Кор бо Файлҳо ва папкаҳо

Related Articles

Проводник (роҳбалад) яке аз барномаҳои асосии систе­маи амалиётии Windows XP ба шумор рафта, бо ёрии он папкаҳо, хуҷҷатҳо ва дигар барномаҳои бо роҳи хеле осон кофта ёфта мешаванд. Бо ёрии «Проводник» низ ҳамаи амалиётҳоеро, ки бо ёрии барномаи «Мой компьютер» иҷро карда мешуданд, амалӣ кардан мумкин аст. Ба мисли барномаҳои дигари Windows XP, ҳангоми омодаи кор сохтани Проводник низ дар экран равзанаи он кушода мешавад.

Барои кушодани барномаи “Проводник” (роҳбалад) дар Windows XP якчанд тарзҳоро истифода бурдан мумкин аст:

Тугмачаи “Пуск”-ро пахш намуда аз он банди “Программы”-ро интихоб менамоем. Баъди ин ба банди “Стандартные” гузашта аз он “Проводник”-ро интихоб менамоем.

Ба болои тугмачаи “Пуск” нишондиҳандаи мушакро оварда тугмачаи рости онро пахш мекунем. Аз менюи пайдошуда “Проводник”-ро интихоб менамоем.

Бо воситаи клавиатура тугмачаҳои Windows ва ҳарфи E(англисӣ) якҷоя пахш мекунем. Ба экран барномаи “Проводник” бароварда мешавад.

Дар сарлавҳаи равзанаи Проводник номи барнома (Мой компьютер) ва номи папкае, ки объектҳои дохили он бояд инъикос ёбанд, нишон дода мешавад. Пас аз сарлавҳа, дар сатри дуюми равзана менюи он ва дар сатри оянда панели асбобҳои система ҷойгир мешаванд. Қисми боқимондаи равзана бо хати вертикалӣ ба ду кисм тақсим карда мешавад. Дар қисми чапи он шакли дарахтмонанди папкаҳо нишон дода мешавад, ки ба воситаи он мо метавонем ягон папкаро интихоб намоем. Барои интихоб кардани папка нишондиҳандаи мушакро ба нишонаи он гузошта, тугмачаи чапи онро пахш кардан лозим аст. Дар ин маврид дар қисми рости равзанаи Проводник ахбори дохилии пап­каи интихобкардашуда нишон дода мешавад.

Дарахти папкаҳо ном гирифтани ахбори қисми чапи равза­наи Проводник беҳуда нест. Папкаи аз ҳама васеътарин – Мизи корӣ, решаи дарахт ба ҳисоб меравад. Шохаҳои он бошанд, папкаҳо ва зерпапкаҳои ин папкаҳо ба ҳисоб мераванд. Агар ба дарахти папкаҳо бодиққат нигоҳ кунем, он гоҳ мебинем, ки аз тарафи чапи баъзе папкаҳо аломати «+» гузошта шудааст. Ҷой доштани ин аломат гувоҳи он аст, ки дар дохили ин папка зерпапкаҳо ҷойгир шудаанд. Барои дар экран инъикос намудани чунин папкаҳо, нишондиҳандаи мушакро ба аломати «+» гузошта, тугмачаи чапи онро пахш мекунем. Он зерпапкаҳое, ки дар дохили ин папка ҷойгир шудаанд, ба дарахти папкаҳо илова карда мешаванд ва дар назди папкаи аввала аломати «-» пайдо мешавад ва баръакс, дар ҳолати пахш кардани аломати «-» бошад, папкаҳои дохилӣ аз нав ғайб мезананд ва бори дигар дар назди папкаи аввала аломати «+» пайдо мешавад.

Пас аз дар дарахти папкаҳо интихоб намудани ягон папка ва дар қисми рости равзанаи Проводник инъикос шудани объектҳои дохили он (зерпапкаҳо, барномаҳо, ярликҳо ва ҳуҷҷатҳо) мо метавонем як ё якчанд нишонаҳои ин объектҳоро интихоб намоем. Барои интихоб кардани танҳо як нишона, чун анъана нишондиҳандаи мушакро ба он гузошта тугмачаи чапашро пахш мекунем. Барои интихоби якчанд нишонаҳои объектҳои пайдарҳам бошад, аввал нишондиҳандаи мушакро ба нишонаи объекти якӯм гузошта, тугмачаи чапро пахш мекунем ва пас аз он дар клавиатура тугмачаи Shift-ро пахш карда истода, нишонаи объекти охиронро интихоб менамоем.

Барои интихоби нишонаҳои дар ҷойҳои гуногуни папка ҷойгирбуда бошад, тугмачаи Ctrl-po пахш карда истода, баъд онҳоро интихоб намудан лозим аст.

Пас аз интихобкунии нишонаҳои дохили папка, бо онҳо амалиётҳои гуногун, аз қабили ба дигар папка кӯчонидан, нусхабардорӣ кардан, нобуд сохтан ва ғайраро иҷро намудан мумкин аст.

Ба дигар папка кӯчонидан. Аввал нишонаҳои заруриро интихоб мекунем. Баъд дар менюи Проводник банди Правка-ро интихоб карда ва дар зерменюи пайдошуда сатри Вырезать-ро фаъол мегардонем. Пас аз он нишонаи папкаеро интихоб мекунем, ки дар дохили он бояд нишонаҳои ҷудокардашуда ҷойгир карда шаванд. Баъд аз он аз сари нав дар менюи Проводник банди Правка-ро интихоб карда, дар зерменюи он сатри Вставить-ро фаъол мегардонем.

