Системаи оператсионии LINUX

Маълумотҳои умумӣ

Unix яке аз системаҳои оператсионӣ мебошад, ки аз тарафи аксарияти ширкатҳо дастгирӣ шуда, хеле паҳн шудааст. Хусусияти хоси системаҳои оператсионии оилаи Unix дар он аст, ки системаҳои мазкур интерфейсҳои гуногун дошта, стандартикунонии онҳо марказонида нашудааст. Бо вуҷуди он, системаҳои UNIX аз тарафи истифодабарандаҳои зиёде дастгирӣ ва истифода мешаванд. Чӣ тавре ки маълум аст, дар ибтидо системаҳои оператсионии Unix барои миникомпютерҳо ва мэйнфреймҳо, миёнаҳои солҳои 70-ум кор карда баромада шуда буданд.

Навъҳои зиёди Unix – барои компютерҳои фардӣ то суперкомпютерҳо кор карда баромада шудаанд.

Linux навъи озодона паҳншавандаи Unix буда, аввалин маротиба аз тарафи Линус Торвалдс (Linus Torvalds) дар Донишгоҳи Хелсинки (Финляндия) кор карда баромада шудааст. Дар оянда Linux бо ёрии маҷмӯи калони барноманависон-хоҳишмандон, ки маҳорати кофии тараққӣ додани системаро доранд, мукаммал гардонида шудааст. Ядрои Linux кодҳои AT&T ё дигар манбаи хусусиро истифода намебарад ва аксарияти барномаҳои Linux дар чорчӯбаи лоиҳаи GNU аз Free Software Foundation дар Кембриҷ, Массачусетс, ИМА кор карда баромада шудаанд. Лекин, ба он саҳми барноманависон аз тамоми ҷаҳон низ гузошта шудааст.

Дар ибтидо Л.Торвалдс ба таҳияи Linux ҳамчун машғулияти дӯстдошта муносибат менамуд. ӯро системаи оператсионии Minix — UNIX-системаи хурд, рӯҳбаланд намудааст, ки аз тарафи Andy Tanenbaum тартиб дода шудааст. Зеро дар шабакаи компютерӣ дар чорчӯбаи USENET newsgroup comp.os.minix Linux аввалин маротиба ҳамчун маҳсулоти барномавии мустақил мавриди муҳокима қарор гирифта буд. Дар муҳокимарониҳои мазкур асосан истифодабарандагони Minix аз муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, иштирок мекарданд.

Тараққиёти барвақти Linux қабл аз ҳама, бо масъалаи ба реҷаи ҳифзшуда гузаронидани иҷроиши барномаҳо барои IBM 80386 алоқаманд буд. Л.Торвалдс аз ҷумла менависад:

«Баъд аз ин, фаъолияти оромона оғоз мешавад: мисли ҳарвақта кодгузориҳои мураккаб моро хамроҳӣ мекунанд, лекин ман якчанд барномаҳои ёрирасон дорам, ки ҷараёни санҷиши барномаҳоро осонтар мегардонанд. Дар ин давра ман Си-ро истифода намудам ва ин ба пешравии кор ба таври назаррас мусоидат намуд. Бо баробари он, ман ба фикри мукаммалгардонии Minix ба таври ҷиддӣ муносибат намудам. Ман умед доштам, ки рӯзе gcc-ро зери Linux компилятсия намоям…

«Ду моҳ барои навиштани барномаҳои асосӣ сарф шуданд, баъдан, вақти зиёдтар барои навиштани драйвери диски сахт (хатогиҳои зиёд дошта бошад, ҳам дар мошини ман кор мекард) ва системаи файлии оддӣ сарф мешавад. Дар натиҷа, ман навъи 0.01-ро (тақрибан охири августи 1991с.) тайёр намудам. Ин навъ на он қадар қавӣ буда, драйвери дискҳои қаишро надошт ва ғайр аз ин, аксарияти корҳоро иҷро карда наметавонист. Вале, ман аллакай истода наметавонистам, то он даме, ки Minix-и худро насохтам».

Оиди пайдоиши навъи Linux 0.01 маълумотҳои расмӣ дастрас нашудаанд. Матнҳои ибтидоии он амалан аз ҷузъҳои ядро таркиб ёфта, ба таври муқаррарӣ мавҷуд будани Minix-мошинро барои компилятсия ва мукаммал намудани онҳо дар назар медоштанд.

