Таърихи мухтасари пайдоиши Интернет

Дар замони хозира тарзи қулайи доду гирифти имформатсияҳои гуногун — истифодаи шабакаи компутерии умумиҷаҳонӣ – Интернет мавҷуд аст. Интернет ба истефода- барандагони худ имкониятҳои хеле калонро фароҳам меоварад. Бо компутерӣ шахсии худ абоненти Интернет метавонад, ферҳасти китобҳоро доир бо техналогияҳои компутерӣ дар китобхонаи дар китобхонаи Ню – Йорки ИМА варақ занад; дар клубҳои мубоҳисавии байналхалқй ширкат варзад; бо хешу таборонаш, ки дар Италия истироҳат мекунанд, мукотиба кунад.

Намунаи шабакаи Интернет охирҳои солҳои шастум бо фармоиши Вазорати мудофиаи ИМА ташкил ёфтааст. Ар он вақтҳо миқдори компутерҳои тавоно на он қадар зиёд мавҷуд буданд. Барои гузаронидани татқиқоти илмӣ зарурати истифодаи олимони бешумор ба миён омад. Вазорати мудофиа шарт гузошт, ки шабака дар мавриди аз кор баромадани ягон қисмаш корашро давом дода тавонад. Аз ин лиҳоз эътимоднокии баланд дар вақти ташкилёбии он гузошта шуда буд.

Рӯзи таваллуди Интернетро 2 – юми январи соли 1969 ҳисобидан мумкин аст. Дар ин рӯз Управленияи татқиқотиперспективӣ, кия яке аз шӯъбаҳои Вазорати мудофиаи ИМА ба ҳисоб мерафт; корро оид лоиҳаи алоқаи компутерҳои ташкилотҳои мудофиавӣ сар карда буд. Дар натиҷаи татқиқот шабакаи ARPANET ташкил ёфт, ки ба асоси кораш принсипҳое гузошта шуда буданд, ки сонитар Интернет сохта шуданд. Зинаи навбатӣ дар инкишофи Интернет ташкилёбии шабакаи фонди илмии миллии ИМА мебошад. Шабака ба номи NSFNET марказҳои илмии ИМА – ро мутаҳид менамуд. Дар ин маврид асоси шабакаро панҷ суперкомпутер, ки бо ҳам бо хати алоқаи суръаташон баланд пайваст буданд, ташкил

медод. Истифодабарандагони боқӣмонда ба ин шабака пайваст шуда, имкониятҳои онҳоро истифода бурда метавонистанд. Шабакаи NSFNET бо тези ҷои ARPANET – ро ишғол кард. Соли 1990 шабакаи ARPANET тамоман барҳам хурд. Инкишофи шабакаҳо аз нав ташкилёбии онҳоро талаб мекард. Соли 1987 шабакаи NSFNET Backbon ташкил ёфт, ки қисми асосиаш аз 13 маркази бо ҳам тавассути хатҳои алоқаи суръаташон баланд пайвастбуда иборат буд. Марказҳои мазкур дар навоҳии гуногун ИМА ҷойгир шуда буданд. Ба ҳамин тариқ, шабакаи Интернет дар ИМА пайдо шуд.

Дар як вақт шабакаҳои миллӣ дар дигар мамлакатҳои ҷаҳон пайдо шуданд. Шабакаҳои компутерҳои мамлакатҳои гуногун муттаҳидшаванда шуданд ва солҳои 90 – Интернет ба намуди ҳозирааш пайдо гашт. ҳоло Интернет ҳазорҳо шабакаҳои гуногун дар тамоми ҷаҳон ҷойгир шударо муттаҳид мекунад. Аз он милионҳо одамон истифода мебаранд. Роли Интернетро дар замони мо торафт меафзояд.

Дар Тоҷикистон Интернет солҳои охир пайдо шудааст. Аввалҳо бисёр истифодабарандагони он танҳо бо мактубҳои электронӣ сару кор доштанд. ҳоло бошад, аз он маълумотҳои гуногунроёфтан мумкин аст.

670
Нет комментариев. Ваш будет первым!