Сохтори умумии МЕҳ

ҳар гуна МЕҳ дар таркиби худ қисмҳои зеринро соҳиб аст:

— қисми хотира

— протсессор, кӣ вай аз қисмҳои идоракунӣ ва арифметикӣ – мантиқӣ

иборат аст

— қисми дохилкунӣ

— қисми аз чоп барорӣ

Ин қисмҳо бо ҳамдигар бо каналҳои алоқа алоқаманданд, кӣ ба онҳо маълумот гузаронида мешавад.

Хотираи МЕҳ барои сабт, нигоҳдорӣ ва интиқоли маълумот кор фармуда мешавад. Хотира ду хел мешавад: хотираи оперативӣ ва хотираи доимӣ. Дар хотираи оперативӣ программаҳои корӣ ва хизматӣ маълумоти ибтидои, инчунин натиҷаҳои мобайнӣ ва интиҳои, яъне он маълумотҳое, кӣ барои ҳалли масъалаҳои конкретӣ кор фармуда мешаванд, нигоҳ дошта мешаванд. ҷудокунии хотира ба хотираи оперативӣ ва хотираи доимӣ ба суръати коркарди маълумот алоқаманд аст. Хотираи оперативӣ онҳоро тезтар, вале доимӣ сусттар коркарда мебарорат.Ба хотираи доимӣ чунин қисмҳо, ба монанди андӯхтҳо дар дискҳо, барабанҳо, лентаҳои магнитӣ мансубаст.

Одатан дар қисми доимӣ он маълумотҳое сабт карда мешаванд, ки дар рафти ҳалли масъала камтар истифода мешаванд.

Хотираи оперативиро ба воситаи нигоҳдории маълумотҳо дар майнаамон ва хотираҳои доимиро ба воситаи нигоҳдории доимӣ, масалан ба дафтарчаи қайдҳоямон монанд кардан мумкин аст. Дар ҳақиқат ҳам дискҳо ё лентаҳои магнитиро аз мошин «ҷудо» кардан мумкин аст. Лекин хотираи оперативӣро аз МЕҳ ҷудо кардан мумкин нест, вай қисмӣ ҷудонашавандаи МЕҳ-ро ташкил мешавад.

қайд мекунем, кӣ хотираи доимӣ маълумотҳоро танҳо бо хотираи оперативӣ иваз карда метавонад. Аз ин рӯ барои он ки маълумоти зарурии дар хотираи доимӣ маҳфузбударо истифода барем, зарур аст, кӣ пеш аз ҳама, онро ба хотираи оперативӣ даъват кунем. Дар ин маврид нухсаи он дар хотираи оперативӣ сабт шуда, худаш дар хотираи доимӣ низ нигоҳ дошта мешавад. Зимнаи маълумотҳои дар хотираи оперативӣ то фиристодани ягон маълумоти дигаре ба ҷои он нигоҳ дошта мешавад. Айнан ҳамин тавр, маълумот аз хотираи оперативӣ ба хотираи доимӣ фиристода мешавад.

қисми арифметикӣ – мантиқӣ барои коркарди маълумотҳо кор фармонида мешавад. Вай бо ададҳо ва командаҳо амалҳои зарурии арифметикӣ ва мантиқиро иҷро мекунад. Маълумотҳои ибтидоиро гирифта, бо онҳо амлҳои заруриро иҷро карда, қисми рифметикӣ– -мантиқӣ натиҷаи мобайни ё ниҳоиро муайян карда, пас онҳоро ба харита мефиристад. қисми арифметикӣ – мантиқӣ бо параметрҳои зерин тасвир карда мешавад.

— мачмӯи амалҳои элементарӣ:

— вақти иҷрои амалҳои элементарӣ:

— бо миқдори амалҳои арифметикӣ ва мантиқие, кӣ дар воҳиди вақт иҷро мешавад, яъне бо суръати тезҳисобкунак.

Суръати ҳисобкунии МЕҳ-ҳое, кӣ ҳоло истеҳсол мешаванд, даҳҳо миллион ва ҳатто мил-лиард амалро дар як сония иҷро мешавад.

