Информатика ва техналогияхои информатсиони хамчун илм

Истилоҳи «информатсия» яке аз категорияҳои умуиилмӣ буда, аз калимаи лотинии informatio гирифта шудааст. Инсон доимо бо информатсия сару кор дошта, дар тамоми фаъолияташ истифода мебарад. Вай барои кабули информатсия намудҳои гуногуни ҳиссиёташ – гӯш, бинӣ, чашм, забон ва дасту пойро истифода мебарад.

Истилоҳи информатсия яке аз мафҳумҳои фундаменталии информатикаро ифода карда, таърифи аниқи илми надорад. Чуни н истилоҳҳо дар математика ҳам, ба монанди нуқта, маҷмӯъ вуҷуд доранд. Дар ин маврид истилоҳҳоро бо ёрии мафҳумҳо ифада мекунанд.Дар зери истилоҳи информатсия хабар, маълумот, ахборотро фаҳмидан мумкин аст. Дар илму техника информатсия гуфта маълумотеро фаҳмидан лозим аст, ки вайро ташкил додан, интиқол додан, нигоҳ доштан, коркард кардан мумкин аст.

Истилоҳи «информатика» дар ибтидои солҳои 60 – уми асри XX дар Фаронса пайдо шуда, аз якҷоякунии ду калима «информатсия» ва «автоматика» ҳосил шуда аст. Аз калимаи якум инфор ва дуюм матика гирифта шудааст.

Информатика илме, ки масъалаҳои ба ҷустуҷӯ, ҷамъкунӣ, нигоҳдорӣ, табдилдиҳӣ ва истифодаи информатсия алоқамандро дар доираи гунигуни фаъолияти инсонӣ меомӯзад.

Дар Англия ва ИМА фанни информатикаро илмӣ компютерӣ меноманд.

Асоси назариявии информатикаро илмҳои фундаменталӣ, аз қабили математика ва кибернетика ташкил медиҳад. Ядрои информатикаро техналогияҳои информатсионӣ ҳамчун маҷмӯи воситаҳоим техникӣ ва программавии конкретӣ, ки бо ёрии онҳо амалҳои гуногуншаклро бо коркарди информатсия дар тамоми доираи фаъолият иҷро мекунем, ташкил медиҳанд.

Калимаи «техналогия» дар луғати юноноёни қадим вомехӯрад, ки тарҷумааш «маҳорат», «саънати тайёркунии чизҳо» аст.

Техналогияи соҳаи моддӣ гуфта протсессорро меноманд, ки бо маҷмӯи восита ва методҳои коркард, тайёркунӣ, тағйирёбии холат, хосиятҳо, шакли захираҳо ё масолеҳ муайян карда мешавад. Дар замони мо инсонят аз сари худ инқилоби илмӣ – техникӣ, ки асосашро техникаи компютерӣ ташкил медиҳад, мегузаронад. Дар базаи ин техника намуди нави техналогияҳои информатсионӣ пайдо шуда аст. Ба онҳо просессҳое мансубанд, ки коркард ва маҳсулоташон информатсия мебошанд.Техналогияи информатсионӣ – ин протсессест, ки маҷмӯи восита ва тарзхи ҷамъбаст, коркард ва интиқоли информатсияи аввалинро барои ҳосилкунии информатсияи сифатан нав дар бораи ҳолати объект, просесесс ё зуҳуроти маҳсулоти информатсионӣ истифода мебарад.

Мақсади техналогияҳои информатсионӣ истилоҳи информатсия барои таҳлили инсон ва дар асоси он қабул кардани ҳал барои иҷрои ягон амал мебошад. Дар замони ҳозира техналогияҳои информатсионӣ якчанд давраҳои инкишофро аз сар гузаронидананд, ки ҳар яке аз гузариш асосан бо инкишофи прогрессии илмӣ – техникӣ, пайдошавии воситаи нави техники коркарди информатсия муайян карда мешавад.Ба мафҳуми техналогияҳои информатсионии нав техналогияҳои камуникатсионӣ низ дохил мешавад, ки интиқоли информатсияро бо воситаҳои гуногун – телефон, телеграф, телекамуникатсия, факс ва ғайра таъмин мекунад. Сифати «компютерӣ» мефаҳмонад, ки истифодаи воситаи техникии асоси он компютер ба шумор меравад.

1.66K
Нет комментариев. Ваш будет первым!