БОНКИ ТИҶОРАТӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ОН

Нақша:

Мафҳуми бонки тиҷоратӣ ва сохтори он Тартиби ифтитоҳи бонк, бақайдгирӣ ва барҳам додани он 53. Вазифаҳои асосӣ ва мақсади бонки тиҷоратӣ

Омӯхтани имкониятҳои хизматрасонии бонкӣ Муносибати бонки тиҷоратӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон Мафҳуми бонки тиҷоратӣ ва сохтори он Бонк — ташкилоти қарзй буда, дорой ҳуқуқй гузаронида- ни ҷунин амалиётҳо аст:

ҷалб намудани амонат ва пасандозҳои шахсони ҳуқуқй ва воқеи ва аз ҳисоби онҳо аз номи худ додани қарз, аз руи усулҳои музднокй, муҳлатнокй ва баргардонидан дар вақт- ҳои муаИяншуда;

кушодан ва пешбурди ҳисобҳои шахсони ҳуқуқИ ва воқеИ.

Таъиноти асосии бонк — миёнарав будан байни қарз- диҳанда ва қарзгиранда, инчунин байни фурӯшандагон ва харидорон аст. Бонкҳо бо ду хусусияти худ аз дигар муас- сисаҳои молиявию қарзИ фарқ мекунанд.10

Якум, барои бонкҳо хусусияти духелаи табодули ӯҳда- дориҳои қарзИ вуҷуд дорад: аз як тараф онҳо воситаҳои хусусии худро (амонатҳо, тасдиқномаҳои амонатИ ва гаИра) паҳн месозанд, аз тарафи дигар воситаҳои ҷалбкардаашонро барои ҳаридани коғазҳои қиматноки баровардаи дигар кор- хона ва муассисаҳо истифода мебаранд.

Дуюм, бонкҳо дар вақти кушодани суратҳисоб ва ҳисобҳои ҷорИ дар назди шахсони ҳуқуқИ ва қабули амонатҳо дар назди шахсони воқеИ ухдадориҳои пулИ мегиранд, илова бар ин хатарҳоро ба зиммаи ҳуд мегиранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудани бонкҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 «Дар бораи фаъолияти бонкИ» сурат мегирад. Муто- биқи ин қонун, бонкҳо чун бонкҳои умумИ (универсалИ) фаъолият менамоянд, яъне тамоми амалиёти бонкиро мегузаронанд.

Бо мафҳуми том бонк ё муассисаи қарздиҳанда шахси ҳуқуқиест, ки мақсади асосии вай гирифтани фоида аз фаъолияташ мебошад.

Бонк метавонад ҷунин амалиётҳоро гузаронад: қабули амонатҳо аз шахсони ҳуқуқИ ва воқеИ; қушодан ва бурдани суратҳисоб ва ҳисобҳои ҷории муштариён;

амалиёти хазинавИ (қабул намудан, аз нав ҳисоб кар- дан, иваз намудан ва нигоҳ доштани пули коғазИ ва гангауо);

интиқоли маблағҳои пулИ бо супориши муштариён аз нк ҳисоб ба ҳисоби дигар;

ба муштариён додани қарз;

ташкили амалиёти мубодилаи пули миллИ бо асъори хориҷИ; аз номи муштариён паҳн намудан, яъне фурӯхтани коғазҳои қиматнок;

нигоҳ доштани коғазҳои қиматноқ, ашёи гаронбаҳо ва дигар амалиётҳо.

Бонкҳо метавонанд дар ноҳияҳои ҷумҳурй ва берун аз ҳудуди ҷумҳурй бахш ва ё намояндагиҳои ҳудро таъсис диҳанд. Бахш ва намояндагиҳои бонкҳои тиҷоратй шахси ҳуқуқй набуда, бо супориши бонки болой амалиёти ҷудо- гонаро иҷро менамоянд.

Тартиби ифтитоҳи бонк, бақайдгирй ва барҳам додани он

Тартиби ифтитоҳ, бақайдгирй ва барҳам додани бонкҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкй» сурат мегирад.Мутобиқи ин қонун фаъолияти бонкй фақат дар асоси. иҷозатномаи Бонки Миллии Тоҷикистон сурат мегирад. Ин гуна иҷозатномаҳо ба ташкилотҳои молиявии ғайрибонкй низ дода мешаванд.

Фаъолияти муассиса ва ташкилотҳои ғайрибонкие, ки амалиёти бонкй мегузаронанд, аз тарафи давлат ва Бонки Миллии Тоҷикистон таҳти назорати қатьй гирифта танзим карда мешаванд ва дар феҳристи иҷозатномаҳое, ки барои иҷрои амалиёти бонкй дода шудаанд, ба қайд гирифта мешавад.

