Инноватсияи бонкӣ
Нақша:
1. Мафҳум ва намудҳои инноватсияи бонкӣ.
2. Хусусиятҳои навоварии бонкӣ.
3. Тавсифи инноватсияи бонкӣ.
4. Навоварии технологӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ.
1. Мафҳум ва намудҳои инноватсияи бонкӣ.
Самаранокии кори бонкҳо ва рақобатнокии онҳо дар бозор аз ҷори намудани маҳсулот ва технологияи нав вобаста аст ва ин маҳсулот ва технологияи фурӯхташаванда навоварии бонкӣ меноманд.
Навоварӣ – истифодаи шакл ва усулҳои нави ташкил ва идора аст.
Навоварие, ки дар соҳаи молиявӣ истифода мешавад, навоварии молиявӣ номида мешавад. қисми навоварии молиявии бонкӣ дар шакли маҳсулот ё амалиёти бонкӣ ташкил мегардад.
Маҳсулоти бонкӣ маводи тартибдодани қисми хизматрасониҳои бонкиро мефаҳмонад (кортҳои пластикӣ, чеки роҳӣ, китобчаи амонатӣ, кармончаи электронӣ).
Навоварии бонкӣ мешавад:
• ягона;
• оммавӣ.
Маҳсулоти ягона – ин маҳсулоти индивидуалӣ буда, аз дигар маҳсулоти бонкӣ бо хусусиятҳо гуногун фарқ мекунад, масалан, тангаи мушахас аз тиллои мушахас бо ҳаҷми муайян, вомбарги эмитенти мушахас – бонк.
Маҳсулоти бонкии оммавӣ – ин маҳсулоти бароришаш барои омма аст, ки тавсифи махсус надорад, масалан, амонатӣ бонкӣ, қарз, қарзи давлатӣ ва ғ. Маҳсулоти бонкии оммавӣ ба доираи васеӣ истифодабарандагон ва ё мизоҷони бонк пешниҳод мешавад. Вобаста аз истифода маҳсулоти нави бонкӣ ба меъёрӣ ва ғайримеъёрӣ тақсим шудааст.
Меъёрӣ – ин маҳсулоти бонки ҳаҷм ва миқдори меъёран барориш карда мешуда аст. Андозаи ҳаҷми он бо омилҳои гуногун муайян карда мешавад: бо андозаи сармояи оинномавии саҳҳомии бонк, бо талаботи мизоҷон. Ба маҳсулоти меъёрии бонк мешавад: саҳмияҳо, вомбаргҳо, қарзи Овердрафт созишномаҳои қарзӣ. Ин намуди маҳсулоти бонкӣ барои мизоҷони муайян пешниҳод карда мешаванд.
Маҳсулоти бонкии ғайрибонкӣ – маводҳое, ки ҳаҷм ва миқдори онҳо бемаҳдуд бароиш ва пешниҳод карда мешавад. Ба ғайр аз омили талабот ё дархости мизоҷон ҳаҷм ва миқдори маҳсулоти бонкӣ ягон меъёр ва ё маҳдудият надорад. Ба ин намуди маҳсулоти бонкӣ дохил мешавад: кортҳои пластикӣ, қарзи истеъмолӣ, суратҳоисоби бонкӣ, кортҳои қарзӣ ва ҳисоббаробаркунӣ.
Вобаста аз истифода ҳамаи намудҳои маҳсулоти бонкие, ки ба мизоҷ пешниҳод мешавад, ба:
• молу мулкӣ;
• ҳуқуқӣ молу мулкӣ.
Молу мулк – ин объекти хусуси гардонидашудаи моддӣ мебошад, масалан, пулҳо, нуқра, тилло ба намуди хишт, қоғази қиматнок, тангаҳо.
ҳуқуқӣ молу мулки – ин доштан, истифода намудани моликияти муайян аст, масалан, истифодаи ҳуҷҷатҳо, шартномаи ҳисоби бонкӣ, шартномаи қарзӣ.
Дар сифати маҳсулоти нав навоварии бонкӣ худро дар раванди фурӯш дар бозори молиявӣ ё дохилӣ бонкӣ нишон медиҳад. Талабот аз тарафи мизоҷон ба ин намуди маҳсулоти нави бонкӣ ҷиҳати нав будани ин намудҳоро муайян мекунад.
2. Хусусиятҳои навоварии бонкӣ.
Давраи ҳаётии навоварии бонкӣ – ин марҳилаи муайяни вақт, ки дар ин давра хизматрасонӣ ва ё амалиёти бонкӣ қувваи ҳаётии фаъол дорад ва ба бонк – и стеҳсолкунанда, ки фурӯшандаи ин маҳсулот аст, фоида ва манфиати муайян меорад.
Подусент (истеҳсолкунанда) – и навоварии бонкӣ ин истеҳсолкунанда ва ё фурӯшандаи навоварии бонкӣ аст, ки худи бонк ё асосиатсияи бонкӣ аст.