Навъи аввалини расмии Linux-ро Л.Торвалдс 5-уми октябри соли 1991 пешниҳод намуд. Он вақт Linux аллакай bash (the GNU Bourne Again Shell) ва gcc (the GNU C compiler)-ро иҷро намуда метавонист, вале аксарияти имкониятҳои стандартӣ ҳоло татбиқ нашуда буданд. Қайд менамоем, ки системаи мазкур он вақт ҳамчун воситаи мушаххаси мутахассисон фаҳмида мешуд. Диққати асосӣ ба тартибдиҳии ядро равон гашта, ташкили интерфейси муоширатӣ бо истифодабарандагон, истеҳсоли нусхаҳои зиёд, тартибдиҳии ҳуҷҷатҳои шарҳдиҳанда ва ғ. пешбинӣ нашуда буд. Чунин ба назар мерасад, ки мутахассисони Linux то ҳол чунин ҷиҳатҳоро нисбати «барноманависии ҳақиқӣ»-и мукаммалнамоии ядро, дуюмдараҷа меҳисобанд.

Дар comp.os.minix Л.Торвалдс менавишт:

«Оё шумо он рӯзҳои нағзи давраи Minix-1.1-ро ёд мекунед, ки дар он вақт барноманависон дар ҳақиқат барноманависӣ карда драйверҳои хоси худро барои тамоми таҷҳизотҳо менавиштанд? Дар зери дасти худ ягон лоиҳаи ҳақиқӣ надоред, ки тамоми истеъдоди худро дар он татбиқ намуда, мувофиқи хоҳишҳои худ мукаммал намоед? Оё шумо пай намебаред, ки агар дар Minix ҳамаи ҷузъҳо кор кунанд, ҳолати ногувор ба вуҷуд меояд? Дигар он шабҳои бехобӣ нестанд, ки барномаҳои ҳиллагарро ба дуруст кор кардан маҷбур мекарданд? Пас ин ҷо барои шумо аст».

«Чӣ тавре, ки як моҳ қабл қайд намуда будам, ҳоло ман барои тартибдиҳии системаи оператсионии ғайритиҷоратии ба Minix монанд, барои компютери 386-ум кор карда истодаам. Система ба ҳолате оварда шудааст, ки онро истифода намудан мумкин аст (гарчанде, он ба шумо на он қадар маъқул шуда метавонад) ва ман мехоҳам матнҳои ибтидоиро барои муҳокимаи васеъ пешниҳод намоям. Ин навъи 0.02 мебошад, вале дар он аллакай bash, gcc, gnu-make, gnu-sed, compress ва ғ. бомуваффақият кор карда истодаанд.

Пас аз навъи 0.03 якбора навъи 0.10 ба вуҷуд омад, зеро дар лоиҳа аллакай нафарони зиёд кор мекарданд. Баъдан, ба навъи навбатӣ (тахминан, марти соли 1992) рақами 0.95 гузошта шуда, бо ин ба интиҳо наздик шудани мӯҳлати баромадани навъи мукаммали 1.0 ишора карда мешавад. Пас аз якуним сол, декабри соли 1993 мӯҳлати мазкур боз ҳам наздиктар шуда, навъи Linux 0.99.pl14 мебарояд.

Ҳоло, Linux системаи оператсионии бисёрмасъалагӣ ва бисёристифодабаранда мебошад. Яъне, дар як вақт истифодабарандагони зиёд як компютерро истифода намуда, масъалаҳои гуногунро иҷро намуда метавонанд. Дар Linux истифодабарандагон бояд ҳангоми дохилшавӣ ба система худро шинос намоянд ва чунин амал аз ду қадам иборат аст: дохилнамоии ном (номе, ки бо он шумо дар система қайд шудед) ва сирркалима (пароль), ки барои ба система дохил шудан иҷозат медиҳад. Азбаски сирркалимаро танҳо шумо медонед, ҳеҷ кас (одатан) ба система бо номи шумо даромада наметавонад.

Ғайр аз ин, ҳар як мошине, ки ба он Linux насб шудааст, бояд ном – hostname (номи хост) дошта бошад. Hostname барои дар шабака қайд намудани мошинҳои алоҳида истифода мешавад.