Бонки тиҷоратй дар ҳолати дар Бонки миллии Тоҷикистон гузаштани барӯйхатгирии давлатй ташкилшуда ҳисоб меёбад. Бонкҳои тиҷоратй бо ташаббуси муассисон — шахсони ҳуқуқй ва шахсони воқей ташкил қарда мешаванд ва онҳо тайёранд барои ҳиссагузорй ба сармояи оинномавии бонк саҳм бигиранд. Ба сифати саҳмдорони бонк ҳамон шахсони ҳуқуқй ва воқей дохил мешаванд, ки қонунҳои амалкунанда барои иштироки онҳо дар ташкили муассисаи қарзй иҷозат медиҳанд. Корхона ва муассисаҳое, ки таво- зуни (баланси) пардохтнопазир доранд ва муфлисшуда эълон гаштаанд, саҳмдорони бонк шуда наметавонанд, инчунин ба сифати саҳмдор баромад кардани ташкилотҳои буҷетй низ манъ шудааст.

Ҳиссаи иштироки ҳар муассис аз 65 фоизи сармояи оинномавии бонк зиёд буда наметавонад. Андозаи сармояи оинномавии бонки таъсисшаванда аз тарафи Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон муқаррар қарда мешавад.

Бонкҳои тиҷоратй дар фаъолияти худ мустақил буда, аз рӯи ӯҳдадориҳои давлат ҷавобгар намебошанд.

Дар ҳолатҳои бе иҷозатнома гузаронидани амалиёти бонкй аз тарафи шахси ҳуқуқӣ, аз он ҷарима ситонида мешавад, яъне мутобиқи Қонун «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», тамоми фоидаи аз ин амалиёт ба дастомада ва ба андозаи ду баробари ин маблағ муайяншуда ҷарима шуда, ба ҳисоби буҷети давлатии ҷумҳуриявй гузаронида мешавад. Аз рӯи фаъолияти бонкҳо ва иҷрои меъёрҳои муайяншуда Бонки Миллии Тоҷикистон назорати доимӣ бурда, фаъолияти онҳоро танзим менамояд.

Мақсади асосии танзими бонкӣ ва бурдани назорат — ин нигаҳдории босуботи системам бонкӣ дар қаламрави Ҷум- ҳурии Тоҷикистон аст.

Бонки Милли Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории бон- кй, барои рафъи камбудиҳо чораҳои зарурӣ меандешад. Агар зарур бошад иҷозатномаи гузаронидани баъзе ама- j метро бозхонда мегирад ва маъмурияти муваққатӣ таъйин менамояд. Мудири муваққатӣ баъди таъйин шуданаш дар да номи се рӯз тамоми чораҳоро меандешад, то ки идорасозми фаъолияти бонкро ба дасти худ гирад. Мудири муваққатӣ баъди панҷ рӯзи таъйин шуданаш дар бораи назъи молиявии бонк ва пешомади он барои баррасии Раёсат қисоботи хаттӣ пешниҳод менамояд. Мудири муваққатӣ Он иди таҳлили фаъолияти бонк дар ҳисоботи худ яке аз ин чораҷӯйиҳоро пешниҳод мекунад:

Нақшаи муфассали барқарорсозии бонк;

Нақшаи дигаргунсозии сохтори бонк;

Тавсияҳо оиди аз бонк бозхондани иҷозатномаи фаъолияти

бонкӣ.

Агар Раёсат ба барҳамдиҳии бонк амр диҳад, он гоҳ Бонки Миллии Тоҷикистон ба ин мақсад мудири барҳам- диҳӣ таъйин менамояд. Ин мудир то барҳам додани бонк корро давом медиҳад.

Вазифаҳои асосӣ ва мақсади бонки тиҷоратӣ

Вазифаҳое, ки бонки тиҷоратӣ иҷро менамояд, бо сатҳи тараққиёти иқтисодиёти мамлакат ва муносибатҳои бозорй алоқаманданд. Бинобар ин, вобаста ба сатҳи муносибатҳои бозорӣ, бонк метавонад дар назди худ вазифаҳои зиёдеро гузорад. Баъзе аз вазифаҳои асосии бонкро ба таври зерин шарҳ додан мумкин аст:

миёнаравй байни фурӯшандагону харидорон, байни қарзгирону қарздиҳандагон;

ҳавасмандгардонии субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолӣ барои дар бонқҳо нигоҳ доштани маблағҳои пулӣ;

миёнаравӣ байни субъектҳои ҷудогонаи хоҷагидорӣ ва ҳисоббаробаркунӣ байни бонкҳои мусгақил;

нашр, фурӯш, харид ва нигохдории коғазҳои қимат- нок.

Омӯхтани имкониятҳои хизматрасонии бонкӣ

Омӯхтан ва арзёбй намудани имкониятҳои бонк шароит фароҳам меорад, ки барои беҳтар намудани фаъолияти он чораҳои зарурӣ андешида шавад, яъне барномаи дурнамои бонк ва фаъолияти он дар шароити иқтисоди бозорӣ ва барномаи идорасозии он тартиб дода шавад.

