Достони «Кова ва Заҳҳок»
Нақша:
Муқаддима
- Ғояи асосии достон
- Симои қаҳрамонони достон
Хулоса
Аблуқосими Фирдавсӣ ҳамчун сарояндаи достонҳои безаволи «Шоҳнома» дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ва ҳамчунин дар таърихи адабиёти ҷаҳон шӯҳрати бузург касб кардааст.
Фирдавсӣ дар овони ҷавонӣ ба омӯхтани илму дониш шавқу завқи зиёде доштааст. Аз ин рӯ, дар андак муддат тамоми илмҳои замонаашро аз худ менамояд. Ӯ сарояндаи яке аз достонҳои бузурги қаҳрамонӣ- «Шоҳнома» буда, дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳамчун ҳамосасаро маълуму машҳур гардидааст.
Достонҳои «Шоҳнома» ранҷу заҳматҳои зиёда аз сивупанҷсолаи шоирро фаро гирифтааст. Шоир барои эҷоди ин асари калонҳаҷм тамоми дороии хешро сарф намудааст. Вале, мутаассифона, шоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ ба фикру андешаи бадхоҳон гӯш дода, ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ беэътиборӣ зоҳир намуд ва бар ивази ҳама он ранҷу заҳматҳои кашидаи шоир ба ӯ музди ночизе дод.
«Шоҳнома» достонҳои қаҳрамонӣ буда, аз бахшҳои гуногун иборат мебошад. «Шоҳнома» аз якчанд достонҳои таърихиву қаҳрамонӣ иборат мебошад, ки яке аз муҳимтарини онҳо достони «Кова ва Заҳҳок» мебошад. Фирдавсӣ дар достони «Кова ва Заҳҳок» муборизаи халқи меҳнаткашрро бо роҳбариву сарварии Кова ба муқобили Заҳҳоки ситампешаву мазлум тасвир намудааст. Ғояи асосии достон муборизаи қувваҳои некӣ бар зидди қувваҳои бадӣ ба ҳисоб меравад. Дар достон Заҳҳоки золим, Коваи оҳангар, писаронаш ва халқи меҳнаткаш қаҳрамонони асосӣ маҳсуб мешаванд.
Заҳҳок бо таъсири қувваҳои бадӣ падари худро ба қатл мерасонад ва баъд аз он ба сари тахт менишинад. Баъди он ки Аҳриман аз китфҳои Заҳҳок бӯса мекунад, аз ду китфи ӯ мор мебарояд. Морҳо ба сари Заҳҳок ҳамла меоваранд. Аҳриман ба Заҳҳок ҳамчун табиб маслиҳат медиҳад, ки ҳар рӯз морҳоро бо мағзи сари ду ҷавон зиёфат диҳад. Фикру андеша ва мақсаду муроди Аҳриман аз ин маслиҳат он буд, ки тухми инсонро аз рӯйи замин нобуд кунад. Ҳамин тавр морони Заҳҳокро парвариш мекунанд. Халқи бечора ба танг меояд. Кова, ки ҳабдаҳ писари худро аз даст дода буд, пешдомани чармини худро ливо сохта, халқи меҳнаткашро ба мубориза даъват менамояд. Саранҷом, Кова ғалаба мекунад.
Фирдавсӣ Заҳҳокро ҳамчун шахси золим, фарзанди нохалаф, рамзи қувваи бадӣ ба қалам додааст. Дар образи халқ бошад, қувваи бузургу мағлубнопазирро инъикос намудааст. Шоир дар образи Кова шахси бузургу тавоноро тасвир кардааст. Фирдавсӣ ғалабаи Коваро бо кӯмаку дастгирии ҳалқи меҳнаткаш тасвир намуда, қудрат ва тавоноии халқи оддиро хеле бузург мешуморад.