Тавсифи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақша:

1. Мафҳум ва моҳияти низоми бонкӣ.

2. Рушди низоми бонкӣ ва омилҳои ба он таъсиррасонанда.

3. Бонки миллии Тоҷикистон – зинаи асосии роҳбарикунанда дар низоми бонкии Тоҷикистон.

1. Мафҳум ва моҳияти низоми бонкӣ. Бонк дар ҶТ ташкилоти давлатӣ, тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад, ки барои ҷалб намудани амонатҳо ва дигар воситаҳои пулӣ бо мақсади истифодабарии он ба масқади қарздиҳӣ бо шарти баргардонидан, музднок, таъҷилӣ ва инчунин барои иҷроиши ҳисоббаробаркуниҳо бо хоҳиши миҷозон ташкил карда шуддаст. Бонк ҳамчун шахси ҳуқуқӣ баромад карда, фаъолияти худро дар асоси Конститусияи ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва дигир санадҳои иқтисодӣ меъёрии БМТ ва оинномаи худ фаъолият менамоянд. Бонкҳо дар ҶТ дар асоси бонкҳо хусусӣ, тижҷоратӣ ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ метавонанд ташкил гарданд. Мафҳуми «низом» дар илми ҳозира васеъ истифода мешавад.

Истилоҳоти «низом» ва «низоми бонкӣ» ба ҳам алоқаманд буда, мафҳуми васеӣ ба ҳаммуттаҳидкунанда дорад:

маҷмуи унсурҳо; кифоягии унсурҳо; баҳамалоқамандии унсурҳо.Мафҳуми «низоми бонкӣ» асосатарин дар омузиши кори бонкӣ ва низоми иқтисодӣ дар пуррагӣ муайян карда мешавад. Ин онро мефаҳмонад, ки фаъолияти ҳамаи бонкҳо дар иқтисодиёти бозорӣ дар алоҳидаги набуда, онҳо ба якдигар алоқаманданд. Ин алоқаманди дар иҷроиши ҳисоббаробаркунии бонкҳо бо воситаи: муассисаҳои ҳисоббаробаркунии БМТ; бонки муросилотие, ки дар асоси бастани шартнома иҷроиши ҳисоббробаркуни гузаронида мешавад; бонкҳои муросилотие, ки барои бурдани намуди ҳисобҳои муайян ва ижроиши пардохтҳо ӯҳдадор карда шудаанд; марказҳои клирингӣ – ташкилотҳои қарздиҳии ғайрибонкии ижрокунандаи амалиётьои ҳисоббаробаркунӣ.Моҳияти низоми бонкӣ – ин амалии арифметикӣ набуда, фаҳмиш ва дарки васеъ дорад, зеро ҳамаи унсурҳоро ба худ гирифта, таркиби онҳоро муайян мекунад: низоми бонкии марказӣ – тақсимотӣ; низоми бонкии бозорӣ; низоми бонкии давраи гузариш.2. Рушди низоми бонкӣ ва омилҳои ба он таъсиррасонанда. Ба раванди рушди низоми бонкӣ якчанд омилҳои макроиқтисодӣ ва сиёсӣ таъсир мерасонанд, ки инҳо:

1. ҷиҳати пешравии муносибатҳои пулӣ – маҳсулотӣ;

2. тартиби ҷамъияти ва иқтисодӣ, мақсаднокии таъмин намуда ва хусусиятҳои иқтимоӣ;

3. асоси қонуният;

4. фаҳмишҳои умумӣ дар бораи моҳият ва нақши бонкҳо дар иқтисодиёт.

Бонкҳо асосан амалиётҳоро иҷро мекунанд, ки хислати пулӣ дорад. Онҳо маблағҳоро ҷалб мекунанд, қарзи пулӣ медиҳанд, ҳисоббаробаркунии пули нақдӣ ва ғайринақдӣ мегузаронанд. Ба рушди низоми бонкӣ фаҳмишҳои умуми дар бораи моҳият ва нақши бонк дар иқтисодиёт таъсир мерасонад. Бонкро як қисми пешбарандаи иқтисодиёт меноманд, зеро иқтисодиёт – бонк, мафҳумҳои молия бе ҷамъият дар алоҳидагӣ вужуд надорад. Боз дар рушди низоми бонкӣ ва нақши вай дар рушди иқтисодӣ – иҷтимоӣ маҷмӯи омилҳои дохилӣ ва берунӣ таъсир мерасонанд. Омилҳои берунӣ – макроомил мебошад, ки маҷмӯи омилҳои ба ҳам вобастагии дутарафаро муайян мекунад, ки ба панҷ гурӯҳи асоси тақсим мешавад:

иқтисодӣ; сиёсӣ;ҳуқуқӣ; иқтимоӣ; форсмаҷорӣ.Маҷмӯи омилҳои иқтисодӣ муносибати қарордоди иқтисодиро бо иштироки бонкҳо ифода мекунад. Рушди низоми бонкӣ бо таъсири омилҳо, ба монанди, андоз барои фоидаи бонкҳо, кифоя набудани захираҳо барои иҷроиши амалиётҳо, зарарнокии миқдоре аз ташкилотҳои калон ҳам миёна, паст будани даромади аҳолӣ. Ба омили сиёсӣ таъсиррасонанда ин мақомотҳои давлатӣ ва ҷиҳати идоракунии ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, ки аз масъалаҳои субъектони низоми бонкӣ ҳалкунанда иборат аст:

БМТ, ташкилотҳои молиявии қарздиҳӣ, бонкҳо, бонки молиявии хурд, фонд ва ҷамъиятҳои қарздиҳӣ, ассосиатсияи бонкҳо:

1. асоси ташкилии буҷет;

2. асоси сиёсати пулӣ – қарзӣ;

3. раванди асосии муосири андозбандӣ;

4. дар амалия ҷори намудани хоҷагидории миллӣ ва соҳаҳои алоҳидаи он, ба фаъолияти бонкдорӣ, ба ӯҳдадориҳои давлат ва тиҷорат дар назди ҷамъият.

Намуд ва методҳои танзими ҳуқуқии фаъолияти хожагидорӣ дар маҷмӯъ ва бонкӣ дар алоҳидагӣ ба фаъолиятбарии низоми бонкӣ таъсир мерасонанд. Устувории қонуни ба ҳалли масъалаҳое, ки дар ин соҳа мавҷуд аст, ёри мерасонанд. Омилҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ омили иҷтимоӣ – психологиро муайян мекунанд. Ба ин омил дохил мешавад: боваринокии зиёди аьолц ба дуруст будани ислоҳотҳои иқтисодӣ, қонуни асъорӣ, андоз, боҷи гумрукӣ. Форсмаҷорӣ ё ҳолатҳои номуайянӣ, ки заминҷунбӣ, обхезӣ, тармафароӣ, бастани минтақаи сарҳад бо ҳолатҳои сиёсӣ ё ҷангӣ ва ғ. дохил мешаванд, ки низоми ҳисоббаробаркунӣ ва пардохтро мушкил мегардонад. Ба омилҳои дохилӣ, ки ба низоми бонкӣ таъсир мерасонанд, мешаванд:

1. нақши БМТ дар низоми бонкдорӣ;

2. кордонии роҷбари бонк ва коркунони бонк;

3. сифати хизматрасонӣ;

4. сатҳи рақобати байнибонкӣ;

5. мақсадҳои танзими низоми бонкӣ;

6. қоидаҳои ҷо ба ҷошудаи бонкӣ;

7. сӯйиистифода аз мансаб аз тарафи роҳбар ва коркунони бонк ва ғ.

3. Бонки миллии Тоҷикистон – зинаи асосиии роҳбарикунанда дар низоми бонкии Тоҷикистон. Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи бонки Миллии ҶТ», «Дар бораи танзими асъорӣ ва назорати асъорӣ» дар ҶТ ҳамчунин бонки марказӣ – бонки эмиссионӣ Бонки Миллии ҶТ баромад мекунад. Раиси Бонки Милли ва муовинони онро президенти ҶТ бо фармони худ ва розигии Маҷлиси Олии ҶТ вазифадор мекунад ва ё озод мекунад. Аз сабаби он, ки ба Бонки миллӣ ҳамчун Бонки Марказӣ ҳуқуқӣ ба гардиш баровардани пулҳои қоғазин ва танга, ташкил кардани гардиши самаранокии он ва дар ҳолатьои зарурӣ аз гардиш гирифтани пул дода шудааст, Бонки Миллӣ Бонки эмиссионӣ номида мешавад, яъне ба ин бонк аз тарафи ҳуқуқи монополии барориши пул дода мешавад. Дар минтақаи ҶТ ягон дигар бонкҳо ва ташкилотҳои ғайрибонкӣ ҳуқуқи барориши пули миллиро надоранд. Бинобар ин Бонки Миллӣ дар назди Маҷлиси Олии ҶТ ҳисоботдиҳанда буда, ба ҳукумати ҶТ тобеъ намебошад. Бонки Милли Тоҷикистон барои ба танзим даровардани низоми қарзии пули ҷумҳурӣ корҳои зеринро басомон мерасонад: — қурби пули миллиро устувор нигоҳ дошта, онро аз ҳар гуна хатарро нигоҳ медорад. — ҷиҳати самаранокиӣ ва бефосилагии низоми ҳисобу китоби байни бонкҳои тиҷоратии ҶТ ва бонкҳои хориҷаро таъмин мекунад. — барои низоми бонкии ҶТ-ро пурқувват кардан ва тараққӣ додани чораҳои зарурӣ ва тағийрнопазириро меандешад.

567
Нет комментариев. Ваш будет первым!