Таҳлили имкониятҳои хизматрасонии бонкӣ бояд аз нуқтаи назари шароити дохилӣ ва берунии он (муҳити атроф) оғоз ёбад. Шароити берунӣ хеле васеъ буда, бо самти сиёсати хоҷагидории давлат, чораҳои танзими иқтисодиёт, инчунин бо нақшаи назоратии Бонки Милли Тоҷикистон вобастагии зиёд дорад.

Таҳлили шароити дохилии бонк аз арзёбии фаъолияти молиявиад иқгисодӣ, таҳлили феҳристи ҳизматрасонӣ, таъмин будан бо техникаи ҳозиразамон, сатҳи дониши қормандон ва дигар тарафҳои фаъолияти бонк оғоз гардида, баъдан барномаи стратегии бонк тартиб дода мешавад.

Талабот — эҳтиёҷоти ҷамъиятро ба худ таҷассум менамояд, ки аз талаботи истеҳсолӣ ва истеъмолй иборат аст.

Ҷараёни омӯхтани талабот ба хизмати бонкӣ аз ду омили асосй иборат аст:

Омӯхтани сатҳи талаботи ҷорӣ;

Ояндабинии талабот.

Ба ҳолати талабот омилҳои зерин таъсир мерасонанд:

а) омилҳои хусусияти сиёсидошта (қабули қонун ва ҳуҷ- ҷатҳои меъёрии нав, дастурҳо ва низомномаҳо);

б) омилҳои иқтисодӣ (тағйирёбии сатҳи истеҳсолот, пар- дохтпазирии муштариён):

в) омилҳои пешрафти илмию техникй;

г) тағйирёбии нархи хизмати бонкӣ:

д) пайдоиш ва ривоҷ ёфтани рақобат аз тарафи дигар ташкилотҳои қарзии ғайрибонкй.

Муносибати бонки тиҷоратӣ бо Бонки миллии

Тоҷикистон

Мутобиқи қонунгузории мавҷуда Бонки Миллии Тоҷикистон барои танзими фаъолияти бонкҳои тиҷоратй усулҳои зерини иқтисодиро истифода менамояд:12

тағйир додани захираҳои ҳатмие, ки бонкҳои тиҷоратй дар Бонки Миллии Тоҷикистоннигоҳ медоранд;

муайян намудани ҳудуди додани қарз ба субъектҳои ҳоҷагидорй;

тағйир додани фоизи қарз;

гузаронидани амалиёт бо коғазҳои қиматнок, асъори хориҷӣ.

Мутобиқи Дастурамали БМТ №194 «Дар бораи заҳира- ҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ, аз рӯи пасандозҳо ва ӯҳцадориҳои дигари ба онҳо монанд» Бонки Миллии Тоҷикистон захираҳои низоми бонкиро ташкил медиҳад. Ин захира аз ҳисоби воситаҳои пулии субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолӣ, ки бонкҳо чун захираҳои қарз ҷалб менамоянд, ташкил карда мешавад. Фонди заҳираҳои ҳатмӣ барои он ташкил карда мешавад, ки бонкҳои тиҷоратӣ дар мавриди зарурӣ аз ҳисоби ин захира талаботи муштариёнро ҷиҳати гирифтани амонату пасандозҳо таъмин намоянд. Бонки Милли Тоҷикистон бо роҳи тағйир додани меъёри захираҳои ҳатмӣ ба сиёсати қарзии бонкҳои тиҷоратӣ таъсир расонида, ҳолати муомилоти пулиро танзим менамояд.

Меъёри заҳираҳои ҳатмии бонкҳо ба шакли фоиз аз ӯҳцадориҳои бонк муайян карда мешавад. Ҳоло дар сис- темаи бонкии Тоҷикистон меъёри ин захира барои бонкҳои тиҷоратӣ ба миқцори то 20 фоиз муқаррар қарда шудааст.

Тағйир додани сатҳи фоизи қарз низ яке аз усулҳои танзими фаъолияти бонкӣ буда, тавассути он ба афзоиши ҳаҷми қарз таъсир расонида мешавад.

Усули дигари танзими фаъолияти бонкӣ — ин амал кардан дар бозори коғазҳои қиматнок ва асъори хориҷӣ буда, бо ин усул Бонки Милли Тоҷикистон метавонад ба ҳаҷми пули дар муомилотбуда таъсир расонида, як қисми онро аз муомилот гирифта захира намояд Ҳамаи меъёрҳои аз тарафи Бонки Милли Тоҷикистон муайяншударо бонкҳои тиҷоратӣ бояд ҳатман иҷро намоянд. Дар ҳолати аз тарафи бонкҳо риоя нашудани ин меъёрҳо Бонки Милли Тоҷикистон чораҳои зарурӣ меандешад ва агар чораҳои дидашуда натиҷа надиҳанд, фаъолияти ин гуна бонк қать қарда мешавад.

1.33K
Нет комментариев. Ваш будет первым!