Дар оянда, ба сифати намуна ҳамчун номи истифодабаранда – user1ва ҳамчун номи мошини шабака — station1-ро истифода мебарем.
Қайдшавӣ ба система

Қабл аз истифода намудани система, дар он ҳамчун истифодабарандаи муқаррарӣ қайд шудан лозим аст. Чунин амал зарур аст, зеро барои корҳои муқаррарӣ истифода намудани имкониятҳои истифодабарандаи олӣ (root) мувофиқи мақсад намебошад. Истифодабарандаи олӣ – root барои иҷро намудани фармонҳои муҳим ва асосии система лозим аст.
Дохилшавӣ ба система

Ҳангоми дохилшавӣ ба система масалан, номи қайдшударо (дар ҳолати мо – user1) дохил намуда, пас аз он чунин сирркалимаро (password) дохил намудан лозим аст. Ҳангоми дохилнамоӣ сирркалима дар экран инъикос намешавад, бинобар он сирркалимаро бодиққат дохил намудан лозим аст. Агар он нодуруст бошад, дар экран чунин ахборт пайдо мешавад:

Login incorrect

ва бояд чунин амалро такрор намуд.

Агар сирркалима фаромӯш шуда бошад, он гоҳ ба система ҳамчун root дохил шуда, сирркалимаи истифодабарандаи мувофиқро тоза намудан лозим аст. Вале, агар сирркалимаи root ҳам фаромӯш шуда бошад, он гоҳ ба кор даровардани система нисбатан мураккаб мегардад.

Агар ном ва сирркалима дуруст дохил карда шаванд, пас система пурра барои истифодабарӣ омода мешавад.

Файлу бастаҳо

Дар системаи Linux файл гуфта, маҷмӯи иттилооти номгузорӣ шударо мефаҳманд. Ба сифати намунаи файл – барномае, ки иҷро шуда метавонад, ҳуҷҷати тартибдодашуда, мактуби тавассути почтаи электронӣ гирифташуда ва ғ. овардан мумкин аст. Муҳим он аст, ки тамоми сабтҳои диск дар файлҳои алоҳида нигоҳ дошта мешаванд.

Номи файлҳо то 256 рамзро дар бар гирифта, аз рамзҳои гуногун (ғайр аз «/») иборат буда метавонад. Дарозии номи пурраи файл (номи файл ва роҳ ба он) то 4096 рамзро дар бар гирифта метавонад.

Бо баробари мафҳуми файл, мафҳуми баста (каталог)-ро дида баромадан мумкин аст. Баста – ин маҷмӯи файлҳо мебошад. Онро ҳамчун бастае, ки файлҳоро дар бар дорад, дида баромадан мумкин аст. Бастаҳо структураи дарахтмонандро ташкил медиҳанд, яъне бастаҳо дигар бастаҳоро дар бар дошта метавонанд.

Ба ҳар як файл тавассути роҳ ба он (pathname) мурочиат намудан мумкин аст. Бигзор файли истифодабарандаи мо (user1) book_inf ном дошта, дар бастаи my_lib воқеъ бошад. Он гоҳ, барои ба файл муроҷиат намудан истифодабарандаи мо роҳи онро ишора намуданаш лозим аст:

my_lib / book_inf

Чӣ тавре, ки мебинед, номи файлу бастаҳо бо аломати « / « (слэш) ҷудо карда мешаванд. Дар MS DOS ба сифати чунин ҷудокунанда аломати « « (слэши баръакс) истифода мешавад. Ғайр аз ин, барои Linux фармонҳои асосии MS DOS, ба монанди cd, dir, help ва ғ. низ ба таври монанд иҷро шуда метавонанд. Умуман, барои нафароне, ки бо системаи оператсионии MS DOS кор кардаанд, омӯзиши фармонҳо ва хусусиятҳои кори Linux на он қадар мураккаб мешавад.