қисми арифметикӣ – мантиқӣ чунин амалҳои элементарӣ ба монанди ҷамъ, тарҳ, зарб,

тақсим, муқоиса, амалҳои матиқиро иҷро кардан мумкин.

қисми идоракунӣ таъминӣ автоматии тамоми қисмҳои МЕҳ- ро иҷро мекунад. Вай аз хотира командаи навбатии программа ва ҳамаи ададҳое, кӣ дар он иштирок мекунанд, даъват намуда ба қисми арифметикӣ – мантиқӣ фиристода, натиҷаи ҳосилшударо пас ба хотира мефиристонад.

ҳар гуна маълумот дар МЕҳ бо забони мошинӣ (бо коди дуй) кодгузорӣ карда мешавад, лекин аз нигоҳӣ физикӣ ба намуди импулсҳои электрикӣ (шиддат мавчуд аст – 1, шиддат мавчуд нест – 0 ) ифода меёбад. Лекин инсон маълумотеро. ки ба намуди импулсҳо электрикӣ ифода меёбад, «намефаҳмад». Аз ин ҷо қисмҳои махсуси дохилкунӣ – азчопбарорӣ заруранд, кӣ маълумотро аз забони одам ба забони МЕҳ ва баръакс табдил меёбад. Ба сифати қисми дохилкунӣ одатан клавиатура – ро истифода мебаранд. Агар тугмачаи муайяни дорои ягон рамз бударо пахш кунем, ба МЕҳ пайдарпайи муайяни импулсхои электрикӣ дохил мешавад. Чунон одамяк рамзро аздигараш аз рӯи расм фарқ мекунад, МЕҳ ҳам онҳоро аз рӯи пайдарпайиҳои гуногуни импулсҳои электрикӣ фарқ мекунад. Ба ҳар як рамз пайдарпайии импулсҳои электрики худаш мувофиқ меояд.

Ба сифати қисми азчопбарории маълумотҳои дисплейҳои сафеду сиёх ё ранги кор фармуда мешаванд, дар экрани онҳо маълумотҳои ададӣ, матнӣ ё графикӣ фурӯзон мешавад. Ба сифати дисплей монитори махсусеро истифода будан ба мақсад мувофиқ аст, ки сифати тасвираш нисбат ба телевизори муқаррарӣ баландтар аст. Барои ба рӯи қоғаз чопкунии маълумотҳо принтер кор фармуда мешавад. Барои ба рӯи қоғаз чопкунии нақшаҳои мураккаб ва схемаҳо нақшакашак кор фармуда мешавад.

Наслҳои МЕҳ

Дар баробари бо суръати бениҳоят баланд зиёд шудани миқдори кампютерҳо, худи онҳо низ зуд мукаммал гардонида мешуданд. Мошинаҳои электронии ҳисоббарорро аз базаи элементӣ, зудкорӣ, ҳаҷми хотира, маҷмӯи командаҳо ва архитектураашон ба наслҳо ҷудо мекунанд. Компютерҳои мавҷударо шартан ба чор насл ҷудо мекунанд. Имрӯзҳо барои сохтани кампютерҳои насли панҷум низ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.

Чих еле ки қайд карда шуд, ба наслҳо ҷудо кунии мошинҳои электронии ҳисббарор амали хеле шартӣ аст. Масалан, кампютер метавонад, ки аз рӯйи базаи элементиаш ба як наслу аз рӯйи хосиятҳои сохтори ва имкониятҳояш ба насли дигар дахл дошта бошад. Ба характеристикаҳои аз ҳама асоси МЕҳ зудкорӣ ва ҳаҷми хотираи фаврӣ дохил мешаванд. Зудкорӣ – бо миқдори миёнаи амалҳои мошинии дар як сония иҷрошаванда баҳо дода мешавад. ҳаҷми хотираи фаврӣ – бо миқдори калимаҳои мошинӣ (тақрибан 32 разряди дуйӣ) чен карджа мешавад. ҳоло ба таври мухтасар дар бораи наслҳои МЕҳ маълумот медиҳем.

