Маълумот дар бораи системаи оператсиони
Яке аз хусусиятҳои компютерхои IBM PC аз он иборат буд, ки дар онхо реҷаҳои матнӣ ва графикӣ экранро дар як вақт истифода бурдан мумкин нест. Масалан, як қисми экранро матнӣ ва дигарашро графикӣ карда кор кардан имконпазир нест.Фирмаи Mikrosoft аз соли 1981 оиди системаи оператсионии графикӣ барои компиютерҳои IBM PC кор мебурд.Чунин система соли 1995 бо номи MicrosoftWindovws 95 пайдо шуд.То пайдоиши Microsoft Windows компиютерҳои IBM PC бо системаи оператсионии ғайриграфикии MS DOS кор мекарданд, аммо барои онҳо якчанд абрчаҳои графики Windows (версияҳои 1.0, 2.0, 3.0, 3.11) ташкил дода буданд. Онҳо ҳамчун программаи муқаррарии MS DOS ба кор андохта мешаванд, яъне системаҳои оператсионии мустақил набудаанд. Аз сабаби бо пайдоиши абрчаҳо графики Windows имкониятҳои нав ба вуҷуд омад, онро на абрча, балки муҳит меномидагӣ шудаанд.
Мафҳуми асосии муҳити Windows _ оина аст. Оина ин сегменти росткунҷашакли экран мебошад, ки бештар вақт бо чорчӯба маҳдуд аст. Хар як илова (программа) дар оинаи алоҳида, ки як қисм ё тамоми экранро ишғол кардааш мумкин аст, иҷро мешавад. Программаи амалиро ба кор андохтан ин кушодани оинаи иловаро мефаҳмонад. Маҳкам кардани оинаи илова баитмомрасии программаро мефаҳмонад.Дар як вақт якчанд илова (ҳар яке бо оинаи худ) иҷро шуданаш мумкин аст.Бо ёрии мушак аз як илова ба иловаи дигар гузоштан мумкин аст.
Асбоби асосии кор дар муҳити Windowsмушак ба ҳисоб меравад.Клавиатура ҳам ба таври васеъистифода карда мешавад.
Баъзе азхусусиятҳои Windows — ро, ки муҳитро аз абрчаҳо ҷудо мекунанд, номбар мекунем.
- 1.Бисёрвазифа,яъне он имконияти дар як вақт бакорандозии якчанд барномаро соҳиб аст.
- 2.Интерфейси барномавии ягонаро дорад, яъне ҳамкории байни барномаҳое, ки барои Windows навишта шудаанд, ҳамин тавр ташкил карда шудааст, ки имконияти ташкили маълумот дар як программа ва гузаронидани онҳо дар программаҳои дигар мавҷуд аст.
- 3.Интерфеӣси ягонаи истифодабарандаро соҳиб аст. Он касе, ки як программаи барои Windows навишта шударо таҳлил карда аст, программаи дигарро омӯхтанаш мушкил нест.
- 4.Интерфеӣси графикии истифодабарандаро соҳиб аст, яъне системаи оператсиониро ба туфаӣли мушак идора кардан мумкин аст. Системаи оператсионӣ бо истефодабаранда бо ёрии нишонаҳо алоқа мекунад.
Бисёр амалҳоро дар Windows 95 бо якчанд тарзҳои гуногун ба ҷо овардан мумкин аст. ҳар кас тарзи ба худаш қулаӣро истефода мебарад.
Системаи оператсиони Windows 95 инкишоф ёфта, тобистони соли 1998 системаи опрератсионии Windows 98 паӣдо гашт. Ваӣ бештар боэътимоднок буда, ороишаш хушрӯӣтар аст. Хусусияти муҳимтарини Windows 98 он аст, ки ба Интернет равона карда шудааст.
