар ин китоб, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, тамоми қонуниятҳои зиндагонии сокинони кишвар сабт шудааст. Бояд ҳар як сокини ҷумҳурӣ Сарқонунро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият намояд. Бачаҳои азиз, Шумо низ фахр кунед, ки сокини Ҷумҳурии Тоҷикистонед. Вақте ки ба дунё омадед, ба Шумо гувоҳнома додаанд, ки он сокини ҷумҳурӣ буданатонро тасдиқ мекунад. Шумо ҳамчун сокини комилҳуқуқи Тоҷикистон бояд ҳуқуқ ва вазифаҳои худро донед. Ҳамаи онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудаанд. Инро бояд аз хотир набароред, ки Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999 ва июли соли 2003 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд. Бинобар ин ҳар сол рӯзи 6 ноябр ҳамчун рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Бачаҳои донояки ман, Шумо бояд дар хотир дошта бошед, ки – Конститутсия ин рамзи озодӣ ва мустақилияти давлати мо мебошад,

-Конститутсия ин кафолати озодӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқи инсонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Бинобар ин, вақте ки саҳифаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мехонем, диламон лабрези фараҳ ва шодӣ мегардад.

«Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

558
Нет комментариев. Ваш будет первым!