НАСЛИ ЯКУМ (солҳои 40-50). Базаи элементӣ – лампаҳои электронӣ, зудкорӣ — тақрибан 100 амал/с, ҳаҷми хотира фаврӣ – тақрибан 100 калима, реҷаи истифодабарӣ – монополӣ: захираҳои мошинӣ (хотира, таъминоти программавӣ ва таҷҳизотии компютер) ва идоракунии он дар ихтиёри як шахс, навишти программа – забони мошинӣ (коди дуйӣ).

НАСЛИ ДУЮМ (солҳои 50-60). Базаи элементӣ – транзисторҳо, зудкорӣ — тақрибан 10000 амал/с, ҳаҷми хотира фаврӣ – тақрибан 10000 калима, ҳаҷми хотираи берунӣ (дискҳо ва лентаҳои магнитӣ) — тақрибан 10 млн. калима, реҷаи истифодабарӣ – коркарди пакетӣ, навишти программа – забонҳои алгоритмӣ.

НАСЛИ СЕЮМ (солҳои 60-70). Базаи элементӣ – схемаҳои интегралии калон, зудкорӣ — тақрибан 10 млн. амал/с, ҳаҷми хотира фаврӣ – тақрибан 10млн. калима, ҳаҷми хотираи берунӣ- тақрибан 10млрд. калима, усули истифодабарӣ – реҷаи вақти тақсимкардашуда бо коркарди пакетӣ.

НАСЛИ ЧОРУМ (аз солҳои 70- ум). Базаи элементӣ – схемаҳои интегралии аз ҳад калон. Хусусяти фарқкунандаи мошинҳои ин насл – миқдори хеле зиёди таҷҳизоти коркарди информатсияи ба таври параллелӣ коркунанда ва мавҷуд будани элементҳои архитектура нави МЕҳ. Дар се насли аввалаи МЕҳ асосан архитектураи анъанави и фон Нейман истифода бурда шуда буданд. Дар сохтори компютерҳои ин насл алоқаи зичи қисмҳои техникӣ ва программавӣ ҷорӣ карда шуд. Зудкорӣ — тақрибан як млрд. амал/с, ҳаҷми хотира фаврӣ – тақрибан 10млрд. калима. Усули кор – истифодабарии шаклҳои шабакавӣ ва алоҳидаи компютерҳо.

НАСЛИ ПАНҷУМ. Лоиҳаҳои мошинҳои ин насл дар зинаи амалишавӣ мебошад. Вале аллакай аз ин лоиҳаҳо ва нусхаҳои таҷрибавии компютерҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки дар ин ҷо зудкорӣ бо хулосабарориҳои мантиқӣ омехта гардонида мешаванд. Усули истифодабарӣ – диалоги (робитаи) байни истифодабаранда ва МЕҳ бо забони муқарарии одамӣ. Фанни программасозӣ ҳамчун илм дар оянда барои истифодабарандагони МЕҳ аҳамияти актуалии худро гумм мекунад. Дониши дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон ғункардашуда, дар хотираи компютер дар шакли базаи донишҳо ва маълумотҳо нигоҳ дошта мешавад. Саҳми қоғаз ҳамчун барандаи информатсия хеле коҳиш меёбад.

Тасвири наслҳои МЕҳ- ро ба поён расонида, хотррасон менамоем, ки тараққиёти бошиддат техникаи ҳисоббарорро синфи масъалаҳое муайян месозанд, ки онҳоро илми муосир пешниҳод намудааст. Компютер низ дар навбати худ, ба соҳаҳои тадбиқи худ таъсири бевосита мерасонад. Техникаи кайҳонӣ, энергетикаи атомӣ, лоиҳакашии объектҳои мукаммалтарини базаи информатсия ва донишро бе истифодабарии компютер тасаввур кардан амри маҳол аст. Амалан майдони тадбиқи компютер ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсонбуда, он доимо такмил ва фаррох мегардад.

368
Нет комментариев. Ваш будет первым!