ҳоло системаи оператсионии WindowsMillenium Edition ( мухтасар Windows Ме), WindowsNT ва Windows ХР коркарда шудааст. Дар ҳамаи компутерҳои намуди Pentium ин гунна системаҳои оператсионӣ кор фармуда мешавад. ҳамаи версияҳои Windows аз рӯи интерфеӣси худ бо ҳамдигар монанд буда, баҳамон як мафҳуми оина асос карда шудааст. Весияи пештара ба версияи сонитараш мегузарад ( на баръакс) мо дар ин васоит бо системаи оператсионии Windows — 98 ошно хоҳем гашт.
Барномаҳои дар Windows мавҷуда қисми бештараи амалҳоро бо якчанд тарз иҷро карданашон мумкин аст; бо ёрии командахои сатри меню; бо ёрии кнопкаҳои панали асбобҳо; бо ёрии менюи контекстӣ; бо ёрии командаҳои клавиатуравӣ. Таваҷҷӯҳи моро бештар сатри менюҳо ҷалб мекунад. Бандҳои ававли сатри менюро стандартӣ ҳисобидан мумкин аст. Бандҳои Фаӣл барои кор бо фаӣлҳо, воситаи идоракунии чопкунӣ, командаҳои баитмомрасии кор пешбинӣ шудааст. Дар банди Правка командаҳо барои кор бо буфери ивазкунӣ, бекоркунӣ ва барқароркунии амалҳо ҷустуҷӯ ва иваз мавҷуд аст. Бо ёрии он, ки аз элементҳои идоракунӣ дар оинаи иловаҳо мавҷуданд, мушоида кардан ( гирифта партофтан ё гузоштан ) мумкин аст. Бандҳои минбаъда (истиснои банди «?» ) гуногун буда, ба тартиби ҳархела ҷойгир шуданашон мумкин аст. Банди «?» одатан дар охири сатри менюҳо ҷойгир аст.
Дар системаи оператсионии Windows дар зери калимаи объект, он чӣ ки ба вай системаи оператсионӣ кор мекунад, фаҳмида мешавад. Объект ин мафҳум аст, лекин мафҳумро ифода намекунанд, балки дохил мекунанд. Дар системаи оператсионӣ таърифи аниқи объект мавҷуд нест, ба монанди таърифҳои нуқта, маҷмӯъ ва алгоритм дар математика мавҷуд нестанд. Ба объекти маХуми хосият зич алоқаманд аст. Объект бехосият ва хосият бе объект вуҷуд дошта наметаванад. ҳамаи объектҳо бо хосиятҳои худ фарқ мекунад.
ҳамин як предмет дар як маврид объекти системаи оператсионӣ ба ҳисоб рафтан мумкин аст ва дар мавриди дигар объектро ифода накрданаш мумкин аст. Масалан, диски сахт дар рӯи миз гузоштаро дида мебароем. Вай ба хосиятҳои зерин соҳиб аст: масса, нарх, санаи истеҳсол, ғунҷоиши номуналӣ. Ин хосияти номбурда барои системаи оператсионии Windows фарқ надорад ва ин лиҳоз объект ба шумор намеравад.Лекин агар ҳамон диски сахти дар компютер васлшуда ро, ки дар системаи оператсионии Windows ба қайд гирифта шудааст, дида бароем, онро чун объекти системаи оператсионӣ дида баромадан мумкин аст., чунки вай дар муҳити система дорои хосияти фарқкунанда аст: ном, андозаи пурра, андозаи фазои озод, санаи таҷдид ва ғайра.
Файл ва папка ҳамчун объекти системаи оператсионии Windows ба ҳисоб меравад. Онҳоро дар экрани компютер бо нишонаҳои махсус бо номашан тасвир кардан мумкин аст. Масалан. 3 — ин нишонаи Карзина (Сабад) мебошад. Мо бо нишона кор карда. Дар асл бо объектҳо сарукор дорем. Намуди дигари нишона тамға(ярлык) буда, он объектро тасвир намекунад. Агар дар кунҷи поении чапи нишона тирча Æ мавҷуд бошад, он гоҳ ин тамғаро муайян мекунад.