Нусхабардорӣ кардан. Аввал нишонаҳои папкаҳоеро ҷудо менамоем, ки онҳо бояд ба дигар папка нусхабардорӣ карда шаванд. Баъд дар менюи Проводник банди Правка-ро интихоб намуда, дар зерменюи он сатри Копировать (нусхабардорӣ)-ро фаъол мегардонем. Пас аз он нишонаи папкаеро интихоб ме­кунем, ки дар дохили он бояд нишонаҳои ҷудо кардашуда ҷойгир карда шаванд. Баъд дар менюи Проводник аз нав банди Правка-ро интихоб карда, дар зерменюи пайдошуда банди Вставить (ҷойгир кардан)-ро фаъол мегардонем. Дар натиҷа нишонаҳои интихобшуда ба папкаи ҷудокардашуда нусхабар­дорӣ карда мешаванд.

Нобуд кардан. Барои нобуд кардани ахбори дохили папкаҳои интихобкардашуда ду усул вуҷуд дорад: якӯм, тугмачаи Delete-и клавиатураро пахш кардан ва дуюм, дар менюи Проводник банди Файл-ро интихоб намудан ва дар зерменюи пайдошудаи он сатри Удалить (нест кардан)-ро фаъол гардонидан. Дар ҳар ду ҳолат ҳам система мепурсад, ки шумо дар ҳақиқат объектҳои интихобкардаатонро ба Корзина партофтанӣ ҳастед? Барои тасдиқ тугмачаи «Да» ва барои инкор тугмачаи «Нет»-ро пахш кардан кифоя аст.

Ба кор даровардани барномаҳо. Агар нишонаҳои интихобкар­дашуда нишонаҳои барномаҳо бошанд, он гоҳ онҳо ҳангоми ду маротиба пайдарҳам пахш кардани тугмаи чапи мушак, мувофиқи тартиби интихобшудаашон, ба кор медароянд.

Таҳрир кардани ҳуҷҷатҳо. Агар нишонаҳои интихобкардашуда нишонаҳои ҳуҷҷатҳо бошанд, он гоҳ матни ҳуҷҷатҳо дар равза­наи он барномаҳое пайдо мешаванд, ки онҳо ба воситаи ин барномаҳо сохта шудаанд. Дар аввал барномае, ки ҳуҷҷати якӯмро сохтааст ба кор медарояд ва дар равзанаи он ахбори дохили ҳуҷҷат пайдо мешавад. Мо имконият пайдо мекунем, ки матни ҳуҷҷатро таҳрир кунем ва онро аз нав ба диск сабт намо­ем. Ҳангоми корро бо ин барнома ба охир расонидан, барномае, ки ҳуҷҷати дуюмро сохтааст ба кор медарояд ва дар равзанаи он матни ахбори ин ҳуҷҷат пайдо мешавад. Бо ҳамин усул ҳуҷҷатҳои боқимонда низ таҳрир карда шуда, аз нав ба диск сабт карда мешаванд. Қайд намудан зарур аст, ки роҳҳои гуногуни иҷрокунии амалиётҳои дар боло навишта шуда мавҷуданд.

Ченакхои асосии андозаи файлу папкахо

Чи тавре, ки дарозиро бо метрхо, массаро бо киллограммхо чен мекунанд, андозаи файлу папкахо низ вохидхои ченаки мувофик доранд. Чунин вохидхои ченаки файлу папкахоро фарк мекунанд:

1 Бит = 0 ё 1

8 Бит = 1 Байт

1024 Байт = 1 Килобайт (КБ)

1024 КБ = 1 Мегабайт (МБ)

1024 МБ = 1 Гигабайт (ГБ)

1024 ГБ = 1 Терабайт (ТБ)

Файлхои одди асосан аз 20-30 КБ то 1МБ мешаванд. Файлхои мусики, ки нисбатан калон мебошанд одатан аз 1 МБ то 10 МБ мешаванд. Видеофайлхотираи оперативи, ки хачми калонтар доранд, одатан аз 10 МБ то 600-700 МБ ва г. мешаванд.

Умуман, барои хосил намудани тасаввурот кайд менамоем, ки дар ибтидо ба 1 харфе, ки дар файл навишта шудааст 1 Байт чои хотира мувофик меомад. Масалан, дар программаи Блокнот то хол чунин аст.

Барои фахмидани хачми файл, ба рамзи он бо тугмачаи рости мушак пахш карда, аз зерменюи пайдошуда пункти «Свойства»-ро интихоб мекунанд. Дар натича чунин оина пайдо мешавад:

Ин оина, аз якчанд кабатхо иборат аст, вале аз онхо танхо кабати дар расм инъикосёфта (Общие) истифода мешавад. Ин кисм аз 3 пункт иборат аст (1, 2, 3).

  1. Дар ин кисм оиди навъи файл (Тип), дар кадом папкаи диск вокеъ будани он (Папка) ва андозаи файл (Размер) инъикос меёбанд, маълумот инъикос меёбад.
  2. Дар ин кисм оиди санаи тартибдихии файл (Создан), санаи тагйирдихии он (Изменен) ва санаи кушодани файл (Открыть) маълумот инъикос меёбад.
  3. Дар ин кисм оиди хусусиятхои файл – танхо барои хониш (Только чтение), ноаён (Скрытй) ва архиви (Архивный) маълумот инъикос меёбад.
890
Нет комментариев. Ваш будет первым!