Ҳоло, ба таври мухтасар имкониятҳо ва хусусиятҳои асосии Linux-и имрӯза-ро меорем.
Имкониятҳо ва хусусиятҳои асосии Linux

Linux – ин системаи оператсионии муосири POSIX-ҳамҷоя ва UNIX-монанд, барои компютерҳои фардӣ ва стансияҳои корӣ мебошад. Linux – ин системаи оператсионии шабакавии бисёристифодабаранда бо системаи оинавии шабакавии графикии X Window System мебошад. Системаи оператсионии Linux системаҳои кушод ва тамоми протоколҳои шабакаи Интернетро дастгирӣ намуда, бо системаҳои UNIX, DOS, MS Windows ҳамҷоя мебошад. Тамоми ҷузъҳои он, аз ҷумла матнҳои ибтидоӣ бо литсензия барои нусхагирӣ ва насбнамоӣ барои миқдори номаҳдуди истифодабарандагон паҳн карда мешавад.

Системаи оператсионии Linux барои платформаҳои Intel PC 386/486/Pentium… васеъ паҳн шуда, мавқеи худро барои дигар платформаҳо (масалан, DEC AXP, Power Mcintosh ва ғ.) ёфта истодааст.

Системаи оператсионии мазкур барои истифодабарандагони худ чунин имкониятҳоро пешкаш менамояд:

  1. озодона истифода намудани системаи оператсионии муосир;
  2. кори устувор – яъне, фалаҷшавии кори дилхоҳ барнома ба фалаҷшавии кори система намеорад ва ҳамин тавр кори система устувор мегардад;
  3. барои истифодабарандагон ва хусусан барноманависон ҳамчун маводи таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ хизмат намуда метавонад, зеро тамоми матнҳои ибтидоӣ, аз ҷумла ядрои СО пурра пешниҳод мешаванд;
  4. барои тамоми хоҳишмандон имконияти санҷидани қувваи худ, ташкили муошират ва тадқиқоти ҳамҷоя тавассути Интернет бо дилхоҳ тартибдиҳандаи СО Linux ва гузоштани саҳми худро бо гирифтани унвони ҳаммуаллифӣ медиҳад.

Баъзе хусусиятҳои хоси Linux ҳамчун системаи оператсионӣ

  1. Бисёрмасъалагӣ – яъне, якчанд масъалаҳо дар як вақт иҷро шуда метавонанд;
  2. реҷаи бисёристифодабаранда – дар як мошин, дар як вақт якчанд истифодабарандагон кор карда метавонанд;
  3. реҷаи ҳифзшудаи протсессор (386 protected mode);
  4. истифодаи самараноки захираҳои хотиравӣ – Linux танҳо кисмҳои истифодашавандаи барномаро аз диск мехонад;
  5. тақсимоти саҳифаҳои хотира мувофиқи сабтҳо байни намунаҳои барномаи иҷрошаванда;
  6. хотираи виртуалӣ бо ташкили саҳифагии он – аз хотира ба диск на тамоми раванди ғайрифаъол, балки саҳифаи лозимӣ гузаронида мешавад;
  7. хотираи умумии барномаҳо ва кэши дискӣ – тамоми хотираи озод барои буферонии мубодила бо диск истифода мешавад;
  8. мавҷудияти матни ибтидоии тамоми барномаҳо;
  9. дастгирии аксарияти системаҳои файлии паҳншуда;
  10. дастгирии шабакаи TCP/IP, аз ҷумла ftp, telnet, nfs ва ғ.

Таъминоти барномавӣ, ки Linux дастгирӣ менамояд

Дар таркиби Linux кор мекунанд:

