Таърихи пайдоиши Internet
Related Articles
Таърихи пайдоиши Internet
Интернет таърифҳои зиёд ва гуногун дорад. Масалан, мураттибони энсиклопедияи «Кирилл ва Мефодий» чунин меҳисобанд, ки Интернет (калимаи англисии «Internet»аз калимаи лотинӣ inter ва англисии net шабака ва ё анкабут гирифта шудааст) шабакаи байналмилалӣ ва ё ҷаҳонии компютерии алоқаи электронӣ буда, шабакаҳои минтақавӣ, маҳаллӣ, миллӣ ва ғ.-ро ба ҳам мепайвандад. Интернет барои афзоиш ва беҳтар гаштани табодули иттилоот, пеш аз ҳама иттилооти илмиву техникӣ мусоидат мекунад. Он беш аз 50 миллион истифодабарандагони инфиродӣ ва дастачамъиро, ки ҳар кадом почтаи электронии худро доранд, дар тамоми ҷаҳон муттаҳид мекунад.
Винтон Серф, президенти Иттиходияҳои Интернетӣ таърифи мухтасари онро чунин медиҳад: «Интернет системаи ҷаҳонии шабакаҳоест, ки тавассути протоколҳои TCP/ IP ва дигар протоколҳо доир ба коммуникатсия бо ҳам пайвастанд.
Аммо Шўрои федералии шабакаҳо (FNC) мафҳуми Интернетро чунин муайян мекунад: «Интернет шабакаи ҷаҳонии иттилоотиест, ки:
мантиқан бо адресҳои уникалии ҷаҳонӣ бо ҳам пайваст буда, он дар заминаи Интернет-протокол (IP) ва ё дар заминаи васеъшавии минбаъдаи.қабулкунандаҳо ба роҳ монда шудааст.
метавонад коммуникатсияро бо истифодаи оилаи Протоколи идораи барномаи Интернет/ Протоколи (TCP/IP) ва ё васеъшавии минбаъдаи қабулкунандаҳо ва ё дигар IP протоколҳо кўмак расонад;
дар заминаи ҷамъиятӣ, хусусӣ, хизматрасонии бисёрсатҳаро таъмин мекунад.
Заминаи Интернет дар охири солҳои 60-ўми қарни гузашта бо супориши Вазорати мудофиаи ИМА гузошта шуд. Зодрўзи шабакаи Интернетро метавон 2-юми январи соли 1969 ҳисоб кард. Дар ин рўз Ожонсии таҳқиқотҳо барои ояндаи (перспективӣ) Вазорати мудофиаи Амрико (US Defence Departament Research Project Agency-ARPA) татбиқи лоиҳаи алоқаи компютерии созмонҳои мудофиавиро оғоз намуд. Дар натиҷаи иҷрои ин нақша шабакаи ARPANET таъсис ёфт.
Бо сохтани ин шабака чанд ҳадаф таъқиб мешуд. Аммо мақсади аслӣ ба миён овардани шабакае буд, ки ба қисман вайрониҳое, ки дар натиҷаи ҷанг ба амал меомаданд, аз он ҷумла ҷанги ядроӣ нигоҳ накарда, бояд боқӣ мемонд ва фаъолият мекард. То ин вақт алоқа дар шабака боэътимод набуд, зеро ҳар як сегментхои он ё вайрон мешуданад ва ё зарар медиданд. Бинобар ин мақсад гузошта шуд, ки дар шабака алоқа дар миёни компютерҳои зарарнадида таъмин шавад.
Марҳилаи баъдии рушди Интернетро метавон ба таъсиси шабакаи Бунёди илмии ИМА (NSF) мутаалиқ донист. Ин шабака NSFNET ном гирифт ва он марказҳои илмии Амрикоро муттаҳид мекард. Кор дар ин шабакаи нав дар заминаи 5 суперкомпютер ба роҳ монда шуд. Ин компютерхо миёни ҳамдигар бо хатҳои алоқаи баландсуръат пайваст буданд. Шабакаи NSFNET ба зудӣ ҷои ARPANET-ро, ки соли 1990 пурра барҳам хўрд, гирифт.
Афзоиши босуръати истифодабарандагони шабака тақозо мекард, ки он ба таври доимӣ аз лиҳози сохторӣ тағйир дода шавад. Бинобар ин, соли 1987 NSFNET backbon, ки қисми базавӣ ва ё сутунмўҳраи шабака буд, таъсис ёфт. Сутунмўҳра аз 13 шабака иборат буд, ки онҳо миёни ҳам бо хатҳои баландсуръат пайваст мешуданд. Ин марказҳо дар қисматҳои гуногуни Амрико воқеъ буданд. Ҳамзамон шабакаҳои миллӣ дар дигар кишварҳо низ таъсис ёфтанд. Шабакаҳои компютерии давлатҳои гуногун бо ҳам муттаҳид шуданд ва дар солҳои 90-ўми асри 20 шабакаи Интернет дар шакли имрўзии худ ташаккул ёфт.
