Асосҳои кор бо компютерҳои фардӣ
Related Articles
Нақша
1 Файлҳо, папкаҳо (ҷуздонҳо) ва тарзҳои сохтани онҳо
2 Дискҳо, дисководҳо ва тарзҳои истифодабарии онҳо
3 Тарзҳои дохилкунии маълумотҳо ва тартиби нигоҳдории
онҳо
Дар вақти истифодаи компютерҳои фардӣ, ҳар як истифодабаранда бояд кор бо ҳуҷҷат (файл), папка ва истифодаи дискҳоро донад, чунки дар тамоми фаъолияти корӣ бо онҳо сару кор дорад. Ба асосҳои кор бо компютерҳои фардӣ тарзҳои сохтани файлҳо ва папкаҳо, нусхакунӣ, гузаронидан, сабтнамоии онҳо, истифодаи барандаҳои гуногуни ахборӣ (дискҳо, дискетаҳо, флешкаҳо), роҳҳои гуногуни воридкунии маълумотҳо ба хотира ва ғайраҳо дохиланд.
3.1 Файлҳо, папкаҳо (ҷуздонҳо) ва тарзҳои сохтани онҳо
Файл калимаи англисӣ буда маънояш ҳуҷҷат мебошад.
Файл гуфта ҷои махсусеро дар диск меноманд, ки дар он маълумотҳо, барномаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Маълумотҳое, ки ба воситаи тугмачаҳои клавиатура ба компютер дохил карда мешавад, дар вақти дар хотираи он нигоҳ доштан, бо файл номгузорӣ карда мешавад. Файлҳо аз якдигар бо номашон фарқ мекунанд. Номи файлҳо аз ду қисм иборат аст.
– номи асосӣ;
– номи иловагӣ.
Номи асосӣ аз иловагӣ бо нуқта (.) ҷудо карда мешавад. Масалан: суратҷаласаи. doc, дар инҷо суратҷаласаи номи асосӣ буда, doc – номи иловагӣ мебошад. Дар барномаи Windows XP номи иловагӣ нишон дода намешавад.
Дар барномаи Windows XP номи асосиро то 252 рамз, номи иловагиро то 3 рамз ишора намудан мумкин аст. Номи пурраро бошад то 256 рамз ишора намудан мумкин аст. Дар вақти номгузории ҳуҷҷат чунин номро интихоб намудан даркор аст, ки вай мазмуни корро дарбар гирад.
Роҳҳои гуногуни сохтани ҳуҷҷат вуҷуд дорад. Вақте, ки мо ягон барномаро ба кор омода менамоем, ин маънои онро дорад, ки мо ҳуҷҷат сохтем. Инчунин ҳуҷҷатро ҳангоми истифодабарии фармани Создать аз банди Файл – и менюи барномаҳои амалӣ ё тугмачаҳои панели таҷҳизотҳои барномаҳои амалӣ, сохтан мумкин аст.
Папка – гуфта ҷои махсусеро дар диск меноманд, ки дар он файлҳо нигоҳ дошта мешавад. Папкаҳо низ аз якдигарашон бо номашон фарқ мекнанд. Қоидаи номгузории папкаҳо ба номгузории файлҳо монанд аст, лекин онҳо номи иловагӣ надоранд. Папкаҳо рамзи худро дошта дар поёнаш ё дар паҳлўяш номи онҳо навишта мешаванд. Масалан:
Барои сохтани папка истифодабарандаи компютер нишондиҳандаи мушакро ба ҷои дилхоҳи мизи корӣ ё дигар папка, барнома гузошта, тугмачаи рости онро пахш менамояд, ки дар экран менюи иловагӣ бароварда мешавад, аз онҷо фармони Создать – ро истифода менамоем. Аз панели пайдогардида фармони папку -ро, ки бо рамзаш оварда шудааст, истифода мебарем. Дар натиҷа дар ҷое, ки курсор истода буд, рамзи папка бо навиштаҷоти новая папка бароварда мешавад. Навиштаҷоти новая папкаро тоза намуда, номи ба худамон маъқулро гузошта, дар он ҳуҷҷатҳои даркорӣ нигоҳ медорем.