  1. ядрои системаи оператсионӣ;
  2. драйверҳо;
  3. фармонҳои асосии UNIX, ба монанди ls, tr, sed, awk ва ғ.;
  4. маҷмӯи муҳаррирон, ба монанди GNU Emacs, Lucid Emacs, MicroEmacs, jove, ez, epoch, elvis (GNU vi), vim, vile, joe, pico, jed ва ғ.;
  5. системаҳои барноманависӣ барои миқдори зиёди забонҳо, ба монанди C, C++, Objective C, Pascal, Fortran, Tcl/tk, Perl, Common Lisp, ML, scheme, ADA, Modula-3, Modula-2, Prolog, Smalltalk, Java, Oberon, Python, Sather ва ғ.;
  6. воситаҳои таҳиянамоӣ ва ислоҳнамоӣ, ба монанди gdb, xxgdb, ddd, make, bison, flex, perl, rcs, cvs, prof ва ғ.;
  7. китобхонаҳои тақсимшавандаи динамикӣ;
  8. иҷрокунандаи (эмулятори) барномаҳои DOS;
  9. шабака, дар асоси протоколҳои TCP/IP;
  10. аксарияти системаҳои файлӣ, аз ҷумла DOS, VFAT, OS/2, системаи файлии CDROM, системаи файлии шабакавии NFS ва ғ.;
  11. почтаи электронӣ;
  12. системаҳои идоракунии базаи маълумотҳо, ба монанди Exodus, Shore, Ingres, Postgres 95, mSQL, OBST, Onyx ва ғ.;
  13. системаи коркарди барномаҳо барои X Window System, ба монанди Tcl/Tk, Interviews, OI ва ғ.;
  14. системаи нашриётии TeX;
  15. WYSIWYG-муҳаррири матнии LyX, дар асоси TeX;
  16. дигар воситаҳои коркарди матнӣ, ба монанди groff, doc, ez, Linuxdoc-SGML ва ғ.;
  17. системаи мултимедиавии Andrew User Interface System (ez қисми он аст);
  18. ва дигар садҳо барномаҳо ва бастаҳое, ки дар Linux сохта шудаанд ё ба он гузаронида шудаанд. Аз ҷумла системаи картографии GRASS, системаи таҳлилӣ бо методҳои элементҳои ниҳоии FElt, системаи автоматикунонии лоиҳагирии микросхемаҳои Magic, бастаи лоиҳагирии платаҳои чопии PCB, оссилографи компютерии Scope, системаи автоматикунонии лоиҳагирии SISCAD, системаи рендеринги Radiance, бастаи коркарди маълумотҳои радиоастрономии AIPS ва дигар имкониятҳои зиёд.

Кор дар шабакаи глобалии Интернет

Шабака дар Linux ба монанди шабакаи Интернет ташкил ёфтааст ва дар протоколҳои одатии TCP/IP кор карда, ҳамон имкониятҳо ва воситаҳоро дорад. Бинобар он, компютер бо системаи оператсионии Linux ба таври муқаррарӣ ба шабака пайваст мешавад.

Системаи файлии Linux

Системаи файлии Linux аз ташкили системаи файлии Windows ва DOS бо якчанд хусусиятҳои худ фарқ мекунад.

Дар Windows файлҳои асосӣ дар бастаҳо воқеъ мебошанд, ки дар навбати худ ин бастаҳо ба бастаи Windows дохил мешаванд. Ҳангоми насбнамоӣ бошад, бастаи Program Files тартиб дода мешавад, ки ба он одатан, тамоми барномаҳои иловагӣ (почта, барномаҳои зиддивирусӣ ва ғ.) насб карда мешаванд. Ғайр аз ин, бастаи Мои документы тартиб дода мешавад.

Дар системаи DOS тамоми объектҳо дар як баста ҷойгир карда мешаванд.

Дар Linux структураи бастаҳо аз структураи системаҳои қайдшуда фарқ намуда, дар назари аввал нофаҳмо менамояд. Лекин, чунин хулоса танҳо дар ибтидо ба вуҷуд омада, ҳангоми омӯхтани структураи ташкили файлҳои Linux, тамоми саволҳо ҷавоби худро меёбанд.

Структураи системаи файлии Linux иерархияи қатъӣ дорад. Ба монанди дигар системаҳо, ба сифати бастаи асосӣ бастаи сатҳи аз ҳама болоӣ қабул шуда, он бо аломати « / « ишора мешавад.

Умуман, структураи системаи файлии Linux–ро чунин тасаввур намудан мумкин аст:

/ — бастаи асосӣ;

/bin – барномаҳои асосӣ;

/boot – ҳангоми ба кор даромадани система истифода мешавад;

/dev – дар ин баста таҷхизотҳо қайд шудаанд (модем, мушак, клавиатура ва ғ.);

/etc – файлҳои конфигуратсия;

/home – бастаҳои хоси (хонагии) истифодабарандагони дар система қайдшуда;

/lib – китобхонаҳо ва модулҳои ядро;

/mnt – нуқтаҳои насбнамоии таҷҳизотҳо (CDRom, диски қаиш, дискҳои системаи Windows, дискҳои шабака);

/root – бастаи маъмури система;

/sbin – барномаҳои системавии асосӣ;

/tmp – файлҳои муваққатӣ;

/usr – бастаи файлҳои муқаррарӣ;

/var – маълумотҳои гуногун.

