Муносибати бонки тиҷорати бо Бонки миллии Тоҷикистон

Вазифаи умумии танзими фаъолияти хар бонки тичорати дар чорчубаи сиёсати ягонаи пулию карзии Хукумати мамлакат ба ухдаи Бонки миллии Тоҷикистон гузошта шудааст. Ин танзим чихати мусоидат намудан ва таъмини омилҳои зерин равона карда мешавад:

— кори босубот ва кави намудани вазъи молиявии бонки тичорати;
— равиш ва хавасмандгардонии бонк барои додани карз ба самтҳои асосии иктисодиёт ва баланд бардоштани некуахволии чамъият;
— ташкили илмии муомилоти пули дар ҳочагии халк ва гайра.

Барои дар амал чори намудани ин чорабиниҳо Бонки миллии Тоҷикистон кабл аз хама усулҳои иктисодии идорасози ва дар ҳолати нокифоя будани онҳо усулҳои маъмуриро истифода мебарад. Ташкили муносибатҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо бонкҳои тичорати ва усули танзими фаъолияти онҳо дар конунгузории. бонки дарч гардидааст. Мутобики конунгузории мавчуда Бонки миллии Тоҷикистон барои танзими фаъолияти бонкҳои тичорати мачмуи усулҳои зерини иктисодиро истифода менамояд:

-тагйир додани захираҳои хатмие, ки бонкҳои тичорати дар Бонки миллии Тоҷикистон нигох медоранд;

-муайян намудани худуди додани карз ба субъектҳои ҳочагидори;

-тагйир додани фоизи карз;

-гузаронидани амалиёт бо когазҳои киматнок, асъори ҳоричи ва гайра.

Мутобики дастур «Дар бораи захираҳои хатмии бонкҳо ва дигар ташкилотҳои карзие, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигох медоранд» аз 22 ноябри соли 1997 Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои системаи бонкиро ташкил медихад. Ин захира аз хисоби воситаҳои пулии субъектҳои ҳочагидори ва аҳолии, ки бонкҳо чун захираҳои карзи чалб менамоянд, ташкил карда мешавад.

Фонди захираҳои хатми барои он ташкил карда мешавад, ки бонкҳои тичорати дар мавриди зарури аз хисоби ин захира талаботи муштариёнро чихати гирифтани амонату пасандозҳо таъмин намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон бо рохи тагйир додани меъёри захираҳои хатми ба сиёсати карзии бонкҳои тичорати таъсир расонида, ҳолати муомилоти пулиро танзим менамояд. Дар ҳолати кам кардани меъёри захираҳои хатми ба бонкҳо шароит мухайё мегардад, ки маблаги захираҳои карзии чалбшударо ба таври пурра ба муштариён ба карз диханд, аммо ин амал боиси дар муомилот зиёд шудани хачми пули накд гардида, болоравии таваррумро метезонад.

Ба меъёри захираҳои хатми сатхи тараккиёти системам бонки ва умуман ҳолати иктисодии мамлакат низ таъсир мерасонад. Меъёри захираҳои хатмии бонкҳо ба шакли фоиз аз ухдадориҳои бонк муайян карда мешавад. Ҳолодар системаи бонкии Тоҷикистон меъёри ин захира барои бонкҳои тичорати ба микдори 20 фоиз мукаррар карда шудааст. Аммо дар ҳолатҳои зарури чихати таъмини пардохтпазирии бонкҳо дар муддати мох кисми ин захираҳо ба онҳо баргардонида мешавад ва бонкҳо бояд то охири хамон мох меъёри муайяншударо ичро намоянд. Ин захираҳо боз дар вакти муфлисшавии бонкҳо барои таъмини талаботи амонатгузорон ва пасандозкунандагон мавриди истифода карор мегиранд.

Дар ҳолатҳои аз тарафи бонкҳои тичорати зиёд додани карз ба субъектҳои ҳочагидори, Бонки миллии Тоҷикистон ба бонкҳои тичорати худуди додани карзро муайян мекунад, зеро афзоиши хачми карз дар иктисодиёт боиси дар муомилот зиёд шудани пули накд гардида, ин ҳолат низ таваррумро ба миён меоварад. Ин амали Бонки милли ба усулхри маъмурии танзими фаъолияти бонки дохил мешавад.

Тагйир до дани сатхи фоизи карз низ яке аз усулҳои танзими фаъолияти бонки буда, тавассути он ба афзоиши хачми карз таъсир расонида мешавад. Дар баъзе мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустакил фоизи карзҳои аз тарафи бонкҳои тичорати додашавандаро Бонкҳои милли (маркази) муайян мекунанд (аз чумла, дар Федератсияи Русия). Аммо дар чумхурии мо ин амалро Бонки миллии Тоҷикистон дар натичаи тагйир додани фоизҳои бозтамвил (рефинансирования) танзим менамояд. То 1 январи соли 2001 фоизи карзие, ки аз чониби Бонки миллии Тоҷикистон ба бонкҳои тичорати дода мешуд, ба воситаи музоядаи карзи муайян мегардид. Ҳоло бошад амали музоядаи карзи катъ гардида, бозори карзии байнибонки ташкил карда шуд. Дар оянда хангоми ба карз зарурат пайдо шудан як бонк аз бонки дигар карз мегирад.

Усули дигари танзими фаъолияти бонки, ин амал кардан дар бозори когазҳои киматнок ва асъори ҳоричи буда, бо ин усул Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба хачми пули дар муомилотбуда таъсир расонида, як кисми онро аз муомилот гирифта захира намояд. Бо ин амал низ пеши рохи болоравии таваррум гирифта мешавад. Бояд кайд намуд, ки ҳоло дар чумхурии мо бозори дуюминдарачаи когазҳои киматнок инкишоф наёфтааст ва танҳо бозори якуминдарачаи ин когазҳо амал мекунад. Нахустин музоядаи Векселҳои давлатии хазинадории Тоҷикистон 2 сентябри соли 1998 барпо гардид. Максади асосии барориши Векселҳои хазинадори ин дарёфти сарчашмаҳои гайритаваррумии пушонидани касри бучети давлати аст. Дар ин музояда асосан бонкҳои тичорати ва ташкилотҳои молиявии гайрибонки иштирок меварзанд. Аз 15 марти соли 2001 тавассути музояда фуруши вомҳои Бонки миллии Тоҷикистон огоз гардид, ки ин барои пешгири намудани зиёдшавии сатхи таваррум ва танзими микдори пули дар муомилотбуда ахамияти калон дорад. Аммо барои ба фаъолият огоз намудани бозори когазҳои дуюмдарача тамоми чораҳои зарури андешида шуда истодааст ва дар ояндаи наздик ин бозор фаъолият ҳохад кард. Баъд аз огози фаъолияти ин бозор имконияти Бонки миллии Тоҷикистон барои дар бозори озод кор бурдан хеле васеъ мешавад.

Кайд кардан зарур аст, ки хамаи меъёрҳои аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муайяншударо бонкҳои тичорати бояд хатман ичро намоянд. Дар ҳолати аз тарафи бонкҳо риоя нашудани ин меъёрҳо Бонки миллии Тоҷикистон чораҳои зарури меандешад ва агар чораҳои дидашуда натича надиханд, фаъолияти ин гуна бонк кать карда мешавад.

584
Нет комментариев. Ваш будет первым!