Асосҳои кор бо барномаи Windows XP

Related Articles

Асосҳои кор бо барномаи Windows XP

Нақша

1 Мизи кори Windows XP. Тугмачаи «Пуск» ва «Панели вазифаҳо»

2 Менюи асосии Windows XP

3 Роҳҳои ба кор омодасозии Windows XP

4 Равзани Windows XP, намуд ва тарзҳои идоракунии он

5 Баромадан аз барномаи Windows XP

6 Кор бо файлҳо папкаҳо ва дискҳо дар барномаи Проводник

7 Менюи дархости ва системаи маълумотии Windows XP

8 Барномаҳои стандартӣ ва хизматии Windows XP

Дар вақти истифодаи компютерҳои фардӣ, ҳар як истифодабаранда бояд аз кадом барнома истифода карданро донад, чунки шумораи барномаҳои компютерӣ хеле зиёд аст ва ҳар яки онҳо таъиноти махсус доранд. Имрўз қариб ҳамаи истифодабарандагон аз барномаи Windows XP истифода мебаранд. Ба асосҳои кор бо барномаи Windows XP, мизи корӣ, тугмачаи Пуск, панели вазифаҳо, менюи асосӣ, ба кор омодасозӣ ва баромадан аз ин барнома, иҷроиши амалиётҳои гуногун бо ҳуҷҷатҳо, папкаҳо, дискҳо дар барномаи Проводник, менюи дархости ва системаи маълумотӣ, барномаҳои хизматӣ ва стандартии Windows XP ва ѓайраҳо дохиланд.

1 Мизи кори Windows XP. Тугмачаи «Пуск» ва

«Панели вазифаҳо»

Баъди ба кор омодасозии компютери фардӣ ва иҷрои вазифаи системаи амалиётии Windows XP, дар экран манзарае пайдо мегардад, ки онро мизи корӣ меноманд.

Мизи корӣ одатан аз барномаҳои(расмҳои) гуногун иборат аст, ки дар қисми поёниашон номи онҳо оварда мешаванд. Ин расмҳоро нишонаҳои мизи корӣ мегўянд.

Нишонаи аввалине, ки дар мизи корӣ ҷойгир аст, ҳуҷҷатҳои ман (Мои документы)

мебошад. Ин ҷои стандартии системаи амалиётии Windows XP мебошад, ки дар он метавонанд ҳамаи ҳуҷҷатҳои даркорӣ, яъне файлҳо ва папкаҳои истифодабаранда ҷойгир карда шаванд.

Дигар нишонае, ки дар он расми компютер тасвир ёфтааст номаш Компютери ман (Мой компьютер)

мебошад. Он имконият медиҳад, ки аз дискҳо барномаҳои даркорӣ кофта ёфта шуда, ба кор омода карда шаванд.

Нишонаи “Сетевое окружение” (шабака) барои кор кардан дар шабакаи локалӣ лозим аст. Тавассути он ҳамаи истифодабарандагоне, ки ба шабакаи локалӣ пайвастанд метавонанд бо якдигар кор кунанд, яъне файлҳо ва папкаҳои якдигарро кушоянд.

Нишонаи Сабад (Корзина)

барои нигоҳ доштани файлҳо ва папкаҳое, ки аз системаи амалиётии Windows XP хориҷ карда шудаанд, истифода карда мешавад. Яъне агар ягон файл ё папкаро мо нафаҳмида хориҷ кунем бо ёрии Сабад онро барқарор намудан мумкин аст.

Дар қисми поёнии мизи корӣ аз тарафи чапи он тугмае вуҷуд дорад, ки номи он “Пуск” мебошад. Он барои кушодани ҳар гуна барномаҳо, ҳуҷҷатҳо, мувофиқкунии системаи амалиётӣ, кофтукоби файлҳо ва папкаҳо ва ѓайраҳо лозим аст. Ҳангоми нишондиҳандаи мушакро ба ин тугмача гузоштан, ахбороти ёрирасоне пайдо мешавад, ки дар он корро аз пахш намудани ин тугмача шурўъ намоед (Начните работу с нажатия этой кнопки) навишта шудааст.

