ҲУНАР ОМӮЗ К-АЗ ҲУНАРМАНДӢ
Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,
Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.
Ҳунаре неҳ, ки диҳад симу зарат,
Ҳунари аз дилу ҷон ранҷбарат.
Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебои мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурданбоб. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.
Заҳмату кору ҳунар касро намоянд номдор,
Олиҳиммат кас зи ҳастии ҳунар мумтоз шуд.
Шахси ҳунармандро ҳар як дақиқаи умр ғанимат аст ва онро ба ҷою бамаврид истифода мебарад. Намегузорад, ки лаҳзае ройгон гузарад. Аз донае хирмане месозад, аз матое ҷомае медӯзад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Бо дастони ҳунарманду бузургу меҳнатофаринаш ақли бинандаро асир месозад. Ҳунарҳои волои ҳунармандони асилро дида бешубҳа ононро ҳунармандони бузургро номгузорӣ мекунем, ки ин номҳои бузург бе меҳнату заҳмати зиёд ба даст намеоянд. Барҳақ гуфтаанд:
Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад,
Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард.
Музди меҳнати бузурги кас агар аз як тараф маош бошад, аз тарафи дигар, омухтани ҳунари бузург аст. Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душворие доранд, ранҷе доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро паси сар намоянду ҳунаре омузанд. Бехабар аз он ки омухтани ҳар як ҳунари воло инсонро дар зиндагӣ воломақому соҳибтаҷриба ва бузургдилу бообрӯ мегардонад. Тавре бузургон мегуянд: «Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст».
Ҳунарманди асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эхтиёҷ пайдо намекунад. Дастнигар намегардад, зеро худ кони ҳунари волост. Ҳунар як коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари касони боистеъдод аст. Яъне ҳунарманд коргоҳ намеҷӯяд ва ба куҷое, ки наравад, метавонад бо дастоварди бузурги худ музде пайдо намояд, ки боиси рӯзгузарониаш гардад. Илова бар ин, бо ҳунари волояш машҳур гашта, қудрату манзалати зиёд пайдо мекунад.
Шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти хешро меандешад, хамеша пайи омӯзиш аст. Мекӯшад хамеша чизеро омузад, ки боиси волоҳунар гардиданаш гардад. Дар натиҷаи меҳнати гарон ба касе амалеро анҷом диҳад, ки ҳам боиси хурсанд гардидани ӯ ва ҳам барои худаш манбаи омӯзиш бошад. Ба гуфти Кайковус:
«Мардуми бехирад мардумони бесуданд, чун муғулон, ки тан доранду соя надоранд, на худро суд мекунанд, на дигаронро».
Ҳар як инсон дар зиндагӣ меъмори худ аст ва аз худ метавонад шахсияти бузург пайдо созад. Ин бузургӣ ба хираду дониши кас вобастагӣ дорад. Дар дунё каси беайб нест. Лекин кушиш бояд кард, ки ҳунарманд буд, зеро каси ҳунарманд беайб аст. Дӯстонро низ ҳунарманд бояд интихоб кард, зеро дӯсти беҳунар занҷири костаро мемонад, ки бо андак беэътиноӣ канда мегардад ва ҳангоми душворие зуд мегурезад.
Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,
Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ.
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст.
Дар дидаи мардумон азиз аст.
Ҳунарманд агарчӣ норасоии зиёд дошта бошад, бо дастранҷи бузурги худаш метавонад дигаронро шефта гардонад, ба фикр водор созад, ки чӣ тавр ӯ тавонистааст чизе офарида, дигаронро ба ҳайрат гузорад.
Бекорӣ — вабои тан аст мегуянд. Модом, ки бекорӣ дард меовардааст, пас ҳар лаҳзаву ҳар соат мебояд омӯхт, ки ҳунари волое ба даст овард. Дастболо буд, муҳтоҷ нагардид, зеро ҳунари воло нишондиҳандаи бузургии кас аст. Ҳунари воло муҳитро зебову ҳунармандро воломақом мегардонад. Ҳунаромӯз дар кадом ҳолате, ки набошад, мекӯшад чизеро омӯзад, ҳунарашро сайқал диҳад, машҳур ва созгори атрофиён гардонад.
Хулоса, ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Назокату нафосати ҳар як ҳунарманди асил сирри ниҳони худро дорад. ки дастовардҳои ҳар як ҳунарманд аз дигаре хубтару беҳтар диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд. вале фарди беҳунар дар ҳама маврид хору залил аст.