​Кор бо навиштачот

Дар зери мафҳуми Надпись (навиштаҷот) ягон соҳаи ҳуҷҷат фаҳмида мешавад, ки дар дохили он матн, расм ягон хел объекти мавҷудабуда вуҷуд дорад, ки ҷойи онро новобаста ба қисми боқимондаи ҳуҷҷат иваз кардан мумкин аст. Барои ташкили Надпись(навиштаҷот) дар менюи Вставка бандиНадпись – ро интихоб кардан лозим аст. Дар ин маврид нишондиҳандаи мушак намуди «+» — ро мегирад. Тугмачаи чапи мушакро пахш карда истода, ҷойи онро иваз намуда, Надпись(навиштаҷот) – ро ҳосил мекунем. Сипас, дар дохилиНадпись(навиштаҷот) матнро дохил кардан мумкин аст ё ягон объектро метавон гузошт.

Барои ба Надпись(навиштаҷот) ҷойгир кардани ягон қисми матн, расм, ҷадвал ё умуман ягон объекти ҳуҷҷат, онро ҷудо карда, дарменюи Вставка банди Надпись – ро интихоб мекунем. Дар ин маврид объекти ҷудошуда дарНадпись(навиштаҷот) ҷойгир мешавад. Ин амалро бо тугмачаи А ҳам ба ҷо овардан мумкин аст.

Барои ҷойгиркунииНавиштаҷот аз рӯи ҳуҷҷат курсорро ба канори Надпись бурдан лозим аст, то ки вай намуди — ро гирад. Сипас тугмачаи чапи мушакро пахш намудаНадпись — ро ба ҷоии ихтиёри бурдан мумкин аст. Барои тағйирдиҳии Надпись – и тайёр онро ҷудо кардан лозим аст. Барои ҷудокунии он нишондиҳандаи мушакро ба канораш бурдан лозим аст, то ки вай намуд -ро гирад. Дар мавриди қарсоси мушак Надпись (навиштаҷот) ҷудо карда мешавад.

Акнун нишондиҳандаи мушакро ба яке аз квадратчаҳо оварда, тугмачаи чапи мушакро пахш намуда, андозаиНадпись – ро ба ба самтҳои вертикалӣ ё горизонталӣ тағир додан мумкин аст. Агар квадратчаҳои кунҷӣ истифода шавад, он гоҳ андозаи Надпись дар як вақт ҳам ба самти вертикалӣ ва ҳам горизонталӣ тағйир меёбад.

293
Нет комментариев. Ваш будет первым!