Тамға – ин муроҷиат ба папка ё файл аст. Масалан, WÆ — муроҷиат ба барномаи Microsoft Word аст. Папка ё файл дар ягон ҷойи диск ҷойгир шудааст, тамғаро бошад, дар куҷои ин қулай ҳисоб меёбад, ҷойгир кардан мумкин аст. Бо мақсади ҷустуҷӯи файл зарурӣ ҳамаи диск ва папкаҳоро кофтуков накарда, истифодаи тамға хеле қулай аст. Як чанд тамға дар ҷойҳои гуногун бо ҳамон як объект муроҷиат накарданаш мумкин аст. Агар тамғаро хориҷ кунем, он гоҳ на худи объект, балки муроҷиат ба объектро хориҷ мекунем.
Аз нуқтаи назари физикӣ тамға файли начандон клонро ифода мекунад ва гӯё адреси объектро муайян мекунад. Бо тамға кор кардан барои мо хеле қулай аст. Умуман бе тамға ҳам кор кардан мумкин аст. Лекин тамғаи дар папкаи дилхоҳ ҷойгиршударо аз зарурати то объекти даркори рафтан, ҷустуҷӯ ё дар хотир нигоҳдории ҷойи ишғолшудаи вай озод мекунад.
Тамғаҳои объектҳо имконияти дасрасии объектҳоро аз чойҳои гуногун доранд. Тамғаҳоро барои барномаҳо, ҳуҷҷатҳо ё принтер дар ҳар гунна папка ташкил додан мумкин аст.
Тамғаро бо ёрии кашолакунии тугмачаи чопи мушак бо ёрии менюи контестӣ ташкил додан мумкин аст.
Объектҳои муҳими системаи оператсиони WINDOWS файлҳо ва папкаҳо ба ҳисоб мераванд. Дар ин ҷо файлҳо бо ёрии нишонаҳо ва тамғаҳои худ папкаҳо бошанд, бо ёрии нишонаҳо ва оинаҳои худ тасвир карда мешаванд.
Чи хеле ки пештар қайд карда будем, программаҳо ва маълумотҳо дар компютер дар дискҳои сахт (винчестер) ба намуди файлҳо нигоҳ дошта мешаванд. Дар дискҳои сахт файлҳои хеле зиёдеро сабт кардан мумкин аст. Аз ин ҷо масъалаи батартибории онҳо ба миён меояд. Барои нигоҳдори файлҳо дар WINDOWS сохтори иерархӣ қабул карда шудааст. Дар асоси ин сохтор диски контекстӣ дар назар дошта мешавад. Дар диск каталогҳо ташкил меёбанд. Дар системаи оператсионии WINDOWS ба коталог папка мувофиқ меояд. Мафҳуми папка нисбати мафҳуми каталог васеътар аст. Аз ин ҷо диск ба папкаҳо ҷудо карда мешавад.
ҳар як папка дорои ном аст.Папкаи аз ҳамаи болоӣ решавӣ номида мешавад.Номи он бо номи диск якхела аст.
Дар як папка папкаҳои дигар ва файлҳо мавҷудбуданаш мумкин аст. Сохтори файлии компютерро бо ёрии программаи Проводник дида баромадан мумкин аст.
Номи файл дар системаи оператсионии WINDOWS то 255 рамзро дарбар гирифтанаш мумкин аст. Аз ин ҷо гузоштани номҳои мазмуннок имконпазир аст. Инчунин дар ном ҳамаи рамзҳои Клавиатура (ба истиснои як чанд рамзҳои махсус) ва якчанд нуқтаро истифода бурдан мумкин аст.Фарохии файл аз рӯи рамзҳои пас аз нуқтаи охирини номи файл истода муайян карда мешавад. Дар ном тавсия меёбад, ки фосила истифода карда нашавад, вагарна программаҳои системаи оператсионӣ тамоми номро на ҳамчун як калима, балки аз гурӯҳи калимаҳо иборат буда фаҳмиданаш мумкин аст. Лекин гузоштани фосила зарур бошад, тамоми номродар нохунак гирифтан лозим аст. Дар номи файл истифодаи ҳарфҳои калон ё хурд муҳим нест.
