Мукаррароти Умумӣ

Моддаи 1. Мақоми ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон

1. Бонки миллии Тоҷикистон бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда аст.

2. Бонки миллии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ мебошад.

3. Маҳалли воқеъ гардидани Бонки миллии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад.

4. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо салоҳдиди худ дар мамлакат ва хориҷ аз он шӯъбаҳо ва намояндагиҳояшро кушояд.

5. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба истиснои ӯҳдадориҳое, ки бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад, Бонки миллии Тоҷикистон низ аз рӯи ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— ташкилотҳои қарзӣ — шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибинкӣ, аз ҷумла (ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;
— бонк — ташкилоти қарзие, ки мақсади асосиаш гирифтани фоида буда, дорои сармояи оинномавии барои он муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳуқуқи иҷрои на камтар аз се амалиёти зерин: ҷалби амонат ва пасандозҳо, додани қарз, кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ мебошад;
— ташкилотҳои қарзиии ғайрибонкӣташкилотҳои қарзие, ки ҳуқуқи иҷрои баъзе аз амалиёти бонкиро доранд. Номгӯи амалиёти бонкиро барои ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
— қурби расмии асъор — қурби асъор, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст;
— тавозуни пардохт — ҳисоботи оморие, ки амалиёти дар муддати муайян анҷомдодаи байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳоро ҷамъбаст менамояд;
— меъёри бозтамвил — меъёри ҳадди ақалли фоизе, ки аз рӯи он Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ, қарз медиҳад;
— қарз — маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба мӯҳлати муайян дода шудааст;
— амонат — маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд;
— пасандоз — маблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиашон ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст;
— пули миллӣ — сомонӣ аст, ки як воҳиди он ба 100 дирам баробар аст;
— фоидаи воқеии Бонки миллии Тоҷикистонфоидае, ки бо роҳи ба суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани маблағ ба даст омадааст;
— асъор — пули миллии мамлакатҳои хориҷӣ;
— бозтамвил — додани қарз аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ, баҳисобгирӣ ва азнавбаҳисобгирии коғазҳои қиматнок, ки тибқи Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд;
— низоми пардохт — низоми бо ҳам алоқаманди технологияҳо, тартиб, қоида, воситаҳои пардохт ва низоми интиқоли маблағ, ки муомилоти пулро таъмин мекунад;
— хизматрасониҳои пулӣ — низоми интиқоли пул, қабули пардохтҳо бо истифодабарии нуқтаҳои қабули пардохтҳо, хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунӣ, хазинавӣ, инкассатсияи маблағ, векселу чекҳо, эмиссия ва хизматрасонии кортҳои пардохтӣ;
— низоми клиринг — низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва байнибонкӣ, ки ба талабот ва ҳисоби ӯҳдадориҳои пардохти мутақобилаи пули асос ёфтааст;
— низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда;
— низоми пулӣ — тартиби ба қонунҳо асосёфтаи ташаккул ва танзими муомилоти пул;
— меъёрҳои мақбул — меъёрҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ муқаррар гардида, риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҳатмӣ мебошад;

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Бонки миллии

Тоҷикистон

КонунгузорииЧумҳурии Точикистон дар бораи Бонки миллии Точикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумҳурии Точикистон асос ёфта, аз конуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳукукии Чумҳурии Точикистон, инчунин санадҳои ҳукукии байналмилалие, ки Точикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Муносибати Бонки миллии Тоҷикистон бо Маҷлиси

намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад, ки он чунин амалӣ карда мешавад:
— Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ тасдиқ мекунад;
— Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати дигари аудиториро барои гузаронидани аудита берунии Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 82 Қонуни мазкур дар сурати норозӣ будан аз натиҷаи аудита беруние, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шудааст, муайян мекунад;
— Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва хулосаи аудиториро пешниҳод менамояд;
— Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботро оид ба иҷрои он пешниҳод мекунад.

Моддаи 5. Мақсадҳои Бонки миллии Тоҷикистон

1. Мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон ноил шудан, нигоҳ доштани сатҳи мӯътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмӯҳлат мебошад.

2. Мақсадҳои иловагии Бонки миллии Тоҷикистон инҳоянд:
— таъмини устувории низоми бонкии давлат;
— мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.

3. Гирифтани фоида мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон намебошад.

Моддаи 6. Вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон

1. Вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
— таҳия ва амалӣ намудани сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— таҳлили иқтисодӣ ва пулӣ ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо, инчунин ба маълумоти ҷомеа расонидани натиҷаҳои таҳлил;
— додани иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзӣ барои иҷрои амалиёти бонкӣ ва танзиму назорати фаъолияти онҳо;
— додани иҷозатнома барои фаъолияти Бюроҳои таърихи қарз ва танзиму назорати фаъолияти онҳо;
— ташкили низоми пардохт, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва низоми хизматрасониҳои пулӣ, танзим ва назорати фаъолияти онҳо;
— ба таври монополӣ амалӣ намудани эмиссияи пули нақд, ба муомилот баровардан ва аз муомилот гирифтани пул;
— нигаҳдорӣ ва идораи захираҳои байналмилалӣ;
— иҷрои амалиётҳои бонкӣ;
— аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ гирифтани ӯҳдадориҳо ва иҷрои амалиётҳое, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ бармеоянд;
— таҳияи тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои дигари ба зиммааш гузоштаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.