Тамоми бастаҳо, зербастаҳо ва файлҳои дигарро дар бар дошта метавонанд.

Дар система бояд маъмури системавӣ бошад, ки ҳуқуқи омоданамоӣ, тағйирдиҳӣ ва идоракунии умумии системаро дорад. Агар, истифодабаранда дар компютери тобеи худ Linux–ро насб намояд, ӯ маъмури системавӣ мешавад. Ҳангоми бо номи root ба система дохил шудан, истифодабаранда ҳуқуқҳои номаҳдудро соҳиб мешавад. ӯ метавонад хусусиятҳои системаро бо хоҳиши худ тағйир диҳад, файлҳоро насб ё хориҷ намояд ва ғ. Дар ин ҳолат, ба сифати бастаи хос (хонагӣ) бастаи /root истифода мешавад.

Лекин, пас аз омода намудани система, доимо ба сифати маъмури системавӣ кор кардан мувофиқи мақсад нест, зеро root ҳуқуқҳои номаҳдуд дошта, тасодуфан ба кори мӯътадили система таъсири манфӣ расонида метавонад. Одатан, ба сифати истифодабарандаи муқаррарӣ кор кардан беҳтар аст, зеро чунин истифодабаранда метавонад бе хавфи дахолат намудан ба хусусиятҳои коршоямии система, дилхоҳ амалиётҳоро иҷро намояд. Ҳангоми, тасодуфан ё надониста ба хориҷнамоии файлҳои муҳим фармон додан, система ба амалиёти мазкур монеъ мешавад, зеро истифодабарандаи муқаррарӣ ба ин ҳуқуқҳои кифоя надорад. Агар, бо вуҷуди он, зарурати тағйирдиҳии омоданамоии система ба вуҷуд ояд, ба система аз нав, ҳамчун маъмур (root) дохил шудан лозим аст.

Ҷамъоварии маълумот оиди компютер

Инак, қабл аз насб намудани системаи оператсионии Linux, қабл аз амалиёти насбнамоӣ, бояд маълумотҳои зарурӣ оиди хусусиятҳо ва имкониятҳои компютер ҷамъ оварда шавад. Одатан, хусусиятҳои компютер ҳангоми насбнамоӣ ба таври автоматикӣ шинохта мешаванд, лекин дар аксарияти ҳолатҳо маълумотҳои қаблан ҷамъовардашуда низ лозим мешаванд. Масалан, муайян намудани хусусиятҳои монитор, видеокарта, мушак, принтер, модем, картаи овозӣ ва ғ. лозим шуда метавонанд.
Муайян намудани ҷои насбнамоӣ

Акнун, пас аз он, ки оиди компютер маълумотҳои зарурӣ ҷамъ оварда шудаанд, ба кадом диск насб намудани Linux–ро муайян намудан лозим аст. Агар компютер дорои ду ё зиёда диски сахт бошад, он гоҳ, системаи оператсионии мазкурро ба яке аз дискҳои холӣ насб намудан мумкин аст. Лекин, одатан аксарияти компютерҳо бо як диски сахт муҷаҳҳаз мебошанд. Дар чунин ҳолат, Linux ба сифати системаи оператсионии ягонаи компютер насб шуда метавонад, зеро ҳангоми насбнамоии Linux диски сахт «тоза» карда мешавад.

Ба компютерҳои дорои як диски сахт ва таҳти системаи оператсионии Windows коркунанда, ҳангоми насб намудани системаи оператсионии мазкур диски сахтро (одатан) ба ду диски мантиқӣ тақсим менамоянд. Амалиёти ба дискҳои мантиқӣ тақсимнамоии диск тавассути барномаҳои махсус автоматикунонида шудаанд. Масалан, барномаҳои оилаи Partition Magic-ро тавсия намудан мумкин аст. Барои намуна, истифодабарии барномаи Norton PartitionMagic 8.0–ро ба таври мушаххас дида мебароем.

2.38K
Нет комментариев. Ваш будет первым!