Компютери шахси ва қисмхои таркибии он

Истилоҳи «информатика» дар ибтидои солҳои 60 – уми асри XX дар Фаронса пайдо шуда, аз якҷоякунии ду калима «информатсия» ва «автоматика» ҳосил шуда аст. Аз калимаи якум инфор ва дуюм матика гирифта шудааст.

Информатика илме, ки масъалаҳои ба ҷустуҷӯ, ҷамъкунӣ, нигоҳдорӣ, табдилдиҳӣ ва истифодаи информатсия алоқамандро дар доираи гунигуни фаъолияти инсонӣ меомӯзад.

Компютер аз калимаи англисии computer гирифта шуда, маънояш асбоби ҳисоб аст. Вай бо калимаи электроника ҳеҷ алоқамандие надорад. Компютер – ин асбобест, ки маълумотро коркард менамояд. ҳоло ҳамаи компютерҳо электронӣ мебошанд. Аз ҳамин сабаб, калимаи компютер ҳамчун муродифи МЭҳ истифода бурда мешавад. Якумин маротиба дар фурӯш компютери шахсӣ аз тарафи фирмаи MITS – и ШМА соли 1977 бо номи «Алтоир — 8800» пайдо шуд.

Созандагони аввалин компютери шахсӣ ду техникҳои ҷавони америкоӣ будаанд: Стивен ҷобс ва Стив Возняк, ки дар тобистони соли 1976 дар гаражи волидони ҷобс он чӣ ки сонияи «компютери шахсӣ» номида шуд, сохтанд ва онро «Aplle» — «себ» ном ниҳоданд. Аллакай дар миёнаҳои соли 1977 нусхаи аввалини «Aplle — 2» дар фурӯш пайдо шуд. Дар солҳои минбаъда якчанд фирмаистеъсоли компютерхои шахсӣ шуруъ кардан.

Махсусан дар доираи васеъи истифодабарандагон фирмаи IBM бо истеъсоли компютерҳои шахсии тамғаашон гуногун шӯҳрат пайдо кардан.

Дар расми 3 намуди компютери Pentium IV таҷассум ёфтааст. Намуди зоҳирии компютерҳои шахсӣ карданашон мумкин аст.

Дар ҳар гунна компютери шахсӣ қисмҳои зерин буданаш ҳадмист:

Блоки системавӣ;

Клавиатура;

Монитор;

Мушак;

Блоки системавӣ қисми асосии компютер ба ҳисоб меравад. Дар он компанентҳои асосии компютер – микропротсессор, хотираи оперативӣ, дисководҳо, дискҳои магнитии сахт ( винчестер ) ва ғайра ҷойгир мешавад.

Клавиатура барои дохилкунии маълумот хизмат мекунад.

Одатан дар клавиатура бештар аз 100 тугмача ва 3-4 лампочка мавҷуд аст.

Монитор ( дисплей ҳам мегуянд ) барои азчопбарории маълумотҳои графикӣ ва матнӣ дар экран хизмат мекунад.

Мушак – асбобе, ки дохилкунии маълумотро ба компютер осон мекунад.

Илова бар ин ба компютер асбобҳои зеринро пайваст кардан мумкин аст.

Принтер барои азчопбарории маълумотҳо дар коғаз хизмат мекунад.

Се намуди принтер мавҷуд аст.

1.Матрисавӣ

2.Фавракдам ( струйный )

3.Лазерӣ

Сканер – асбобест барои нусхагирии маълумотҳои графикӣ ва матнӣ.

ҷойстик – манипулятор асосан барои базиҳои компютерӣ истифода мебаранд.

Модем – имконияти пайваст ба шабакаҳои компютерӣ ё алоқаро бо дигар компютерҳо аз рӯи хати телефонӣ медиҳад.

қалами равшаннок ( светавое перо ) – ин асбоб ба авторучкаи симдор монанд аст. Бо ин қалам элементҳои экранро нишон дода, онҳоро идора кардан (масалан расм кашидан ) мумкин аст.

Плоттер ( нақшакашак ) – асбобест, барои азчопбарории нақшаҳо дар қоғаз.

501
Нет комментариев. Ваш будет первым!