​Тахрири матн дар ячейкахо

Биёр вақт зарур мешавад, ки маълумоти дар ҳуҷҷат бударо ба намуди ҷадал тасвир кунем. ҷадвале, ки дар он ҳисобкуни мавҷуд нест, ташкил додани он бо ёрии редактори Word қулай мебошад. Барои дар матн ҷойгир кардан ҷадвал, кнопкаи — ро дар панели Стандарная қарсос мекунем. Дар экран элементи ёрирасони идоракунӣ пайдо мешавад. Нишондиҳандаи мушакро ба ячейкаи аз чап якуми қатори болоӣ оварда, тугмачаи чапи мушакро пахш карда истода, мушакро бояд ба ҳаракат даровард, миқдори зарурии сатр ва сутун ҷудо мешавад. Агар нишондиҳатдаи мушакро ба сатри се ва сутуни панҷ оварда тугмачаи чап сар дода шавад, онгоҳ дар поёни элементи ёрирасон навиштаҷоти 3х5 Таблица пайдо мешавад.

Ячейкаҳои ҷадвал аз ҳамдигар бо хатҳои пунктири ҷудо карда мешаванд, ки онҳоро дар экран бо ёрии бандиСетка – и менюи Таблица нишон додан ё пинҳон кардан мумкин аст. Ин фақат дар мавриди набудани байрақчаи Граница области текста – и муколламаи Параметры – и замимаи Вид имконпазир аст. Тӯрҳои ҷадвал танҳо дар экран дида мешаванд онҳо дар вақти чопкунии ҳуҷҷат дар принтер аён намешавад.

ҷадвалро бо ёрии банди Вставить таблицу – и менюи Таблица дар матн гузоштан мумкин аст. Дар ин маврид дар оинаи мукаламавии пайдошуда миқдори сутун ва сатри заруриро интихоб карда, кнопкаи ОК – ро пахш кунем, он ба матн гузошта мешавад. ҷадвали ҳосилшуда бо хатҳои рост тасвир мешавад. Word имконяти форматкунониро дар вақти ташкилёбии ҷадвал дорад. Барои ин кнопкаи Автофомат – ро аз менюи Таблица қарсос кардан мумкин аст. Дар ин маврид оинаи мукаламавӣ пайдо мешавад. Дар қисми Форматы тарзи форматирониро интихоб кардан лозим аст. Дар қисми Образец намуди зоҳирии ҷадвали форматкардашуда нишон дода мешавад.

Барои ҷудокунии сатри ҷадвал нишондиҳандаи мушакро ба сабти чаптари аввали сатр овардан даркор аст ва вақте ки вай намуди ö -ро мегирад, тугмаи чапи мушакро карсос кардан лозим аст.

Барои ҷудокунии сутуни ҷадвал нишондиҳандаи мушакро ба хати болоии сутун ба тарзе овардан дарклор аст, ки вай намуди -ро гирад. Сипас, агар тугмачаи чапи мушак пахш карда шавад, сутун ҷудо мешавад. Агар якчанд сутунро ҷудо кардан лозим бошад, он гоҳ дар мавриди ҷудо шудани як сутун тугмачаи мушакро сар надода, нишондиҳандаи онро барои ҷудокунии сутунҳои дигар овардан даркор аст.

Барои ҷудокунии ячейкаи ҷадвал нишондиҳандаи мушакро ба ячейка ҷойгир карда, ҳваракат кардан лозим аст, ки вай намуди ö — ро гирад. Дар мавриди пахши тугмачаи чапи мушак ячейка ҷудо карда мешавад.

Барои ҷудокунии якчанд ячейка тугмачаи чапимушакро пахш карда истода, онро ба тарафи ячейкаҳое, ки ҷудо карданашон зарур аст, кашола кардан меояд.

Барои ҷудокунии тамоми ҷадвал курсорро дар ҷои дилхои ҷадвал гузошта, банди Выделить ячейки менюи Таблица – ро иҷро кардан лозим аст.

Сатр ё сутунро ҷудо карда, ячейкаҳоро илова ё хориҷ кардан мумкин аст. Масалан, барои иловакунӣ чунин рафтор кбояд кард: Курсорро ба канори ростари берун аз ҷадвал гузошта,Enter–ро пахш кунем, баъди ин сатр сатри нави холӣ пайдо мешавад. Барои хориҷкунӣ аз нав ин сатрро ҷудо карда, банди Удалить строки – ро аз менюи Таблица иҷро кардан лозим аст.

Ячейкаҳо ҷудошударо аз рӯи банди Разбить ячейки… — и менюи Таблица – ба миқдори додашудаи сатр ва сутун тақсим кардан мумкин аст. Инчунин ячейкаҳои ҷудошударо бо банди Объединить ячейки – и менюи Таблица якҷоя кардан мумкин аст. Дохилкунии матн ва таҳрири он дар ячейкаҳои ҷадвал ҳамчун матни муқаррарӣ иҷро карда мешавад.

409
Нет комментариев. Ваш будет первым!