3.2 Дискҳо, дисководҳо ва тарзҳои истифодабарии онҳо
Дискҳо барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо, кўчонидани маълумотҳо, ва барномаҳо аз як компютер ба компютери дигар истифода мешаванд. Дискҳоро бо ҳарфҳои калони лотунӣ А, С, D, E, F ишора карда мешаванд.
Дисководҳо дар ҳамаи компютерҳо гузошта шудаанд ва онҳо бо тарзҳои гуногун ҷойгир карда шудааст. Дисководҳо барои гузоштани дискҳо истифода карда мешаванд. Дар компютерҳои ҳозиразамон дисководҳои зерин истифода бурда мешаванд.
– Дискҳои чандир 3,5 (А:)
Дар компютерҳои ҳозиразамон дискҳои чандири 3,5 (А:) ғунҷоишаш ба 1,44 Мбайт, ки диаметраш ба 3,5 дюйм (3,5 дюйм = 89 мм) баробаранд, истифода бурда мешавад.
ДискиSONY CD ROM (700MB), LG 2 52 x (700MB|80min),
ки дар он танҳо як маротиба файлҳо ва барномаҳо навишта мешаванд. Инчунин дискҳои CD–RW (750 – 850MB) ҷой дорад, ки дар он якчанд маротиба файлҳо, барномаҳо, барномаҳои концертӣ, бозиҳои шавқоварро аз компютер ба дискет ва баръакс гузаронида мешаванд.
– Фльешка 128, 256, 512 МБ, 1,2,4,8,10,20,40 ГБ ва ғайра бошад, дар он якчанд файлҳо ва барномаҳо навишта шуда, аз як компютер ба дигар компютер гузоштан мумкин аст.
Тарзи истифода бурдани диски чандир чунин аст. Диски чандирӣ 3,5 (А:) – ро ба дисковод гузошта, аз барномаҳои Компютери ман (Мой компютер) ё Роҳбалад (Проводник) истифода мекунем. Аз равзанаи пайдогардида рамзи диски чандир -ро бо ёрии нишондиҳандаи мушак ду маротиба пай дар пай пахш менамоем. Дар натиҷа рўйхати ҳуҷҷатҳое, ки дар диски чандир мавҷуданд, бароварда мешавад.
Аз байни онҳо ҳуҷҷати даркориро интихоб намуда, тугмачаи рости онро пахш менамоем, ки дар натиҷа менюи иловагӣ бароварда мешавад. Аз онҷо фармони Отправить – ро истифода мебарем. Аз панели пайдогардида номи барнома ё папкае, ки дар он ҳуҷҷати интихоб намударо мекўчонем нишон дода, тугмачаи ОК –ро пахш мекунем. Дар натиҷа ҳуҷҷати интихобгашта нусхабардорӣ карда мешавад. Айнан бо ҳамин роҳ аз дигар барномаҳо ба диски чандир ҳуҷҷатҳоро кўчонидан мумкин аст. Истифодабаранда метавонад, ҳуҷҷатҳоро хориҷ, аз нав номгузорӣ ва дигар амалиётҳоро иҷро намояд.
3.3 Тарзҳои дохилкунии маълумотҳо ва тартиби нигоҳдории онҳо
Барои он, ки маълумотро дохил намоем, аввал барномаҳои амалиро ба кор омода менамоем ё инки саҳифаи нав мекушоем. Дохилкунии маълумотҳоро бо воситаи тугмачаҳои клавиатура, мушак, дискҳо ё сканер иҷро намудан мумкин аст. Маълумоти дохилкардашуда дар монитор пайдо мегардад. Агар ягон хатогӣ мавҷуд бошад дар зери калимаи хатогӣ дошта хати сурх пайдо мегардад. Истифодабаранда метавонад онро ислоҳ намояд. Барои ин курсорро ба ҷои даркори оварда, барои ислоҳи рамзи аз курсор дар тарафи рост буда тугмачаи Delete -ро ва барои ислоҳи рамзи дар тарафи чапи курсор буда тугмачаи Bacespase (¬) – ро истифода мебарем.
Маълумоти дохилкардашуда то хомўш кардани компютер дар хотираи оперативӣ нигоҳ дошта мешавад. Агар дар оянда ин маълумот ба истифодабаранда даркор бошад, онро метавонад дар хотираи компютер сабт намояд. (Ин масъала дар мавзўъҳои оянда дида баромада мешавад).