Аммо аз муҳимтарин ҳодисаҳо дар таърихи Интернет тарҳрезии ба истилоҳ тори анкабути ҷаҳонӣ-World Wide Web (WWW) мебошад. Таърихи WWW аз моҳи марти соли 1989, аз замоне ки Tim Bernes Lee бо лоиҳаи муҳити телекоммуникатсионӣ ва ё баргузор кардани таҳқиқоти муштарак дар соҳаи физикаи энергияҳои баланд баромад кард, шурўъ мешавад. Дар соли 1991 Лабораторияи физикаи амалии Аврупо (CERN) дар бораи таъсиси фазои нави иттилооти глобалии WWW ба тамоми ҷаҳон эълон пахш намуд.
Фазо чунин моҳият дошт: санаде, ки тавассути он дастрасӣ ба Интернет сурат мегирад, то андозае бо ёрии забони гипертекстӣ коллаббанди (формат) мешавад. Иттилоот дар шабака метавонад тавассути ба истилоҳ локатори универсалии захираҳо пайдо карда шавад ва бо ёрии барномаи брокгаузер инъикос гардад. Яке аз барномаҳои муваффақи барномаи Mozaic буд. Пайдо шудани WWW ва барнома-брокгаузер имкон дод, ки дар шабакаҳо на танҳо барномасозҳо кор кунанд, балки онҳое низ, ки танҳо маълумоти ибтидоӣ роҷеъ ба кор бо Windows доранд, онро ба хубӣ сарфаҳм раванд ва аз он истифода намоянд.
Ҳоло Интернет ҳазорҳо шабакаҳои гуногунро, ки дар тамоми ҷаҳон мавҷуданд, муттаҳид мекунад. Дар Русия Интернет дар гузаштаи на он қадар дур пайдо шуд. Афзоиши босуръати истифодабарандагони Интернет дар соли 1996 оғоз ёфт, яъне аз замоне ки имкони истифодаи Интернет дар ин кишвар ба вуҷуд омад. Ҳамзамон бо суръати афзоиши истифодабарандагони Интернет дар Русия тағйироти куллӣ дар бахши русии он низ сурат гирифт. Агар чанд сол қабл тамоми иттилоот дар шабака бо забони англисӣ пахш мешуд, пас, имрўз таъминкунандагони иттилоот ба истифодабарандагони русзабон рў овардаанд. Ин аст, ки имрўз дар шабакаи Интернет иттилооти гуногунро метавон бо забони русӣ роҳат пайдо кард.
Мавзўи №6 Имконоятҳои Интернет
Почтаи электронӣ (e-mail)-методи интиқоли иттилоот тавассути почтаи электронӣ мебошад. Принсипи кор бо почтаи электронӣ бо кор бо мактубҳои (корреспонденсия) маъмулӣ монанд мебошад. Таъминкунандаи хизмати интернетӣ ( провайдерҳо) ба муштарӣ куттии почтаи электронӣ мекушоянд, ки ба он мактубҳои ирсолшуда меафтан. Ба ин қуттии электронӣ тибқи адреси почта ба истилоҳ e-mail парол гузошта мешавад. Дар асл, ба истифодабаранда имкон дода мешавад ҳаҷми муайяни иттилоотро дар компютери провайдер ҳифз кунад. Азбаски ҳаҷми дискҳои провайдер бемаҳдуд нестанд, барои иттилоот дар қуттиҳои почта аз рўи ҳаҷму мўҳлат ва ё барои ҳифзи почта маблағ муайян мешавад. Ҳангоми табодули иттилооти почта шарт нест, ки фиристанда ва гиранда ҳамзамон дар хатти алоқа бошанд. Иттилотти фиристодашуда ба қуттии почта меафтад ва онҳоро дар вақти мувофиқ барои худ гирифта метавонанд.
Гурўҳи ахбори UZENET NEWS-ин тахтаи электронии эълонҳо мебошад, ки дар заминаи иттилооти хеле зиёд вуҷуд дорад. Гурўҳи ахборро имрўз бештар телеконференсия меноманд. Тафовути он аз почтаи электронӣ ин аст, ки иттилоот дар гурўҳи ахбор барои истифодаи умум дастрас мебошад. Барои осон шудани мубоҳисаҳо гурўҳҳои гуногун ташкил шудаанд, ки ширкаткунандагон он иттилоотро доир ба мавзўи муайян мефиристанду қабул мекунанд.
