ДУРНАМОИ РУШДИ СИСТЕМАҲОИ КОМПЮТЕРӢ

Даҳ сол муқаддам рушд ва сатҳи технологияҳои компютерӣ дар пояи баланди илмиву техникии ҳамон давра қарор дошт. Одамон ҳатто тасаввур карда ҳам наметавонистанд, ки пас аз 10 соли дигар, яъне имрӯз, дар ин самт ин қадар пешравиҳо ба вуқӯъ мепайвандад. Бинобар он имрӯз барои мо низ душвор аст пешгӯӣ намоем, ки пас аз 10 соли дигар дар ин соҳа кадом ҷаҳишҳои илмиву техникӣ ва технологӣ сурат мегиранд. Аз ин рӯ, мо танҳо дар бораи самтҳои имконпазири рушди соҳа андешаронӣ карда метавонем. Ҳатто фосилаҳои камтарини вақт метавонанд дар ин самт комёбиҳои навбатиро ба мо ҳадя намоянд.

Самти хизматрасониҳои системаҳои компютерӣ. Иртиботи иттилоотӣ ва амалиёти бонкии байни кишварҳо тавассути компютерҳо идора карда мешаванд. Танзим ва идораи раванди фурӯши чиптаҳо барои ҳавопаймову қатора, бандкунии ҷой дар меҳмонхона ва муайян кардани хатсайр барои сайёҳон бо компютер вобастагӣ доранд. Имрӯз компютерҳои дар шакли робот сохташуда имконияти муошират кардан бо инсонро доранд. Онҳо ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мантиқан дурустро пешниҳод менамояд. Робот-компютерҳо дар меҳмонхонаҳо вазифаи хидматчиро иҷро намуда, борҷомаи меҳмонро мебардоранд ва меҳмонро то ҳуҷраи муайяншуда ҳамроҳӣ менамоянд.

Самти иттилоотонии ҷомеа. Қаблан компютер асосан барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи иттилоот истифода мешуд. Бо пайдоиши шабакаҳо имкониятҳои иртиботии компютер низ васеъ шуд, ки ин ба тағйир ёфтани муҳити иттилоотии ҷомеа оварда расонид. Ҳоло одамон барои ҷустуҷӯи иттилоот ба рӯзнома ва радиову телевизион кам муроҷиат мекунанд. Онҳо хабарҳои навтаринро тавассути Интернет дастрас менамоянд. Ҷомеаи имрӯза ҳатто барои тамошои барномаҳои телевизион ва шунидани барномаҳои радио аз компютер истифода мебаранд.

Самти ояндаи тараққиёти системаҳои компютерӣ ба содагардонӣ, эътимоднокӣ, беҳтаргардонии хосияту параметрҳо ва ҳаҷман боз ҳам хурдтар гардонидани техникаи компютерӣ марбут аст. Барои таъмин намудани мубодилаи иттилоотии сифатан нави байни компютерҳо дар назар аст, ки технологияҳои инноватсионии робитавӣ истифода шаванд:

  • хатҳои инфрасурх;
  • хатҳои алоқаи телевизионӣ;
  • технологияи рақамии зудсуръати бесим.

Технологияҳои инноватсионии робитавӣ имконият медиҳанд, ки низомҳои зудсуръати иттилоотӣ тамоми системаҳои компютерии мавҷударо фаро гиранд. Самтҳои татбиқи системаҳои компютерӣ мунтазам васеъ мешаванд ва ҳар як қадами навбатии онҳо ба равнақёбии бевоситаи техникаи компютерӣ оварда мерасонад. Дар оянда кулли комплексҳои ҳисоббарор ва системаҳои компютерӣ, аз абаркомпютерҳо сар карда то микрокомпютерҳои фардӣ, қисмҳои таркибии як шабакаи компютериро ташкил медодагӣ мешаванд. Маҳз дар ин маврид бояд интиқоли иттилоот номаҳдуд ва бо суръати бениҳоят баланд таъмин карда шавад. Компютерҳои муосир, ки дар заминаи нимноқилҳо эҷод гардидаанд ва зудкориашон бо 1015 амал/сония маҳдуд аст, дар ҳолати гузариш ба архитектураи сеченакаи микросхемаҳо қарор доранд.

Ҷустуҷӯи роҳҳои нави мукаммалгардонии компютерҳо дар самтҳои гуногун идома дорад. Якчанд роҳҳои алтернативии имконпазири гузариш ба компютерҳои нав мавҷуданд: компютерҳои нурӣ, нейрокомпютерҳо, компютерҳои квантӣ. Барои ихтирои компютерҳои оянда навгониҳои илмҳои муосир истифода мегарданд.

Компютери нурӣ. Дар компютерҳои нурӣ (оптикӣ) вазифаи барандаи иттилоотро сели рӯшноӣ иҷро мекунад. Истифодаи сели рӯшноӣ ҳамчун барандаи иттилоот дар муқоиса бо сигналҳои барқӣ як қатор афзалиятҳо дорад. Пеш аз ҳама суръати баланди паҳнкунии иттилоот таъмин карда мешавад ва сохтани архитектураи интиқоли параллелии иттилооти шабакавии байни компютерҳо имконпазир мегардад. Аз ин ҷо бармеояд, ки технологияи нурӣ натанҳо барои сохтани компютерҳо муҳиманд, балки аз он ба таври васеъ дар иртиботи компютерӣ ва шабакаи Интернет истифода бурдан мумкин аст.

Нейрокомпютер. Барои ҳалли баъзе масъалаҳои мубрам зарурати сохтани системаҳои тафаккури сунъӣ пеш меояд, ки онҳо натанҳо иттилоотро кор карда тавонанд, балки барои ҳисоббарориҳои зиёд вақти камтарро сарф намоянд ва аз байни якчанд усули ҳалли масъала роҳҳои беҳтаринро интихоб кунанд. Ғояи эҷоди нейрокомпютер (биокомпютер) аз тарзи кори майнаи инсон ё умуман системаи асаби организмҳои зинда сарчашма гирифтааст. Майнаи инсон зиёда аз 10 миллиард ҳуҷайраи асаб – нейрон дорад, ки имконияти коркарди иттилооти эҳсосотиро ба вуҷуд меоранд.

Нейрокомпютер бояд дар заминаи нейрочипҳо (нейронҳои сунъӣ) ва пайвандҳои нейронӣ сохта шавад, ки ҳар кадоми онҳо барои иҷрои алгоритми мушаххаси масъалаи алоҳида равона гардидааст. Барои ҳалли масъалаҳои гуногун бошад, бояд шабакаи нейронӣ истифода бурда шавад. Як нейрони сунъӣ метавонад дар амалишавии якчанд алгоритми татбиқшавандаи шабака истифода шавад ва ҳар як алгоритм метавонад тавассути якчанд нейрони сунъӣ иҷро карда шавад.

Компютери квантӣ дар асоси қонунҳои механикаи квантӣ сохта мешавад. Принсипи физикии кори компютери квантӣ бо тағйирёбии энергияи атом алоқаманд аст.

Механикаи квантӣ усулҳои тасвиру қонуниятҳои ташаккулёбӣ ва низоми зарраҳои хурд – атому молекулаҳоро меомӯзад.

Ҳар се навъи компютерҳои номбурда компютерҳои замони ояндаанд. Дар мавриди рушд ёфтани як ё ҳамаи ин самтҳо ҳатман барояшон таъминоти барномавии мувофиқ низ сохта хоҳад шуд.


665
Нет комментариев. Ваш будет первым!