Кифоягии сармоя
Аз нигохи назорати бонки сармоя хамчун заминаи фаъолияти эътимодноки бонк, манбаи молияви барои пушонидани зарар ва талафотхои имконпазир, инчунин кафолати бовари аз чониби мизочон ва кредиторон ба бонк, барраси мегардад.
Ҳангоми баходихии кифоягии сармояи бонк тибки Дастурамали №79 аз 04.04.1999 с. «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотхои карзи» бо назардошти тагйироту иловахои минбаъда ба он амали мукоисакунии сармояи бонк бо хадди акали он ва зарибхои К1.1-таносуби сармояи умумии бонк ба активхои бо назардошти хавф баркашидашуда ва К1.2 -таносуби сармояи умумии бонк ба активхои умуми истифода мешаванд.
Сифати активхо
Сифати активхо (махсусан карзхо) мувофики Низомнома «Дар бораи тартиби ташаккулдихи ва истифодабарии фонди пушонидани талафоти имконпазир аз руи карзхо» аз 23.12.1996 с. бо назардошти тагйироту иловахои минбаъда ба он, муайян карда мешавад. Дар натичаи гузаронидани таснифи карзхо, доири таркиб, сифати сандуки карзи ва кифоягии фонди пушонидани талафоти имконпазир дар алохидаги барои хар як гурухи таснифоти ва дар мачмуъ, метавон хулоса баровард.
Фоиданоки
Тахлили фоиданоки аз баходихии хислати амалиётхои бонки, сифати идоракуни ва муайянкунии дурнамои бонк (ё чамъияти карздихи) иборат мебошад. Чой доштани зарар аз фаъолият номакбул мебошад.
Натичаи молиявии бонк бояд ба андозае фоиданок бошад, ки маблаггузории фаъолияти чори ва оянда, инчунин зиёдкунии сармояи он таъмин гардад.
Фоиданокии бонк тавассути зарибхои фоиданокии активхо (таносуби фоидаи соф ва активхои умуми), фоиданокии сармоя (таносуби фоидаи соф ва сармояи умуми) муайян карда мешавад.
Сифати фоида низ бояд мавриди тахлил карор гирад, яъне бояд маълум кард. ки бонк доимо фоида мегирад ё не; фоидаи бадастоварда аз фаъолияти асоси мебошад ё ин ки аз фаъолияти гайриасоси; таркиби даромад ва харочот чи гуна тавсиф мегардад ва гайра.
Пардохтпазири
Пардохтпазири кобилияти саривакт ва беталаф ичро кардани ухдадорихоро дар назди мизочон ва кредиторон нишон медихад.
Бонки тичорати бояд ба он микдор дорои активхои пардохтпазир бошад, ки дар холати зарури ба таври фаври табдил намудани онхо ба воситахои пули имконпазир гардад.
Пардохтпазирии бонк тавассути зарибхои зерин (тибки Дастурамали №79 аз 04.04.1999 с. »Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотхои карзи» бо назардошти тагйироту иловахои минбаъда ба он) муайян карда мешавад: К2-1 -таносуби активхои пардохтпазир ва ухдадорихои чори ва К2-2 — таносуби активхои пардохтпазир ва активхои умуми.
Идоракунии бонк
Қисми хотимавии баходихии фаъолияти бонки тичорати аз тахлили сифати идоракунии он иборат мебошад.
Бинобар он ки баходихии идоракунии бонк умуман амали субъективи мебошад, истифодабарии зарибхо дар ин холат бе маврид аст. Риоя гардидани хадди акали сармоя ва кифоягии он, сифати хуби активхо, дар холати кобили пардохт карор доштан ва риоя гардидани талаботи конунгузории бонки аз он гувохи медиханд, ки идоракунни бонк ба таври дуруст ба рох монда шудааст.
Баходихии идоракунии бонк аз муайян кардали холати ичроиши конунгузории бонки, санадхои меъёрии Бонки миллли Точикистон, сохтори идоракуни ва мавчуд будани низомномахо ва дастурамалхо, дуруст чо ба чо гузории кормандон, инчунин дарачаи махорати касби, поквичдонии кормандон ва риояи ухдадорихои функсионали аз чониби онхо, низ иборат мебошад.