Консепсияи сикли ҳаётии навоварии бонкӣ дар банақшагирии истеҳсолот ва ташкили раванди навоварӣ дар соҳаи бонк аҳамияти махсус дорад:
1. консепсияи сикли ҳаётии навоварии бонкӣ роҳбарони бонк ваш ӯъбаи маркетингиро маҷбур мекунад, ки фаъолияти хоҷагидориро бо назари пешрафти рушди муосир ва оянда таҳлил намоянд;
2. консепсияи сикли ҳаётии навоварии бонкӣ роҳбарони бонк низомнокии кор оиди банақшқгирии барориши навоварӣ (ташкили раванди навоварӣ, бозёфти ғояҳо, пешбарии он ба бозор) ва инчунин дарёт ва хариди он (омӯзиши талабот, маркетинги бонкӣ) асоснок гардонида мешавад;
3. консепсияи сикли ҳаётии навоварии бонкӣ роҳбарони бонк – ин механизми асосии таҳлил ва банақшагирии навоварӣ аст. Таҳлили бонкии навоварӣ дар кадом сатҳ будани он, пешрафт ва рушд, пастшавӣ ва банақшагирии фаъолиятбариашро нишон медиҳад.
Банақшагирии навоварии бонкӣ метавонад, дар ҳамаи давраи сикли ҳаёти амалӣ гардонида шавад. Ин консепсия имконият медиҳад, ки ҳамаи фаъолият оиди банақшагирии навовариҳои бонкиро ба якчанд унсурҳо ҷудо намояд:
1. тадқиқи бозори молиявӣ;
2. тадқиқи бозори навовариҳои бонкӣ оиди активҳои бозорӣ;
3. тадқиқи давомнокии ҳаётии навовариҳои бонкӣ;
4. коркарди навовариҳои бонкӣ;
5. сиёсати нархии бонк нисбати қарз ва амонат;
6. реклама;
7. чорабини оиди пешбарии навоварии бонкӣ;
8. ташкили фурӯши навоварии бонкӣ;
9. омезиши амалиётҳои бонкӣ.
Бонк, ки ҳамчун продусенти навоварии бонкӣ баромад мекунад, доимо чор масъаларо ҳал намояд:
1. Барои васеъгардонии бозорҳои мавҷуд буда ва омӯзиши бозорҳои молиявии нав чи бояд кард?
2. Барои коркарди навоварии бонкӣ чи иқдомро иҷро кард?
3. барои ҷори намудани навоварии бонкӣ дар бозор чик ор бояд кард?
4. Тарзи босамар идора кардани навовариҳои бонкӣ кадом аст?
ҳалли ин масъалаҳо вақти лозима, захираҳои молиявӣ, моддӣ, меҳнатӣ ва ахбориро муайян менамояд.
Сикли ҳаётии нави бонкӣ аз 7 марҳила иборат аст:
1. коркарди маҳсулоти нави бонкӣ;
2. баромад ба бозор;
3. тараққиёти бозор;
4. устуворшавии бозор;
5. костагардидани бозор;
6. болоравии бозор;
7. камшавии бозор.
3. Тавсифи инноватсияи бонкӣ.
Пайдоиши навовариҳои бонкиро асосан бо се сабаб алоқаманд мекунанд:
• ақидаҳои нави бетанафуси соҳибкорон ва ҳаракати гузаштан аз рақибон;
• таъсири бӯҳрони молиявӣ ба бонк, ки мустаҳкамгардонии устувории бонк сабаб мегардад;
• вазифаиҷрокунии бозори молиявӣ дар давлатҳои хориҷӣ, ки ахборот оиди навовариҳои бонкӣ аз хориҷи мамлакат дастрас мегардад.
Ба сифати навовариҳои бонкии бозорҳои хориҷӣ чунин масъалаҳоро дида баромадан мумкин аст:
1. свопи асъорӣ – фоизӣ;
2. своп бо купони нулӣ;
3. суратҳисоби НОУ;
4. андӯхти свопҳо;
5. амалиёт оид ба пайвастшавии контокоррент бо овердрафт.
Своп (англ. иваз намудан) – амалиёти табдили асъори миллӣ ба маблағи бароабри асъори хориҷу аст, ки дар сатҳи бонкҳои марказии давлатҳо анҷом дода мешавад.
Свопи асъорӣ – ин харид ва фурӯши баръакси форвардии (муомилаи фаврии ғайрибозории асъор) асъори хориҷӣ ё, баръакс, фурӯ шва хариди ҳамонвақтии форвардии асъор аст. Свопи фоизӣ – ин ивази меъёрҳои фоиз оид ба воситаҳои қарзӣ аст.
Пайвастшавии ин ду свопҳо ба амалиёти нави молиявӣ оварда мерасонад., кис вопи асъорӣ фоизи аст. Ин ду намуди своп байни яучанд иштироккунандагони муомилот баста мешавад. Масалан, ивази вомбарг бо долл. ИМА бо меъёри фоизи устувор ва таъғирёбанда ба вомбарги бо ЕВРО бо меъёри фоизи устувор.
Своп бо купони нулӣ набудани даромади купониро мефаҳмонад. Даромад аз қоғази қиматнок аз ҳисоби тахфиф намудани арзиши номиналии қоғази қиматнок дар натиҷаи фурӯши он гирифта мешавад. Моҳияти своп бо купони нулӣ дар он ифода меёбад, ки унсури вомбарги ғайрикупонӣ метавонад даромади устуворро ба даромади меъёри фоизии ғаъғирёбанда дар натиҷаи пардохти ҳарсолаи ҳамзамонаи бо свопи фоизӣ иваз намояд. Масалан,
Хоҷагидор субъекти А вомбарг барориш кард ва эмитенти он ба ҳисоб меравад. Арзиши вомбарг 10000 долл. ИМА буда, мӯҳлати гардиш 2 сол аст. Эмитент вомбаргро 8000 долл. фурӯхт. Дар ин ҳолат харидори вомбарг кредиторӣ хоҷагидорӣ субъекти А ба ҳисоб меравад.