Дар давоми тугмаи “Пуск” сатре мавҷуд аст, ки он “Панели масъалаҳо” (Панель задач)

ном дорад. Дар панели масъалаҳо одатан нишонаҳои хурдкардашудаи папкаҳо, барномаҳои кушодашуда ва ҳуҷҷатҳо нишон дода мешаванд. Барои корро бо онҳо давом додан, кифоя аст, ки нишонаи даркориро аз панели масъалаҳо ҷудо намоем.

Дар панели масъалаҳо ҳамчунин метавонад тугмачае намудор бошад, ки он барои аз реҷаи алифбои русӣ (Ru) ба лотинӣ (En) ва баръакс, баргардонидани клавиатура хизмат мерасонад. Роҳи дигари аз як забон ба дигар забон гузаштаи ин аз клавиатура якҷоя пахш намудани тугмачаҳои Shift ва Alt мебошад. Панели масъалаҳо метавонем дар ҷои дилхоҳи мизи корӣ ҷойгир намоем.

2 Менюи асосии Windows XP

Баъди аз пахш намудани тугмаи “Пуск”дар экран менюи асосии Windows XP пайдо мешавад.

Дар менюи асосӣ пайдарпаии нишонаҳо (бандҳо) дар шакли сатрҳои таг ба таг оварда шудаанд. Дар ин сатрҳо номи ин ё он амалиёти ба воситаи система иҷрошаванда нишон дода шудааст. Аз тарафи чапи менюи асосӣ рўйхати барномаҳое навишта мешавад, ки бо онҳо истифодабаранда кор карда буд ва дар вақти даркоӣ онҳоро боз кушодан мумкин аст. Дар сатри аз ҳама охирини рўйхати барномаҳо сатри “Все программы” ҷойгир аст. Дар тарафи рости баъзе сатрҳои менюи асосӣ аломати тирча гузошта шудааст. Ин аломат далели он аст, ки ин сатри меню ба иҷрокунии якчанд амалҳо вобаста мебошад. Барои дидани рўйхати ин амалиётҳо нишондиҳандаи мушакро ба сатри тирчадор гузошта, лаҳзае интизор мешавем. Пас аз гузаштани муддати каме рўйхати амалиётҳо ба экран бароварда мешавад, ки онро зерменюи ин банди меню меноманд.

Тартиби интихоби сатрҳои менюи асосӣ чунин аст:

Нишондиҳандаи мушакро ба сатри даркорӣ мегузорем;
Агар сатри интихобшуда фақат ба як амалиёт вобаста карда шуда бошад, он гоҳ тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш карда, зуд cap медиҳем;
Агар дар сатри интихобшудаи меню аломати тирча мавҷуд бошад, он гоҳ ба зерменюи он гузашта, сатри даркориро интихоб менамоем ва тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш менамоем.
Ба ѓайр аз менюи асосӣ боз менюи горизонталӣ (менюи барномаҳои амалӣ, ки дар равзанаи онҳо ҷойгир аст) ва менюи иловагӣ (ҳангоми пахш намудани тугмачаи рости мушак пайдо мегардад) мавҷуд мебошад.

менюи горизонталӣ (фаврӣ)

менюи иловагӣ

Мазмуни сатрҳои менюи асосӣ ва таъиноти онҳо

Барномаҳо (Программы) ҳангоми интихоб намудани ин сатр дар экран рўйхати барномаҳое пайдо мешавад, ки мешавад, ки онҳо дар системаи Windows XP ба қайд гирифта шудаанд. Барои ба кор омода намудани барномаҳо кифоя аст, ки номи онро аз рўйхат интихоб карда шуда, тугмачаи чапи мушак пахш карда шавад.

Масалан, ба кор омодакунии барномаи Microsoft Word 2003:

Бояд нишондиҳандаи мушак ба банди “Программы” оварда шавад;
Аз банди кушодашудаи “Программы” Microsoft Office интихоб карда шавад;
Баъди он нишондиҳандаи мушакро ба болои калимаи Microsoft Office Word 2003 оварда тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш намудан зарур аст.
Тарафи рости менюи асосӣ аз “Мои документы” сар мешавад. Дар бораи ин барнома мо дар боло маълумот дода будем.