Пас аз ба кор омада сохтани системаи оператсионии WINDOWS – 98 экрани кори пайдо мешавад, ки вай мизи корӣ ( Рабочий стол ) номида мешавад. Ин объекти асосии системаи оператсионӣ ба ҳисоб меравад. Дар мизӣ муқаррарӣ китобу дафтар ва қаламро ба тартиб гузошта боа мри зарурӣ онҳоро истифода мебаранд. Дар Windows — 98 роли китобу дафтарро оинаи иловаҳо ва ҳуҷҷатҳобозӣ мекунад. Вобаста аз табиати кор як чанд оинаро ба тартиб ё ин ки болои ҳамдигар гузоштан мумкин аст. Агар зарур донед, аз руӣи мизи корӣ ҳамаи анҷомҳои зиёдатиро гирифта, танҳо як оинаро боқи гузоштан мумкин аст.
Дар мизи корӣ компютер, асбобҳои корӣ ва папкаҳо бо ҳуҷҷатҳояш гузошта шудааст. Асбоби асоси Мой компьютер аст. Бо ёрии он ҳар хел программаро ҷустуҷӯ карда ба кор андохтан мумкин аст ва ҳар гунна ҳуҷҷатро бо редактори мувофиқ ба кор омада сохтан аст. Ба папкаи ҳуҷҷати корӣ — файлҳоро мегузорем ва дар вақти зарури онро гирифта истифода мебарем. Дар мизи корӣ папкаи Мой документь папкаи махсус ба ҳисоб меравад, лекин дар ин ҷо папкаҳои муқаррариро ҳам гузоштан мумкин аст.
Агар компьютер ба шабакаи локали пайваст бошад, он гоҳ бо ёрии нишонаи 7 имконияти истифодаи дискҳои компьютерҳои ба ин шабака пайвастбуда; чоп дар принтери умумӣ; баромадан ба Интернет бо ҳамон модем мавҷуд аст. Нишонаи Интернет программаро барои сайру гашт бо Интернет ба кор меандозад. Панели масъалаҳо ҳамчун тасмаи горизонталӣ дар қисми поении экран тасвир меёбад. Дар ин панел руйхати ҳамаи программаҳои ба кор андохта шуда тасвир меёбад. Вақте, ки ягон программаро ба кор меандозед, фавран дар ин панел кнопкаи росткунҷа бо номаш пайдо мешавад. Азбаски дар системаи Windows дар як вақт бо якчанд масъала машғул шудан мумкин аст бо ин панел аз як программа бо программаи дигар гузоштан хеле қулай аст Дар ин панел як ё як чанд панели асбобҳо мавҷуд буданаш мумкин аст.
Объектҳоро бо яке аз тарзҳои зерин хориҷ мекунанд.
1.Агар дар экран Рабочий стол мавҷуд бошад, он гоҳ нишонаи онро бо нишонаи Корзина кашола карда хориҷ кардан мумкин аст.
2.Дар оинаи папкаҳо аз панели асбобҳо кнопкаи » — ро пахш карда, файлҳоро ба корзина хориҷ кардан мумкин аст.
3.Бо командаи менюи сатрӣ :
Файл ►Удалить
4.Дар объект менюи контекстиро ҳосил кардабанди Удалить – ро иҷро кардан лозим аст.
5.Объектҳоро ҷудо карда, аз клавиатура тугмачаи Delete -ро пахш кардан лозим аст.