Дар хотимаи тахлили омилхо, барои хар яки он аз руи чадвали дорои 5 дарача рейтинг мукаррар карда мешавад. Дарачаи рейтинг вобаста аз микёси мушкилоти дар фаъолияти бонк мавчудбуда зиёд мешавад, яъне:
Рейтинги 1 «холати устувор»
Рейтинги 2 «холати каноатбахш»
Рейтинги 3 «холати миёна»
Рейтинги 4 «холати имконпазир»
Рейтинги 5 «холати гайриканоатбахш»
Дарачаи рейтингхои омилхо бо хам чамъ кардашуда, барои муайян кардани бахои миёнаи рейтинги бонк ба адади «5» таксим карда мешавад. Адади дар натичаи чунин амалиёт хосилшуда рейтинги умумии бонкро нишон медихад.
Таснифи бахои миёнаи рейтинг
Бахои миёнаи рейтинг аз 1.0 то 1.4. Холати молиявии бонк хамачониба устувор буда, натичаи молиявии хуб дорад ва норасоихои ошкоргардидаро метавонад бо осони бартараф кунад. Назорати бонки аз болои фаъолияти чунин бонк шарт нест, чунки бонк метавонад ба тагйиротхое, ки дар бозори молияви ва иктисодиёт ба амал меоянд, фаъолияти хешро бо осони мутобик созад.
Бахои миёнаи рейтинг аз 1.5 то 2.4. Холати молиявии бонк умуман эътимоднок мебошад. Норасоихои ошкоргардида бо муваффакият бартараф карда мешаванд. Микёс ва хислати норасоихои ошкоргардида барои пайдо шудани шубха дар фаъолияти он асос шуда наметавонанд. Бинобар ин, барои мутобик кардани фаъолияти хеш ба тагйиротхое, ки дар бозори молияви ва иктисодиёт ба амал меоянд, бонк кодир мебошад. Назорати бонки танхо аз болои рафти ислохкунии норасоихои ошкоргардида бомаврид мебошад.
Бахои миёнаи рейтинг аз 2.5 то 3.4. Бинобар сабаби дар фаъолияти бонк ошкор гардидани норасоихо аз кабили норасоихои молияви ва вайронкунии конунгузории бонки, холати молиявии он начандон каноатбахш ба шумор меравад.
Агар сари вакт тадбирхои зарури барои бартараф кардани норасоихо андешида нашаванд, холати чунин бонк дар сурати ба вукуъ омадани тагйиротхо дар бозори молияви ва иктисодиёт, имкон дорад бадтар гардад.
Бахои мнёнаи рейтинг аз 3.5 то 4.4. Дар фаъолияти бонк норасоихои бешумор ошкор гардидаанд. Нишонахои ноустувории холати он аён аст ва барои бартараф кардани онхо сари вакт ва бо пурраги тадбирхои зарури андешида намешаванд.
Дар холати наандешидани тадбирхои зарури, эхтимолияти катъ гардидани фаъолияти чунин бонк метавонад ба миён ояд. Бинобар ин, чунин бонк бояд доимо зери назорати бонки карор гирад ва ба он зарур аст, ки накшаи солимгардонии хешро тахия сохта, дар амал татбик намояд.
Бахои миёнаи рейтинг аз 4.5 то 5.0. Ҳолати молиявии бонк то ба дарачае бад шудааст, ки эхтимолияти муфлисшавии он вучуд дорад. Микдори норасоихо то андозае зиёд мебошанд, ки барои солимгардонии он расонидани кумаки молияви аз чониби саххомон ва ё дигар манбахои молияви зарур аст.
Дар холати ба таври фаври наандешидани тадбирхои зарури барои солимгардонии бонк, дигаргунсозии сохтор бо рохи хамрохшави ё якчояшави бо бонки дигар ва ё бархамдихии он ногузир мебошад.