Ҳуҷҷатҳо (документы)

Дар мавриди интихоб намудани ин сатр, аз маҷмўи ҳуҷҷатҳои дар хотираи компютер мавҷудбуда, ба эк­ран танҳо рўйхати 15 ҳуҷҷате пешниҳод карда мешавад, ки истифодабарандагони компютер бори охирин маҳз бо онҳо кор кардаанд. Агар аз рўйхати пешниҳодкардашуда ягон ҳуҷҷат интихоб карда шавад, он гоҳ аввал барномае ба кор медарояд, ки ин ҳуҷҷат ба воситаи он сохта шудааст. Пас аз он дар равзанаи ин барнома ахбори дохили ҳуҷҷати интихобкардашуда пайдо мешавад. Сипас, аз имкониятҳои равзана истифода бурда ҳуҷҷатро таҳрир ва аз нав ба диск сабт намудан мумкин аст.

Тасвирҳои ман (Мои рисунки)

Баъди интихоби ин сатр ба экрани монитор папкае кушода мешавад, ки дар он ҳамаи тасвирҳое, ки истифодабаранда сабт кардааст пайдо мешавад.

Компютери ман (Мой компьютер). Айнан монанди нишонае, ки дар мизи корӣ вуҷуд дорад кор мекунад.

Шабака (Сетевое окружение). Айнан монанди нишонае, ки дар мизи корӣ вуҷуд дорад кор мекунад.

Лавҳаи идоракунӣ (Панель управления)

Бо воситаи ин сатр истифодабаранда метавонад копютерро тавре, ки ба ў маъқул аст мувофиқ кунонад. Сатри Панель управления яке аз калидҳои асосии таъсиррасонӣ ба қисмҳои компютер ва имкониятҳои системаи амалиётии Windows XP ба шумор меравад. Ҳангоми интихоби ин сатр равзанае кушода мешавад, ки дар дохили он нишонаҳои гуногун ҷойгир шудаанд. Ба воситаи онҳо ин ё он қисми компютерро ба система пайваст ё аз он ҷудо кар­дан ва имкониятҳои барномавии системаро мувофиқи завқи худ идора кардан мумкин аст.

Пайвастшавӣ (Подключение). Бо воситаи ин сатри меню истифодабаранда метавонад, ки ба интернет ё шабакаи дигар пайваст шавад. Аммо барои пайвастшавӣ дар компютери истифодабаранда ин ё он шабака бояд мувофиқ кунонида шуда бошад.

Принтерҳо ва факсҳо (Принтеры и факсы)

Ин сатри меню барои принтери навбатиро ба системаи Windows XP пайваст кардан ва ба параметрҳои он таъсир расонидан вобаста карда шудааст.

Маълумотнома (Справка и поддержка)

Бо воситаи ин сатри меню истифодабаранда доир ба саволи дилхоҳе, ки ба системаи амалиётии Windows XP тааллуқ дорад метавонад маълумот гирад.

Кофтуков (Поиск)

Азбаски дар дискҳои компютер миқдори хеле зиёди маълумотҳои табиати гуногундошта сабт карда мешаванд, бинобар ҳамин ҳам ин сатри меню барои бо осонӣ ва зуд кофта ёфтани папка ё ҳуҷҷат пешбинӣ карда шудааст.

Иҷрокунӣ (Выполнить)

Ин сатри меню имконият медиҳад, ки ба воситаи он фармон ё барномаи даркорӣ якбора ба иҷрошавӣ равона карда шавад.

Баромадан аз система (Выход из системы)

Барои аз системабаромадани истифодабаранда лозим аст. Баъди иҷрои ин сатри меню истифодабаранда метавонад ба система бо ном ва пароли дигар ворид шавад.

Анҷоми кор (Выключение)

Имконияти ин сатри меню аз он иборат аст, ки ба воситаи он кори системаи Windows XP ба охир расонида шуда, компютер хомўш карда мешавад.

776
Нет комментариев. Ваш будет первым!