3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақсади мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мутобиқи қонун чораҳои зарурӣ андешад ва вобаста ба он фаъолияти ташкилотҳои қарзиро танзим ва назорат намояд.

Моддаи 7. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон

1. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар доираи салоҳияташ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул менамояд.

2. Нисбат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 8. Ташкили фаъолият ва молу мулки Бонки миллии Тоҷикистон

1. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро мустақилона ташкил ва амалӣ менамояд. Дахолати мақомоти давлатӣ дар ташкили фаъолияти он манъ аст.

2. Бонки миллии Тоҷикистон дорои маблағ, биноҳо, иншоот, таҷҳизот, сарватҳои дигар буда, метавонад воситаҳои асосии аз истифода баровардашударо аз тавозунаш хориҷ намояд ва ба шахсони дигар ройгон диҳад ё фурӯшад. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои худ ташкилотҳои дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ таъсис диҳад, биноҳо, иншоот ё молу мулки дигарро харида гирад ба шарте, ки чунин молу мулк барои таъмини фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон зарур бошад.

3. Давлат ҳимояи ҳуқуқи молу мулки қонунии Бонки миллии Тоҷикистонро кафолат медиҳад ва наметавонад молу мулк, фондҳо, маблағи онро мусодира намояд ё сармояи оинномавиашро кам кунад.

4. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти фаъолияти худ, инчунин нигаҳдории молу мулку дороиҳо ва ҳифзи кормандонаш ҳуқуқ дорад хадамоти махсуси амниятӣ ва посбониро таъсис диҳад ва ҳамчунин тибқи қонун яроқ ва воситаҳои махсуси ҳимоявӣ харидорӣ карда, нигаҳ дорад ва истифода барад.

Моддаи 9. Ҳамкории байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон

1. Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷлисҳои машваратии байниҳукуматӣ, дар шӯроҳо ва ташкилотҳо дар бораи масъалаҳои сиёсат оид ба пул, додани иҷозатнома барои амалиёти бонкӣ, доир ба масъалаҳои назорати бонкӣ ва масъалаҳои дигар, ки аз салоҳияти онҳо мебошад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба муассисаҳои хориҷӣ, ҳукуматӣ, молиявӣ ва бонкӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар онҳо Бонки миллии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад, хизматҳои бонкӣ расонад.

3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ташкилотҳои байналмилалӣ, ки мақсадашон бо роҳи ҳамкории байналмилалӣ ба даст овардани суботи молиявӣ ва иқтисодӣ мебошад, иштирок намояд.

4. Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ба сифати намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи худ ӯҳдадориҳоеро гирад, ки амалиёт ва иҷрои он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ вобаста мебошад.

БОБИ 2. САРМОЯ, ФОИДА ВА ФОНДҲОИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 10. Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон

1. Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон 20,0 млн. сомониро ташкил медиҳад. Он дар асоси Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд — Раёсат) бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тасдиқи минбаъдаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад зиёд карда шавад.

2. Сармояи оинномавиро ба дигарон додан ё ба гарав мондан мумкин нест.

3. Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва бо мақсади баробар кардани фоида ва зиёни аз ҳисоби азнавбаҳодиҳии арзиши металлҳои қиматбаҳо ва асъори хориҷии бадастомада, суратҳисоби арзиши азнавбаҳодиҳии истифоданагардида кушода, пешбурди онро анҷом медиҳад.

Моддаи 11. Сметаи солона

1. Ҳамаи даромад ва хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистон дар сметаи даромад ва хароҷоте, ки Раёсат тасдиқ кардааст, пешбинӣ мегардад.

2. Сметаи даромад ва хароҷот дар давоми сол бояд таҳти назорати муҳосибӣ бошад, ки он аз тарафи аудити дохилӣ сурат мегирад.

Моддаи 12. Фоида ва зиёни Бонки миллии Тоҷикистон

1. Фоидаи соф ва зиёни Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ муайян карда мешавад.

2. Дар давоми сӣ рӯзи баъди нашри ҳисоботи молиявии аудитшуда Бонки миллии Тоҷикистон фоидаи воқеан бадастовардаи худро бо тартиби зерин тақсим менамояд:
— ба сармояи оинномавӣ -10 фоиз то пурра ташаккул ёфтани он;
— ба фонди захиравӣ — 60 фоиз то ба 10 фоизи ӯҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон баробар шудани он;
— ба буҷети давлатӣ — қисми боқимондаи фонда баъди тасдиқи ҳисоботи солона аз тарафи Раёсат.

3. Зиёни Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои солҳои гузашта дар соли ҷорӣ аз ҳисоби фонди захиравӣ ва дар ҳолати нокифоя будани он аз ҳисоби сармояи оинномавӣ ҷуброн карда мешавад.

4. Дар ҳолати аз меъёр кам шудани сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон доир ба ҷуброни каср аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳи баъд аз гирифтани дархости Раиси Бонки миллии Тоҷикистон оид ба пардохти маблағи каср ё барориши ба он баробари коғазҳои қиматноки мӯҳлатнок бо фоизи на камтар аз меъёри бозтамвил қарори дахлдор қабул менамояд.

Моддаи 13. Масунияти андозии Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон аз пардохти андози ҳадди ақал аз даромадҳо ва андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ озод мебошад.

347
Нет комментариев. Ваш будет первым!