Хадамоти Teknet-компютери истифодабарандаро ба терминали компютери дигаре, ки дар фосилаи дур воқеъ аст, мубаддал месозад. Ин хадамотро эмулятсияи терминалӣ меноманд. Дар амал он камтар истифода мешавад.
Хадамоти FTP-File Transfer Protocol-имкон медиҳанд, ки файлҳо қабул ва ё фиристода шаванд. Ин хадамот имрўз ҳам барои қабули маҳсулоти барномаҳо ба таври густурда истифода мешавад.
WWW-World Wile Web (Анкабути ҷаҳонӣ) хадамоте, ки имкон медиҳад бо санадҳои гипертекстӣ ва гипермедиявӣ кор карда шавад. Барои кор бо WWW протоколи махсуси HTTP –Hiper Text Transfer Protocol (протоколи интиқоли гипертекст) истифода мешавад. Санадҳои гипертекстӣ бо ёрии забони махсуси HTML (забони аломатгузории матнҳо) сохта мешаванд. Санаде, ки бо ёрии ин забон сохта мешавад ва он барои истифодабаранда дастрас аст, Web-саҳифа номида мешавад.
Хадамоти Archie-имкон медиҳад, ки файл аз рўи номаш ёфта шавад. Аммо вақтҳои охир ин хадамот камтар истифода мешавад, зеро ки дар WWW системаҳои ҷустуҷўие пайдо шудаанд, ки имкон медиҳанд ин кор бо роҳи бо роҳи осонтар сурат бигирад.
Gopher-ин системаи дастрасӣ ба иттилоот тавассути менюҳои гузошташуда мебошад. Вай пешнамунаи (прообраз) анкабути ҷаҳонӣ мебошад, ки дар ҳоли ҳозир мурда истодааст, чунки гузариш дар WWW хеле осон ва мувофиқ мебошад.
WAIS-Wide Area Information Service (Хадамоти иттилоотии соҳаҳои васеъ)-системаи ҷустуҷўи иттилоот тибқи калимаи калидӣ аст.
IRC-Internet chat Relay (Сўҳбат тавассути Интернет).-ин система то андозае ба гурўҳи ахбор монанд аст, аммо табодули иттилоот бетаваққуф сурат мегирад. Ба гурўҳи истифодабарандагоне, ки ин ё он масъаларо муҳокима мекунанд, иттилоотро бо клавиатура ҳуруфчинӣ менамоед ва он ҳамон лаҳза дастраси дигар ширкаткунадагони сўҳбат мегардад.
Самтҳои зиёди шавқовари истифодаи Интернет вуҷуд доранд, барои мисол гуфтугўҳои телефонӣ, қабули мавҷҳои телевизионӣ ва радиоӣ.
Фаҳмост, ки чунин имконоти васеи мукотиба аз назари ташкилотҳои тиҷоратӣ дур намонд. Бинобар ин, дере нагузашта, имконоти хадамотии шабакаи Интернет барои баргузории амалиётҳои гуногуни тиҷоратӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Тиҷорати электронӣ-ин консепсияи умумиест, ки тамоми шаклҳои амалиётҳои хизматрасонӣ бо роҳи электронӣ тавассути истифодаи шабакаҳои телекоммуникатсионӣ сурат мегирад. Чунин амалиётҳо дар миёни ширкатҳо ва супоришдиҳандагони онҳо ё миёни ширкатҳо дар муассисаҳои давлатӣ ба роҳ монда мешаванд.
Тиҷорати электронӣ фаъолияти хеле густурдаро дар бар мегирад;
-маркетинг, савдо ва мусоидат барои фурўш;
-савдои пешакӣ, қарордодҳои пешакӣ;
маблағгузорӣ ва суғуртакунӣ;
-амалиётҳои тиҷоратӣ, фармоиш, қабулкунӣ, пардохти маблағ;
-хизматрасонӣ ва нигоҳдории маҳсулот; коркарди муштараки маҳсулот;
-тақсими маҳсулоти муштарак;
-истифодаи хизматти умумӣ ва ҷузъӣ;
-маъмурияти тиҷорат (консессияҳо, иҷозатномаҳо, андоз, гумрук ва ғ);
нақлиёт, техникаи интиқол ва таъминот;
-фурўши автоматии маҳсулоти электронӣ, ҳисоботи бухгалтерӣ, ҳалли масъалаҳои баҳснок.